Главная / Гуногун / Ф. Муҳаммадиев

Ф. Муҳаммадиев

Мавзӯи марказии эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Солҳои 1967-1973 силсилаи ҳикояҳои нави- санда бо номҳои «Даъво», «Суди рафиқон», «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Сози Мунаввар», «Хиёбони Нодир», «Шаби севум» ба вуҷуд омаданд. Нависанда инсонро яктарафа ва ба як ранг тасвир намекунад. Дар тасвири ӯ, бо вуҷуди ҷиҳатҳои номуносиб дош- тан, образ куллан манфӣ нест. Нависанда рафтори ношоистаи персонажҳоро, чун бахилии Муҳаммадмурод («Даъво»), рашки беҷои Ашраф («Савдои умр»), касби худро ба мерос нагузошта- ни Усто Оқил («Рӯзи дафни Усто Оқил») ҳунармандона маҳкум мекунад.

Усто Оқил устои гулдаст буд, аксари иморатҳои зебои деҳа маҳсули ҳунари ӯ буданд ва ба қавли Абдуррауфамак: «Ин хел устои ҳунарманд дар сад сол ё як бор ба дунё меояд, ё не». Лекин анъанаи неки мардумро вайрон намуда, умраш аз шаст гузашту ягон шогирд тайёр накард ва оқибат вафот карду ҳунарашро бо худ ба гӯр бурд. Бинобар ин, эътиқоди мардум аз ӯ канд ва дар ҷанозааш ҳамагӣ бист кас ҳузур доштанду халос.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

israel-western-wall

МАРОСИМҲОИ ЯҲУДИЯ (Ҷуҳудҳо)

Дар китоби дуввуми Таврот ( «Хурӯҷ. 23: 12-17 ) омадааст: «Шаш рӯз корҳоятонро кунед, ва …