Раҳораҳ бародарон сарсониву саргардониҳои худро ба ҳамдигар ҳикоя мекарданд. Маҳмуд аз Бухоро ба Гурганҷ омада, дар роҳи ҷустуҷӯйи Ширин ба дарбори Хоразмшоҳ афтод.
Беруни, Ҳаммори табиб ва Аррок аллакай ба роҳи тарафи султон баромада буданд.
Одамони вазир Суҳайли ба Маҳмуд гуфтанд, ки Абуалиро дар Ҷурҷон аз дарбори амир Қобус бояд чуст.
Маҳмуд ҳамроҳи корвоне ба Ҷурҷон омад, аммо дар он ҷой на Абуалиро пайдо карду на амир Қобусро! Абӯалӣ ҳамон вакт дар Деҳистон ном мавзеи соҳили Баҳри Хазар мезисту гирифтори касалии вараҷа буд.
Баъд Маҳмуд чанд шаҳри дигарро ҳам паймуда, карор дод, ки боз ба Гурганҷ баргардад.
Шаҳрро сипоҳиёни султон хароб карда буданд. Ба ҷойи ҳавлие, ки Ширин истикомат дошт, Маҳмуд танҳо сухтаву хокистарро пайдо карду бас!
Дар куҷо будани Ширину чизу чораро ҳамсояҳо намедонистанд, зеро навомада буданд. Ҳамсояҳои пештараро бандй карда Ғазна бурда буданд.
Пул ҳам тамом мешуд. ӯ ба Исфаҳон рафта, вориди хидмат гашт.
Одамони донишманди гирду атроф осори фалсафии Ибни Синоро мехонданд. Доир ба ин асарҳо мубоҳисаҳо ташкил карда, мавриди муҳокима қарорашон медоданд. Вале касе дар куҷо зистан ва дар кадом шаҳре паноҳ бурдани муаллифашонро равшан намедонист. Одамони гуногуне шаҳрҳои гуногунеро ном мебурданд, ки гӯё дар он ҷой Абуалиро дидаанд.
Боре, ҳангоми мубоҳисаи фукаҳо, фақеҳе бо савганд ҳамаро бовар мекунонд, ки ҳамагй ду моҳ пеш Ибни Синоро дидааст.
– Дар куҷо?! Дар кадом шаҳр ӯро дидед?! – зуд ба пурсукови фақеҳ даромад додари Абуалй.
– Дар Ҳамадон! – гуфт фақеҳ. – Ва ё ту ҳанӯз бехабарй, ки Абуалй дигар аз султон паноҳ намебарад?! Абуалй вазири дарбори Шамсуддавла таъйин шудааст, дасти султон акнун ба ӯ расида наметавонад. Аммо ҳодисаю воқеаҳое, ки вобастаи табобату муолиҷаи беморон аз тарафи ӯ дар он ҷо ҳикоя мекунанд, аз эъҷози қудсиён ҳам болотар меистанд!
Бо ҳамин васила Маҳмуд шарафманди дидори бародараш гардид.
Дар даромадгоҳи Исфаҳон маросими ботантанае баргузор гардид.
Аҳли дарбор ва аъёну ашрофе, ки онҳоро худи Амир Алоуддавла барои пешвозгирй фиристода буд, ташрифи Ибни Синоро нигаронй мекарданд. Олимону табибону шоирон, ки бо хоҳиши худ омада буданд, низ интизории ӯро мекашиданд.
Ибни Сино ҳамёнашро бароварда, барои додани харҷи вуруд омода мешуд.
– Аз дидани дидори мубораки Шумо, Шайхурраис, дар шаҳрамон беҳад шоду мамнунем! – сари таъзим фуруд меоварданд, завқ менамуданд ва табассум мекарданд аҳли дарбор.
– Онҳо маро «Шайхурраис», яъне «Пиру сарвари уламо» меноманд! Охир, ин чй хел унвон, онро аз куҷо бофта баровардаанд?! – изҳори таҳайюр менамуд Ибни Сино.
– Ҳокими шаҳрамон Амир Алоуддавла Шуморо ба чунин унвон мушарраф гардониданд! – аз нав ба таъзим омаданд аҳли дарбор.
– Эшон барои Шумо сарулибоси гаронбаҳо, аспони саворй ва пули зиёде низ ҳадя хоҳанд фармуд. Инчунин, дар маҳаллаи Куҳнагунбаз бароятон ҳавлии алоҳида чудо карданд. Дар он хона аз асбобу анҷоми рузгор то гилемҳои коли ҳама чизи лозимиву даркори муҳайёст! Баъди дар он ҷой маскан гирифтанатон амир шуморо ба дарбор даъват мекунанд…
Ниҳоят, аҳли дарбор канор истоданд, он гоҳ Ибни Синоро одамоне, ки ҳамроҳи ӯ дар мукотиба буданд, ва ононе, ки китобҳои ӯро хонда, кайҳо боз орзуи дидори муаллифашонро мепарвариданд, печонда гирифтанд.
Рузи дигар, ҳанӯз субҳ надамида, Ибни Сино аз хоб бархост, риёзати баданро анҷом дод ва барои хатми «Китоб-уш-шифо» биншаст.
Рузона ӯ ба дарбор, назди Алоуддавла рафта, доир ба корҳои давлати ҳамрохи амир маслиҳат бояд мекард.
– Оё дуруст аст, ки вактҳои дар доираи Хоразмшоҳ зистанатон уламо тез-тез дар худи дарбор маҷлиси баҳс меоростанд?! – пурсид Алоуддавла дар мулокоти нахустин.
– Бале, тез-тз ҷамъ меомадем. Маърузаҳо хонда, онҳоро муҳокима мекардем…
– Ман ҳам мефармоям, ки ҳар рузи паншнбе дар дарбор ҷамъомад ташкил намоянд. Бигзор маҷлиси уламои ман ҳам шухрат ёбад! – гуфт Алоуддавла.
Ба ҷамъомади нахустин уламои тамоми шахр гирд омаданд. Маҷлисгоҳ чунон танги мекард, ки баъзеҳо дар толор ҷой наёфта, дар пойгаҳи дарҳо рост меистоданд.
