Имом Шофеъӣ (р) нишона ва аломате дар фаҳм ва ҳифз мебошад, ки ҳама ба он иқрор доранд. Худи Имом мегўяд: «Дар мактабхонае, ки будам, муаллим ба шогирдон оятеро, ки ёд медод, ман онро ҳифз мекардам ва қабл аз ин ки муаллим аз имло кардани оёт фориғ шавад, ман он оётро ҳифз карда будам. Рўзе ба ман гуфт: Барои ман ҳалол нест, ки чизе аз ту бигирам».
Имом Нававӣ мегўяд: «Ба нашри ҳадис ва мазҳаби аҳли ҳадис эҳтимом варзид ва ба ёрӣ ва кўмаки суннат ва ҳадис шитофт, то ин ки овозаи ў дар ҳама ҷо печид ва бино ба дархости Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ – имоми аҳли ҳадис дар асри худ ба таълифи аввалин китоб дар усули фиқҳ ба номи «Ар-рисолат» ҳиммат гуморид, ки ҳама онро писандиданд, ҳатто худи Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ ва Яҳё ибни Саиди Қаттон ба он алоқаи зиёде нишон медоданд.
Ибни Касир мегўяд: «Имом Шофеъӣ аз огоҳтарин афрод ба маъонии Қуръону суннат ва истихроҷи далоил аз Қуръон ва суннат буда дорои ихлоси аҷибе буд. Аммо Шофеъӣ мегўяд: Дўст дорам мардум ин илмро фаро гиранд ва чизе ба ман мансуб нашавад, то ҳам аҷри ин кор ба ман бирасад ва ҳам мавриди таърифу ситоиши мардум воқеъ нашавам».
Аз ў ривоят кардаанд, ки мегуфт: «Ҳангоме ки дар назди шумо ҳадиси саҳеҳ бошад ва онро аз ман нашунидед, пас бар асоси он ҳадис фатво бидиҳед ва қавли маро тарк кунед ва ин қавл ва ақидаи ман аст».
Дар ривояти дигар фармуд: «Пас аз ман тақлид накунед». Дар ривояти дигар чунин гуфт: «Ба қавли ман таваҷҷуҳе накунед». Дар ривояти дигар мегўяд: «Пас сухани маро ба девор бизанед, зеро ман бо будани ҳадиси Расулуллоҳ (с) қавле надорам».
Tags Абӯ Ҳанифа Дин
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …