Главная / Илм / Фалсафаи дин ва Ислом

Фалсафаи дин ва Ислом

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида ва нуктаи назарҳо ба миён меоянд. Аввалин ихтилоф ношӣ аз он аст, ки оё метавон фалсафаро ба қатори илму маъорифи исломӣ ном бурд ё на? Сониян, оё илми калом ва тасаввуф мутааллиқ ба фалсафаанд ё ба илоҳиёт? Ҳамчунин таҳти унвони фалсафаи исломӣ чиро метавон ном бурд? Қаблан, мо дар ду фасли ин қисмат аз илми калом ва тасаввуф маълумот додем, ки худ ду шохаи алоҳидаи фалсафаи исломиро ташкил мекунанд ва чун дар ин ду илм таносуби илоҳиёт бар масоили фалсафӣ афзунтар аст, мо онҳоро чун ҷараёнҳои алоҳидаи таҳаввули афкори исломӣ ҷудо кардем. Ҳоло умуман дар бораи фалсафаи исломӣ ва хусусиёти он таваққуф хоҳем кард.

Пеш аз он ки дар мавриди масоили фавқ сӯҳбат кунем, бояд гуфт, ки дар таърихи фарҳанги тоисломии аъроб ҳеҷ нишонае аз вуҷуди донишҳои фалсафӣ ба чашм намехӯрад. Зоҳиран то ислом ин навъи дониш барои аъроб бегона ва ноошно будааст. Ин аст, ки дар ибтидои тавсиъаи ислом ва кишваркушоиҳои худ аъроб ба илму фарҳанги сарзаминҳои фатҳ гардида бо таассуб рафтор кардаанд. Ақидаи мусалмонон дар ин давра чунин буда , ки “ислом он чиро ки пеш аз он буда бекор ва нобуд (мансух) мекунад” ва “сазовор нест, ки мусалмонон ҷуз Қуръон чизе бихонанд”. Ба эҳтимоли зиёд дар асоси чунин ақида,- агар дуруст бошад,- аъроб даст ба сӯзондани китобхонаи Искандария ва Форс задаанд. Тибқи ахбори китобҳои мӯътабари таърихӣ: Ибн Кифтӣ дар “Тароҷим-ул-ҳукамо”, Абӯфараҷи Малатӣ дар “Мухтасар-уд-давла”, Ҳоҷи Халифа дар “Кашф-уз-зунун”, Ибн Халдун дар “Муқаддимаи таърих” ва як қатор муаллифони дигар нақл кардаанд. ки вақте аъроб сарзамини Форсро фатҳ карданд ва ба китобхонаи он даст ёфтанд, Саъд ибни Аби Ваққос ба Умар нома навишта, аз чи кор кардан бо ин китобҳо суол кард ва ӯ дар ҷавоб чунин фармон дод: ” Ҳамаро дар об бияфкан, зеро агар он чи дар онҳо ҳидоят аст, Худои таъоло моро ба ҳидояткунандатар аз он ҳидоят карда аст, ва агар залолат аст, низ Худо моро аз онҳо кифоят кардааст.” \ Ҳалабӣ. Дуктур Али Асҷари Ҳалабӣ.

Таърихи тамаддуни ислом. Теҳрон: Бунёд, 1365. саҳ 53\

Ин ахбор далолат бар он мекунад, ки мусалмонони аввал ё аз ҳадисҳои маъруф \, ки дар онҳо гуфта шудааст: “Ҳикмат гумшудаи муъмин аст, онро аз ҳар кас бишнавад мегирад ва парво надорад, ки аз чи зарфе берун таровидааст.” Ва ҳамчунин фармуда: «Ҳикматро ҳарчанд аз забони мушрикон\ аст \фаро бигиред\.» хабар надоштаанд ё ин ҳадисҳо баъдан сохта шудаанд. Дар бораи баъдан сохта шудан ё нашудани ин ҳадисҳо шубҳа кардан мумкин аст, вале дар мавриди он ки Қуръон бештар аз ҳар китоби дигари осмонӣ ба тааққуляъне ба истифодаи ақл ва ситоишу бузургдошти ақлу хирад , илму ҳикмат даъват кардааст, ҳеҷ шубҳе наметавон кард. Дар Қуръон танҳо ба маънии даъват ба корбурди ақл ва ситоиши ҳикмат зиёда аз 65 оят мавҷуд аст.Аз ин рӯ имкон надорад, ки ахбори номбурда сидқ дошта бошад.

Бо вуҷуди ин, ба ҳар сурат як чиз аниқ аст, фалсафа ва мантиқ илмҳое ҳастанд, ки дар шакли софу ташаккулёфтаи худ аз хориҷ вориди фарҳангу маорифи исломӣ гардиданд ва пазируфта шуданд ва аксар аз ин муқаддимае барои улуми динӣ (мантиқ) ва ҷузъи тафаккури динӣ (фалсафа) қарор гирифтанд. Шояд пазироии фалсафа дар олами ислом[1] аз он сабаб буд, ки Қуръон моҳиятан, чунон ки зикр шуд бо тафаккури истидлолӣ ва ақливу мантиқӣ, ки усули асосии фалсафа аст, мухолифат намекунад, балки дар он мукаррар ба чунин навъи шинохт ва тафаккур даъват шудааст.

Ҳоло пеш аз он ки ба шинохти фалсафаи ноби исломӣ шурӯъ кунем, бояд донист, ки худи фалсафа чист? Табиист, ки ҳар як истилоҳ дорои ду таъриф ё маънӣ аст. Яке маънии луғавӣ ва дигаре маъни ё таърифи истилоҳи (кори)-и он. Фалсафа аслан калимаи юнонӣ буда аз ду реша: яке “филу ё фил”\рЫ1ео\ ба маънии дӯстдоштан, дӯстдор ва дигаре “софиё” \8орЫа\ ба маънии ҳикмат, хирад, дониш аст. Пас фалсафа муаррабӣ “филусуфиёёфилософия”\рЫ1озорЫа\ буда, маъниилуҷавиаш дӯст доштани дониш, ҳикмат ё хирад аст. Нахустин бор дар Юнони Қадим Афлотун устодаш Суқротро “философиус”- дӯстдори хирад ё ҳикмат номида буд.

Ҳанӯз пеш аз Суқрот гурӯҳе ба майдон омада буданд, ки худро “софист”, яъне донишманд меномиданд. Чун Суқрот шахси фурӯтан ва хоксоре будааст, намехостаст, ки ӯро донишаманд ё хирадманд -софист хонанд, худро философ-дӯстдори хикмат, дониш номидааст. Баъдтар вожаи софист ба тадриҷ маънӣ иваз карда дар муқобили философия қарор гирифт ва ба маънии ғалаткорӣ ва беҳудагӯӣ, ба арабӣ”сафсатта” табдил шуд ва философия ҷои онро гирифт.

Таърифи истилоҳии фалсафа ниҳоят зиёд аст, ҳар мактабу мазҳабе ба он аз мавқеи назариявии худ таъриф додааст. Маънию мундариҷа ва ғунҷоиши ин истилоҳ бо мурури замон ва гузашти давраҳо низ тағйир кардааст. Ҳамчун истилоҳ фалсафа ё ҳикмат иборат аст “Илм бар ҳақоиқи ашёъ ва мавҷудот ба андозаи тавоноии фахми инсон” ё “Фалсафа иборат аст аз илм бар вуӣуд аз он ҳайс , ки вуҷуд аст.” Ин таъриф ҳамаи улуми дигар: тиббу риёзиёт, табииёт ва ғайраро шомил мешуд.

Дар Юнони бостон фалсафа ба ҳамин маънии хеле васеъ назар ба он, ки баъдтар касб кардааст, истифода мешудааст. Дар фалсафаи исломи низ фалсафа номи як фанни хос ё дониши хос нест, ҳама донишҳои ақлиро дар муқобили донишҳои нақлӣ таҳти унвони фалсафа ном мебурданд. Файласуф касе номида мешуд, ки донандаи ҳамаи илмҳои ақлии замон, алалхусус илоҳиёт, риёзиёт, табииёт, сиёсиёт, ахлоқиёт ва манзилиёт бошад. Фалосифаи муслимин вақе мехостанд аз мавқеи Арасту табақабандии доираи улуми фалсафиро баён кунанд, мегуфтанд, фалсафа ё ҳикмат бар ду қисм аст: ҳикмати назарӣ ва амалӣ.

Фалсафаи назарӣ дар бораи ашё он чунон ки ҳаст баҳс мекунад ва фалсафаи амалӣ дар бораи афъолу рафтори инсон он чунон ки боиста ва шоиста аст, баҳс мекунад. Фалсафаи назарӣ бар се қисм аст: илоҳиёт, риёзиёт ва табииёт. Фалсафаи амалӣ низ дар навбати худ ба се қисмат тақсим мешавад, ки иборат аз илми ахлоқ илми тадбири манзил ва илми сиёсат аст.

Аҳамияти фалсафа дар таърихи тамаддуни исломӣ аз он ҷиҳат зиёд аст, ки мусалмонон, чунон ки гуфтем, илми каломро низ бар пояи фалсафа бино карданд ва далоили ақлию фалсафиро дар дифоъ аз мабоҳиси шариат ба кор бурданд. “Аммо бо ҳама аҳамияте, ки фалсафа дошт,- чунон ки Дуктур Алӣ Асғари Ҳалабӣ мефармояд,- касоне, ки бадон иштиғол доштанд, ҳамвора ба куфр ва таътил (ин калима низ ҳамрадифи куфр аст) муттаҳам буданд.” \ Ҳалабӣ. Дуктур Али Асғари Ҳалабӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Теҳрон: Бунёд, 1365. саҳ 56\ Алалхусус, дар душманӣ бо фалсафа фақеҳон ва муҳаддисон кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

[1]  Сарфи назар аз мухолифатҳо ва муборизаҳое, ки баъдан бо фалсафа аз асри 11 ба баъд, пас аз Ғазолӣ шуданд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222