Ибни Сино дар бораи асари охирини риёзии худ накл мекард. Ин асарро вай дар мусовии «Китоб-уш- шифо» ва «Қонун» офарида буд. Инчунин, тафсири мухтасари «Китоби усули ҳандаса»-и Уклидусро хотима дода, дар он бисёрии казоёи ҳандасиро мувофики фаҳмиши худ, кӯтоҳу содатар тавзеҳ дода буд. Ба китоби номбурда чанде казияҳои худро ҳам, ки бо вучуди зарурат пеш аз ин вучуд надоштанд, илова намуд.
Ибни Сино ҳамвора мекушид, ки содаву фахмо ва мухтасар сухан ронад. ӯ як соати расо ҳарф зада бошад ҳам, дар тули он на худ аз ҷояш ҷунбиду на касе ба ҷунбиш даромад.
Амир Алоуддавла каноатманд менишаст. Пеш аз маҷлис ӯ дурудароз Абуалиро мепурсид, ки Хоразмшоҳ дар куҷои байтулхикмаи худ – дар миёнаҷо ва ё назди девор менишаст. Ва ё, мумкин, барояш курсии махсусе меоварданд?!
– Ба назари мо, Шайхурраис дар соҳаи риёзиёт тафаккуроти амик зохир намуд, – гуфт Алоуддавла. – Ба шарофати баромади нахустинаш қарор додем, ки Шайхро хилъати гаронбаҳои дигаре ҳадя фармоем.
Ибни Сино расми таъзим адо намуд.
Чанд одам савол додан мехостанд.
– Чй хел, оё дар байтулхикмаи Хоразмшоҳ одати саволдихй ҳам ҷорй буд?! – дар тааччуб афтод Алоуддавла.
– Оре, дар он ҷой ба ҳамдигар пайиҳам суолҳо медоданд…
– Бисёр хуб! Он гоҳ шумоён ҳам, хохишмандон, суолҳоятонро бигуед!
Чонмарди рангпаридаву харобае аз ояти ҳаяҷону изтироб базур-базур овоз бароварда, доир ба «ал-Маҷастй» ном асари ҳайати Батлимус аз Абуалй суол кард.
– Магар рост аст, ки Шайхурраис дар тафсири «ал-Маҷатй»-и худ аксари казоёи Батлимусро ба тарзи дигаре ташрех, дода, бар он даҳ ашколи нави ҳандасии мухталифаро афзудаанд ва, ҳамчунин, дар охири рисола чунон андешаҳоеро доир ба ҳайъат илова намудаанд, ки касе пештар аз онҳо хабаре надошт?!
– Рост аст! – гуфт Ибни Сино. – Шояд аз ин хусус дафъаи дигар андеша рондан бехтар бошад. Ҳоло шаб аз ним гузаштааст…
Ҳама муттафикона хохиш менамуданд, ки Ибни Сино дар ин бора худи ҳозир накл кунад. Баъдан хомуш шуда, чониби амир нигаристанд.
- Бигзор накл кунад, – даст афшонд амир.
Ибни Сино, бар илова, такрибан якуним соати дигар суханрони кард. у чунон саргарми андешаҳо гардида буд, ки аз доираи ҳайъат ба ҳалкаи риёзиёт гузашта, дар бораи он ҳама дакикиҳое, ки худ бар ин илм илова карда буд, низ изҳори назар намуд. Сипас аз хусуси мусики ва дар бобати он, ки мусикиро тавассути риёзиёт метавон тахкик намуд, андеша ронд. Ҳатто макоми мухтасареро ҳам замзама фармуд, то ҳозирон умки гуфтаҳояшро дарёбанд.
- Аксари кулли андешаҳое, ки дар интиҳо бишнидед, – гуфт Ибни Сино дар охири суханрониаш, – дар «Китоб-уш-шифо», ки рӯзҳои наздик анҷомаш бахшидам, ҳаллу фасли худро ёфтаанд.
Дами субҳ уламо парешон шуданд. Ҳатто худи амир Алоуддавла ҳам то поёни ҷаласа биншаст.
- Зохиран, тамоми умр дар Исфаҳон чунин ҷамъомаде барпо нагардида буд, – мегуфтанд уламо.
- На танҳо дар умри мо, – мегуфтанд баъзеи дигар, – балки дар тамоми ҳаёти Исфаҳон чунин маҷлисе баргузор нашудааст!
Табиист, ки Ибни Сино дар Исфаҳон ҳам кабули беморонро давом медод.
Дар ин ҷой китоби савуми «Қонун»-ро хотима бахшид. Солҳои охир андешаву мушохидаҳои зиёде дар сари ӯ гирд омада буданд. Аз ин рӯ, карор дод, ки ба ду китоби пешина иловаҳо дарорад.
Вокеаи бо яке аз беморон дар Исфаҳон руйдода чунон нодиру ғалатӣ буд, ки дар тамоми шахру деҳот онро хикоя мекарданд.
Марди маъруф, амакзодаи худи амири Исфаҳон аз акл бегона шуда буд. у худро гове пиндошта, аз як кунҷи хонаи пурсарвати худ ба кунҷи дигараш метохт, баланд-баланд бонг мезад.
- Зудтар маро кушед! – дод мезад писарамаки амир. – Аз гуштам ҳариса пазед! Ман говам! Ман говам!
Бемор аз тановули таоми расми парҳез менамуд.
- Ман говам! – дод мезад ӯ. – Гови фарбеҳам! Ман гӯшт намехурам!
Рузоруз аз ҳолу мадор рафта, харобу лоғар мешуд. Муттасил аз даводави руйи хона ва шох задани хидматгорон ҳам бозмонда, факат дароз мехуфт ва шикоятомез бонг мезад.
Амир Алоуддавларо аз бемории хешовандаш огоҳ намуданд.
Беморро табиби хоса муолиҷа мекард, аммо касали ба дараҷае ириодй менамуд, ки табиб онро ташхис карда наметавонист.
Дар рафти суҳбат Алоуддавла ба Ибни Сино гуфт:
- Ман аз баёни хохишам дар ҳузури шумо хиҷолат мекашам. Мумкин дарди писарамакам бедаво бошад, зеро тамоми табибон чунин акида доранд. Аммо, ба ҳар ҳол, илтимос дорам, ки ба табобати ӯ машғул шавед. Ин шармандагии ба сари хонадонамон омадаро чандин моҳ инҷониб пушида медорем. Мабодо сир ошкор шавад, дар тамоми шахру деҳот аслу насаби моро хандахариш хоҳанд кард.
