Главная / Илм / ДИНИ БАҲОИЯ

ДИНИ БАҲОИЯ

Баҳоия яке аз ҷунбишҳои мазҳабии нимаи дуюми асри XIX дар Эрон аст, ки баъдан худро дини нав эълон намуд. Дар мавриди чигунагии пайдоиши ин ҷунбиш мо дар қисмати исломшиносӣ сухан кардем. Ин дин низ дар заминаи фарҳанги эронӣ ба вуҷуд омада, даъвати динии ҷаҳонӣ гардид. Асосгузори ин дин Мирзо Ҳусайн Алӣ- Баҳоуллоҳ (1817-1892) дар ибтидо яке аз пайравону муридони Мирзо Алӣ Муҳаммади Шерозӣ (1820-1850) мулаққаб ба Боб буд.

7_resize

Мирзо Алӣ Муҳаммад дар 25 солагӣ худро имоми Маҳдӣ қаламдод намуд. Фикри маҳдавият аз замоне дар зеҳни ӯ пайдо шуд, ки дар синни 17 солагӣ дар Бӯшаҳр, яке аз шаҳрхои ҷануби Эрон, бо яке аз пайравони мазҳаби шайхӣ мулоқот кард ва сипас ба шаҳри мазҳабии Карбало рафта, ба ҷумлаи шогирдони Козими Раштӣ, яке аз пешвоёни шайхия пайваст. Козими Раштӣ дар дарсҳояш доиман ба наздикии зуҳури Маҳдӣ[1] таъкид мекард. Гоҳо ҳангоми васфи Маҳдӣ изҳор медошт, ки Маҳдӣ ҳам акнун дар миёни мост. Ин буд, ки баъд аз марги Раштӣ Мирзо Алӣ Муҳаммад худро ноиб ва муқаддимае барои зуҳури Маҳдӣ эълом кард ва ба «Боб» (арб. дарвоза) маъруф гашт ва мазҳаби вай ба номи «бобӣ» шинохта шуд. У баъдтар аз ин ҳам поро фарохтар гузошт ва худро шахсан Маҳдӣ эълон кард ва ҳамчунин иддао кард, ки Худо дар вай ҳалл шуда ва вай роҳест барои зуҳури Мӯсо ва Эсо. Боб китобе навишт бо номи «Баён» ва онро ба ҷои Қуръон ва шариати ислом_муъаррифй кард ва изҳор дошт, ки баъд аз китоби ӯ инҳо бекор (мансух) шудаанд. Уро бо фатво ва фишори рӯҳонияти шиъа соли 1892 баъд аз муддате зиндонӣ ва ба дор овехтанд. Пас аз кушта шудани Боб ду нафар аз шогирдони ӯро бо номи Субҳи Азал ва Мирзо Қусайн Алй (Баҳоулло) аз Эрон табъид карданд. Субҳи Азал Қибрис (Кипр) ва Мирзо Ҳусайн Алӣ шаҳри Ака дар Фаластинро маҳалли зисти худ ихтиёр карданд. Субҳи Азал ҳамон тариқаи Бобро идома дод ва пайравони вай бобия ном гирифтанд. ,

Аммо Мирзо Ҳусайн Алй по фарохтар ниҳод ва мақоми Мирзо Алӣ (Боб)-ро ба худ нисбат дод ва зуҳури Мирзо Алиро муқаддимае барои зуҳури худ иддао кард. У эълом дошт , ки Худо дар ӯ ҳалл шудааст. Баҳоуллоҳ китобе нигошт бо номи «Китоби Ақдас» ва онро ваҳйи илоҳӣ эълон кард. Ҳамчунин изҳор дошт, ки он чи ӯ ба сӯи он даъват мекунад, ислом нест, балки дини навест, ғайр аз ислом. Ин бар хилофи даъвати Боб буд, чуки Мирзо Алӣ муҷаддид буд, ӯ мегуфт, ки омадааст исломро таҷдид ва ислоҳ намояд.

