Главная / Илм / Дуо ҳангоми таҳорат

Дуо ҳангоми таҳорат

Барои ба таври комил анҷом ёфтани таҳорат аввал «Бисмиллоҳ» бигӯяд. Ҳазрати Абӯҳурайра (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад:
«Таҳорати касе, ки номи Худоро нахонад, ба таври комил анҷом намеёбад».
Сипас ин дуоро низ бихонад:15
«Аллоҳуммағфир лӣ занбӣ ва вассиъ лӣ фӣ дорӣ ва борик лӣ фӣ ризқӣ».
«Парвардигоро ! Гуноҳи маро бибахшо ва аҳли хонаамро фарохдаст бигардон ва дар рӯзии ман баракат бидеҳ».
Як мулоҳизаи муҳим!
Дар мавриди вақти хондани дуои мазкур донишмандон ихтилоф кардаанд, ки оё онро дар аснои таҳорат бихонад ё баъди таҳорат? Аллома Нававӣ дар «Азкор»-и худ менависад, ки дар аснои таҳорат бихонад ё баъди он, ҳарду ҷоиз аст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222