Ибни Сино табиби муолиҷакунандаи беморро назди худ хонд. Дар бораи касалй муфассал ӯро пурсуков намуд. Хидматгоронро даъват карда, ҳамрохи онҳо ҳам суҳбат кард ва билохира гуфт:
- Назди беморатон рафта, ба вай бигуед, ки қассобро хабар кардем, зуд омада туро мекушад.
Ҳамхонагон омада тамоми гапро ба хӯҷаини савдой расонданд.
Бемор аз ин гуфта хурсанд шуда, фараҳмандона бонг мезад.
Ибни Сино сарулибоси бехтарини худро пушида, ду нафар хидматгорашро ҷеғ зад ва тарафи ҳавлии бемор равона гардид.
Хона даромада, корди калонеро ба даст гирифт ва бо овози ғуррй фарёд зад:
- Гови куштанй дар куҷост?! Ба ҳавлй бароред, онро ман дар ҳамон ҷой мекушам!
Бемор инро шунида, аз пешгохи хона наъра баровард.
- Ресмон оварда, дасту пойи говро бандед! – калонгирона фармон доданро давом медод Ибни Сино. – Ҳамаро мувофики коида анҷом диҳед!
- Ман худам! Ман худам! – бонг мезад бемор.
Ҳатто бемор аз хурсандй ба пой бархост. Агарчи ду рузи охир тамоман аз ҷояш наҷунбида буд, ри ҳавлй баромад ва якпахлу дароз кашид.
Ибни Сино назди вай омада нишаст ва кордеро ба корди дигаре соидан гирифт. Сонй пахлуҳои беморро даст-даст карда дид. Баъд аз ҷояш бархоста гуфт:
- Ин говатон аз ҳад лоғар аст, алҳол ба куштан намеарзад! Чанд рузи дигар парваришаш кунед, ки фарбех, шавад, он гоҳ омада мекушам!
Бемор саросемавор аз чояш бархест. Аз ғояти гуруснагй сусту бемадор шуда буд, ҳар сӯ мекалавид.
- Мефахмй, гов, – гуфт Ибни Сино, – агар дурустакак хурок хурй, туро мекушам, агар гурусна гардй, аз ту фоидае нест! Он гоҳ гӯшти туро касе намехурад!
Худи ҳамон рӯз амакзодаи савдоии амир ба хурокхурй даромад. Абуалй фармуд, ки ба таомаш дорувориҳои махсус илова кунанд.
Бемор охиста-охиста сихдат мешуд.
Абуалй фармуд, ки ягон хидматгор ба бемор аз васвасаи ӯ ёдовар нашавад.
Бемор муттасил фарбеҳтар шуда, камтар бонг мезад.
Рузе субвдам аз хоб бедор шуда, хидматгорро ҷеғ зад:
-Ман имшаб хоби ғалатие дидам: гӯё, ман худамро гов пиндошта бошам…
- Ҳақиқатан, хоби аҷиб, тақсир! – чавобаш дод хидматгор.
- Ман ҳатто тарсидам: мабодо аз хоб бедор шаваму ба ростй худро дар сурати гов бибинам! Аммо, ба Худо шукр, ки бедор шуда, худро дар сурати инсон дидам!
Касалй бебозгашт аз миён рафт.
Як вақтҳо Ибни Сино котиби «ал-Мухтасар-ул- авосит»-ро дар мантиқ гуфтаву Чурҷонй навишта гирифта буд. Нусхае аз ин асар ба шаҳри Шероз афтод.
Донишмандони Шероз онро муддати мадиде омухтанд. Аммо баъзе ҷоҳояшро фахмида натавонистанд.
Онҳо ба Ибни Сино номае навишта, суолҳояшонро дар авроқи алохида ҷо доданд. Шумораи варавдои суолнома ба даҳ мерасид.
Шабе дар ҳалқаи шогирдон Ибни Сино машғули суҳбат буд, ки дар ҳамин лаҳза фиристода даромад. Фиристода ба ӯ нома ва лифофаи ғафси саволномаро супурд.
- Пагоҳ саҳарй ман рафтанй будам, – гуфт қосид, – аммо Шумо ҷавоби саволномаро дар муддати ду-се рӯз навиштанй бошед, интизор мешавам…
Ибни Сино фиристодаро ҷавоб дода, суҳбаташро ҳамрохи шогирдон идома медод ва, баробари ин, саволномаро ҳам аз назар мегузаронд.
Баъди намози хуфтан Чурҷонй барои устод тақрибан иборат аз панҷоҳ варақ бандчаи коғаз овард.
Ибни Сино шамъ афрухта, ба навиштани ҷавоб ооз намуд. Дар он хона Чурҷониву Махмуд ҳам менишастанд. Онҳо дар аввал байни худ паст-паст гап зада, сонй хоб рафтанд. Ибни Сино навиштанашро давом медод.
Субҳи бармаҳал касе дари Чурчониро куфт.
у хидматгори Ибни Сино буд.
- Шайх мефармоянд, ки зуд ба наздашон равед.
Чурчонй даромадан замон бидид, ки ҳамаи оазҳо аллакай аз хатти резаи устод пур шудаанд.
- Рисолаи комиле шудааст, – гуфт устод хиҷолатмандона. – Барои он ки фиристодаро муаттал насозам, қарор додам, ки ба ҳамаи саволҳо якбора чавоб гардонам. Уламои Шероз ҳам чашмбарроҳанд.
Вакте ки Чурчонй рисоларо пеши фиристода бурд, ӯ тамоман мутаҳаййир гардид.
Фиристода ба Шероз баргашта, воқеаи мазкурро чандин вакт дар миёни уламо хикоя мекард.
«ал-Қонун фй-т-тиб» ба анҷом расонида шуда буд.
Панҷ ҷилди мухташами он дар хонаи Ибни Сино мехуфт. Ин китобҳо тамоми донишҳои тиббии андухтаи инсониятро фаро мегирифтанд. Онҳо дар рӯзҳои сахту душвор, дар давраи ҳаёти кашшоконаву гуруснагиҳои корвонсарой эҷод шуда буданд. Онҳоро дар хонаҳои ёру дӯстонаш офарида истода, Ибни Сино ҳар садои кӯчаро ботааммук истимоъ менамуд, ки мабодо аз паси ӯ наомада бошанд.
Ана, китоби аввал махсуси назарияи илми тиб буда, доир ба колбадшиносй, ташхис, ташреҳ ва чаррохия баҳс мекунад. Дар давоми китоби нахуст, инчунин, хосияти бемориҳои шадиду музмин аз назар гузаронида, роҳу воситаҳои табобаташон баён карда шудааст.
