Главная / Илм / ДИНИ ҲИНДУИЯ

ДИНИ ҲИНДУИЯ

Парастишҳо ва эътиқодҳои асри ведой. Аз навъи боварии давраи тоориёй ҳиндувон мутаассифона ҳеҷ гуна осоре боқй намондааст. Асли дину оини[1] онҳо дақиқ маълум нест. Асосан он чизе, ки аз оини бостонии Хиндустон маълум аст, ба тамаддуни баъдй тамаддуни ҳинду ориёй мансуб аст.

ramayana

Тақрибан аз нимаи дуюми ҳазораи дуюм қабл аз милод мардуме аз кӯчиҳои Осиёи Марказй, ки худро ориёй (ё ориёнй) меномиданд ба қисматҳои шимолии соҳили рӯди Хинд ворид гардида, тамаддуни наверо асос гузоштанд. Дар ҳамин давра асоси аввалин навиштаҷоти хаттии ҳиндувони ориёӣ ҳаммосаҳо ва ҷангномаҳо, ки баъдан дар ду китоб Рамаянй ва Махабхаратй ҷамъоварӣ шудаанд, ба вуҷуд меоянд. Баъдтар матнҳо ва сурудҳои мазҳабӣ Ведҳо ба миён омаданд, ки дар чаҳор китоб: РигВеда, СамаВеда, ЯҷурВеда, АтҳарВеда гирдоварй шудаанд: Ведҳо аз навиштаҳои муқаддаси ҳиндувон, ваҳйи мунзал (ё илҳоми худованд) Сурутй– «шунидашуда» ба ҳисоб мераванд.

Ригведа аз ҳама муҳимтарин китоби Ведҳо маҷмӯъае аз ашъори мазҳабӣ мебошад ва дар 10 ҷилд ҳудуди асри 8-уми т.м. гирдоварй шудааст. Аҳамияти таърихию фарҳангй ва илмии ин китоб дар он аст, ки мо аз он ҳадди ақал ҳамчун сарчашмаи забонҳои халқҳои ориёй, осори таърихиву адабии ҳиндй ва ниҳоят сарчашмаи диниву мазҳабии ориёии қадим маълумоти фаровоне ба даст меорем. Масалан, аз номҳои худоёни қадимаи халқҳои хиндуаврупой, ки дар Ведҳо омадаанд исми Худо-Падари осмон (Девус-Питар), бо Зевус (+ Питер)и юнонй ва Жу- Питери (Юпитери) румӣ аз як решаанд ва ҳамчунин Притива- Матар – худои замин бо ГаяМатар юнонй ва худои Митра, ки эрониён низ Митра ё «Меҳр» аз як реша мебошанд ва дар назди ҳама қавмҳои ориёнӣ маъруф будаанд. Митра дар оғоз худои Офтоб ба шумор мерафтааст.

[1]   Дар забони ҳинди калимаи «дин» нест, индуизмро низ аврупоиён фикр кардаанд, худи ҳиндуён дини худро «дхарма»-қонун, қарз, поя…» меноманд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222