Главная / Маданият ва санъат / ФАРИДУДДИНИ АТТОР

ФАРИДУДДИНИ АТТОР

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як чаем.

Мавлонои Руми

Фаридаддин ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Аттор ибни Исҳоқи Нишопурй яке аз устодони машҳури ахлоқ ва намояндаи адабиёти аҳли тасаввуф буда, аз худ мероси сершумори тарбиявию ахлоқй боқй гузоштааст: нусхаи «Ихвон-ус-сафо», «Чоҳир-уз-зот», <<Мазоҳир-ул-аҷоиб», «Уштурнома», «Абирнома», «Асрорнома», «Мантиқ-ут- тайр», «Хусравнома», «Илоҳинома» «Мухторнома», «Шарҳ-ул-қалб», «Тазкират-ул-авлиё», «Мусибатнома», «Панднома», «Девони қасоиду ғазалиёт» ва чил рисолаи дигар.

Шумораи осори Атторро тазкиранависон аз 114 то 190 номгуй шумурдаанд. Муаллифи тазкираи «Рузи равшан» қайд мекунад, ки:

«умри Шайх 114 сол буда, ашъораш як лаку чиҳил ҳазор ба шумор омада…».1

Мусаннифи тазкираи «Наштари ишқ»2 мавқеи ҳаёти иҷтимоии ӯро ин тавр ба қалам додааст:

pur9rblnc00«Исми шарифи ӯ Хоҷа Фаридаддин бувад. Майкаши хумхонаи[1] [2] [3] [4] ҳақиқат аст ва бодануши майхонаи тариқат.4 Ғаввоси[5] баҳри маонист ва шиновари муҳити ирфонй[6]. Баҳра зи хори улум аст ва дарёи азими фуҳуми олами илми Раббонист, макбули даргоҳи яздонӣ. Шери бешаи таҳкик асту асади[7] найистони тадкик, орифи биллоҳи фано-фӣ- иллайҳӣ2; сари ҳалкаи авлиёи кибору сари силсилаи машоихи3 суфияи номдор бувад. Мавлуду маншояш Нишопур аст. Ба ду куният иштиҳор дошт: Абуҳомид ва Абубакр. Фаридаддин лакаби ӯст. Исми волиди моҷиддааш4 Муҳаммад бини Иброҳими Аттор аст. Дар санаи 513-ум дар аҳди Султон Санҷар кудуми5 саодати лузум ба маҳду6 ҷуд7 ниҳод. Бас рутбаи олӣ ва мартабаи софӣ дошт.

Таснифоти ӯ дастуруламали аҳли сулук аст, агарчи аз овони туфулият манзури назари тарбияти Кубиддини Садри Абдол бувад. Аммо ба сабаби дарвешӣ, ки накли он дар «Нафаҳот-ул-унс»8 маркум9 аст, тарки дукони атторӣ намуда, билкуллия10 машғул ба таҳсили улуми тасфияи[8] ботинӣ гардид ва хиркаи хилофат аз дасти Шайх Маҷидуддини Бағдодӣ ба бар кашид ва баъд аз усули дараҷаи камол ҳафт сол дар тадвин12 ва таълифи маколоти суфия ва аҳволи эшон гузаронид. Чунончи, абвоб13-ул-маонй асрори тавҳид14 чандон ки бар вай мафтуҳ15 шуд, ҳеҷ кас ба он пай набурда, каломи файзи илтиёми16 ҳодди1 соликони2 масолики3 тарикат аст.

Охираш, дар ҳангомаи[9] тохти Ҳалокухон ва фитрати[10] Чингизхон дар катли Нишопур муғуле… «аз он лашкар Атторро ба мактал[11] кашид. Шайх гуфт, ки кулохи намади бар сару шамшери мисри бар камар, барои тороҷу катл аз Туркистон омади ва медони, ки дар ин парда туро намешиносам…».[12] [13]

Муғул хост, ки Шайхро ба катл расонад. Шахсе пайдо шуд ва гуфт, ки ин касро макуш, ман ба ивази хуни ин ҳаждаҳ ҳазор дирҳам медиҳам.8

Шайх (ба муғул) гуфт:

  • Эй оқо, маро мафруш, ки кимати ман зиёда аз ин аст, баъд аз он чун андаке роҳ катъ намуд, шахси дигар пеш омаду гуфт, ки ин пирро макуш ва ба дасти ман бифруш, баҳои кимати вай як тубра[14] коҳ хоҳам дод.

Шайх гуфт:

  • Бифруш, ки беш аз ин намеарзам. Муғул ба кахр рафта, Шайхро ба 22-юми ҷимод-ул-охири санаи 627 шарбати шаҳодат чашонид.

[1] Тазкираи – «Рӯзи равшан» – аз таълифоти Мавлавй Муҳаммад Музаффар Ҳусайни Сабо, Теҳрон 1343, саҳ. 552. (КДР ба номи Фирдавсй, таҳти №5793).

[2] Тазкираи – «Наштари ишқ» – аз таснифоти Ҳусайнқулихони Азимободй, Душанбе, «Дониш», 1983, китоби 3 – юм, саҳ.971.

[3] Хумхона – шаробхона.

[4] Тариқат – роҳу равиш.

[5] Ғаввос – оббоз.

[6] Ирфон – маърифат.

[7] Асад – шер.

2 Орифи биллоҳи фано-фӣ-иллайҳӣ – донои мафтуншуда ба Худо.

3 Машоих – ҷамъи шайх.

4 Моҷидда – машҳур.

5 Кудум – омадан.

6 Маҳд – гаҳвора.

7 Ҷуд – фазилат.

8 «Нафаҳот-ул-унс» – асари Абдураҳмони Чомӣ.

9 Маркум – навишта.

10 Билкуллия – тамоман.

[8] Тасфия – тоза.

12 Тадвин – навиштани девон.

13 Абвоб – ҷамъи боб.

14 Тавҳид – эътикод.

15 Мафтуҳ – фатҳ.

16 Илтиём – васл.

1 Ҳод (д) и – бурро.

2 Солик – пайрав.

3 Масолик – чамъи маслак; роҳу равиш.

4 Ҳангома – чамъомада.

5 Фитрат – муҳориба.

6 Мактал – қатлгҳ.

7 Ҳамон – тазкираи «Рӯзи равшан».

8 Дирҳам – дирам; пули нукра.

9 Тӯбра – тӯрба.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222