Главная / Илм / ДИНУ ОИНҲОИ ОРИЁНИ – ЭРОНИ

ДИНУ ОИНҲОИ ОРИЁНИ – ЭРОНИ

Сарчашмаҳои асосии динҳои ҳинду ориёӣ ки маълумоти имрӯзаи диншиносон оид ба эътиқоди қавмҳои эронинажод ба онҳо асос ёфтааст иборатанд: китоби муқаддаси ҳиндуия Ведҳо, ва китоби муқаддаси зардуштиён Авесто ва тарҷумаҳо ва тафсирҳои паҳлавии он, ва осори дигари паҳлавӣ- Бундаҳишн, Дотастони диник, Гузидаҳои «Зодаспарам», Менухирад, Ардавирнома, Динкард, Баҳман Яшт, Хайоткори Зомоспик, Пандномаи Зардушт хамчунин «Шохнома»-и Хаким Абулкосим Фирдавсӣ ва шохномҳои манзуму мансури пеш аз у:Масъуди Марвазӣ, Абӯмуайяди Балхӣ, Абӯмансур ва Дақиқӣ ва баъзе катибаҳои мазҳабию таърихӣ, ки охирон кашф гардида ва хамчунин маълумоти муаррихону мутафаккирони юнониву румӣ: Херодот, Ксенофан, Фукидид, Плутарх ва Жустин ва бозёфтхои бостоншиносон асос ёфтаанд.

zoroastrizm-zoroastrism

Динхои эронӣ як сарчашмаи умумӣ бо дину ойинхои хиндуаврупоӣ доранд. Масалан, номи худои юнониён Зевс ва калимаи лотинӣ деус (худо) ва хиндуӣ дайва ва эронӣ дев ё див аз як асли хиндуаврупоӣ-дайва гирифта шудааст. Чунин умумият байни мафхумхои авестоӣ ва ведоӣ ва забони хиндуии қадим чун: қонуни умумӣ, ҷони ҷахон-аша (авес, аша; форсии қадим-арто; хинд. қад.-рта) ва мафхуми қурбонӣ (овест.-йаза; форс. қад.- йаза) истилохи мӯъбад (авес. –заутар; хинд. қад.- хотар) ва шираи сархушкунанда (авес. хаума; хинд. қад.- сома) дида мешавад, ки худ вахдату хешовандии тамаддуну дину оинхои ориёнихои хиндӣ,эронию аврупоиро дар гнесиз (холати ибтидои)-и онхо нишон медихад.

Дар ин давра худоёни мавриди эътиқоди халқхои хинду ориёӣ ба ду даста ҷудо мешаванд: як гурӯхро дайва (хинду. қад. дева) ва гурӯхи дигарро асура (авест-ахура; хинд.қад.асура) меномидаанд. Инро низ бояд гуфт, ки имкон доштааст хатто як қабила, хам ба дайва ва хам ба асура эътиқод дошта бошанд, ё якеро парастанд, ибодат кунанд ба дигаре хусумат варзанд.[1]

Ниёгони мо дар ибтидо табиат: офтоб, мох, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Мохиятан динхои ин давраро динхои табиии қабилавӣ-авлодӣ номидан равост. Эътиқоди эрониён бисёрхудоӣ (полетизм) ва гохе санавӣ будааст. Хосатан парастиши Хуршед бо номи Мехр (Митра) ва Мох бо номи Афродит роиҷ будааст. Мехр худои рӯшноӣ, худои хақиқат аст, танзимкунандаи корхои олам, хомии мазлумон, худои ҷангу набардхо будааст, ки тамоми қабоил ва тавоифи ориёни бостонӣ дар хар ҷо ва хар кишваре ӯро мешинохтанд ва месутуданд. Номи ин худо дар Ригведа низ зиёд омадааст.

