Главная / Гуногун / ДИНИ НАСРОНӢ

ДИНИ НАСРОНӢ

Дини насронӣ ё масеҳӣ (христианӣ) [1] яке аз динҳои ҷаҳонии тавҳидии сомӣ ба шумор меравад, ки дар оғози солшумории мелодӣ (эраи нав) ба вуҷуд омадааст. Солшумории нав, яъне мелодӣ, аз рӯзи таваллуди Эсои Масеҳ (Исус Христос) оғоз мешавад. Ин дин дар ибтидо ҳамчун як фирқа аз дини яҳудия зуҳур кард. Аз ин рӯ, асоси таълимоти яҳудиро, ки дар Тавроти Мӯсо ва дигар китобҳои пайғамбарон ва шоҳони яҳудия омадааст, қабул дорад ва худи китоби муқаддаси насрониён- Библия аз ду китоб: «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» иборат аст.

ПАЙДОИШИ ДИНИ НАСРОНӢ

Сарчашмаҳои асосӣ барои шарҳи ҳол ва таълимоти Эсои Масеҳ чор китоби Инҷил: Матто, Маркус, Луқо ва Юҳанно мебошад. Мундариҷаи ин инҷилҳоро асосан шарҳи ҳол ва таълимоти Эсои Масеҳ ташкил мекунад. Замони навишта шудани Иҷилҳо чунин аст: Инҷили Матто ва Марқусро ҳудуди 62-70-и мелодӣ ва Инҷили Луқо ҳудуди 75-85 м. ва Инҷили Юҳанно аз ҳама охиртар, дар поёни садаи аввали мелодӣ ё ибтидои садаи дуюм.

isoi-masehҒайр аз сарчашмаҳои мазҳабӣ боз сарчашмаҳои масеҳии ғайриинҷилӣ, асарҳои таърихии ғайринасронии яҳудиву румӣ ва бозёфтҳои таърихӣ ҳастанд.

Дини насронӣ дар шароите ба вуҷуд меояд, ки Фаластин дар таҳти салтанати румиён қарор дошт. Дар соли 63 то мелод сарлашкари румӣ Помпей пас аз фатҳи Шом (Сурия) аз муборизаҳо ва задухӯрди дохилии яҳудиён истифода намуда, Иерусалимро забт намуд. Як қисмати аҳолӣ, ки намехост зери бори ҳокимияти истилогарони Рум дарояд, дар маъбади Иерусалим зарфи се моҳ муқовимат мекунад. Вале ниҳоят румиён муқовиматро шикаста, ба маъбад дохил гардида, муқовимонро нобуд мекунанд. Дар натиҷа яҳудия ба ҳайати давлати Рум дохил ва ба ҳокими Шом тобеъ карда мешавад. Вале бо вуҷуди ин Яҳудия то андозае истиқлолияти худро ҳифз мекунад. Дар охири асри як то мелод дар Яҳудия шоҳи золиме бо номи Ҳирод ( Ирод) ҳукумат мекард.

Дар ҳудуди замони таваллуди Эсо подшоҳи номбурдаи Яҳудия Ҳироди Кабир аз ҷаҳон чашм пӯшид, ва мулки Фаластин байни се писараш тақсим карда мешавад. Яке аз ин ноҳияҳо, ки Эсо дар он ҷо таваллуд ёфт, Ҷалил буд. Ҳукумати онро Ҳирод ба писари дуввумаш Ҳирод Антипус ё (Антипа) месупорад.

Дар соли 6-уми эраи нав ҳокими румӣ Криниюс, ки пойтахташ дар Шом буд, дастур дод, ки мардуми Фаластинро саршуморӣ намояд, то маъмурони империя беҳтар битавонанд аз онҳо боҷу хироҷ бигиранд. Эсо дар ин ҳангом 12-сола буд ва ин вазъияти мустамликавӣ, норизояти мардум ва туғёну исёни оммаро бо чашми худ медид.