Дар китоби дувум усули тайёр кардани дорувориҳои одй нишон дода шудааст. Маълум мешавад, ки реша ва пстлохи ҳар гиёху дарахте барои табобати бемориҳои инсон шифобахш будааст. Рустаниҳо дар гирду атроф фаровонанд, аммо мардум хосиятҳои давобахшу фоидаманди онҳоро намедонанд.
«Агар марҳами шалғами ангабиномехтаро гузоранд, он захми хабисро даво мебахшад, тухми он бо сирко захмҳои фосидро тамоман баҳам меорад» – чунин мегуяд Ибни Сино дар китоби дувуми «Қонун» оид ба шалғами оди. – «Агар каждум шахси шаламхурдаро неш занад, ба он одам осебе намерасад».
Ва ё: «Агар ҳулбуро бо шароб омехта, то дами заҳролудшави хурда бошанд, он таъсири заҳрҳои марговарро ҳам мегардонад».
Дар китоби дувуми «Кнун» Ибни Сино тақрибан ҳаштсад хел дорувориҳои айримураккабро тасвир намудааст.
Китобҳои савуму чорум касаливу бемориҳои тамоми узвҳои бадани инсонро аз нохуни пой то муйи сар муфассалан таҳқиқу тадқиқ менамоянд. Сару мағзу аъсоб, чашму гӯшу гулуву димоғ, дандону шушу дил, сурхрудаву меъда, рудаҳову ҷигару талха, гурдаву обдон – дар бораи ин ҳама Ибни Сино маълумоти батафсил дода, роҳҳои табобату усули ҷарроҳии ононро ном бурдааст. Дар боби тарзи табобату илоҷи шикастаи косахонаи сар, бини, ҷоғ, охураки гардану дандаҳо низ Ибни Сино дар «Қонун» маълумот додааст.
Дар китоби панҷум ӯ доруҳои мураккабро ба тасвир овардааст, ки таркибашон то бистуҳафт номгӯй маводро дар бар гирифта метавонад.
«Ин доруро Чолинус истифода бурдааст, – аксаран менависад Ибни Сино. – Инаш – доруи машҳури ҳиндӣ, лекин инаш ихтирои худи мост».
Донишмандону табибон аз хондани ҷузвҳои «Қонун», ки тавассути Чурҷони навишта гирифтаву бо дасти хушнависон нусхабардори шуда буданд, дар таҳаййюру тааҷҷуб меафтоданд, зеро дар ҳар саҳифаи китобҳо ба ягон чизи наву тоза ва то ҳанӯз дар олами фарҳангу хирад номаълуму номакшуф вомехурданд.
Ибни Сино намедонист, ки зиёда аз штсад сол мегузараду танҳо баъди он Пастер фарзияи ӯро доир ба барангезандагони ноаёни бемориҳо – вирусҳо, ки нафакат дар об, балки дар ҳаво ҳам вучуд доранд, тасдик менамояд.
Ибни Сино доир ба набз чунон таълимоте офарид, ки то ҳол бар он чизе илова кардан душвор аст.
Дар «Кнн» дар бобати тарбияи ҳамаҷонибаи кудак ва одами накукор, окил, ҳунарманд ва солим ба камол расидани он ҳам ғамхорй зохир намудааст.
Ибни Сино нахустин шуда сабабу аломат ва усулҳои табобати чунин касалиҳои хавфнокеро, монанди сарсом ва мараз, зотулҷанб ва захми меъда ба таҳқиқ оварда буд. у нахустин касест, ки тоунро аз вабо чудо карда, касалиҳои махав, зарпарвин ва сиёххмро шарху тавзеҳ додааст.
Дар ҷаҳон аввалин шуда сохти мушакҳои чашмро нишон додааст. То замони Ибни Сино бисёриҳо, ҳатто донишмандони бузург, чунин мехисобиданд, ки чашм монанди фонусаке нур мебарорад ва ин анвори махсус дар ашё инъикос ёфта, бармегарданд ва сурати онро зохир мекунанд.
Ибни Сино намедонист, ки «Қонун»-и ӯ ба зудй комуси тибби тамоми мамлакатҳои олам мегардад, дар Аврупо аз ри он духтуронро дарс медиҳанд. Гумон надошт, ки шифокору гиёхшиносони Руси Кадим ҳам ӯро бо номи «Ависен» ёдовар шуда, беморонро мувофиқи дорухати ӯ муолиҷа мекунанд.
Ибни Синоро мисли пештара лозим меомад, ки баъзан аз машғулияти илмй дур шавад. Ҳоло банди таълифи китоби нав – «Китоб-ул-инсоф» буд.
Амир Алоуддавла лашкаркашиву кишварситониро дуст медошт. Алҳол бахташ омад мекард.
Вай Ибни Синоро ҳам ба юришҳо ҳатман ҳамроҳаш мегирифт. Ибни Сино табиб ва мушовири асосии ӯ буд. Маслиҳатҳояш аксар вакт иҷро нашаванд ҳам, боке надошт. Аммо ҳатто дар Бағдод маълум буд, ки маслиҳатгари амир Алоуддавла худи Ибни Синост.
Алоуддавла хушҳолу каноатманд буд, зеро Ибни Сино комуси нави фалсафии худ – «Донишнома»-ро ба ӯ бахшид. Ниҳоят, Алоуддавла ҳам фалсафаро сарфаҳм мерафтагй шуд.
Дар ин асар андешаҳои ҳакимона чунон содаву фаҳмо баён ёфтаанд, ки ҳатто косиби чаласавод ҳам онҳоро фаҳмида метавонад.
Шабе дар ҳузури Алоуддавла дар бораи зараре, ки тақвимҳои нодақиқу кайҳо куҳнашуда меоранд, касе сухан ронд.
- Мо Шайхурраис дорем, – овоз баровард амир, – он кас тақвими наве мураттаб хоҳанд сохт.
- Барои ин асбоби махсусе лозиманд, – гуфт Ибни Сино. – Ситораҳоро ҳам дурудароз мушоҳида намудан даркор мешавад.
- Боке надорад, ман хароҷотпулиро медиҳам. Бе ин ҳам, мегуянд, ки шабҳо намехобед. Ана, ситораҳоро нигаристан гиред!
Ибни Сино худ накшаи лавозимоту асбоби даркории нуҷумро кашид.
Чурчонй устоҳои ҳунармандро ба шарту байъ овард ва лавозимот зуд омода шуданд. Барои он ки лавозимот дақиктар кор кунанд, Ибни Сино дастгоҳе махсус ихтироъ намуд.
Танҳо баъди панҷсад соли вафоти ӯ ҳамон дастгоҳро соли 1542 донишманди портуғолй Педро Нуниетс (ба русй Нониус) аз нав кашф мекунад. Ва аз ҳамон дам инҷониб дастгоҳро нониус меноманд.
Ҳангоми ченкуниҳои дакики бисёре тамоми муҳандисон аз ин дастгоҳ истифода мебаранд.
Амир Алоуддавла Абумансур ном дусте дошт.
Абумансур танҳо ду шуғли писандида дошт: шикор ва забони арабй. Вай олими забардасти соҳаи забони арабй ҳисобида мешуд.
Боре се нафар: Ибни Сино, амир ва Абумансур ҳамроҳ менишастанд. Риштаи ҳар гуна суҳбатро Абумансур ё ба тарафи шикор, ё ба тарафи забони араби мекашид. Алҳол онҳо дар боби забон сухан меронданд.
Ба назари Ибни Сино чунин расид, ки Абумансур алате содир кард, аз ин рӯ, алаташро ислоҳ намуд.
Абумансур ҷониби Ибни Сино нигаристу иричашмдошт пурсид:
- Шумо, охир, ба назарам, тоҷик ҳастед?
- Бале, ман тоҷик ҳастам, – ҷавоб дод Ибни Сино.
- Шумо, албатта, файласуфи тавоно, марди окилу табиби доно ҳастед, аммо забони арабиро хуб намедонед, барои ҳамин дафъаи дигар аз пайи ислохи ман нашавед.
Ибни Сино карор дод, ки Абумансурро мазоҳ кунад.
Аз шахрҳои гуногун нусхаи чандин асарҳои беҳтарини доир ба забони арабиро ҷамъ овард ва дар муддати се сол арабиро бо тамоми дақоқаташ омухт.
Сипас се достон эҷод кард. Ҳар як достон аз калимаҳои нодиру камистеъмоли араби таркиб ёфта буд. Ҳеҷ яки онҳо ба ҳамдигар монанди надоштанд, зеро ҳар сеи достонҳо дар пайравии сабки се адиби машхури сохибуслуб офарида шуда буданд.
Ибни Сино фармуд, ки ҳар сеи достонҳоро дар муковаи кухнаю фарсудае муковабандй кунанд. Баъд амирро ҳам барои дар ин ҳазлбози ширкат варзидан рози намуд.
Шомгоҳе амир китоби куҳнаю фарсудаеро ба дасташ гирифта, ҷониби Абумансур дароз карду гуфт:
- Мо имруз ин китобро дар вакти шикор ёфтем. Кани, бибинед, кадру кимате дорад, ё партоемаш…
Абумансур муддати мадиде машғули омузиши ин китоб гардид.
- Ман на ҳамаи онро фахмидам, – ҷавоб дод оқибат донишманди маъруфи забони араби. – Баъзе калимаҳоро пештар фаҳмида бошам ҳам, ҳоло маънояшонро фаромуш кардаам. Китобро ягон нависандаи машҳуре навиштааст – инашро ман якин мегуям.
Амир худдори карда натавонисту хандаро сар дод:
- Нависандаи машҳур дар рӯбаруятон нишастааст!
Баъди чанде Ибни Сино достони «Урҷуза»-р0 таълиф намуд. «Урчуза» ба тарзи махсусе навишта шудааст. Каҳрамони он илми тиб, тамоми донишҳои тибби буданд. «Вай аз гуфтори сода ва ашъори фаҳмо тартиб дода шудааст, то фаҳмиданаш душворие пеш наоварад», – навишта буд Ибни Сино дар мукаддима. – Аз руйи ин достон ҳатто талабаи мадраса илми тибро омухта метавонад».
Ба зуди «Урҷуза»-р0 ба забони лотини тарҷума карданд. Баъд онро дар бисёр мамлакатҳои дунё интишор доданд.
Достонро 600 соли расо дар бисёр донишкадаҳои тибби меомухтанд.
Достон аз шеърҳои пуртаровату ҷаззоб иборат мебошад. Сароози он ба забони наср такрибан чунин садо медиҳад:
«Шоирон шаҳзодаи баҳру баранд; табибон ҳокими кишвари бадананд. Таровати баёни нахустин номбурдашудагон рӯҳро менавозад; фидокории мутааххирин бемориҳоро шифо мебахшад.
Достон кулли масъалаҳои назариву амалии тибро фаро мегирад. Ва ман тамоми донишҳои доир ба ин соҳаи илм ҷамъовардаи худро дар он тавассути шеърҳо баён доштаам.
Мафҳуми калимаи «тиб».
Тиб муҳофизати саломати ва табобати бемориҳост…»
Дар баробари «Урҷуза», Ибни Сино доир ба забоншиноси ҳам китобе таълиф намуд, ки «Лисон-ул- араб» номида мешуд. Муосиронаш мегуфтанд, ки назири чунин китоберо дар соҳаи забон то ҳол касе наофаридааст.
Ибни Сино муддати дарозе ба нусхабардории асари мазкур пардохта натавонист. Чурҷонй ҳам ба китобати бист ҷилди «Китоб-ул-инсоф» банд буд.
«Лисон-ул-араб», ҳамин тарика, дар шакли мусаввада боки монд. Баъди вафоти Ибни Сино, зоҳиран, китоб нобуд шудааст. Ва ё, шояд, то ҳол дар ягон китобхонаи мусулмонй миёни дастнависҳои дигари омухтанашуда маҳфуз дошта шавад.
Дар бораи Ибни Сино чунин ривояте ҳаст.
Воқеа дар айёме рух додааст, ки шухрати вай аксари кишварҳои оламро фаро гирифта буд.
Лекин Ибни Сино аз пайи шухрат намедавид. Тамоми умр одамони дардмандро табобат мекард, вале шуморашон кам намешуд. Уро ба шахрҳо даъват мекарданд, барои ба деҳаҳо рафтан илтимосу илтиҷо менамуданд.
Дар сари роҳи ӯ деҳаҳои бисёре буданд ва барои дида баромадани ҳамаи беморон фурсат намеёфт. Аз ин ру пешниҳод кард: «Бигзор ҳар як бемори деҳа ба дасти худ ресмончае гирифта, аз як нӯгаш дошта истад, нги дигарашро ман ба даст мегирам. Ва аз ри кашишу ҳарорату ларзиши ресмон касалии шахси ресмонбадастро муайян мекунам».