Оини мехрпарастӣ (митраизм) таълимоти худро дар асоси фалсафаи наҷоти фардӣ ё инфиродӣ бунёд нихода буд. Яъне хар фард бояд дар фикри наҷоти худ, аз тариқи тай намудани мархилахои муайян бошад.

Дар мехрпарастӣ шахси мӯъмин бояд имтихони сахтеро мегузашт, ки иборат аз: 1) ғусли таъмид, 2) маросими пок кардани гуноххон 3) маросими масрафи об, нон ва шароби муқаддас, 4) маросими ниёиш, 5) риёзат, 6) қурбонӣ кардан.

Оини Мехрпарастӣ, баъд аз ислохоти мазхабии Зардушт низ таъсири зиёде дар Эрони бостон доштааст. Митра натанхо дар Эрони бостон, балки байни халқхои сомӣ низ бо номи «Шамас» машхур буда аст. Ӯро хамчун дихандаи шукӯх ва азамат ба шохон мешинохтанд. Аз ин рӯ пас аз Ахуромаздо ӯ олитарин мақомро дар дарбори шохони эронӣ доштааст.

Мехрпарастӣ бо номи «митраизм» дар империяи Рум то худуди асри IV мелодӣ дар Осиёи Хурд, Африқо, Аврупо нуфузи зиёд пайдо карда буд. Ин дин ба гностикхои юнонӣ, динхои монавӣ ва насронӣ, тасаввуфи исломӣ таъсир гузошта аст.

«Каюмарсия» ва «Зарвония»

Сачашмахо аз вуҷуди ду ойини дигари эронӣ: «Каюмарсия» ва «Зарвония» пеш аз дини Зардушт маълумот додаанд.Ин ду оини бостонӣ бар пояи муборизаи нур ва зулмат устувор будаанд. Дар харду яздон (худои таъоло) офарандаи хам нур ва хам зулмат аст. Зарвон-хам як навъ дин ва хам як навъ фалсафаи илходӣ муаррифӣ кардаанд.

Дар матни зарвония омадааст, ки Зарвон интизори таваллуди фарзанде бо номи Ҳурмузд буд, аммо ба шакку шубха рох дод. Аз он шакку шубха нутфаи Ахриман низ хамчун дугоники Ҳурмузд дар шиким пайдо шуд. Зарвон гуфта буд, хар кадоме пеш таваллуд шавад подшохиро бар ӯ хохад дод. Аз ин хабар Ахриман огох шуд ва пеш аз маврид шиками модарро дарида берун омад. Зарвон онро ба даст гирифт, ки хеле зишту бадбӯй буд. Ӯро раҳо карда гуфт , писари ӯ набояд чунин зишту бадбӯй бошад. Пас Ҳурмуз таваллуд шуд. Зарвон мехост подшоҳии оламро ба ӯ супорад, вале Аҳриман суханони ӯро ба хотираш оварда, гуфт, «қавлу паймон набояд шикаст». Зарвон лоилоҷ ба Аҳриман 9000 сол иҷозати ҳокимиятро дод ва пас аз он даврони ҳокимияти Ҳурмузд оғоз мешавад. Ин устура аз навъи устураҳои ҳинду эронист, аз ин рӯ таърихи пайдоиши зарвония низ пеш аз ислоҳоти Зардушт бояд бошад.

Ногуфта намонад, ки Озарпарастӣ(худои «Агни» дар Ведаӯ аз расму одоби қадими эрониён будааст. Барои онҳо оташ дорои аҳамияти хосе буд. Онро бо ташрифот ва маносику маросими муайяне парастиш мекардаанд. Партофтани шохаи хушбӯи барсума ва нӯшидани нӯшобаи ҳаумо дар ҳангоми ибодати оташ низ аз маросимҳои тозардуштии эрониён будааст.

[1] История Таджикского народа, Т.1 под ред член.кор.АН СССР. Б.Г. Гафурова и М: Наука, 1969.-С.168-169

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222