Дар ин давра фирқаҳои мазҳабӣ ва аҳзоби сиёсие барои мубориза бо вазъияти зикршуда ташкил мешуданд. Яке аз чунин фирқаҳои мазҳабӣ, ки тавассути Яҳудо ташкил шуда буд, маъруф бо номи фирқаҳои «ғайратмандон (зеалот)-буд, ки даст ба аслиҳа бурда, бо шиорҳои «Ҳеҷ маъбуде ғайр аз Яҳво нест ва ҳеҷ боҷе ҷуз ба маъбад набояд пардохт» қиём намуданд. Маркази амалиёти ин фирқа шаҳри Сафурияи ноҳияи Ҷалил буд. Онҳо баъд аз тасарруфи анбори аслиҳаи ин шаҳр даст ба шӯриш заданд. Ин шӯриш ба қадре барои румиён хатарнок буд, ки ҳокими Шом Квинтилий Вар барои саркӯбии он маҷбур шуд ду легион сипоҳи румиро ба он шаҳр равона кунад. Дар асари он шаҳри Сафурия хароб ва тӯъмаи оташ гардид. Зиёда аз ду ҳазор аз тариқи ба салиб кашидан, чун ҳафтод сол пас аз шӯриши Спартак, маҳкум ва ҳалок гардиданд. Ин вазъияти системаи империяи ғуломдорӣ, ҳолати истибдодию мустамликавӣ, шикасти паёпаи шӯришҳо, қатлу хунрезиҳои зиёд, наёфтани роҳи халосӣ аз тариқи муборизаву шӯришҳо, ки ба натиҷа намерасиданд заминаро барои боварии мардум ба расидани масеҳинаҷотбахш ҳамвор карда буд.

Дар чунин як вазъияти мудҳиши равонӣ мубалиғони зиёде пайдо шуданд, ки навидҳои аз базуддӣ расидани масеҳ («машишах»)-и наҷотбахш, фиристодаи Худо медоданд, ки мардумро халос мекунад ва «шоҳи воқеии яҳудия» мегардад.

Табиист, ки ин ҳама шароити иҷтимоию маънавӣ ва мазҳабӣ заминаро барои пайдоиши дини насронӣ мусоид карда буданд.

Яке аз муҳимтарин ҳодисаи таваллуди Эсо он аст, ки Марям модари ӯ, на аз шавҳараш Юсуф, балки аз «Руҳулқудс»- рӯҳи муқаддас, яъне Худо ҳомила мешавад. Дар Инҷили Матто омадааст: мавлуди Эсои Масеҳ чунин буд: «Вақто ки модари ӯ Марям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он, ки ҳамбистар шавад, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст.» (Матто.1 : 18).

Аз худи ҳамин боби Инҷил маълум мешавад, ки чунин эътиқоди байни яҳудиён дар заминаи пешгӯии Таврот аст. Ва ин пешгӯи чунин будааст: «Инак бокирае ҳомила хоҳад шуд ва писаре хоҳад зоид ва ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш «Худо бо мост».» Чунин пешгӯиро дар «Инҷил» мунаҷҷимон низ хабар додаанд. Бояд гуфт, ки дар замони пайдоиши дини насронӣ Худо номидани инсонҳо (одатан императорон) ва ба тарзи истиорӣ писарони Худо хондани ҳамаи инсонҳо ва ҳамчунин боварӣ ба ҳомила шудан ва таваллуд кардан аз Худо ҳодисаи ягона набудааст. Ба мо маълум, ки императори машҳури Рум Юлий Цезар худо эълон шуда буд ва валиаҳди ӯ, писархондаш Октавиан (Август) низ писари Худо дониста мешуд. Дар бораи модари Октавиан Атия овозае паҳн карда буданд, ки вай гӯё то таваллуди Октавиан барои ибодат ба маъбади Аполлон омада, он ҷо дар тахти равони худ хобида аст ва дар он ҳангом ба бағали ӯ море мехазад, ки он худи Аполлон буда; пас аз нӯҳ моҳ Атия императори баъдӣ (яъне Октавиан)-ро таваллуд кардааст. Ҳамин тавр, вай писари Аполлон эълон шуда буд. Гузашта аз ин, бисёр маврид дар Аҳди Қадим ва қисматҳои қадими Аҳди Ҷадид ҳамаи инсонҳо писари Худо номида шудааст. Чунон ки дар боби Буддоия ва Зардуштия низ гуфта шуд, чунин боварӣ дар динҳои дигар низ ҷой доштанд.

Эсо мувофиқи ахбори Инҷил дар айёми Ҳирод дар Байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфтааст. (Мат, 2. 1. ) Таърихи таваллуди Эсо низ мисли таърихи таваллуди Иброҳим ва Мӯсо мебошад. Чунки подшоҳ Ҳирод вақте аз мунаҷҷимон хабари таваллуди «Шоҳи Яҳудиён»- Эсоро мефаҳмад, дар фикри нобуд кардани ин кӯдак меафтад. Таваллуди Эсо мусодиф бо маъракаи саршумории аҳолии Фаластин буд,[2] ки Юсуф барои номнависӣ аз Носирия бо номзадаш Марям ба Яҳудо ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дошт, меравад. Дар ҳамин сафар Эсо дар шафати қутани рамаи чӯпоне таваллуд мешавад. Дар ҳамин ҷо ӯро мунаҷҷимоне, ки аз Шарқ барои дидорбинии ӯ омада буданду ба Ҳирод хабари тавлиди ӯро доданд, ба дидори ӯ мушарраф шуданд, ӯро парастиш карданд ва барояш ганҷина ва ҳадяҳои хешро тақдим намуданд.

Мувофиқи ахбор, чун Юсуф ва Марям аз таъқиби подшоҳ Ҳирод хабар ёфта буданд, бо кӯдак ба Миср фирор мекунанд ва Ҳирод фармон медиҳад, ки дар Байт- Лаҳм ва атрофи он тамоми кӯдакони аз дусола камтарро ба қатл расонанд. Эсо ва волидайнаш аз Миср баъд аз марги Ҳирод ба сарзамини Исроил ба шаҳри Носира бармегарданд.

Дар таърих нисбат ба овони кӯдакӣ ва ҷавонии Эсо маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Ҳаминаш маълум аст, ки хонаводаи ӯ аз табақаи миёнаи аҳолӣ буда, хело мӯмину диндор будаанд. Юсуф ба касби наҷҷорӣ машғул будааст, Эсои Масеҳ низ дар овони ҷавонӣ мисли ӯ наҷҷорӣ карда, бо розигии хонаводааш дар калисо ба ибодат ва мутолиаи китобҳои муқаддас машғул шуда, дар ҳамон ҷо таҳсили илм низ кардаст. Аз овони кӯдакӣ ба масоили мазҳабӣ алоқаманд будани Эсоро аз Инҷили Луқо метавон дарёфт.

Хулоса, ровиёни таърих давраи зиндагии ӯро то ҳаждаҳсолагӣ солҳои «сукут ва хомӯшӣ» гуфтаанд.

Яҳудиён интизори зуҳури шахсияти наҷотбахш-масеҳ будаанд. Ин боварӣ ва умедворӣ баробари афзудани истибдоди мустамликавӣ ва зулми шоҳони маҳаллӣ қавитар мешуд, шикасти шӯришҳову ҷунбишҳои мардумӣ ва ба хуну хок кашидани онҳо, афзудани фасод ва зулму истибдод, умедвориро ба рӯзи ҷазо бештар мекард. Дар чунин як шароите набие бо номи Яҳёи таъмиддиҳанда (поку омурзишдиҳандаи гуноҳон бо об) зуҳур кард, ки мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки малакути осмон наздик аст». Яҳё тамоми аҳли Иерусалим ва Яҳудо ва музофоти Урдунро таъмид медиҳад ва бар онҳо эълом медорад: «Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, вале он ки пас аз ман меояд, (Эсо- А.Ш) аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли ӯро бардорам, ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмин хоҳад дод». (Мат.3:11.)

Эсо аз Ҷалил ба Урдун омада, бо Яҳьё вомехӯрад ва ба воситаи ӯ таъмид меёбад ва дар ҳамин ҷо рӯҳи худоӣ ба ӯ нозил мегардад. «Ва Эсо таъмид ёфт, дарҳол аз об баромад ва инак осмон ба рӯи ӯ кушода шуд ва рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар ӯ қарор мегирад. Ва инак овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст ПисариМаҳбубиМан, киҳусни таваҷҷӯҳиМан бар Уст». \Мат.3:17

Эсо низ чунд дигар пайғамбарони сомӣ мавриди озмоишу имтиҳон қарор мегирад. Иблис дар биёбон рӯҳи Эсоро дар чан маврид меозмояд. Аз ҳамин лаҳзаҳо таълимоти Эсо оғоз мешавад. Асоси таълимоти Эсо рӯҳонӣахлоқиву маънавист ва он гоҳ ошкоро ва гоҳе рамзӣ баён шудааст.

Таълимоти Эсо дар мавриди Худо чандон рӯшан аст. У аз Худо ҳамчун Падар ёд мекунад. Падари осмон дар матни Аҳди Қадим ва Аҳди ҷадид ба маънии танҳо падари Эсо нест. Ҳарчанд насрониён баъдан чунин маҳдуд фаҳмидаанд. Худо Падари истиории тамоми инсоният аст. Аз ин рӯ «Падар» ҳам ба маънои васеъ – ҳамчун мазҳари бузургворӣ ва ҳам ба маънои танги калима, яъне падари табиӣ, ҳамон падари воқеии ҳаётбахш ба кор рафтааст. Масалан, ӯ бо муроҷиат ба мардум (инсонҳо), ба маънии васеъ мегӯяд: «…то ки фарзандиПадарихуд, кидар осмон аст, гадед,.. ёхуд «Пас комил бошед, чунонкиПадаришумо, ки дар Осмон аст, комил аст». (Матто 5:45-48). Эсо ба мӯъминон чунин мефармояд: «…Падаришумо тамоми эҳтиёҷи шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад. Пас ба ин мазмун дуо гӯед:

«Эй Падари мо, ки дар осмонӣ!

