Даосизм нахуст ҳамчун як мактаб ё системаи фалсафӣ ва баъдан ҳамчун яке аз дин ва мазҳабҳои чинӣ ба арсаи таърихи ом мегузорад. Асосгузори он ҳаким-файласуфи маъруфи Хитои қадим Лао-Тсзи ё Лао-Тан мебошад, ки тибқи ривоятҳо дар иёлоти Чу соли 604 т.м. ба ҷаҳон омада. Ӯ аз худ китобе бо номи «Дао-де-тсзи> боқӣ мегузорад, ки он то ба мо расидааст.
Даосизм таърихан дар се шакл зоҳир мешавад: а) дар шакли фалсафй, ки шомили таълимоти ирфонии қавию нерӯмандест; б) сеҳру ҷодугарй ё шакли хурофотиву мазҳабии он; в) динирасмй-ҳамчун мазҳабирасмии хоқонҳои Чин.
Мафҳуми марказии даосизм Дао аст. Дао-моҳият, ҳақиқат ё он асли ниҳой аст, ки дар ҳамаи ашё нуфуз дорад. Дао ҳамон қувва ва нерӯест, ки соҳибидрок буда, коинот ва тамоми оламро бо ашёи он ба назму тартиби хоси онҳо офаридааст.
Дао ҳам ба маънии роҳу тариқат аст ва ҳам солик-роҳрави ин роҳ. Аз ин рӯ, Дао инчунин шомили масоили зиндагй, давлатй ва сулуку рафтор ва одобу ахлоқи инсонист. Худи Лао-Тсзи Даоро ба истилоҳоти печидаву рамзии ирфонй баён кардааст. Аз ҷумла ӯ мегӯяд: «Дао монанди як зарфи холй аст, ки бо он ки холист, метавон аз он об даровард. Дао монанди зарфест, ки мӯҳтавояш тамомнашуданист ва умқаш бениҳоят аст. Дар Дао ҳар гуна дурахшандагй, дурахшандагии худро аз даст медиҳадва ҳарчи сахт аст, нарм мешавад».[1]
Агар ба матни боло дуруст таваҷҷӯҳу диққат кунем ин ҷо як асли умуми ва равиши ягонаи таҳаввули динҳоро мебинем.
Таълимоти фалсафии Лао-Тсзи аз бисёр ҷиҳат монанд ба таълимоти бараҳмания мебошад ва Дао низ дар ин таълимот ҳам монанди худои Браҳмо Ҷони Ҷаҳон аст. Дар фалсафаи даосизм Дао ҳам иллат аст ва ҳам маълул (ҳам сабаб ва ҳам натиҷа) . Хама ашё аз Дао ба вуҷуд омадаанд ва ба Дао боз мегарданд. Хулоса, дар маркази таълимоти фалсафии даосизм таълимот дар бораи Даои Бузург, қонуни умумй ва куллии ҳастй қарор дорад.
Дао дар ҳама ҷо, ҳамеша ва доимо ҳуқумат мекунад. Вайро касе наофаридааст, вале ҳама чиз аз вай манша ва сарчашма мегирад.
Вай диданашаванда, шуниданашаванда, ба ҳеҷ як аъзои ҳис дастнорас, доимй, беохир, беному нишон аст, вале ба ҳама ибтидо, ному шаклу сурат мебахшад. Ин ҷо низ шабоҳати зиёд байни худошиносии исломй ва алалхусус тасаввуф ва дао дида мешавад.
Ҳадафи як инсони воқей тибқи ин таълимот дар омехтан, як шудан бо Дао мебошад, вале ин ҳадафе нест, ки ба дунболаш биравем ва барои расидан ба он ранҷ ва заҳмат кашем, балки бояд ҳарчи аз табиат ба даст меоварем ба сурати писандида аз он истифода кунем ва ба касбу таҳсили чизҳои зиёдатй ва гайрилозимӣ кӯшиш накунем, монанди Дао тиҳй бошем, то дар ҳақиқат пур бошем.[2]
Таълимоти Лао-Тсзи чунон, ки гуфтем дар рисолаи «Дао-дэтзин» (аср. 1У – 111 т.м.) баён шудааст ва ин чанд ҳикмате аз он :
«Беҳтарини ҳукуматҳо он ҳукуматест, ки ҳукумат накунанд ва беҳтарини фармондор он фармондорест, ки бар шаҳвати худ фармон биронад.
Агар колоҳои гаронқиммат аз арзиш биафтанд, дигар на дузд пайдо мешавад ва на дуздй ба вуқӯъ мепайвандад.
Касе ки дигаронро бишносад, оқил аст, вале оқилтар аз ӯ он касест, ки худро бишносад.
Зоҳиди воқей ҳаргиз тазоҳур ба зӯҳд намекунад.
Оқил ҳаргиз фарёд барнамеоварад, ки ман оқилам.»[3]
ДАОЦИЗМ ХАМЧУН ДИН
дар ҳудуди чаҳор аср (аз 206 т.м.– 221 м.) ташаккул меёбад. Аммо ташаккули даосизм ҳамчун дин асосан дар давраи яке аз императорони сулолаи дуюми Ҳон ба номи Ҳван (Ниап) соли 165 м. сурат гирифтааст.
Марҳилаи нав дар масири ба дин табдил додани даосизм замони ҳокимияти хоқони Чин Чен-Тсунг(СЬеп-Тзипд) аз сулолаи шоҳони Сунг мебошад. Ӯро мудаббиру поягузори даосизм ҳамчун дини илоҳй дар ҳудуди соли 1005–1008м. меноманд.
