Сухани ҳар касе қобили қабул ва рад кардан мебошад, магар сухани соҳиби ин қабр, яъне Расул (с).
Тавозуъ тарки риё ва шаҳватталабӣ аст.
Ҳеҷ шахсе солеҳ ва парҳезгор намегардад, магар замоне ки аз ақвол ва афъоле, ки ба дарди ў намехўрад, иҷтиноб кунад, дар ин сурат Худованд даричаи қалбашро барояш мекушояд.
Ҳикмат нуре аст, ки Худованд дар қалби бандааш метобонад.
Сипари олим дар масоиле, ки намедонад, калимаи «Намедонам» аст ва ҳангоме ки аз ин сипар ғофил шавад, соҳибаш аз байн меравад.
Касе, ки дар Ислом бидъате ба вуҷуд орад ва онро некў бишуморад, пас муътақид шудааст, ки Муҳаммад (с) дар адои рисолат хиёнат кардааст, дар ҳоле ки Худованд мефармояд: «Ал-явма акмалту лакум динакум ва атмамту ъалайкум ниъматӣ ва разиту лакумул-Ислома динан». Пас чизе, ки дар замони Расулуллоҳ (с) аз ҷумлаи дин набудааст, имрўз ҳам аз дин нест. Ва охири ин уммат дуруст намешавад, магар ба василаи он чизе, ки аввали ин уммат ба василаи он дуруст шудааст.
Tags Абӯ Ҳанифа Дин
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …