Марҳилаи навин дар таърихи рушду такомул ва таҳаввули маънавию мазҳабии инсоният, ҳамзамон бо оғози таърих ва пайдоиши тамаддун аст. Он давраи гузариш ба зиндаги шаҳрнишинӣ, ташакули сохторҳои иҷтимоию сиёсӣ ҷамъиятӣ, пайдоишу рушди илму фарҳанг буд. Одамон аз ҷумлаи халқҳои пешрафтаю мутамаддини бостон пас аз гузашти мунтазам дар аз зинаи зиндагии қабилавию авлодӣ ва бадавию ғорнишинӣ ба сохти созмонёфтаи давлатию салтанатӣ ва ташкили ҳукуматҳо ва давлатҳо расидаанд. Ҳамзамон бо ин таҳаввулу гардиш дар тасаввуротҳои динию мазҳабӣ ва ойинҳои онҳо низ тағироту таҳаввулоти қобили таваҷҷӯҳе ба вуҷуд омад. Ин ҳама ба гузариш аз таҷассуми табиат (динҳои табиӣ) ба таҷассуми ҳаёти иҷтимоӣ, парастиши худоёни шахсиятёфта дар- динҳои бисёрхудоӣ (полетеистӣ) ва пайдоиши динҳои миллию давлатӣ, ҳамчун шакли нави таърихии дин, сабаб гардид.
Аввалин тамаддунҳои бостонӣ, ки ин пешравиро аз сар гузаронидаанд тамаддуни мисрӣ, бобилӣ, юнонӣ, эронӣ, ҳиндуию чинӣ мебошанд.
Аз ошноӣ бо тасаввуроти динӣ ва мазҳабии ин тамаддунҳо камаш се ҳадафро дар мадди назар дорем:
- Яке муайян намудани чигунагии ангезаҳо, равандҳо, суннатҳо ва қонуниятҳои таҳаввули ғоявии динҳо аз динҳои табиӣ (натуралӣ) то динҳои худомарказӣ (рӯҳонӣ) ва аз динҳои қабилавӣ- авлодӣ то динҳои миллию давлатӣ ва аз динҳои бисёрхудоӣ (политеистӣ) то динҳои тавҳидӣ (монотеистӣ)
- Сониян, пайдо кардани умумияти асли ҳадафу ғояти фарҳангию маънавии инсоният бо вуҷуди гуногунии зоҳирии парастишҳо
- Сеюм, нишон додани нақши динҳо дар пайдоиш ва пешрафти тамаддуни башарӣ.