Исми ту муқаддас бод;» (Мат. 6:8-9).

Ҳамчунин дар Инҷилҳо Эсоро гоҳ «Писари Одам» (Мат.8: 20) гоҳ « Писари Худо» мухотаб мекунанд. (Мат.8: 29, 9: 6). Ва худи Эсо бо иборатҳои «Падари Худ», «Эй Падар», «Падарам» ба Худо муроҷиат кардааст: «Пас ҳар кӣ маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард» (Мат. 10:32).

Дар Инҷили Юҳанно, киохирин Иҷил, зиндагиномаи Эсо аст бештар калимаи «Падар» ва «Писар» дар маънии хосаш омадааст: «.Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.» (Юҳ. 3:16).

Пас метавон гуфт, ки худошиносӣ дар дини насронӣ як давраи таҳаввулро аз сар гузаронидааст. Дар аввал- дар Аҳди Қадим ва Инҷилҳои аввал Худо аксаран ҳамчун Падари ҳамаи инсоният шинохта шудааст ва ҳамаи инсоният писарони У, вале баъдан Худо танҳо Падари Эсо ва Эсо Писари ягонаи У ва дар ниҳоят худи Эсо Худо ба қалам дода шудааст. Дар идомаи ояти фавқуззикр омадааст: «.Худо Писари худро ба ҷаҳон барои он нафиристодааст, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи ӯ наҷот ёбад».( Юҳ. 3: 17).

Як маънии тозае, ки дар Инҷили Юҳанно пайдо мекунем ташбеҳи истиории Эсо ба нур аст. Эсо мефармояд: «Маннур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кй ба Ман имон оварад, дар торикй намонад». (Юҳанно 12: 46). Дар оғози ҳамин китоб Эсо чун нури ҳақиқӣ муаррифй мешавад: «Он нури ҳақиқй, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданй буд», «ӯ дар ҷаҳон буд ва ҷаҳон ба воситаи ӯ ба вуҷуд омад ва ҷаҳон ӯро шинохт», (Юҳанно 1: 9,10).

Эсо таълимоти худро дар бораи малакути осмон ва аҳкоми Худо аксаран дар шакли рамзу истиора ва мисолҳои аёнй баён мекунад. Муборизаи ӯ асосан бо рӯҳониён (фарисиён)-и яҳудия мебошад. «Онҳо,- ба қавли ӯ ,- кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон раҳнамой мекунанд, ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамой кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтид».(Мат.15:14)

Душмании рӯҳонияти яҳудй нисбат ба Эсо шиддат мегирад ва дар ниҳоят саркоҳонон ва пирони қавми яҳуд ӯро ба ҳоким Понти Пилати Румй таслим мекунанд. Бо исрору дархости онҳо Пилат Эсоро ба қатл маҳкум кард. Ӯро аз тариқи ба салиб кашидан қатл мекунанд, вале пас аз дафн, рӯзи дигар дармеёбанд, ки Ӯ дар қабр нест ва фариштаи Худо хабар медиҳад, ки Ӯ эҳё шудааст. Ниҳоят баъд аз ин ҳодиса дар рӯзи чиҳилум Эсо дар Ҷалил бо ёздаҳ шогирдонаш муҷаддадан вомехӯрад ва ба онҳо васият мекунад, ки халқҳоро ба дини ӯ даъват кунанд ва «…ба исми Падар ва Писар ва Руҳулқудс таъмид диҳанд». (Матто 28: 19).

[1]   Дар адабиётҳои форсию исломии классикии муродифҳои дигари ин ном- масеҳӣ, исавӣ, тарсоӣ истифода шудааст.

[2]   Ин ҷо дар мавриди замони номнависӣ ва ё саршумори аҳолӣ дар сарчашмаҳо ихтилоф аст, чунонки дар боло гуфта шуд ҳангоми ин саршуморӣ дар соли 6-уми эраи нав дар 6-солагии Эсо буда, вале дар сарчашмаҳои дигар онро мусодиф бо таваллуди Эсо медонанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222