Исмоилия – яке аз бузургтарин фирқаи шиъа мебошад, ки дар асри VIII ба вуҷуд омадааст. Фирқаи исмоилия дар амал он заминаи идеологии ҳаракати васеъи сиёсии мухолиф ба хилофати Аббосиён буд, ки баъдтар ба наҳзати доманадори қарматия табдил ёфт. Ин шӯриши ғуломон ва бенавоёни шаҳрӣ ва гурӯҳи васеъи табақоти миёна буд, ки дар Ироқу Хузистон солҳои 868–883 ба вуқӯъ пайваст. Раҳбарони он дар аввал Абдулло ибниМаймунва баъданҲамдонҚармат будаанд.
Исмоилиёнро ботинӣ низ мехонанд, чун онҳо ақида доранд, ки “ҳар зоҳире ботин ва ҳар ояте таъвил дорад”. Ғайр аз ин, исмоилиёнро, чунонки Шаҳристонӣ таъкид карда, дар Ироқ қа р м а т и я ва м а з д а к и я, дар Хуросон т а ъ т и л и я ва м у л ҳ и д и я низ меномидаанд. Вале онҳо худашонро исмоилия меонамон.
Дар ташаккули фалсафаи исмоилия таъсири ғояҳои Афлотун (асри ГУ пеш а.м.) ва навафлотунӣ (асри ГГГ м.) аз тариқи насрония ва Арасту дар фалсафаи табииёт (натурфилософия) мушоҳида карда мешавад. Мувофиқи таълимоти исмоилия мабдаи ягонаи ҳаводиси мутааддиди олам Худо – ” ал-Ғайбут-Таъоло” ё «Зоти Кулл» дар ҳолати оромӣ (ё сукут)-и абадист. Вай ҳеҷ гуна сифат (атрибут) надорад ва барои башар номуайян ва шинохтанашаванда аст. Вай, чунон ки динҳои яҳудия, насрония ва ислом таълим медиҳанд, холиқу офаридгори олам нест.
Худо – Зоти Кулл бо иродаи азалии худ Ҷавҳар (субстансия)-и эҷодгар А қ л и К у л л ро ҷудо мекунад. Ин аввалин судури Худост. Ақли Кулл дорои ҳамаи сифотест, ки мусалмонон ба Аллоҳ нисбат медиҳанд ва сифати асосии вай илм аст. Ибодатро бояд ба ӯ кард. Вай дорои номҳои зиёд аст. Ақли Кулл зинаи поёнии судур – Нафси Куллро эҷод кард. Вай ноқис аст ва сифати асосии вай ҳаёт аст. Нафси Кулл бо эҳсоси ноқисии худ майл ба камол мекунад ва аз худ судури тозае мекунад ва Моддаи Аввал-Ҳаюлоро ҷудо мекунад. Аз Ҳаюло Замин, сайёраҳо, ситораҳо, махлуқоти зинда ба вуҷуд меоянд. Пайдоиши Инсон аз майли Нафси Кулл ба камол вобаста аст.
Ҳамин тавр исмоилия ҳафт зинаи судур (эманатсия): Зоти Кулл, Ақли Кулл, Нафси Кулл, Ҳаюло, Макон, Замон, ва Инсони Комилро муайян кардааст. Дар назарияи исмоилия байни Ақли Кулл ва Башар ё байни олами акбар ва олами асғар таносуб мусовист. Яъне инъикоси Ақли Кулл дар ҷаҳони маҳсус Инсони Комил мебошад. Ҳаким Носири Хусрав фармуда: “Ҳар чи дар олами Ҳиссӣ мавҷуд аст, он асаре аст, аз он чи дар олами Увло /олами акбар/ мавҷуд аст.”
Дар таълимоти исмоилия шумораи ҳафт мақоми хосе дорад. Аз ҷумла ба ғайр аз ҳафт зинаи судур, ҳафт даври нубувватро муқаррар кардаанд.
Маъруфтарин намояндагони фалсафаи исмоилия: Абӯҳотами Розӣ, Муҳаммад ибни Аҳмади Нахшабии Насафӣ, Абуляъқуби Сиҷистонӣ, Ҳамид-ад-Дин Кирмонӣ ва Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошанд.
Мактаби «Ихвони Сафо» (асри X), яке дигар аз мактабҳои фалсафӣ ё анҷумани фалсафию мазҳабии сиррие мебошад, ки аъзоёни он гароиши исмоилӣ доштанд ва худро «Ихвон-ус-Сафо» мегуфтанд. Аз онҳо панҷоҳу ду рисолаи фалсафӣ ва як рисолаи ҷомеъ боқӣ монда. Маъруфтарин аъзои ҳайати таҳририяи он: Абӯсулаймони Бустӣ (машҳур ба Муқаддисӣ), Абулҳасани Зинҷонӣ, Абӯаҳмади Наҳрҷурӣ (номи дигараш-Маҳрҷонӣ), Авфӣ ва Зайд ибни Рафоҳа будаанд. Ин мутафаккирон аввалин шуда дар тадвини доиратулмаорифи фалсафаву илмии замонашон кӯшидаанд. Аз ин рӯ метавон онҳоро аввалин асҳоби доиратулмаориф дар фалсафа, пеш аз маорифпарварони доиратулмаорифи франсавии асри 18 номид.