Шахсе азонро шунид, баробари муаззин бояд калимоти азонро такрор кунад. Ҳазрати Абӯсаиди Худрӣ (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад:
«Ҳар гоҳ ки азонро шунидед, пас, чунон ки муаззин мегӯяд, бигӯед».
Аз ривояти Ҳазрати Умар (р) низ ҳамин ҳукм бармеояд, ки шахсе азонро шунид, ҳамчун муаззин калимоти азонро такрор кунад, ба ҷуз ҷумлаи «Ҳайя ъала-с-салоҳ» ва «Ҳайя ъала-л-фалоҳ» шунаванда ба ҷои он бигӯяд:
«Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ».
«Ҳеҷ тавоноӣ ва қудрате барои дурӣ аз гуноҳ ва пойдорӣ бар тоату фармони Худо нест, магар бо кумак ва ёрии Худо».
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб мусульманы Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …