Главная / Илм / Дини Буддои (Буддизм)

Дини Буддои (Буддизм)

Пайдоиш: Дини буддоӣ ( ё буддоия) аз навъи динҳои ҳинду ориёнӣ аст, ки ба дараҷаи дини ҷаҳонӣ расидааст. Аз ин рӯ дини буддоиро роҳи ориёӣ низ гуфтаанд.

Ин дин дар охирҳои асри У1 т.м. ба вуҷуд омадааст. Дини буддоия аксуламале ба сохти коставии Ҳиндустон ва оини ҳиндуияи он будааст. Буддоия аз назари пайдоиш дар бисёр маврид бо дини ҷайния наздик буда, чун ҷайния мақсади буддоия низ пайдо кардани роҳи наҷоти васеътаре аз ранҷҳо: дарду аламҳо, азобу машаққати зиндагӣ ва таваллуди такрор ба такрори рӯҳ -сансара буд.

будизм

Ҳангоми зуҳури буддоия ҷомеаи ҳиндӣ ба чаҳор табақа (каста)-и аз ҳам ҷудо тақсим шуда буд. Он табақаҳо: бараҳманҳр ВгаЪтт8)-рӯҳониён; кшатрия (К8Иа1пуа8-сурхпӯстҳо)-табақаи низомиёни ориёнӣ; васи ё фамисия (зардҳо)- ҳунармандону барзгорони ориёӣ; судра (ё шудра-сиёҳҳо)-барзгарони сиёҳ аз қавмҳои бумӣ. Танҳо се табақаи аввал, ки ориёӣ буданд, озодагон, мухторон ба шумор мерафтанд, вале кастаи охиринро аз ҳар ҷиҳат ноқисулхилқат ва 1аст меҳисобиданд.

Зиндагй ва таълимоти Буддо

Асосгузори буддоия шоҳзода (аз табақаи кшатри) Сиддҳарта (БббЬаг^а), ки номи хонаводагиаш Гаутамо (Оаи1аша, номи дигари ӯ Сакиямуна ё Шакиямуна) буда, ҳудуди соли 563(ё 560) т.м. 1ой ба арсаи ҳаёт мегузорад.

Нисбат ба овони кӯдакиву ҷавонии ӯ ривоятҳо зиёде мавҷуданд. Муҳим он аст, ки аввалан, чун дигар асосгузорони динҳо, дар натиҷаи ҳомилаи бакорат аз модараш таваллуд шуда,дар нозу неъмат даврони кӯдакиву ҷавониро 1ушти сар кардааст. Аммо дар синни бистсолагӣ баъд аз мушоҳидаи се манзара: беморӣ пирӣ марг аз зиндагонии шоҳона ва дарборӣ даст кашида, роҳи биёбон, дарвешӣ ва тарки хостаҳои нафсонӣ ва риёзату дарвеширо 1еш мегирад. Баъди риёзати зиёд ва тай кардани ду тариқате, ки яке роҳи ақлонӣ бар асоси диққати назару истидлол буд ва он дигарӣ тариқати риёзат ва зӯҳд буд ба ҷое намерасад. Ин ду роҳтариқат шавқи ҳақиқатталабии ӯро таскин набахшиданд ва ӯро ба сарманзили мақсуд нарасонданд, вале ӯ ноумед нашуд.

Рӯзе дар маконе, ки бо номи Будҳа Гая( наздики ш.Банорас) маъруф гашта, расид ва даруни ҷангал,беша рафта зери дарахте бинишаст (баъдан он дарахтро дарахти илм-ё будҳӣ лақаб карданд) ва ба тафаккуру муроқиба пардохт ва аҳд намуд, ки аз зери ин дарахт нахезад, то вақте ки ҳақиқатро дарнаёбад. Ниҳоят пас аз ҳафт ҳафта(пас аз 49 рӯз) ба мартабаи саодати маҳз «шшроқ»-н комил ноил гашт. Ин вокеа дар синни 35-солагиаш рух дод. Сипас ӯ ба худ гуфт, ки олитарин мартабаи ҳаётро дарёфтам ва таклифи рӯҳонии худро ба поён расонидам, дигар ман он Гаутамаи собиқ нестам. Аз ин пас «Буддо» шуд, яъне мунаввар бо нури илми Ҳақиқат гардид.

Буддо дар ҳудуди соли 544 (ё 483) т о мелод дар синни 80 (ё 86) солагй чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Гаутама мисли пайғамбарони дини насронй фиристода расулё пайғамбари Худо ё писари Ӯ башумор намеравад, баръакс Гаутама ба олами худоён боло рафта, ба онҳо мавъиза мегӯяд ва дар навбати худ борҳо худоён ҳуҷраи ӯро дар замин зиёрат кардаанд. Ин дин мисли дигар динҳо худои хоси худ ва асли худошиносй надорад.

