Главная / Илм / ДИНИ ЮНОНИЁНИ БОСТОН

ДИНИ ЮНОНИЁНИ БОСТОН

Кишваре, ки шарқиён онро Юнон ва ғарбиён ба пайравии румиён Грек (Стгееее) ё Греция меноманд, дар гузашта худро Ҳеленес ва сарзамини худро Ҳеллас (Эллада) меномидаанд. Дар Юнон ду қабати тамаддун: тоориёӣ ва ориёӣ кашф шудааст. То дохилшавии халқҳои ориёӣ ва ташаккулёфтани тамаддуни ориёӣ вуҷуди осори тамаддуни куҳани маҳаллии “минову микеӣ”ро дар ҷазираи Крит бостоншиносон кашф кардаанд. Воридшавии мардуми ориёӣ ҳеленҳо аз шимолу шарқи нимҷазираи Балкан дар ҳазораи дуввуми т.м. будааст. Ҳеленҳо бо аҷдоди ориёинии эрониён ва ҳинду аврупоӣ ҳама аз як решаву буна баромада ва аз ҷумла номи чаҳор қабилаи ниёгони ориёнии юнониён дар ашъори Ҳомер зикр шудааст. Яке аз он чаҳор қабила Ашёнҳо (АсИаеапз), дуввумин Ионианҳо (1ошапз), саввумин Дуриёҳо( ОопапА ва чаҳорумин Аеолиёнҳо(АеоНапз) будаанд. Аз ин қабоил яке ионианҳо аз нимҷазираи Балкан гузашта, дар соҳилҳои ғарбии Осиёи Хурд маскан гирифтанд ва шарқиён бо номи ҳамин қабила (Аюниён) ин сарзаминро баъдан Юнон ном кардаанд.[1]

image014Сарчашмаҳо барои омухтани ақоиди динию мазҳабӣ ва маросимҳои Юнони бостон (асри классикӣ) хеле фаровонанд. Бозёфтҳо ва ёдгориҳои археологӣ, боқимондаҳои маъбадҳо, қурбонгоҳҳо, тасвир ва муҷассамаи худоён аз ҷумлаи он сарчашмаҳо мебошанд. Дар баробари ин номгӯи зиёде аз ёдгориҳои хаттӣ, тадқиқотҳои таърихӣ фалсафӣ ва асарҳои асотириву бадеии он давра то ба мо омада расидааст. Намунаи он «Илиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер (наз. ба а. 1Х-У111 т.м), «Метоморфоза»-и шоири Румӣ Овидия, осори лирикии Алкман, Стесихор, Ивик, Пиндар; фоҷианомаҳои Эсхил, Сафокол, Еврипид; ҳамчунин осори муаррихон ва файласуфон Ҳеродот, Фукидид, Плутарх, Ксенофонт, Афлотун, Арасту ва хатиби машҳур румӣ Тситсерон (Цицерон) шуда метавонад.

Ҳамин тавр, ақоиди динии юнониёни бостон бисёрхудоии навъи ориёнӣ мебошад. Чунон ки дар боло зикр шуд, таърих дар мавриди ҳуҷумҳо ва сукунат ихтиёр кардани қабилаҳои ориёнӣ дар сарзамини Юнон ва таъсири онҳо ба тамаддун ва дину парастишҳои Юнониён шавоҳиди зиёде дорад.

Дини юнониён бисёрхудоии ташаккулёфта дар сатҳу шакли «анҷумани худоён» будааст. Тасаввуроти динии классикии юнониён бо тасаввуроти дигар халқҳои ориёӣ алалхусус бо ҳинду эрониён қаробат дорад. Ҳамчунон ки дар динҳои ҳинду эронӣ парастиши Девпитер (ё Девпедер)-падари осмон ба Деметер -худои модарзамин машҳур будааст, юнониён низ Зевус (ҳамон Деваси ҳинду ориёнӣ) ва Деметерро парастиш мекарданд.Дар байни юнониёни аҳди классикӣ инчунин одати дигари умумиориёнӣ нӯшидани нӯшобаи сархушкунанда пеш ва баъд аз маросими қурбонӣ ба ифтихори худоён вуҷуд дошта. Яке аз нишонаҳои дигари алоқамандии эътиқоди юнониёни аҳди классик бо парастишҳои орёӣ вуҷуди парастиши гов ё барзагов мебошад. Дар ин бора тасвирҳои зиёди барзаговҳо ва саҳнаҳои ҷанги барзагов шаҳодат медиҳад.

Юнониён, асосан, бар акси ориёиҳои ҳинду эронии қадим, мурдаҳои худро дар хок ё бо тобут ё бетобут, мегӯрониданд ва ба вуҷуди рӯҳи инсон пас аз марг дар зери замин дар қаламрави Аида ва доварии аъмоли одамон дар он ҷо боварӣ доштанд. Барои юнониёни аҳди классик мудҳиштарин гуноҳ ё ору номус гӯр накарда, ё бо обрӯ гӯр накарда мондани мурда будааст. Ин яке аз нишонаҳои эҳтиром ва парастиши аҷдодон ба шумор мерафт.

Инчунин дар байни юнониён парастиши қаҳрамонон ба дараҷаи худоён қуддусият пайдо кардани онҳо, парастишҳои маҳаллӣ дар симои қаҳрамон, худоёни авлодӣ, қабилавӣ ва дар ниҳоят ҳомиёни шаҳрдавлат (полис)-ҳо ривоҷ доштанд.

Дар давраи ташаккул ёфтани худоёни ҳомии шаҳрдавлатҳо дини юнониён хусусияти динҳои миллию давлатиро касб мекунанд.

Баъд аз марҳалаи парастишҳои полисӣ давраи ташаккули дини умумиюнонӣ ҳамчун идеологияи ваҳдати сиёсии юнониён оғоз мешавад. Сохтори ашрофии анҷуман (пантеон)-и худоёни осмон бо сарварии худои худоён Зевс намунаи идеалии сохтори сиёсии марказиятёфта, нусхаи баргардони сохтори ҷомеаи аристократияи ғуломдорӣ ва идеологияи давлати ягонаи мутамарказӣ буд.

[1]  Муфас. ниг.: Алӣ Асғари Ҳикмат. Таърихи адён.С. 78-80.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222