Нимҷазирае ба шакли як пои мӯза дар ҷануби Аврупо, дар ғарби нимҷазираи Балкан қарор дорад, ки онро Апеннин ва кишваре, ки дар он ҷойгир шудааст ҳоло бо номи Итолиё маъруф аст. Юнониён дар гузашта, вақто ки ба як қисмати хурди ҷанубии ин нимҷазира, ки сарзамини сарсабзу серчорво буд, шинос шуданд, аз таҳайюр дар муқоиса бо сарзамини камалафи худ, ин номро ба ин ноҳия гузоштанд, ки маъниаш «мамлакати гӯсолаҳо» мебошад. Баъдан дар ҳудуди асри аввали мелодӣ ин ном ба тамоми нимҷазира тааллуқ гирифт.
Аммо номи Рум дар ибтидо ( ва имрӯз низ) номи шаҳрест, ки дар ҳафт теппаи соҳили поёноби дарёи Тибр дар асри VIII т.м. ба вуҷуд омада буд. Дар яке аз теппаҳои рост баромада қалъаи шаҳр Капитолий бунёд шуда буд, дар ҳангоми ҳуҷуми душманон мардум дар пушти деворҳои он паноҳ меёфтанд. Баъдҳо дар асри аввали мелодӣ тамоми кишвар Рум ва ҳар шаҳрванди он дар куҷое таваллуд нашавад, румӣ номида мешуд. Аҳолии ин шаҳрро лотинҳои патриций ташкил мекарданд, батадриҷ дар атрофи шаҳр аз ҷойҳои дигар одамон омада ҷойгир шуданд, ки онҳоро плебейҳо номиданд.
Нимҷазираи Итолиё низ дар нимаи ҳазораи дуюми пеш аз милод, чун нимҷазираи Юнон мавриди ҳуҷуми қабилаҳои ориёнӣ, махсусан сельтҳо қарор мегирад. Онҳо бумиёни ин сарзаминро танг намуда, пойдевори тамаддуни ҷадидро дар он сарзамин мерезанд. Он қабоили ориёӣ, ки нимҷазираи Итолиёро тасарруф намуданд, лотин ном доштанд. Ҳамин лотинҳо дар асри VI қабл аз милод байни ду қувваи муҳоҷим: атрусканҳо аз шимол ва юнониҳо аз ҷануб қарор гирифтанд. Таҳаввули дини румӣ дар таъсири мутақобилаи ин се тоифа сурат мегирад. Сарчашмаҳои дини румиёни қадим ҳамон аст, ки дар дини юнониён зикр намудем. Дини румиёни бостон низ дини миллию давлатӣ ва эътиқодоташон бисёрхудоии навъи ориёнӣ будааст.
Қадимтарин эътиқодҳои мазҳабии онҳо иборат аз як ришта бовариҳои омехта ба хурофот, сеҳру соҳирӣ, фолбинӣ афсунҳо будааст. Онҳо барои арвоҳ ва худоёни худ ҳеҷ шаклу шамоил, робитаҳои оилавӣ ва ғайра қоил набудаанд.
Куллияи тасаввуротҳои динии румёнро ба се: оинҳои хонаводагӣ, саҳроӣ (кишоварзӣ) ва дину мазҳаби давлатӣ тақсим кардан мумкин аст. Дар кешу оини саҳроӣ боварӣ ба арвоҳи кишту донпошӣ Сатурн, ба рӯҳи нашъунамои ғалла ва сабзиши тухмӣ – Серес, рӯҳи дарав – Конус ва ғайра. умуман ҳар як амали марбут ба зироаткорӣ ва ҳаёти деҳқонӣ арвоҳу худои худро доштанд.
Ҳамчунин дар хона ва хонавода низ румиён ба як силсила арвоҳ, масалан, ба арвоҳи дару дарвоза Ҷонус[1], худои оташдон ва оташ Весто ва арвоҳи ҳофизу нигоҳбони анбори озуқа Пенотҳо боварию эҳтиром доштаанд.
[1] Дар оғозу шурӯъ ба ҳар копе аз ӯ баракат мехостанд, соати аввали рӯз махсуси зикри ӯ буд, ва аввалин рӯзи ҳар моҳ махсуси иди ӯ ва моҳи аввали ҳар сол ба номи ӯ ихтисор дошта ва калимаи ҷанвия (Январ), ки моҳи аввали соли аврупоиҳост, аз номи ин худо гирифта шудааст.