Главная / Илм / ЭЪТИКОФ ДАР МОҲИ РАМАЗОН

ЭЪТИКОФ ДАР МОҲИ РАМАЗОН

ътикоф яке аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад ва шах-
си рузадор дар дах, рузи охири мохи Рамазон худро барои
ибодати Худо дар масҷиде фори месозад.
Эътикоф аз решаи «акафа» () гирифта шуда, дар луғат ба маъ-
нои рӯй овардан ва мулозимат намудан ба чизе ба тариқи таъзим ва
бузургдошт мебошад. Вожаи «акафа» дар ояти 71-уми сураи Шуъаро:
«Вакте (Иброхим) ба падар ва қавмаш гуфт: Чиро мепарастед? Гуф-
танд: Бутхоеро мепарастем (ва хамчунин) мулозими онхо боқӣ мемо-
нем» ва ояти 138-уми сураи Аъроф: «Бани Исроилро аз бахр гузарони-
дем, пас онхо аз (назди) кавме гузаштанд, ки бар (ибодати) бутхояшон
мулозамат меварзиданд…» ба ҳамин маъно омадааст.
Эътикоф дар истилохи шаръ ба маънои муддате гуша гирифтан
дар масҷид барои ибодат ва наздики ба Худо аст. Он дар ояти 187-уми
сураи Бақара: «Вакте дар масҷидхо (барои ибодат) ша гирифта бошед
(ба эътикоф нишаста бошед), ба онхо мубошират ва наздики нанамоед»
ба ҳамин маъно омадааст.
Бандаи муъмин бо фаро расидани мохи Рамазон шомили иноёт ва
баракоти Худованд мегардад ва бо гузаштани ду даҳаи аввал ва миё-
наи он шахси рузадор ба баландтарин қуллаи сафои ҷисму ҷонаш ме-
расад. Аз сӯи дигар, муборактарин айём ва гуворотарин лаҳзаҳои на-
возиши Худованд, ки дар даҳаи охири он мох, гузошта шудаанд, фаро
мерасад ва олитарин фурсати даст ёфтан ба мақсуд барои ӯ муҳайё ме-
гардад.
Расули акрам (с) барои фароғати ҳарчи бештар ва ба кор бурдани
тамоми ҷидду ҷавди бандаги дар ин лаҳзаҳои нотакрор суннати эъти-
кофро барои умматонаш асос гузоштааст, то шахси рузадор барои
камоли бандаги ва розу ниёз бо Худованд ва ҳамзамон матра^ наму-
дани тамоми орзуҳои нек ва хостаҳои машруаш дар пешгохи у коми-
лан фароғат ёбад.
Бандаи муъмин ҳар чанд гоҳе ба хилвату танҳоӣ, дар худ андеши-
дан ва ба муноҷоти Ҳақ ниёз дорад, то фориғ аз ҳар чизе ба нафси худ
пардозад ва дар маҳзари Худованд муддате ба парвариши он машғул
гардад. Муносибтарин фурсат барои ин кор ҳамон даҳаи охири мохи
Рамазон мебошад, даҳае, ки дар он шаби Қадр аст ва инсон метавонад
ба қадру қимати худ дар назди Худованд биафзояд. Ҳамин танҳоию
хилват ва ба ибодат пардохтани шахси рузадорро дар истилохи шаръ
эътикоф мегуянд.
Вале Ислом намехоҳад, ки инсон дар он гушаи хилват ва бо номи
эътикоф дар ҳар гуна хаёлоти бемаъно ва васвасаҳои нафс фуру равад.
Ҳамчунин, чандон рӯи хуше ба инзивоталабй ва канорагирй аз ҷамъи-
ят надорад. Ислом дини зиндагонии иҷтимоист. Ин ҷост, ки ба тан-
ҳоии мутлак ва гушанишинй дар куху ғорҳо ва ё нишастан дар чила-
хонаҳои торику камнур амр накардааст. Балки барои эътикоф масҷи-
ди ҷомеъро, ки ҷои рафту омади мардум ва барпоии ибодатҳост, аф-
зал шуморидааст.
Яъне Ислом хилват дар миёни ҷамъ, танҳой дар миёни мардум ва
бо Худо, вале дар миёни халки Худо буданро асоси худсозй ва меҳва-
ри зиндагии инсон карор додааст. Ба ин маъно, ки Ислом гушаниши-
нии мутлак ва ба сурате канора гирифтан аз мардумро, ҳатто дар вак-
ти эътикоф ва пардохтан ба ибодат дуст намедорад. Пас Ислом дини
иҷтимоист ва аз ҳар гуна раҳбоният (дайрнишинй) холй мебошад.
Куръони карим раҳбоният ва канорагирии зохидони насрониро мав-
риди накухиш карор медиҳад, он ҷо ки мефармояд:
«Ва рахбонияте, ки (падарони рӯхонӣ ва рохибон) аз пеши худ ба-
роварда буданд. Мо онро бар эшон нанавишта (муқаррар насохта) бу-
дем…».
Ислом тамоми аъмоли фардиро ҷанбаи иҷтимой бахшидааст. Би-
нобар ин, эътикоф дар ғайри масҷид ҷоиз намебошад.
Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) даҳ рузи охири мохи
Рамазонро эътикоф менишаст ва ахли хонаводаи худро низ ба он амр
мекард. Абдуллоҳ ибни Умар (р), Анас (р) ва Оиша (р) ривоят меку-
-0 ки ба Мадина ١؛сшю«к؛нанд,, ки•. «Паёмбар (с) аз з
таш дар даҳаи охири моҳи Рамазон эътикоф менишаст».138
Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят менамояд, ки: «Расули
Худо (с) дар даҳ рузи охири моуи Рамазон эътикоф менишаст» ва Но-
феъ меафзояд: «Абдуллоҳ он маконеро, ки Расули Худо (с) дар масҷид дар
он эътикоф менишаст, ба ман нишон дод». Нофеъ боз аз Ибни Умар 
(р) ривоят мекунад, ки «Вақте Паёмбар (с) эътикоф менишаст, рахти
хоб ва ё кати хоби ӯ дар !чушти сутуни гузошта мешуд»>140

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222