Главная / Илм / Фаҳму дарки Имом Абўҳанифа (р) ва эҳтиром гузоштан ба ҳадиси Паёмбар (с)

Фаҳму дарки Имом Абўҳанифа (р) ва эҳтиром гузоштан ба ҳадиси Паёмбар (с)

Имом Абўҳанифа (р) машҳур ба иҷтиҳоду фиқҳ ва раъйу қиёс мебошад, то он ҷое, ки Имом Шофеъӣ мегўяд: «Мардум дар қиёс ниёзманди Имом Абўҳанифа мебошанд». Пас ҳангоме ки фиқҳ зикр мешавад, Имом Абўҳанифа (р) ҳам монанди кўҳи устувор ва сар ба фалак кашида мебошад. Имом Заҳабӣ мегўяд: «Имомат дар фиқҳ ва масоили дақиқи он ба Имом Абўҳанифа (р) мерасад ва ҳеҷ гуна шакке ҳам дар он нест».
Ва лайса ясиҳҳу фил-азҳони шайъун,
Изаҳтоҷа-н-наҳору ило далилин.images-5
Бо ин дараҷаи илмӣ Имом Абўҳанифа (р) ҳеҷ гоҳ сухани худ ва ё ғайрро бар ҳадиси Расулуллоҳ (с) бартар намедонист ва мегўяд:
«Он чи ки аз Расулуллоҳ (с) ба мо бирасад, бар сару чашми худ мегузорем ва падару модарам фидои Расулуллоҳ (с) бод ва ҳаққи мухолифат бо Расулуллоҳ (с) надорем ва дар мавриди ақволи саҳоба ҳаққи интихоби сухани онҳоро дорем, аммо ғайр аз саҳоба, пас онҳо дорои раъй ҳастанд ва мо ҳам дорои раъй мебошем».
Таърих ин воқеъаро ривоят мекунад, ки Абўҷаъфари Мансур ба Имом Абўҳанифа (р) навишт: «Ба ман чунин хабар расида, ки қиёсро бар ҳадиси Расулуллоҳ (с) муқаддам мешуморӣ?». Имом Абўҳанифа (р) дар ҷавоби ў навишт: «Эй амирулмўъминин, хабар ин чунин нест, ки ба шумо расидааст, ибтидо ба китоби Худованд амал мекунем, сипас ба суннати Расулуллоҳ (с), сипас ба фатвоҳои Абўбакру Умар ва Усмону Алӣ (р), сипас ба фатвоҳои дигар саҳоба ва ҳангоме ки саҳоба дар масъалае бо ҳам ихтилоф карданд, аз қиёс истифода мекунем ва байни Худованд ва бандагонаш ҳеҷ гуна нисбат ва хешовандӣ вуҷуд надорад».
Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-интиқоъ» боби хоссе дар мавриди заковат ва тезҳўшии Имом Абўҳанифа (р) нигошта, аз Ҳасан ибни Зиёди Лўълўӣ нақл мекунад, ки зани девонае ба номи Умми Имрон ба шахсе гуфт: «Эй писари ду зинокор». Ибни Абўлайло он ҷо буд, дастур дод ўро ба масҷид оварда ва ду ҳадди шаръӣ, ки як ҳадди он барои падари шахс ва ҳадди дигар барои модараш буд, бар ў иҷро карданд. Чун ин хабар ба Абўҳанифа (р) расид, гуфт: «Аз шаш ҷиҳат иштибоҳ кардаанд:
Бар девона ҳад иҷро намешавад.
Дар масҷид ҳад иҷро намешавад.
Ўро дар ҳоли истода ҳад заданд, дар ҳоле ки мебоист занонро дар ҳолати нишаста ҳад зад.
Бар ў ду ҳад иҷро кардааст, дар ҳоле ки агар шахсе ба қавме туҳмат бизанад, танҳо бар ў як ҳад иҷро мешавад.
Бар ў дар ҳоле ҳад иҷро кардааст, ки падар ва модари он шахс ғоиб ҳастанд ва бояд бо ҳузури он ду иҷро мешуд, зеро ҳад дар ҳузури касе, ки шикоят кардааст, иҷро мешавад.
Ду ҳадро як маротиба иҷро кардааст, дар сурате, ки чун бар касе ду ҳад воҷиб бошад, бояд асари ҳадди аввал аз байн биравад, пас ҳадди дигар бар ў иҷро шавад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222