Главная / Илм / ДИНИ СИНТО

ДИНИ СИНТО

Дини Синто (ё Шинту – Синтоизм) дини миллию давлатии Жопун, яке аз се дини маъруфи Ховари Дур мебошад. Ин динро «мазҳаби ватанпарастӣ» номидаанд. Чунки дар он муҳаббату эҳсосоти бепоён нисбат ба хоки Ватан ва императори худ таҷассум ёфтааст.

sintoКалимаи Синто аслан аз калимаи хитоӣ (Шин-Тао) буда ба маънии «Роҳ ё тариқи худоён» тарҷума мешавад. Тамоми тасаввуроти космогонию таърихӣ ва эътиқоди бостонии мардуми жопунӣ бо асотири синто вобастагӣ дорад. Мувофиқи он ҷазираҳои Жопун хосаофаридаи худоён аст. Мувофиқи асотири синтоӣ, ки дар ахбори таърихии жопунии асри УП-ӮШ м. «Кодзики» ва «Наҳоне» омада аст, дар ибтидо олами вуҷуд сурату вазъи ошуфтае дошта, омехтаву дар ҳам бар ҳам будааст. Бо гузашти тӯли замон осмон ва муҳити он аз ҳам ҷудо гашта, аз мобайни кайҳони тираву туманолуд чандин худоён намоён гаштаанд. Худоёни мутааддид бо кадом сабабе ба тадриҷ аз байн мераванд, то саранҷом дар саҳнаи ҳастӣ, беш аз духудое, ки яке муаннас, яъне олиҳаи занона, бо номи Изонамй ва дигаре музаккор- худои мард бо номи Изонагй боқӣ намемонанд.

Ин ду худо пуле байни Замин ва Осмон месозанд. Изонагӣ аз фарози осмон бо он пул фурӯ омада, найзаи ҷавоҳирнишину мурассаи худро дар шӯробае, ки муҳитро фаро гирифта буд, фурӯ бурда, онро он қадар ба ҳам меомезад, ки он ба хамираи ғализу сахт табдил мешавад ва вақто ки найзаро аз он бурун мекашад, чакраҳои моеъе, ки аз нӯки он фурӯ мерехт, рӯи ҳам гирд омада, ба сурати ҷазирае дармеоянд. Он ду худои нару мода бар фарози он ҷазира маскан ихтиёр мекунанд. Чанде пас худои мода Изонамй дар он ҷо таваллуд мекунад ва аз шиками вай ҳашт ҷазираи дигари Жопун ба дунё меоянд. Ҳамчунон аз он олиҳа аввал худоёни дигар ба дунё меоянд ва охирини онҳо Кагу-Тасуги-худои гармо ва оташ буд. Вай ҳангоми вилодат модари худро бо шӯълаи вуҷуди хеш месӯзад.

Худомард Изонагй аз ин сабаб дар ғазаб шуда Кагу-Тасугиро бо зарбаи шамшер аз пой дароварда пора-пора мекунад ва дар натиҷа аз ҳар пораи ҷасади ӯ дар рӯи баҳр ҷазираҳои дигар ба вуҷуд омаданд. Пас аз марги олиҳа Изонамй ба олами пойин, ки онро сарзамини «Яоми» гӯянд, меафтад ва чанде пас худомард Изонагй ба ҷустуҷӯи олиҳа Изонамй ба олами зери замин фурӯ рафт, то ӯро ба олами аъло бозгардонад. Вале вақто ки олиҳа Изонамиро пайдо мекунад, хеле дер карда буд ва пайкари ӯ пӯсида, кирмҳо ва хазандаҳо тани ӯро фаро гирифта буданд, ва сурати зиште дошт. Ин аст ки Изонамй ӯро аз нигаристан ба сурати худ манъ карда, Вале пас аз он, ки Изонагй аз шонаи чӯбини худ оташ равшан карда, ӯро дид, Изонамй фарёдзанон ба ӯ дар меафтад, ки ту маро шарманда кардй.

