Агар хавфу андеша дошта бошад, ки шахси золиме бар ҷони ӯ ситам мекунад ва ё ба молаш нуқсоне мерасонад. дуоҳои зайлро бихонад:«Раббано ло таҷъално фитнатан ли-л-қавми-з-золимин».
«Парвардигоро! Нагардон моро маҳали азобу зӯроварӣ барои гурӯҳи ситамгорон».
«Рабби наҷҷинӣ мина-л-қавми-з-золимин».
«Эй Парвардигори ман, маро аз гурӯҳи ситамгарон раҳо кун!».
Марде аз хайрхоҳони ҳазрати Мӯсо (а) ба ӯ хабар медиҳад, ки аҳли дарбори Фиръавн дар хусуси ту машварат мекунанд ва туро куштан мехоҳанд, лизо ту аз ин шаҳр фирор кун, то аз бадии онҳо наҷот ёбӣ. Пас Мӯсо (а) инро шунида бо эҳтиёт аз шаҳри Миср берун мебарояд ва дуои зерро мехонад. ки боиси наҷоташ мегардад:
Барои ҳосил кардани илм ва зиёдшавии он Қуръон ба мо ин дуоро таълим додааст:«Рабби зиднӣ ъилман».
«Эй Парвардигори ман, илмамро бештар бигардон».
Агар таълиму омӯзиш бар шахсе мушкил бошад. дуои зайлро бихонад:
«Рабби-шраҳлӣ садрӣ ва яссир лӣ амрӣ ваҳлул ъуқдатан мин лисонӣ яфқаҳӯ қавлӣ».
«Эй Парвардигори ман, синаи маро бароям кушода кун; ва кори маро бароям осон кун; ва аз забони ман гиреҳро бикушой, то сухани маро бифаҳманд».
Ҳангоме ки Худованд ҳазрати Мӯсо (а)-ро ба сӯи Фиръавн мефиристад, ҳазрати Мӯсо (а) барои осонии кори даъвату анҷоми рисолаташ дуои мазкурро мехонад. Дар ҳақиқат ин дуо барои осонии ҳар кор, хусусан аз барои донишҷуён дар хуб фаҳмидани дарс ва навиштану хондани мазмуни он таъсирбахш аст.
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб мусульманы Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …