Главная / Илм / Фаъолияти инноватсионӣ ва хусусияти он

Фаъолияти инноватсионӣ ва хусусияти он

Фаъолияти эҷодиву истеҳсолии инсонро, ки ба ташкил ва татбиқи инноватсиониҳо равона шудааст, аз он сабаб «фаъолияти инноватсионӣ» меномидагӣ шудаанд, ки татбиқи он ба илм ва сармоягузорӣ хароҷоти муайянро талаб менамоянд.

Мафҳуми «фаъолияти инноватсионӣ» ҳам ба маънои маҳдуд ва ҳам ба маънои васеъ маънидод карда мешавад.

Ба маънои маҳдудаш фаъолияти инноватсионӣ – фаъолиятест, ки он ба истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ бо мақсади гирифтани маҳсулоти нав, инчунин роҳҳои истеҳсоли он ё такмили хизматрасонии иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Ба маънои васеъаш фаъолияти инноватсионӣ – ин ҷараёни ташкилшавӣ, азхудкунӣ ва тақсимоти маҳсулоти нав ва комилан такмил додашуда, хизматрасониҳо, тахнологияҳо, ашёи хом ва маводҳо, усулҳои ташкили истеҳсолот ва идораи он мебошад.

Фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофики қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» саҳеҳ шарҳ дода шудааст. Фаъолияти инноватсионӣ-фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи тадқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Дар моддаи 5- уми қонуни мазкур, намудҳои фаъолияти инноватсионӣ чунин нишон дода шудааст:

  • ҷори намудани ғояҳо ва дастовардҳои нави илмӣ дар сохтори идоракунии давлатӣ;
  • иҷро ва хизматрасонии корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳавӣ, кашшофӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, барои ба даст овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи кору хизматрасониҳо, ҷараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардиши иқтисодӣ тадбиқ мегарданд, равона шудаанд;
  • ташкили бозори фурӯши маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и инноватсионӣ;
  • азнавҷиҳозонии технологӣ ва омодасозии истеҳсолот;
  • гузаронидани озмоишҳо бо мақсади сертификатсиякунонӣ ва стандартонии ҷараёнҳои нави технологӣ, маҳсулот (кору хизматрасониҳо);
  • истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифода қарор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар марҳилаи ибтидоӣ то анҷоми мӯҳлати меърии талофияти лоиҳаи инноватсионӣ;
  • ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ;
  • тарғиби натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва паҳн намудани инноватсия;
  • Ҳифз кардан, вогузоштан ва ба даст овардани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла ба дастовардҳои илмӣ, илмии техникӣ ва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо мақсади азхудкунӣ ва тадбиқи онҳо;
  • Дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. 1

Фаъолияти инноватсионӣ инҳоро дар бар мегирад:

  • фаъолияти илмӣ,
  • фаъолият оид ба таҷассумёбии корҳо дар маҳсулот, технологияҳо.

Аз тавсифномаи прогресси илмӣ-техникӣ ва фаъолияти инноватсионӣ равшан аст, ки агар прогресси илмӣ-техникиро ҳамчун раванд баррасӣ кунем, пас фаъолияти инноватсионӣ – ин яке аз қисмҳои таркибии он аст.

Фаъолияти инноватсионӣ ва прогресси илмӣ-техникӣ ду шоха доранд:

  • якум, такмили ҷараёни технологии таъминкунандаи сарфаи захираҳои моддию меҳнатӣ;
  • дуюм, ташкили шаклҳои нави маҳсулоти таъминкунандаи беҳдошти шароити зиндагии шаҳрвандон.

Хусусияти муҳими фаъолияти инноватсионӣ, даври (сикли) инноватсионӣ мебошад, ки таҳти он даври ташкилшавӣ, паҳншавӣ, истифодаи инноватсиониҳо, инчунин даври амалшиавии онҳо фаҳмида мешавад.

Давраи татбиқи намудҳои ҷудогонаи инноватсияҳо аз анҷом то оғози истифодаи воқеии онҳо чунин буд:

  • Суратгирӣ – 113 сол (с. 1727-1830);
  • Телефон – 56 сол (с. 1820-1876);
  • Радио – 35 сол (с. 1867-1902);
  • Радор – 10-15 сол (с. 1925-1946);
  • Телевизион – 12 сол (с. 1922-1934);
  • Лазер – 5 сол (с. 1956-1961);
  • Нақшаҳои интегралӣ 3 сол (с. 1958-1961).