Дар яке аз деҳаҳо зани маккораву шухе мезист. у касалие надошта бошад ҳам, дараҷаи эҳсосоту зиракии Ибни Синоро санҷидан мехост. Аз ин рӯ, гурбаи ба карибй сабукшудаеро дар бағалаш пинҳон кард ва як нги ресмончаро ба пойи он баста, нги дигарашро ба Ибни Сино дароз намуд.
- Истед, ҳозир мо табиби зӯр будан ё набудани ӯро мефахмем… – пичирросзанону хандакунон мегуфт он занак ба ҳамсояҳо.
Ибни Сино касалиҳои беморонро як-як номбар карда, ниҳоят ба занаки пишакдор наздик омад. Сонияе ба ҳайрат афтода, ресмончаро бори дигар даст зада санҷиду гуфт:
- Ин бемор панҷ рӯз пеш ҳафт гурбача таваллуд кардааст. Барои ҳамин, хеле харобу лоғар шудааст, зудтар ӯро шир додан лозим! Барояш ҳеҷ доруи дигаре даркор нест!
Соли 1082 Саййидаи ҳокими Рай аз олам даргузашт.
Лашкариёни Султон Маҳмуд ҳамон лаҳза шаҳрро бо тамоми амлоки гирду атрофаш зери тасарруф дароварданд.
Писари султон Маҳмуд – Масъуд волии Рай таъйин гардид.
- Мабодо ба ҷанги зидди мо лашкар накашад, – гуфт Алоуддавла. – Ман қарор додам, ки барои ӯ туҳфаҳои гаронбаҳо фиристам.
Туҳфаҳо кумак расонданд. Ду соли расо сулҳ барқарор истод.
Султон Маҳмуд акнун пир шуда буд. Писаронаш марги ӯро мепоиданд, то ҳарчи зудтар соҳиби тахту тоҷи падар гарданд.
Боре, ҳангоми танҳоӣ, амир Алоуддавла тасвиреро ба Ибни Сино нишон дод. Ин тасвирро бист сол пештар Аррок кашида буд. Аз он ба тарафи Ибни Синои муйсафед Ибни Синои ҷавон менигарист…
Алоуддавла якбора ғарами ахбору шикоятномаҳоеро низ, ки дар давоми чандин сол имому хатибу козиҳо аз болояш навишта буданд, ба ӯ нишон дод. «Дар асарҳои худ Ибни Сино асосҳои китоби муқаддасро зери шубҳа мегузорад», – менавиштанд хатибон. «Осори зараровари Ибни Синоро ҳатман оташ зада, худашро ё ба зиндон партофтан ва ё бетаваккуф аз хоки мамлакат берун рондан лозим аст!» – талаб менамуданд козиён.
– Вале ман мунтазам ба масҷид меравам, панҷ вакт намозамро таҳ намекунам, – кӯшиши дар чашми амир худсафедкуни намуд Ибни Сино.
– Мову шумо хуб медонем, ки боимонтарини мусулмонон ҳастед! Аммо, сад афсус, ки онҳо инро пай намебаранд! – чашмонашро айёрона нимроғ карда гуфт Амир Алоуддавла.
Танҳо ҳамин вакт Ибни Сино ба хуби фаҳмид, ки дар тули ин солҳо амир муттакову пуштибони сахти ӯ будааст.
Баъди гузаштани ду сол лашкариёни Масъуд ногаҳон дар остонаи Исфаҳон пайдо шуданд.
Эхтимол, Масъуд инъомҳоро кабул кардаву ваъдаи сулҳ дода, макру фиреб ба кор бурда бошад.
Моҳи фарвардин буд. Сабзаҳои гирду атроф ҳанӯз тару тоза буданд. Себзорон аз гул фуромада буданд. Ёсуман шукуфта буд…
Сокинон саросема аз шаҳр баромада мерафтанд, зеро хавфи дар ҳар лаҳза зада даромадани сипоҳиёни Масъуд тавдид менамуд. Фурсати ғами чизу чораро хурдан набуд.
– Устод, «Китоб-ул-инсоф»-ро чи кор кунам?! Дар айни ҳол нусхабардории ҷилди охиринашро ҳам анҷом додам. Мумкин аст онро дар ягон ҷойи бехатари руйи ҳавлӣ гӯр кунам?!
Ҳамин вакт аз чаҳои наздик садои доду фарёд ва суми аспон ба гӯш расиданд.
Онҳо базур фурсати савори аспҳо шудан ва аз таъкиб халосиро ёфтанд.
-Ман истода, барои пеши роҳи саворагонро гирифтан муҳориба кардани будам, – гуфт Махмуд, вакте ки ҳамаи онҳо якҷоя ба қалъае, ки дар он амир паноҳ оварда буд, наздик мешуданд.
Амир Алоуддавла дар масофаи такрибан ду фарсанг дуртар аз шахр паноҳ мебурд.
– Ба ман бигуед, – мепурсид вай аз Ибни Сино, – наход ҳамаи накшаву ниятҳо барбод рафта бошанд?! Наход ман давлату сарватамро аз даст дода бошам?! Наход фарзандони ман овораи кӯчаву бозорҳо шаванд?!
– Ман кӯшиш мекунам, ки ба номи Масъуд номае нависам, – изҳор намуд Ибни Сино. – Медонам, ки солҳои охир муносибати ӯ бо падараш, бо Султон Махмуд чандон хуб нест. Шояд аз худпарастии Масъуд фоидае ба даст оварем…
Ибни Сино барои хатнависи рафт.
Ногаҳон ӯро кафо бархонданд.
– Хабари муҳим, – гуфт Алоуддавла. – Худи ҳозир ҷосуси ман расида омад, кани бифаҳмем, ӯ чи мегуяд!
– Имруз Масъуд аз номи аммаи худ, аз хоҳари султон, мактуби махфи ва таъҷилие гирифт. -Чосус ба накли нома даромад. – «Давлатпанохи мо – Султон Махмуд намози дигари рузи паншнбе, ҳафт рӯз пеш аз анҷоми мохи рабеъулохир, Худо имонашон диҳад, вафот карданд ва саодати бандагонашон анҷом пазируфт. Мо ҳамрохи тамоми ахли ҳарам дар Калъаи Ғазнин ҳастем ва баъди пагоҳ ҷанозаи эшонро хабар хоҳем кард…»
– Аз афташ, халоси ёфтем, – гуфт Ибни Сино, – зеро ҳозир на фикри юриши Бағдод ба сари Масъуд меояду на хаёли ситондани хукумати шахри мо!