Дастгирии хоқони чинӣ ба даосизм имконият дод, ки дар баробари фишори дини ҳокими конфутсӣ истодагарӣ кунад. Вале дар рафти ин муқовимат даосизм сахт тағйири моҳият кард. Аз тариқи канор гузаштани таълимоти фалсафии мобаъди табиӣ (метафизикӣ) дар мавзӯи Дао ва даст кашидан аз гӯшанишиниву зӯҳд ва инчунин ғояи ӯ-вай (фаъолият накардан) мубалиғини даосизм тавонистанд фаъолияти худро дар байни мардум густариш ва бо роҳи омехтан ва таркиб додани ғояҳои фалсафии Лао-тсизӣ бо эътиқодоту бовариҳо ва ҳатто хурофоти оммаи кишоварз онҳоро ба ин дин ҷалб намоянд.
Яке аз омилҳои ба дин табдил ёфтани даосизм таълимоти он дар бораи дарозумрӣ(аз 800 то 1200 сол)ва намирандагӣ буд. Дар ин замина мубаллиғони Даосизм устурае дар бораи олиҳаи ҷовидият Сиванму, ки дар боғаш ҳар 3000 сол як бор шафтолуи ҷовидият гул мекунад ва устураи нахустодам– Пан-Курап-Ки)- ро эҷод кардаанд, ки дар бисёр маврид шабеҳи устураи Каюмарс дар дини зардуштия ва Браҳма дар дини ҳиндуия мебошад. Ғайр аз ин дар ин дин ба ҳашт нафар равони ҷовид, ки аз одамиён буданд ва дар асари риёзат ва зӯҳд ба мақоми абадӣ расидаанд, боварӣ доранд.[4]
Устураи нахустинсон ПанКу аз назари муқоиса бо таълимоти адёни дигар ҷолиб аст. Ин қисса ё устура дар заминаи як ҳикмате , ки дар рисолаи «Дао–Дэтзен» (п,42) омада, бунёд шудааст. Ва он ҳикмат чунин садо медиҳад: «Дао якро таваллуд мекунад, як дуро таваллуд мекунад ва ду серо таваллуд кард, се ҳамаро». Аз баски маънии амиқи фалсафии ин ҳикмат ба мардуми оддӣ дастнорас буд, уламои даосизм онро дар шакли устураи Пан-Ку тафсир кардаанд, ки чунин аст: Дар аввал ҳараҷу мараҷи нахустин буд, аз ин ҳараҷу мараҷ Пан–Ку худ аз худ таваллуд мешавад (яъне Дао якро таваллуд мекунад). Ҳаждаҳ ҳазор сол мегузарад ва кайҳон ба пайдоиш шурӯъ мекунад, ҳамагуна унсури сабук ва тозаву соф- ян-тсй ба боло меравад ва Осмон ба вуҷуд меояд ва баръакс, ҳамагуна унсури вазнину касиф ба поён менишинад ва заминро ба вуҷуд меоранд (як дуро тавлид мекунад). Пан–Ку байни Замин ва Осмон мемонад ва хеле тез рушд мекунад (аз ду се тавлид меёбад).
Ҳангоме, ки Пан-Ку бузург шуд, аз чашмони ӯ Офтоб ва Моҳ пайдо шудаанд, аз танаш хок, устухонҳояш куҳҳо, мӯйҳояш алафу рустанӣ, нафасаш бодҳо, аз ришаш ситораҳо ба осмон падид омаданд ва аз паразитҳои танаш инсонҳо ба вуҷуд омаданд– (се ҳамаро таваллуд кард).[5] Чунин аст космогонияи даосизм, ки ба равшанӣ наздикии он бо космогонияи ҳиндуия ва зардуштия дар он дида мешавад.
АНЧУМАНИ ХУДОЁНИ ДАОТСИЗМ.
Чунон ки гуфтем, даотсизм эътиқоди ягона набуда, дар худ маросимҳову хурофот, эътиқодҳо, ҳама гуна худоён ва арвоҳи аҷдодон, қаҳрамонон ва ҷовидонро ҷазб кардааст. Дар ин дин худоёни зиёде ҳастанд, аз ҷумла асосгузори сулолаи чиниён императори Чини бостон Хуанд, олиҳаи Ғарб Сиванму, нахустинсон Пан–Ку, худоёни Тайчу (Ибтидои Бузург) ё худ Тайтзӣ (Ниҳояти Азим) . Ба ғайр аз ин сарлашкарон, қаҳрамонон, устокорон ва ғайра парастида мешаванд, ба ифтихори онҳо маъбадҳои зиёде бунёд шудааст. Арвоҳҳои муқаддас ба ақидаи онҳо дар ҳар рӯдхона, саҳро ва кӯҳ маскани рӯҳиву равонӣ, ҷой дорад. Ҳар синф ва ҳар касбу ҳирфа худои муқаддаси худро дорад, ки аз онҳо ҳимоят мекунанд. Ҳамчунин худои тандурустӣ, худои некбахтӣ, худои наботот ва ҳайвоноти гуногунро мепарастанд.
[1] Меҳрдоди Меҳрин. Фалсафаи Шарқ. С. 154.
[2] Ҳамон ҷо
[3] Ин ҷо низ бо назарияи сиёсии исломй ҳамсадост, чун дар ислом низ ҳеҷ банда ҳаққи ҳокимият бар инсони дигар надорад, балки вазифаи ҳоким раҳбарй ва назорати иҷрои қонун– шариати илоҳист.
[4] Ниг.:Чон Б.Нос. Таърихи ҷомеи адён.– С.241.
[5] Васильев Л.С. История религии Востока.С. 286.