Дини буддой асосан ба масъалаҳои ахлоқй ва роҳи наҷот таваҷҷуҳ дорад. Мувофиқи таълимоти буддоия сарчашмаи амали солеҳ, роҳи наҷот ва расидан ба нирвонасаодати маҳз аз тариқи пайравй аз се ҳақикат(се гавҳари қимматбаҳо): Будда. Дхарма ва Сангха муяссар мешавад.

Ин се ҳақиқат аркони ин динро ташкил медиҳанд. Ҳақиқат ё рукни аввал иборат аз боварй ба мақоми Буддо, ҳақиқати сонйдхарма иборат аз боварй ва пайравй аз таълимоти ӯ ва сеюм -сангха боварй ва дастгириву ёрй рӯҳоният ва авлиёи ин дин аст.

Буддоиён мисли пайравони ҳиндуия ба таносух, карма ва сансара боварй доранд. Буддо танҳо роҳи васеъи наҷот аз сансараро нишон дод. Худи занҷири сансараомаду рафти Буддо ба ин динё далели ин аст.

Бояд гуфт, ки дар динҳои ҳиндуориёй чй, ориёии ҳиндй ва чй ориёии эронй асосгузорони ин оинҳо, дар симои Буддо ва пайғамбар Зардушт асли кайҳонй доранд ва ин зуҳури онҳо, зуҳури аввалин нест. Дар ин робита шарҳи ҳоли асотирии Буддо дар шакли хеле мухтасару фушурдаву содда чунин аст.

Дар тули замони бениҳоят дароз- калпи ( 1 калп – муддати замонест, ки баробар ба 24 000 «соли худоист» ё 8 640 000 000 соли инсонист) Буддо дар замин дар шакли мавҷудҳои зиндаи гуногун такрор ба такрор – 83 бор ҳамчун авлиё, 58 бор шоҳ, 24 бор рӯҳонй, 18 бор маймун, 13 бор тоҷир, 12 бор мурғ, 8 бор ғоз, 6 бор фил, ҳамчунин моҳй, каламуш, наҷҷор, оҳангар, қурбақа, мор ва ғ-ра таваллуд шудааст. Аз нигоҳи буддоиён Гаутама абарнавъи бисёре аз буддоҳои пешгузашта мебошад, ки дар худ хусусиятҳои афроди зиёдро таҷассум карда.

Мувофиқи боварии буддоиён то Гаутама шаш буддо дар замин зиндагй кардаанд, Барои ҳамин дар баъзе ҷойҳои муқаддас (мас. дар Санчи ва Бхархута) ҳафт қадамгоҳ- маъбад сохтаанд ва ҳафт дарахти муборак ба ифтихори он ҳафт Буддо шинондаанд.

Буддо дорои қобилиятҳои муъҷизаофарию соҳирии зиёде тасвир кардаанд. Ӯ метавонист ба зери замин фарояд, ба осмон барояд, дар ҳаво парвоз кунад, саҳнаро оташбор созад ва ҳар сурату шаклеро, ки хоҳад қабул кунад. Дар бадани ӯ 32 – нишонаи калон ва 80-нишонаи хурд бо хусусиятҳои соҳирй мавҷуд будааст. Ӯ дорои ному сифатҳои бисёрест: Тахтагота(оне ки меояду меравад), Архат (нобудкунанда), Ахтагата (некофарин), Будда(бедоршуда), Чина(фотеҳ), Бхаговата (шеровоз) ва гайра мебошад.

Ҳарчанд дар ойини Гаутама дар мавриди ибодати худои хосе, офарида шудан ё нашудани олам сухане нест, аммо дар адабиёти махаянй Гаутама (Буддо) на ҳамчун одам, балки худо тасаввур карда шудааст, Вайро ҳамчун падидаи кайҳонй шинохтаанд. Ҷисми табии ӯро ғайри воқеъй мешуморанд. Буддо мувофики таълимоти махаяна кайҳонест, ки миқдори зиёди ҷисмҳои тахаюлй -падидаҳо (фантонҳо) меофарад, ки оламҳои гуногун аз ҷумла заминро низ зиёрат намуда, ғояҳо- андешаҳои худро тарғиб мекунанд. Инсонҳо ин падида (фантом)-ҳоро дида, одам гумон мекунанд. Дар воқеъ, ин фантомҳо бо ҳикмати Буддо ва ҷиҳати кӯмак ба ҳамаи мавҷудоти зинда, барои ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳо, мустаҳкам намудани эътиқоди онҳо офарида шудааст.[1]

[1]  В.И. Корень, там же.- С.7.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222