Шахсияти дигаре, ки баҳоиён ба ӯ эътиқод доранд, писари Баҳоуллоҳ Аббос Эффендӣ мулаққаб ба АбдулБаҳо мебошад.

Асоси таълимоти баҳоияро таркибе аз таълимоти ислом, насрония ва баъзе ақоиди зардуштия ташкил мекунад. Баҳоуллоҳ дар илоҳиёт чун ислом тавҳидист, вале худро баҳотаҷаллии Худо, яъне зуҳури Худоро, монанди Эсои Масеҳ дар шахси худаш эълом медорад. Из ин рӯ баҳоиён ба унвони Худо ӯро бояд парастанд. « Баҳоӣ, -менависад яке аз муҳақиқони ин дин Эсслемонт Ҷ.Э.,- на ба табиати инсонии Баҳоуллоҳ, балки ба шӯҳрати Худованд, ки ба воситаи ин шахс зуҳур намуда, таъзим мекунад. Вай ба сифати расулони Худо ҳама Расулони гузашта: Кришна, Зардушт,Мӯсо, Буддо, Эсо, Муҳаммад, Бобро эътирофу эҳтиром мекунад, вале ӯ БаҳоУллоро, ҳамчун Расули Пайғоми Илоҳӣ барои эраи Нав, он ки мо зиндагӣ дорем, ҳамчун Муаллими Бузурги Ҷаҳонӣ, ки барои идома ва анҷом додани кори гузаштагони Худ омадааст эътироф мекунанд.»[2] Аз ин рӯ баҳоиён ба нубувват ва пайғамбарӣ эътиқод доранд ва зарурати ӯро чун восита байни мӯъмин ва Худо эътироф мекунанд. Замони рисолати БаҳоУллоҳро аз замони зуҳураш то ҳазор сол баъд мешуморанд ва пас аз он замони зуҳури Баҳои дигар аст.

Мафҳуми охират ва растохез ва ба ҳамин вобаста зуҳур ва бозгашти Эсои Масеҳ низ назди БаҳоУллоҳ маънии дигар дорад. Баҳоиён абадияти рӯҳро эътироф намуда, эҳё ва растохез дар ҷаннатро, ба маънии эҳёи рӯҳонӣ, ҳамзамон бо қабули рисолати пайғамбари ҳар давре ва ё ҳамчун дохил шудан ба «ҷаннати ишқи илоҳӣ» таъбир мекунанд ва дӯзахро боқӣ мондан дар «оташу», «дӯзах»и куфру беимонӣ медонад. Ба ибораи дигар, ҷаннат ҳамчун дарёфти «наздикӣ», «қурбат» бо Худованд ва дӯзахҳамчун дур шудан аз У фаҳмида мешавад. « Тибқи таълимоти баҳоия «қиёмат» ҳеҷ умумияте бо зинда шудани тани табии дағал надорад. Чун тан ё ҷисм, ки мурд, дигар ҳеҷ бозгашту ба ҳам пайвастане, ба ҷуз фасод шудану ба аҷзо муталошӣ шудан, надорад. Қиёматин таваллуди инсон дар ҳаёти рӯҳонӣ ба шарофати неъмати Рӯҳул Қуддус аст, ки тавассути БаҳоУллоҳ ирсол гашта аст.» [3]

Дини баҳоия ваҳдати инсоният ва ваҳдати асли ғоявии динҳоро эътироф ва баробарии марду зан дар ҳама умурро тарғаб менамояд. Дар масъалаи таносуби илму дин мегӯянд, дин бояд мутобиқи ақл ва илм бошад. Онҳо ҳамоҳангсозии илм ва динро тарғиб мекунанд.