– Чаро ин тавр гумон доред?! – пурсид амир.
– Масъуд писари калонии султон аст. Аз ин рӯ, ҳукумат ба дасти ӯ бояд гузарад. Аммо султон тахту точро ба писари мобайни – Муҳаммад васият кардааст. Муҳаммад сари тахт менишинад, он гох, Масъуд барои кашида гирифтани тахту тоҷ мекушад. Барои ҳамин, ман рафта мактубамро аз нав менависам!
Тамоми вокеаҳо мувофики пешбинии Ибни Сино ҷараён меёфтанд.
Баъди чанд рӯз аз ҷониби Масъуд расуле омад.
Расул эълом дод, ки Масъуд аморати Исфаҳонро бар увдаи Алоуддавла боки мегузорад. Факат бигзор Алоуддавла ҳар сол андоз биспорад…
Масъуд барои Алоуддавла хилъати фохира ва коғази фармон ҳам фиристода буд.
– Масъуд дар Ғазна гирифториҳои муҳимме дорад. Барои ҳамин ӯ ҳамрохи тамоми сипохиён он ҷой бармегардад, – чунин хабар медод расул.
-Номаи Шумо ҳокимиятро ба дасти ман баргардонд, – дар роҳ такроран ба Ибни Сино мегуфт амири руҳбаландгардида.
Ибни Сино танҳо ба хона баргашт.
Хона холи буд.
Мутаҳаййирона девору фарши урёни хонаро аз назар мегузаронд.
Маълум аст, ки қолинҳо ба касе даркор шудаанд.
Инаш ҳам маълум аст, ки касе бурдани асбобу анҷоми рузгорро ихтиёр кардааст.
Одамони Масъуд ҳатто давотро ҳамрохи худ бурдаанд!
Ин ҳама ислохпазиранд.
Аммо оратгарон тамоми бист ҷилди «Китоб-ул- инсоф»-ро ҳам бо худ бурдаанд! Ҳамон китоберо, ки Ибни Сино баъди «Қонун» ба таълифаш пардохта буд!
Андешаи таълифи китобро солиёни дарозе дар дил мепарварид!
Китоб айбномае буд ба тамоми фалсафаи Шарку Ғарб, ба тамоми қонуну коидаҳои ҳаёти зулмониву шадид!
Ана, боз, гуё, баркасд, зиндаги бори дигар беадолатии худро нисбат ба Ибни Сино нишон дод! Маҳз ана ҳамин асар – «Китоб-ул-инсоф» абади аз миён рафт!
Ибни Сино бар руйи фарши сард нишаста монд.
Ба назараш аз ҳад зиёд бекасу танҳо намуд. Дастҳояш ҳам аз оти хастаги суст шуданд! Ана, пойҳояш низ қат шуданд!
Гирдогирдаш холи. Худаш танҳову атрофаш холи.
Осори серҷилдаи худро барои чи ва барои ки навиштааст?! Онҳоро ки мехонад?! Охир, адади одамони босаводи бадбахти шахр аз сад зиёд нест!
Бар илова, ҳокиме, саркардаи сипоҳиёни ҳарисе меояду ҳамин чанд олимро ба зиндон меандозад, аз хонаҳояшон меронад! Китобҳо сухта нобуд мешаванд!
Дар боби кудрати маърифат, аз хусуси тантанаи аклу хирад одамон баҳсҳои беҳадду каноре мекунанд. Аммо ҳозир, ана, зуру тавонои дар сурати зулму истибдод арзи ҳастӣ менамояд! На аклу хирад, балки ҷаҳолат, чаҳолати мураккабу шарире тантана дорад!
Замоне фаро мерасида бошад, ки олимон ҳам одамони мухимму даркори гарданд?! Бале, ҳамон замоне, ки ҳокиму амирон на мувофики иродаи вахшиёнаи худ, балки мувофики нишондоди илму дониш амал кунанд! Он гох,, бидуни ҳама гуна ҷангу хунрези, забту кушокуши тамоми дунё дар як давлати вохиду умумиву адолатманде муттахид хоҳад шуд!
Ба ҳар ҳол, аз ҷой хестан даркор… Охир, пагоҳ шогирдон ин ҷой меоянд. Дар бораи манфиати илму фарҳанг барои онҳо чизе гуфтан лозим мешавад!
Солҳои охир ахволи саломатии Ибни Сино бад шуда буд.
Як вактҳо доир ба кулинҷ асаре таълиф карда буд.
Акнун худ аз дасти ин касали менолид!
Ибни Сино то дами ба хузури Алоуддавла, ки дар юриш буд, даъват шуданаш худро бомуваффакият табобат мекард.
Табибе, ки мутобики дорухати Ибни Сино дорувори тайёр мекард, ба маъҷуни давои нисбат ба андозаи мукарраргардида панҷ маротиба зиёдтар тухми карафс андохта буд. Эхтимол, ӯ ғофил, бе ягон максади баде чунин карда бошад. Лекин аз таъсири чунин дору захми меъдаву рӯдаҳо, ки аллакай баҳам омада истода буданд, аз нав кушодаву калонтар шуданд.
Дар бари Ибни Сино ягон одами шиносу наздик ва ё дусту рафике ҳузур надошт.
Ҷурҷонӣ, ки ба ҳар василае устодашро муҳофизату нигаҳбонӣ менамуд, дар Исфаҳон монда буд.
Ибни Сино амир Алоуддавларо дар роҳи миёни Исфаҳону Ҳамадон дарёб намуд. у сусту заиф шуда буд. Аз ин рӯ, дар болои тахти равоне бардошта мебурдандаш.
Вай дигар доруворӣ истеъмол намекард.
«Мудаббири бадани ман аз тадбир бозмондааст, дигар аз муолиҷа фоидае нест», – мегуфт ӯ худ ба худ.
Марди нимшиносе васиятномаи ӯро навишта гирифт. Ибни Сино васият мекард, ки тамоми молу мулкашро ба факиру бенавоён таксим, ғуломонро озод кунан.д.
у бо фаҳму фаросату шуури комиле ҷон дод.