Даври (сикли) пурраи инноватсионӣ пайдарпайии зерини фаъолияти инноватсиониро дар бар мегирад:

  • тадқиқоти илмии бунёдӣ;
  • тадқиқоти амалӣ;
  • корҳои техникӣ (озмоишию лоиҳакашӣ, технологӣ, корҳои лоиҳавию ташкилӣ);
  • истеҳсолоти таҷрибавӣ;
  • азхудкунии ибтидоии навовариҳо;
  • паҳн шудани инноватсияҳо;
  • истифодаи техникаи нав, усулҳои ташкил ва идора.

Соҳаи инноватсионӣ низоми муносибатҳои байниҳамдигарии инноватсияҳо, сармоягузорон, ташкилотҳо- молистеҳсолкунандагони маҳсулоти (хизматрасониҳои) рақобатпазир, муҳити атроф ва инфрасохтори тараққикардаи низоми – инноватсияҳо, ташкилот (ширкат) ва муҳити атроф, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи рушди иқтисодӣ бо шарти робитаҳои байниҳамдигарии онҳо мебошанд. Таносуби ин се низом имконият ва зарурати робитаи баръаксро нишон медиҳад (ба ҷадвали 1 нигаред).

nizomi-inova

Низоми «ташкилот» метавонад дар чунин соҳаи техника фаъолият намояд, ки азхудкунии он танҳо бо дастгирии давлат имконпазир аст.

Сармояи инсонӣ – омили муҳими татбиқи инноватсия маҳсуб мешавад. Кашолкорӣ дар ҷорӣ кардани технологияҳои навро ҳамчун мувофиқати номатлуби қувваи корӣ ба шароити тағйирёбанда маънидод кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, касри баҳодиҳӣ ба миён меояд. Дар ин маврид давлат масъулу ҷавобгар аст, зеро ӯ таҳсилоти умумии аҳолиро бояд таъмин намояд.

Маблағгузорӣ ба азхудкунии технологияҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти нав кори хавфнок аст.

Низоми «муҳити зист» дар зери назорати махсуси давлат қарор дошта, вай шароити намунавии хоҷагидориро муайян месозад.

Ба соҳаи зерсохтори хоҷагидорӣ – соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика ва ҳифзи табиат дохил мешаванд. Дар баробари рақобати анъанавӣ дар доираи истеҳсолот, инчунин воҳиди нави рақобат – мусобиқа аз рӯи вақтро низ ба инобат бояд гирифт, яъне,

  1. – муносибати мусбат ба рушди бозори фурӯш;
  2. – фаъолнокии махсус дар бахши маркетинг.
  3. – давраи таҳлили тиҷоратии ғояҳо, ки дар он тадқиқоти маркетингӣ гузаронида шуда, андозаи фоида аз фурӯши маҳсулоти мазкур муайян карда мешавад;
  4. корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ, давраи амалигардонӣ;
  5. давраи таҳиясозии намуди ибтидоии нақшаи фурӯшу тарғибот озмоиши он дар бозор;
  6. дар ин ҷо маҳсулот дар кадом як сигменти бозор аз санҷиш гузашта, баъд барои фуруш дар бозори умумӣ омода карда мешавад
  7. – навгонӣ, яъне маҳсулоти комилан тайёр барои фурӯш дар бозор;
  8.  ниҳоят, ин лаҳзаест, ки маҳсулот ғояи навро ба миён меорад, бозор бошад, дар навбати худ онро аз рӯи фурӯш талаб мекунад.- санҷиши бозорӣ, ки он ба мавҷуд будани имкони муваффақият (нокомӣ) дар бозор, дурнамо, ҳаҷми фурӯши мол, сатҳи фоида ва  хароҷот баҳо медиҳад ва инчунин мутобиқатсозии хусусиятҳои алоҳидаи истеъмолии молро ба талаботи истеъмолкунанда муайян менамояд;

Ҳар як инноватсия дар ҷараёни татбиқ бисёр марҳилаҳоро аз сар мегузаронад, ки моҳияти онҳо бо хусусияти ҷараёни инноватсионӣ, шаклу усули менеҷменти ташкилотҳое, ки дар онҳо инноватсияҳо татбиқ мешаванд, шароити бозор ва ғайра муайян мегарданд.

