Агар шахсе ба бемории сахте «Аннӣ массания-з-зурру ва Анта Арҳаму-р-роҳимин».
«Парвардигоро! Маро ранҷурӣ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».
Имтиҳони Худованд барои ҳазрати Айюб (а) ин буд, ки вақте ба бемории сахт гирифтор мешавад, дуои мазкурро мехонад. Худованд ба баракати ин дуо ӯро шифо мебахшад.
Хондани Қуръони карим ба зоти худ ибодати бузургест, ки фазилат ва фоидаҳои зиёде дорад. Аз ҷумла:
⦁ Наҷот аз ҳар ранҷу ғам.
⦁ Ғизои маънавӣ барои қалбу рӯҳи одам.
⦁ Дар торикии қабр анису ёри хонанда буда, қабрро равшан мегардонад.
⦁ Меҳру муҳаббат бо Офаридагорро бештар мекунад.
⦁ Шифобахш аст, чунонки Худованд мефармояд: «Мо оятҳоеро аз Қуръон нозил мекунем, ки барои муъминон шифо ва раҳмат аст. Ва золимонро ҷуз зиён наафзояд».
Ҳар бандае, ки ба Қуръон имон дошта бошад, онро хонад ва ба он амал кунад, Худованд дили ӯро аз бемориҳои ботинӣ монанди ақидаи ботил, кибр, ғурур, ҳасад ва ғайра, ки инсонро ба ҳалокат мебарад, шифо бахшида пок мекунад.
Аз баъзе ривоят ва осори саҳобагон бармеояд, ки хондани Қуръон ба бемориҳои зоҳирӣ низ шифобахш аст. Паёмбар (с) баъзе ояту сураҳоро хонда, бар ҷисми мубораки худ дам мекард, ки тафсили онро дар боби дувум зикр хоҳем кард. Аз ҳазрати Абӯсаиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки гурӯҳе аз саҳобагон дар сафаре буданд ва сардори деҳае аз деҳаҳои арабро каждум газида буд. Мардуми он деҳа аз саҳобагон пурсиданд, ки оё шумо метавонед ӯро муолиҷа кунед? Як нафар аз саҳобагон сураи «Фотиҳа»-ро ҳафт бор хонда, дам кард ва сардори қавм шифо ёфт. Сипас саҳобагон ин воқеаро назди Паёмбар (с) зикр карданд ва Паёмбар (с) ин амали эшонро ҷоиз қарор дод. Ин ривоят бо сароҳат бар ин далолат мекунад, ки хондани Қуръон ба бемориҳои зоҳирӣ низ шифобахш аст.
бошад,
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб мусульманы Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …