Главная / Илм / ДИНУ БОВАРИҲОИ МИСРИЁНИ ҚАДИМ

ДИНУ БОВАРИҲОИ МИСРИЁНИ ҚАДИМ

Мамлакати Миср  дар қисмати шимолу шарқии Африқо, дар канори Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сурх, дар ду тарафи рӯдхонаи бузурги Нил ҷойгир аст. Дар қадим ин кишварро худи мардуми он Кемит (кетП), яъне «замини сиёҳ» меномиданд, ин ном бо сабаби он буд, ки ҳар сол бар асари обхезӣ дар саросари канори рӯдхонаи Нил лойқаи сиёҳранге дар заминҳои кишт боқӣ мемонд.

Кишвари Миср яке аз қадимтарин гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонист. Пайдоиш ва пешрафти тамаддун дар ин сарзамин бо рушди фарҳанг: дин, илму санъат, хату адабиёт, шаҳрсозӣ, меъморӣ ва ташкилоти сиёсӣ вобаста буд. Зарурати кишту зироат- деҳқонӣ, муайян кардани мавсими обхезӣ ва меъморӣ ва тақвим барои иҷрои маросимҳои мазҳабӣ ба пайдоиши илмҳои ҳайату ситорашиносӣ, риёзиёту ҳандаса, физик ва ғ-ра мусоидат ва кӯмак карданд. Ҳанӯз дар ҳазораи сеюми т.м. дар Миср ҳам хатти пиктографӣ ва ҳам ҳероглифии Мисрӣ ба вуҷуд омада буд. Дар асри 8 т.м. боз як хатти дигар бо номи хатти демотик ба вуҷуд меояд.

Тақрибан ҳудуди 4000 то 3000 сол пеш аз мелод дар соҳили рӯди Нил аввал деҳаҳо ва рустоҳо ба як марказ, ки «нум» номида мешуданд, муттаҳид шуданд. Дар натиҷа ду марказ, ду салтанат, дар болооби рӯди Нил ва дар поёноб Нил ташаккул меёбанд. Дар ҳудуди соли 2900 т.м. подшоҳ Менес ин ҳардуро таҳти салтанати худ медарорад ва аввалин сохтори давлатии марказиятёфтаи Миср ва сулолаи фиръавниёнро поягузорӣ мекунад. Пас аз ин 31 сулолаи фиръавнӣ дар ин сарзамин ҳокимият кардаанд. Давраҳои ҳукумати фиръавнҳои Миср иборатанд: салтанати қадим (асҳоиХХХ- XXII т.м.);

салтанати миёна (асрҳои ХХП-ХХIт.м.); салтанати нав (асрҳои ХУI-VIII т.м.) ;

салтанати навтарин (асрҳои VIII- III т.м.)

Эътиқодоти мисриён, аз навъи эътиқодоти бисёрхудоӣ (политеистӣ) будааст. Дар ибтидо мисриён худоҳоеро, ки аз давраи тотемпарастӣ ба мерос монда буд, мепарастиданд. Ҳар як нум(н.)ро худои хосе, аз навъи ҷанварон нигоҳбонӣ мекардааст. Масалан дар н.-ҳои Абидус ва Тиниис шағолро, дар н. Фаюм тимсоҳ, дар н.Тебес худои Омун ба сурати қӯчқор мепарастиданд. Шаҳри Мемфисро ду худои муҳофиз будааст, яке Сехмет ба сурати модашер ва дигаре Арис ба сурати гови нар (барзагов). Дар шаҳри Дандера мардум худои Хотурро, ки шакли модаговро доштааст, мепарастиданд. Дар шаҳри Эдфу шаҳбоз ба номи Беҳудет ё хурӯс мавриди ибодати мардум буда. Ба ҳамин қиёс дар нуқоту ноҳияҳои дигар ҷонварони дигар аз қабили маймун, аспи обӣ, лаклак, муш, мори афъӣ, гурба, қурбоққа ва ҷонварону ҳайвоноти дигар мавриди парастиш ва эътиқод будаанд.

Масалан, дар тасаввуроти онҳо худои Кнумму- холиқи тамоми мавҷудот шакле мураккаб аз бадани инсон ва сари қӯчқор дошт ва бо дастҳои инсонӣ чархи офаринишро ба ҳаракат меоварад; Анубис ҳофизи қабрҳо ва мурдагонро дар шакли пайкари инсон ва саре аз шағол тасвир ва тасаввур мекарданд.

Умуман, мувофиқи яке аз устураҳои мисрӣ оғози ҳастӣ ва пайдоиши худоён ба наҳви зерин аст.

…. Ҳама ҷоро оби тиррае фаро гирифта буд, аз байни он ҳатто нури хирае ҳам гузашта наметавонист, чизе ҳам набуд, ки ба он нур афканад.

Фармонравои ин ҳараҷу мараҷи беохир Нун- падари ҳамаи худоён буд. Ниҳоят ба дили ӯ ин ҳолати чизе надидан , чизе нашунидан ва хомӯшӣ зад ва ӯ дар умқи обҳо санги муқаддаси Бенбенро офарид. Он оҳистаоҳиста аз об баланд шуд, қуллаи он чаҳор данда буд, дар он шаби тор дар қуллаи он гули нилуфар рӯйид. Вақте ки он шукуфт, аз он хуршеди тобон-Ра таваллуд шуд ва ба рӯи замин ба санги тобандаи Бенбен нур афканд. Ра заминро наззора кард ва аз сари ӯ одамон ва ҳама маҳлуқи зинда ба вуҷуд омаданд. Вай даҳони худро кушод ва аз лабони ӯ худоён зуҳур карданд.

Чунин аст устураи мисрӣ дар бораи пайдоиши олам ва ин санги муъҷизаосо Бенбен дар шакли сутуне дар болои он нилуфар, ки баъдан унсури муҳимми меъмориҳои мисрӣ гардид.

Дар ҷараёни таҳаввули иҷтимоию сиёсӣ, дар натиҷаи бо ҳам наздикшавии ноҳияҳо аз тариқи ҷангҳо ва ғайра, худоёни бузургтаре аз таркибёбии якчанд худоён ба вуҷуд меоянд. Масалан, худоёни машҳур Атон Ра ё Патрах-Сукар ва ё Осирис аз таркиби ду худо ё се худо ба вуҷуд омадааст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222