Главная / Илм / ДИНИ ҶАЙНИЯ (ҶАЙНИЗМ)

ДИНИ ҶАЙНИЯ (ҶАЙНИЗМ)

Ҷайния (Jainism) аз ҷониби намояндагони равшанфикри табақаи ашрофу аъён, ҳамчун ҷунбиши мухолиф ба таълимоти бараҳмания ва сохтори каставии асри У1 т. м дар Ҳиндустон ба миён омад. Асосгузори ҷайнизм шоҳзода Маҳавира Натапутта Вардуамана буд, ки солҳои 599-527 т.м. зиндагӣ кардааст.

jainizm

Маҳавира дар сию як солагиаш дарборро тарк намуда, ба дарвешони зоҳид мепайвандад. Пас аз 12 соли азобу шиканҷаҳо ва зӯҳду тақво дар роҳи дастёбӣ ба наҷот ва камоли нафс, дар синни 43 солагӣ ба дараҷаи камол, ба мартабаи нирвона- «макша» мерасад.

Маҳавира Ҷина

Пас аз ин ӯ лақаби Ҷина (Фирӯз ва Фотеҳ)-ро мегирад ва шурӯъ ба таблиғи ақоиди мазҳабии хеш менамояд. Маҳавира Ҷина дар 72 солагӣ ин ҷаҳонро падруд мегӯяд ва тибқи эътиқоду боварии пайравонаш ӯ дар нирвона фориғ аз ранҷи ва наҷот ёфтааст.

Аслан таълимот ва фалсафа ва ахлоқи ҷайния рӯи пояи ҷустуҷӯи роҳи наҷот аз ранҷи «карма» ва расидан ба сарманзили саодат ва висол, яъне «макшо» асос ёфтааст. Наҷоти рӯҳ «макшо» бидуни таҳаммули азобу машаққат ва риёзиатҳои сахт имконнопазир аст; сониян, поксозии нафс фақат дар пайравӣ аз қоидаи аҳимсо (яъне наозурдани ҳеҷ ҷондоре) муяссар мегардад.

Барои ноил шудан ба наҷоти нафс се асли зеринро солик бояд пеша кунад: 1- бартараф кардани ҷаҳлу нодонӣ ва маърифат ба нафс, 2- таҳсили имон пас аз тааммул ва дидори Ҳақ, 3-хештандорӣ. Ин се аслро «триратата -се гавҳар» гӯянд. Гузашта аз ин ҳар пайрави мазҳаби ҷайн даҳ аҳди зеринро бояд риоя кунад: Ин панҷ тааҳҳуд ё фароиз барои касони хоса аз мазҳаби ҷайния мебошад, ки на ҳар кас қодирааст, ҳамаи онро риоя кунанд, аз ин рӯ, барои оммаи мардум табақоти авом дувоздаҳ паймони сабуктар вазъ кардаанд:

ҳеҷ вақт дониставу қасдан ҷондореро беҷон накунад

ҳеҷ вақт дурӯғ нагӯянд;

ҳеҷ вақт дуздӣ ва моли дигаронро соҳибӣ накунанд;

аз шаҳватпарасти бипарҳезанд, зану шавҳар бояд бо ҳам вафодор ва аз кирдор ва гуфтори пиндори нопок дурӣ ҷӯянд;

аз ҳирсу афзунталабӣ дар молу ҷоҳ бипарҳезанд, бо кам қаноат кунанд; аз ҳар амале, ки сабаби фитна ва гуноҳ шавад, барҳазар бошанд;

ҳамеша ҳушёр бошанд, ки ба доми хатову аъмоли шарр наафтанд, ҳар рӯз дар вақти муайяне ба муроқиба ва тафаккур дар ботини худ машғул шаванд.

  • ба ниёзмандон, махсусан ба зоҳидон ва тарки дунёкардагон садақаву бахшишҳо аз рӯи сидқ кунанд,
  • баъзе рӯзҳо дар зиндагонӣ тарки дунё кунанд ва мисли роҳибон ва дарвешон рӯз гузаронанд.

Ҳамчунин барои мӯъминони ин мазҳаб мувофиқи талаботи дувоздаҳгонаи номбурда қиморбозӣ, гӯшт хӯрдан, шароб нӯшидан, зино ва шикор, дуздӣ ва дигар навъҳои фисқу фуҷур мамнӯъ ва ҳаром аст. Пайравони ин мазҳаб, ҳеҷ вақт заминро шудгору побел намекунанд, аз шуғли қассобӣ, шикорчӣ, пазандагӣ ва касбу ҳирфаҳое, ки бо куштани ҷондорҳо вобаста бошад, машғул намешаванд.

Дар дини ҷайния на эътиқод ба худо аст ва на пайғамбар, на биҳишт ва на дӯзах. Тибқи ин фалсафа сарнавишти ҳар шахс натиҷаи амали ӯст, аз ин рӯ, ҳеҷ гуна бахту иқбол ва қисмате вуҷуд надорад. Бадтарин гуноҳ дар дини ҷайния куштан ва озор расонидан (ҳимса) аст ва беҳтарин фазилат беозорӣ (аҳимса) мебошад. Пайравони ҷайния ба асли «наозурдан» ё «беозорӣ» хело диққат медиҳанд.

Тибқи таълимоти ин дин ҷаҳон аз шаш ҷузъ иборат аст:

1 – Ҷива, яъне маҷмӯи зарроти ҷондор, ки дар коинот парокандаанд. Ин заррот офарида нашудаанд, ҳалок намегарданд. Онҳо дорои ҳаёти сармадӣ ва энергияи абадӣ, зотан ҷондор ва шабеҳи ҳамдигаранд.

2- Аҷива- холигӣ, нестӣ аст, ки ба он заррот нуфуз намуда, дар дохили онҳо ноҳамоҳангӣ эҷод мекунад. 3– Дҳарм, ба ҳаракату ҷунбиш овардани мавҷудот;

  • Адҳарма, омили сукут ва осоиш;
  • Калла, замоне, ки пайдоишу тартиботро имконпазир месозад;
  • Пудгала, модда, ки мураккаб аз заррот буда дорои рангу бӯю мазза аст. Олам ва зиндагӣ натиҷаи ба ҳам омехтани ҷиво ва аҷива мебошад.

Ҷайния, мисли буддоия, зиндагиро азоби доимӣ медонад, ки бо марг хотима намеёбад, балки инсоният ва ҳар махлуқи дигар ба мудовим таваллуд шудану мурдан маҳкум аст. Инсон метавонад танҳо ба воситаи муҷоҳидат ва таҳзибу тарбияи нафс аз мартабаи паст ба мартабаи олии илоҳӣ бирасад ва мисли худоён ба зиндагии беранҷ мушарраф гардад.

Таълимоти ҷайнияи дар китобе бо номи Агамас, ки ба забони санскрит аст, гирдоварӣ шудааст.

Дар дину фалсафаи ҷайния ба бисту чаҳор инсонҳои наҷотдиҳандаи башар, ки ба забони худ Тиртҳанкарас меноманд, боварӣ доранд. Нақши ҷайнизм дар рушду фарҳанг, аз ҷумла, меъмории Ҳиндустон хеле бузург аст. Маъбадҳои зиёде ба шарафи Маҳовира ва он дувоздаҳ мунҷиён, наҷотдиҳандагони инсоният (Тиртҳанкарас) сохта шудаанд. Баъзе пайравони фирқаҳои ҷайния дар пайравӣ аз суннати Маҳовира саропо урёну бараҳна зиндагӣ мекунад ва барои инсон либосе ба ҷуз ҳаво қабул надоранд. Пайравони мазҳаби ҷайн асосан дар ноҳияи Бихараи Ҳиндустон ҷойгиранд, ки онҳо зиёда аз 2 миллион ё 0,5% аҳолии Ҳиндустонро ташкил мекунад.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

7_resize

ДИНИ БАҲОИЯ

Баҳоия яке аз ҷунбишҳои мазҳабии нимаи дуюми асри XIX дар Эрон аст, ки баъдан худро …