Главная / Илм / Эътикоф бар се қисм аст

Эътикоф бар се қисм аст

1. Воҷиб, 2. суннат ва 3. мустаҳаб.
а) Эътикофи воҷиб он эътикофи назрист. Шахсе назр намояд, ки
эътикоф менишинад, хоҳ назри мутлак, хоҳ назри вобаста ба шарте,
эътикоф бар вай воҷиб мегардад. Масалан, вакте бигуяд: Агар баро-
дарам аз сафар ба саломат бозгардад, даҳ руз барои Худо эътикоф ме-
нишинам, ё ба таври мутлақ – бе зикри шарте назр намояд, ки барои
Худо дах, руз эътикоф менишинам.
б) Эътикоф нишастан дар дах, рузи охири мохи мубораки Рамазон
суннати муаккадаи кифоя аст. Агар як ва ё чанд нафаре дар масҷид
эътикоф бинишинанд, аз тамоми ахли маҳалла соқит мегардад ва бо
тарки он ҳама гунахор мешаванд.
в) Дар ғайри ин ду ҳолат эътикоф нишастан мустаҳаб аст.
Барои эътикофи воҷиб руза шарт аст. Бинобар ин, шахсе, ки эъти-
коф менишинад, руза ҳам бояд бигирад. Ба ҳамин хотир, агар нияти
эътикоф нишастан дар шабро (танҳо як шабро бе руз) кунад, он ботил
ва бекор аст, вале агар нияти эътикофи чанд шабро намояд, эътикофи
он шабҳо бо рузҳояшон ба таври пайваста бар вай воҷиб мегарданд.
Вакте нияти эътикоф нишастан дар рузро намояд, шаб табъан дар
он дохил мешавад ва бояд рузро бо шабаш бинишинад, вале касе ния-
ти танҳо як руз эътикоф нишастанро намояд, шабро дар бар намегирад.
Касе ба тариқи назр ду руз эътикоф ва ё бештар аз онро бар худ
воҷиб гардонад, шабҳояш низ дар он дохил мешаванд ва бояд он ду
рузро бо шабҳояш ба таври пайваста эътикоф бинишинад. Шаби ав-
вал пеш аз ғурӯби офтоб бо нияти эътикоф ба масҷид дохил мешавад
ва дар рузи охири эътикоф пас аз ғурӯб аз он хориҷ мешавад. Шабҳо
тобеи рузҳои оянда мебошанд.
Дар эътикофи суннат бошад, дигар даҳаи охири мохи Рамазон
аст, руза ҳатман ҳаст ва шарт донистани руза дар он маъное надорад,
зеро онро бе руза тасаввур кардан имкон надорад.
Барои камтарин муддати эътикофи мустаҳаб микдори вакт муа-
йян нагардидааст ва дар он руза ҳам шарт нест, он метавонад як руз,
нисфи руз, як соат ва ё камтар аз он ва ҳатто чанд лаха ҳам бошад.
Дар ҳолати эътикоф нишастан, чи тавре зикр гардид, ду навъ кор
ҳаром аст ва бо содир намудан онҳо эътикофи воҷиб ва суннат фосид
мегардад ва бояд қазои он ба ҷо оварда шавад, аммо эътикофи му-
стаҳаб хотима меёбад: 1. Аз ҷои эътикофи худ бе зарурат хориҷ шу-
дан, 2. мукорабат (ҳамбистари) ва бусу бози кардан бо зан.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222