Дини баҳоия дар баробари эътиқод ба масоили иҷтимоӣ ва ибодатӣ низ таваҷҷуҳи хосе медиҳад. Баҳоия зӯҳду гӯшанишиниро мазаммат, худдорӣ аз истеъмоли афъюн ва машруботи алкҳулӣ, таълимоти ҳамагонии ҳатмӣ, хизматгузорӣ ба инсониятро тарғиб намуда, эълом дошта, ки баҳоиён шаҳрвандони ҷаҳонанд. Яъне баҳоӣ маҳдудиятҳои миллӣ, ватанӣ, мазҳабию динӣ ва ақидавиро асли ихтилофу зиддиятҳо ва низоъҳои ҷамъият мешуморад ва Ватани худро тамоми ҷаҳон эълон карда. Баҳоия барои пайравони худ иҷрои касбии маросимҳои мазҳабӣ, бозиҳои қиморӣ, зино, дуздӣ, куштор, лавотӣ, хушунат нисбат ба ҳайвонот, қабоҳатгӯию бадгӯйӣ, иқрори гуноҳон, тӯҳмат, сӯзондани майит, оташзадан, гадоӣ, раҳбоният, ғуломфурӯшӣ ва дастбӯсиро манъ кардааст. Муҳимтарин усули баҳоия итоат ба ҳукком ва манъи иштирок ба умури сиёсӣ мебошад. Дар баҳоия дастгоҳи рӯҳоният барҳам дода шудааст, аз ин рӯ вазифаи ҳар диндор интишори ойини баҳоия мебошад. Хондани намоз дар аввали субҳ ва бегоҳ барои ҳар баҳоӣ фарз аст он ба ғайр аз намози ҷаноза инфиродӣ аст. Намоз, тибқи таълимоти баҳоия, «забони ишқ» аст- ишқу муҳаббати банда ба Худованд. Ҳамчунин доштани рӯза аз 2 Март то 21 Март -19 рӯз (тақвими баҳоия аз 19 моҳи 19 рӯзӣ иборат аст) барои онҳо фарз шудааст. Иди Наврӯзро иди рӯза низ мегӯянд.

Баҳоия дар охири нимаи аввали асри XIX дар Эрон, ба вуҷуд омада, имрӯз ин дин зиёда аз 120 000 ҷамъият дар 177 кишвари соҳибистиқлол ва дар 48 ноҳияҳои вобаста дорад. Адабиёти баҳоӣ ба зиёда аз 800 забон тарҷума шудааст. Қибла ва «Каъба»-и баҳоиён « Хонаи ҷаҳонии адл»( дар ш. Хайфа, Исроил) мебошад.

Дар осиёи Марказӣ аввалини пайравони баҳоия охири асри XIX дар Ишқобод пайдо шуданд ва дар ҳамон ҷо соли 1902 аввалин Ибодатгоҳи баҳоиён сохта шуд, ки то соли 1938 амал мекард, баъдан он ба музей ва соли 1963, дар қатори бисёре аз дигар ибодатгоҳҳо нест карда шуд. Ҳоло дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷамъиятҳои баҳоия расман фаъолият мекунанд. Дар Тоҷикистон низ зиёда аз 2000 пайравони ин дин фаъолият доранд ва ҷамъиятҳои баҳоиён дар ҳама шаҳру ноҳияҳои бузурги ҷумҳурӣ расман фаъолият доранд.

[1]   Маҳдӣ – имоми двоздаҳуми аҳли ташаюъ(Имоми Мунтазир- Маҳдии Соҳибуззамон)- касе, ки Худованд ӯро ба сӯи Ҳаққ ҳидоят намуда. Маҳдавият дар ислом ҳам монанди масеҳият(месси) дар дини насронӣ аст ва дар таърихи ислом иддае даъвии маҳдавият кардаанд.

[2] Дж. Э. Эсслемонт. Баха-улла и новая эра.-Алматы: Национальное Духовное Собрание Бахаи Казахстана, 1996.- С.73-74.

[3] Дж.Э.Эсслемонт Баха-улла.-С.220.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222