Эҳтимол, дар лаҳзаҳои вопасини зиндагӣ нияту орзуҳои ҷавониашро ба хотир оварда буд, ки ногаҳон чашмонашро кушод ва талх хандиду гуфт:
Аз қаъри гили сиёх, то авҷи Зухал
Кардам хама мушкилоти гетиро хал;
Берун ҷастам зи кайди хар макру хиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал!
Ин суханони охирини ӯ буданд.
18-уми июни соли 1037 Ибни Сино вафот кард.
Дар бораи соатҳои вопасини рӯзгори ӯ чунин ривояте даргард аст.
Ҳакими бузург фарорасии рӯзҳои вопасини ҳаёташро ҳис карда, доди аҷалро додан хост.
Рузону шабон ва солиёни зиёде беҳуда хосияти рустаниҳо ва сирру асрори дорувориҳоро наомухта буд.
у муддати мадиде барҳаёт монда, бар болои марг ғалаба кардан мехост.
Қуввати дастони бемадорашро ҷамъ оварда, чиҳил навъ дорувории мухталифа тайёр намуд ва дорувориҳоро ба чиҳил зарфи ҳархела рехт. Ба зарфҳо шумора гузошт.
Сони шогирди вафодортаринашро ба назди худ хонд:
- Гуфтаҳои маро бодиккат гӯш деҳ! – гуфт ӯ ба шогирд. – Қуввату мадори ман рафтааст ва, мумкин аст, пагоҳ аз ҳуш биравам. Аммо, ба шарте ки ту ҳамаи чиҳил навъ дорувориро мувофики тартиби мегуфтаам истифода бари, ман намемирам!
Сипас он тартибро баён намудан гирифт.
Доруи нахустин барои ба даҳон рехтан пешбини мешуд.
Бо доруи дувум сари сина, савум – тахтапушт, чаҳорум – пойҳоро молиш дода, панҷумро боз ба даҳон андохтан лозим меомад.
Ҳамин тартиб то доруи чиҳилумин идома бояд меёфт.
Рузи дигар Шайхурраис аз ҳуш рафт.
Дар пеши назари шогирд акнун тани беҷони пирамарди заифу наҳифе мехуфт. Пусти дастони хушку бемадор ва рухсораҳояш ба устухон часпида, танҳо пешонии фарох аз асрори амики фикру акли Ибни Сино гувоҳӣ медод…
Шогирд дар зери ҳаяҷони тамоме зарфи нахустини дорудорро ба даст гирифт.
Сони зарфҳои дувуму савуму чорумро ҳам истифода бурд. Ҳама корро мувофики дастури устод анҷом медод.
Зарфҳои даҳум, бистум, сивумро ҳам гирифт.
Оҳиста-оҳиста пайкари бемадори пирамард ба пайкари гул-гулшукуфони ҷавонмарде мубаддал мегардид. Аллакай даму нафас пайдо шуда, рухсораҳо лолавор мешукуфтанд.
Акнун дар назди шогирд ҷавонмарди пуркуввати зебое бо тамоми муҳассанот ва киёфаи хирадмандонае мехуфт.
Танҳо доруи чиҳилумин боки монда буд.
Доруи охирин мебоист он ҳаётеро, ки ҳамаи сиву нуҳ дорувории пешина дар тани Ибни Сино дамонда буданд, устувору баркарор созад.
Доруи вопасинро нушида, бояд устод чашмашро мекушод, нафаси чукуре мекашид, табассум мекард ва аз ҷояш бармехост.
Вале шогирд аз ин муъҷизаи таири симо чунон моту мабҳут шуда буд, ки зарфи чиҳилумин аз дастони дар асари ҳайрату ҳаяҷон ларзидаистодааш афтоду чаппаруй гашт! Дору руйи хоку рег рехт, замин онро ҷабида гирифт…
Чими Ибни Синоро дар самти ҷануби Ҳамадон ба хок супурданд.
Солҳо мегузаштанд, садсолаҳо сипарй мегаштанд.
Дар доманаи Ҳамадон, дар соҳили чапи дарёи кӯҳй, дар миёнаи гуристони кайҳо партобиё девори баланди хиштине ҳотаякеро бо чанд сарве дар иҳотаи худ медошт. Дар он ҷо, дар ҳалқаи сарвҳо бинои хишти пухтасохте меистод.
Дар он ҷой, дар гирди мақбара, ҳар пагоҳй мардумони зиёде ҷамъ меомаданд. Дар миёни мардум уламои баркамол ва ҷавонони навакак ба ҳаёт воридгардида ҳам буданд. Бемороне ҳам буданд, ки ба шифо ёфтанашон аз эъҷози макбараи қадимй бовар доштанд.
Даруни макбараи тираву тор, руйи фарши бурёпуш, дар пойи тахтасанги ри кабр ҳамеша пирону муйсафедон менишастанд.
Асрҳои аср ин анъана давом мекард.
Дусад, чаҳорсад ва ҳафтсад сол ба ҳамин минвол мегузашт.
Ва ҳар гоҳе ягон мусофири аз роҳи мобайни Тиҳрону Бағдод гузаранда бипурсад:
- Дар ин ҷо кй мадфун аст?
Оромона ҷавобаш медоданд:
- Ин мақбараи ҳакими бузург ва инсони бузург Абуалй ибни Синост!
Соли 1952 Шурои Умумиҷаҳонии Сулҳ карор дод, ки ҳазорсолагии зодрузи Ибни Сино дар тамоми олам ботантана таҷлил карда шавад.
28-уми апрели соли 1954 дар шахри Ҳамадони Эрон муҷассамаи ёдгории Ибни Сино қоматафроз гардид. Дар расми кушоди ёдгорй ҳамроҳи олимони сершумори ҷаҳон ҳайати фиристодагони Иттиҳоди Шуравй низ иштирок дошт.
29-уми апрели соли 1954 ботантана мақбараи нави Ибни Сино.
Замоне рассом ва риёзидон Арроқ мувофики фармони Султон Махмуди Ғазнавй чихил тасвири Ибни Синоро кашида буд. Ин тасвирот ба шахрҳои мухталифа фиристода шуда буданд. Аммо ягонтои онҳо то замони мо маҳфуз намондааст.
Баъди ранҷу захматҳои вазнин ва ҷустуҷӯҳои тулонй, дар асоси бурҳону далелҳои муътамаду ҷиддии илмй, ба донишмандону рассомони шуравй муяссар гардид, ки тасвири Ибни Синоро барқарор созанд.