Дар он олами зулмонй байни Изонагй ва Изонамй задухӯрд ба вуҷуд меояд. Изонамй аз пайкараи зишти худ худои сойиқаро ба вуҷуд оварда, аз паси шавҳараш паё-пай мефиристад. Бо ин низ қаноат накарда, як ҳазору понсад рӯҳи шайтонии сифларо ба ҷанги ӯ мефиристад. Изонагй бо ҳамаи онҳо ҷангида, шикаст медиҳад. Дар охир Изонамй худ бо он пайкари зишт ба ҷанги ӯ меояд, вале дар ин ҳангом Изонагй аз олами ҷаҳҳанами сифлӣ гузашта, ба олами боло расида буд. Ӯ бо санги бузурге дари он ҷаҳҳанамро мебандад. Сипас барои таҳорат ва пок шудан либосу камарбанду асояшро дар оварда, ба баҳри муҳит фурӯ меравад. Ҳар яке аз порчаҳои либоси вай ба сурати худое даромадаанд.

Дар китоби «Кузики» омадааст, ки чун Изонагӣ дар баҳр фурӯ рафта ба расме, ки то ҳанӯз назди Жопуниҳо маълум аст ғуслу таҳорат кард, аз гӯшаи чашми чапи ӯ бузургтарин ва муҳимтарин худои Жопуниҳо Аматерасу олиҳаи Офтоб ба вуҷуд омад. Чун бори дигар ғусл кард, аз гӯшаи чашми рости ӯ худои дигаре ба номи Туки- Ями ё худ олиҳаи Қамар (моҳ) пайдо шуд ва бо ҳамин наҳва худои тӯфон бо номи Сусо-но-ву ва ғ-ра ба вуҷуд омаданд ва ҳар яке дар осмон ба маснади худ нишастанд.

Дар ин асотири космогонии Жопуниҳо фақат саҳнаи офариниши инсонро намебинем. Маълум мешавад, ки инсон аз худи худоён ба вуҷуд омадааст ё худ аҷдоди инсон худи худои Аматерасу будааст. Чанде, пас аз вуқӯи ҳодисаи фавқуззикр, худои Офтоб Аматерасу аз фарози фалаки осмон бар замини хокӣ назар афканд ва дид, ки фарзандони худои тӯфон дар рӯи ӯ ҳукумат намуда, вазъи он ҷазираро хело ошуфтаву хароб кардаанд. Аз мушоҳидаи ин сахт ғамгин шуда, пас набераи худ «Ни-ни-гӣ»-ро амр намуд, ки аз осмон фурӯ омада, ба он ҷазоир равад ва аз номи ӯ ҳукмфармоӣ кунад. Он суханоне, ки ӯ ба наберааш фармуда то имрӯз ҷузъи дуои мардуми Жопунӣ мебошад ва тақрибан чунин аст; «Дар ин сарзамини борвару сабз ва дар он мазрааи биринҷҳо (шоли) -и тоза бояд фурӯд омада ва кори он ҷоро ба сомон оварӣ». Ни-ни-гӣ фармони модарбузурги худро итоат кард ва нахуст ба ҷазираи «Касотӣ» фурӯд омад. Дар он ҷо рӯзгоре бизист ва фарзанде зоид бо номи

Жимму Теннуон- авалин худое мебошад, ки дар пайкари одамӣ муҷассам гашта ва ӯ нахустин императури Жопун аст. Ӯ баъдан ҷазираи Ҳондаро ба тасарруфи худ дароварда, пойтахти худро ба он ҷо муқаррар кард. Аз ин рӯ мардуми Жопун на танҳо императори худро писари худои Офтоб (Аматерасу) медонанд, балки мӯътақиданд, ки ҳамаи ҷазоир ва мардуми ин сарзамини офтобӣ (дар парчами Жопун қурси Офтоб мунъакис аст) аз мабдаи илоҳӣ сарчашма гирифтаанд. Ин нуқтаро бисёр вақт ҳукком ва императори Жупон барои барангехтани рӯҳияи миллӣ ба кор бурдаанд.

