Главная / Илм / Дуои бад накунед

Дуои бад накунед

Чи тавре ки ёдовар шудем, дуо ибодат аст ва он амалест, ки банда ба воситаи он метавонад ба Парвардигори худ робитаашро барқарор кунад, ҳар ҳоҷату мушкилие, ки дорад ба воситаи дуо ҳал намояд. Пас, ин неъматест аз ҷониби Парвардигор, ки онро бояд қадр карда дуруст истифода кунем. Баъзе аз мардум, махсусан занҳо аз нодонӣ ба ҳар кори ночизе ба хашм омада, ба худ ё фарзанди худ дуои бад мекунанд, ки ноқадрии ин неъмат ва нодуруст истифода кардани он аст. «Ва агар Худо ба мардум – монанди он ки онҳо неъматро зуд металабанд, сахтиро зуд мерасонид, аҷалашон фаро мерасид. Пас, ононро, ки ба мулоқоти мо умед надоранд, мегузорем, то дар бероҳии хеш саргардон бошанд»..
Ояти зикршуда аз лутфу меҳрубонии Парвардигор ба бандагонаш хабар медиҳад, яъне агар Худованд дуои бади мардумро, ки дар ҳолати ғазаб ба зарари худ ё ба мол ва фарзандони хеш мекунанд, қабул мекард, чунонки дуои неки онҳоро зуд қабул мекунад, ҳама ҳалок мешуданд. Балки Худованд аз фазлу карами хеш ба онҳо муҳлат медиҳад, то аз фикру андеша кор гиранд.
Ҳазрати Муҷоҳид дар тафсири ин оят чунин мефармояд: «Мурод аз дуои бад ин ҷо ин аст, ки инсон бештар дар ҳоли хашм бар ҳалокати фарзанд ё сарвату моли хеш дуои бад мекунад ё ки дар дуои худ бар эшон аз лафзи лаънат кор мегирад».15
Вале ҳамчунон ки гуфтем, Худованд бо лутфу карами хеш ин гуна дуоҳоро ба зудӣ қабул намекунад. Бо вуҷуди ин, дуои бади банда гоҳе бо вақти иҷобат мувофиқ меояд ва ба даргоҳи илоҳӣ мақбул мегардад, дар натиҷа ба худ ва фарзандонаш офат ва балоеро ба сар меорад. Барои ҷону фарзандон ва ходимону амволи худ дуои бад накунед, мабодо он лаҳза вақти қабули дуо бошад ва дуои шумо қабул шавад».
Аз ривояти ҳазрати Ҷобир (р) бармеояд, ки бояд инсон дар ҳама ҳолат аз дуои бад парҳез намояд.
Агар шахсе дар кораш бо нобарорие дучор шавад ва ё аз фарзандаш хатое сар занад, роҳи ҳал ин нест, ки ба худ ё фарзанди худ дуои бад кунад. Зеро дуои бад кардан маънои онро дорад, ки банда норозигиашро аз тақдири худ изҳор менамояд ва азобу хашми илоҳиро ба сӯи худ мехонад, ҳол он ки ҳеҷ кас тавони таҳаммули азобу хашми илоҳиро надорад. Вақте ба мушкилӣ ва ё нобарорие дар зиндагӣ дучор шудем, аввал ба амалҳои худ назар кунем, зеро бештари мусибату мушкилиҳое, ки ба болои банда меояд, ба сабаби амалҳои нодурусти ӯст. Аз хурдсолӣ ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хос дошта бошем, ки амали эшон сабаби дуои бадамон нашавад. Чаро дар ҳолати хашм фазлу раҳмати илоҳиро талаб накунем ва барои ислоҳи фарзандон дуои хайр накунем? Боре Паёмбари Ислом (с) саҳобаеро, ки аз ранҷу дарди беморӣ лоғару хароб шуда буд, хабар гирифта аз ӯ пурсид:
«Оё ба даргоҳи Худо дуо мекардӣ ва аз ӯ чизеро мехостӣ?».
Саҳоба дар ҷавоб гуфт: «Бале, ман аз Худованд талаб кардам, ки он ҷазову сазое, ки аз бароям дар охират омода кардаӣ, онро дар дунё ба ман бидеҳ». Паёмбар (с) гуфт: «Ай Парвардигор, моро дар дунё ва охират хайру хубӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах нигоҳамон дор».
Ровии ин ҳадис ҳазрати Анас (р) мегӯяд: «Аз он рӯзе, ки он шахс ин дуоро хонд, Худованд ба ӯ шифо бахшид».
Мусалмон бояд ҳамеша ба худ ва ба фарзандони худ, умуман ба ҳар бандаи муъмин хайрхоҳ бошад. Ҳар он хайру хубӣ, ки инсон аз барои худ дӯст дорад, ҳамонро барои дигарон дӯст доштан нишонаи камоли имондорист.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222