Тадбирҳои зерин, ки ҷараёни татбиқи инноватсияҳоро таъмин мекунанд, инҳоянд:

    • ба вуҷуд омадани ғояи илмию техникӣ;
    • инкишоф ва такмилу таҳиясозии ғояи илмию техникӣ;
    • кор карда баромадани ҳамшабеҳ (прототип);
    • азхудкунии озмоишӣ;
    • истеҳсол баҳри аз санҷиш гузаштан дар бозор;
    • истеҳсоли оммавӣ, фурӯш.

Ҷараёни қабули инноватсияҳо аз панҷ марҳила иборат аст:

    • дарк;
    • шавқмандсозӣ;
    • баҳодиҳӣ;
    • санҷиш;
    • қабул.

    Ҳамин тариқ, муҳити татбиқи инноватсия ва фароҳам овардани шароити муфиди фаъолияти хоҷагидорӣ аз ҳолати назариявии зерин бар меояд:

  • қабули инноватсия дарку фаҳмиши густурдаи ин ҷараён ё маҳсулотро ҳатман пешбинӣ менамояд;
  • дарку фаҳмиши он метавонад, ки ба воситаи истифодаи консепсияи ҷавобгӯ ба даст оварда шавад;
  • эҳтимолияти истифодаи инфиродии инноватсияҳо аз он вобаста аст, ки соҳибкори мазкур консепсияи худро дар ин ҷараён истифода карда метавонад;
  • шахси ба паҳнкунии он машғулбуда ҳангоми шиносоии нахустин бо инноватсия ҳамаи консепсияҳои зарурии ба он вобастаро доштанаш чандон лозим нест, танҳо он ба азхудкунии донишҳо ва мафҳумҳои ба инноватсия вобастабуда бояд мусоидат намояд;
  • суръати истифодаи инноватсия аз он вобастааст, ки то кадом дараҷа ҳамаи кормандону менеҷерон консепсияи заруриро аз худ мекунад;
  • номутасилӣ дар истифодаи инноватсия дар натиҷаи истифодаи ҷузъӣ ва додани баҳои нопурра дар дарки он ба амал меояд;
  • кабули инноватсия инчунин аз низоми арзишҳои инсонии мушаххас низ вобаста мебошад.

Илова бар ин, ба ғайр аз нархи маҳсулот, инчунин «дониста гирифтани хоҳиши мизоҷон», хизматрасониҳо, бахисобгирии баҳо баъди фурӯш, хоҳишҳои махсуси мизоҷон, пешниҳоди намудҳои бештари маҳсулот аҳамияти зиёд доранд.

Инноватсия ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти инноватсионӣ давраи ҳаёти маҳсулотро кӯтоҳ месозад. Ба ибораи дигар, бо назардошти илму техника зуд-зуд молҳои хушсифату замонавӣ ва симояшон назаррас истеҳсол мешаванд, ки онҳо маҳсулоти ба худ монандро аз ҳар ҷиҳат аз бозор танг карда мебароранд ва доираи муомилоташро маҳдуд месозанд.

Якбора паст рафтани самаранокии маблағгузорӣ ҳангоми таназзули иқтисодӣ менеҷерони ташкилоту корхонаҳоро, ширкатҳоро маҷбур месозад, ки манбаъҳои нави сармоягузориро ҷустуҷӯ намоянд. 28

Мураттабии пешрафти техникиро таъкид карда, ба фарзияи номутасилии он такя намуда, муҳақиқон қайд мекунанд, ки тағйироти густариш, воридшавию хориҷшавии инноватсияҳои заминавӣ тағйиротро дар иқтисодиёт муайян менамоянд.

Ба даст овардани натиҷаи ниҳоии фаъолияти инноватсионӣ ду марҳила ё худ ду давра дорад, ки инҳоянд:

  1. Оғоз, зердавраи гирифтани маълумот дар бораи инноватсияҳо; тарзи аз тарафи ширкат гирифтани маълумот дар бораи инноватсияҳо, зердавраи ташаккули муносибатҳо ба инноватсия ва асосҳои қабули қарорҳо.
  2. Татбиқ намудан, зердавраи татбиқи ибтидоӣ (дар асоси санҷиши он ки оё он арзише дорад ё не), зердавраи татбиқи дарозмӯҳлат (баъди санҷиши он аввал дар яке аз бахшҳо ва баъзан дар тамоми истеҳсолот тавлид кардани маҳсулот). Ба ин давра инчунин инҳо дохил мешаванд:
  • давраи тавлиди маҳсулоти нав;
  • арзи вуҷуд намудани он дар бозор;
  • ғоя (ташаккули портфели ғояҳо);
  • баҳои техникию иқтисодии ғояҳо (ихтироъот);

Солҳои 50-уми асри XX дар баробари ба миён омадани таназзули инноватсия истифода кардан аз соҳае, ки дар он навоварӣ пайдо шудааст, ба соҳаи дигар кӯчонидани он бо тағйироту такмилдиҳии хоси ин соҳа оварда мерасонид.