Жопуниҳо асосан бисёрхудопараст (политеист) мебошад. Онҳо худоёни худро ба ҳаштсад гурӯҳ, ки ҳар гурӯҳе шомили ҳазорон худо мебошад тақсим кардаанд. Ин анҷумани бешумори худоёнро Худои Офтоб Аматерасу сарварӣ мекунад. Маъбади ӯ дар шаҳри Иза аз муқаддастарин ибодатгоҳи он кишвар ба шумор меравад. Дар дини синтоӣ худоёни мазоҳири табиат чун: Яматсуми (худои кӯҳҳо), Вататсуми (худои баҳрҳо), Микумариноками (худои чашмаҳо) ва инчуни арвоҳи ниҳон дар рустаниҳову ҳайвонот ва омили камол ва ҳатто мафҳумҳову қувваҳои гуногун чун: ақл-омоикане, неки-наокӣ, бадӣ-маготсуҳ, қуваҳои мармузи ирфони- иҳаҳи мавриди парастишу ситоишанд. [1]

Имрӯзҳо аксаран жопуниҳо дар ҷавоби саволи ба кадом дину мазҳаб муносибат доштанашон, худро буддоӣ мегӯянд. Ҳамчунин аксари жопуниҳо синтуро на ҳамчун дин балки, маҷмӯи маросиму суннатҳои миллии худ медонанд. Хеле кам шахсоне пайдо мешаванд, ки дину мазҳаби худро синто ҳисобанд.

Дар асри шашуми мелодӣ дини буддоӣ дар сарзамини Жопун ворид гардида, нахуст он дар байни табақоти ашроф пайравони зиёд пайдо карда, ба тадриҷ бо дини синто омезишу таркиб меёбад. Яке аз роҳҳои синтез-таркибёбии дини буддоӣ талқини худоёни жопунӣ ҳамчун мазҳари Буддо дар таваллуди дубора мебошад. Аз ҷумла Амотерасу (худои Офтоб)-ро ҳамон зуҳури комили Буддо дар кишвари Жопун ба қалам додаанд. Ба ҳамин тариқ, ҳар яке аз худоёни дигарро низ Буддои дигар шуморидаанд. Хулоса, равияи махаянаи буддизм аз тариқи Чин ба Жопун нуфуз намуда, барои инкишофи фарҳанг ва давлатдории ин кишвар таъсири зиёде гузошт.

Аз фирқаҳои нисбатан нави буддоия дар Жопун Дзедо-сю асосгузораш Хонэн (1133-1212), дар Чин(Хитой) Тсизинту- («Замини пок»), ва фирқаи Нитирэн- сю ( ё Хоккэ-сю) бо номи асосгузораш Нитирэн (1222-1282) номида шудааст ва ниҳоят яке аз фирқаҳои маъруфи буддизми жопунӣ Дзэн – буддизмро ном бурдан мумки аст, ки дар асри VII- VIII ба Жопун аз Чин ворид гардидааст.

Ногуфта намонад, ки дар инкишофи маданияти миллии Жопунҳо нақши Дзэн хеле бузург аст. Эстетикаи Дзэн шинохту фаҳмиши зебоӣ буда, аз дидгоҳи Дзэн дар тамоми соҳаҳои зиндагонии Жопуниҳо, аз чойнӯшӣ ва меҳмондорӣ то мусобиқоти самурайӣ (ҷавонмардӣ), ҳузур дорад.

Дар баробари буддизм ба ҳаёти маданию мазҳабии жопуниҳо таъсири дину оини конфутсий низ кам нест. Алалхусус дар асри XVII дар давраи хотимаи парокандагии сиёсӣ ва оғози марказиятёбӣ ва мутаҳидшавии кишвари Жопун таваҷҷуҳ ба дини конфутсий меафзояд.

Вале дар охири асри Х1Х ва ибтидоӣ асри ХХ дини синтоӣ идеологияи расмии давлатӣ ва асоси меъёрҳову арзишҳои ахлоқӣ мегардад.

[1] Г.Е.Светлов, Путь богов (Синто в истории Японии) М: Мысль, 1985.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222