Тадқиқоти сабабҳои муваффақият ва нокомиҳои инноватсияҳои илмию техникӣ як қатор омилҳои такроршавандаро ошкор сохт. Дар байни онҳо омилҳои зерин муҳимтар дониста мешаванд:

  1. Рӯй овардан ба бозор;
  2. Мутобиқат ба мақсадҳои ташкилот;
  3. Низоми самарабахши интихоб ва баҳодиҳии лоиҳаҳо;
  4. Идораи самарабахши лоиҳахо ва қарордодҳо;
  5. Манбаи ғояи эҷодӣ;
  6. Инфиродӣ будан ва масъулияти дастаҷамъӣ доштан.

Дар айни замон, инноватсия нисбат ба давраҳои пешин хеле зудтар паҳн мешавад. Сабабҳои он, пеш аз ҳама, дар дарёфти роҳҳои нисбатан такмилёфтаи алоқа ва усулҳои аниқи муайянсозии мӯҳлатҳои иваз намудани таҷҳизоти кӯҳна мебошад.

Иқтисодчии амрикоӣ Ҷ. Хлавачека, ки натиҷаи 21 инноватсияҳоро ба таври ҳамаҷониба омӯхтааст, сабабҳои маъмули татбиқи бемуваффақонаи онҳоро чунин муайян кардааст,

  1. маҳдудияти бозор барои тавлиди маҳсулот;
  2. ташкили бади фурӯш;
  3. баҳисобгирии нокифояи эҳтиёҷоти бозор.

Дар навбати худ тадқиқотчиёни дигар сабабҳои зерини нокомии татбиқи инноватсияҳоро таъкид месозанд:

  1. пурра ба инобат нагирифтани рақобати бозор;
  2. аз будаш бештар донистани шумораи харидорони иқтидорнок;
  3. баланд бардоштани нархи маҳсулоти истеҳсолшуда;
  4. норасоиҳои техникии маҳсулоти истеҳсолшуда.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки қариб 80 фоизи инноватсияҳои илмию техникӣ ҳанӯз дар марҳилаи бавуҷудоиву амалисозии ғояҳо, боз 10 фоизашон-дар марҳилаи таҳияи ҳамшабеҳҳо (прототип) ва қариб 7-8- фоиз дар марҳилаҳои боқимонда хотима меёбанд.

Дар ИМА нисфи ҳар кадоме аз 100 адади маҳсулоти нави ба бозор баровардашуда аз нигоҳи тиҷоратӣ хароб мешавад, дар Канада бошад, танҳо 6 фоизи инноватсияҳо «ниҳоят бомуваффақият» дониста шудаанду халос.

Дар кишварҳои дорои иқтисодиёти давраи гузариш ҷараёнҳои инноватсионӣ дар давраи барқароршавӣ қарор доранд, дар ҳоле, ки дар кишварҳои тараққикарда сухан дар бораи самаранокии баланди ин ҷараёнҳо меравад. Дар баробари ин, давлат бинобар сабаби нокифоя будани маблағҳои буҷетӣ, танҳо давраи тадқиқотҳои бунёдиро маблағгузорӣ карда, сармоягузории давраҳои боқимондаи ин ҷараёнро ба зиммаи корхонаву муассисаҳо вогузор менамояд.

Номутаносибии маблағгузории ҳар кадоме аз давраҳои ҷараёни инноватсионӣ ба рушди бомуваффақияти он монеъ мешавад. Дар давраи якуми ҷараёни инноватсионӣ тадқиқотҳои бунёди моҳияти умумии инноватсиониро пурра кушода наметавонанд. Тақдири вай баъди давраҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, таҳияи ҳамшабеҳҳое (прототипҳое), ки маблағгузориҳои зиёдро талаб менамоянд, ҳал карда мешаванд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222