Пас аз шикасти подшоҳи сосонӣ- Яздигурди III ва фирор ва кушта шудани ӯ ба Марв (654) солҳои 654 то 667 ҳуҷумҳои алоҳида ба Мовароуннаҳр оғоз гардид. Солҳои 673-674 қоиммақоми араб дар Хуросон Убайдуллоҳ ибн Зиёд ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, Рометан ва атрофи Бухороро тороҷу хароб намуд.
Ниҳоят ӯ ба муқобилияти сахти қувваҳои якҷояи туркҳо ва бухориён дучор омада, ба сулҳ бастан маҷбур гардид.
Лашкаркашии дуюм ба Бухоро соли 676 дар давраи қоиммақоми Хуросон Саид ибни Усмон сурат мегирад. Ин дафъа низ маликаи Бухоро ба ивази додани сесад ҳазор дирҳам ва ба гаравгон гузоштани як гурӯҳ ашрофзодагони ҷавони Бухоро бо арабҳо созиш мекунад. Баъдан ин ҷавонон Саид ибни Усмонро дар қароргоҳаш кушта, худро низ ба куштан медиҳанд.
Давраи аввали футуҳоти араб аз соли 644 то соли 704 тӯл мекашад. Дар ин байн мардуми бумии Осиёи Миёна бо дастгирии туркон дар чандин муҳорибаҳо қаҳрамонона ба муқобили аъроб ҷангида ватани худро дифоъ карданд
Давраи дуюми футуҳоти ҳадафноки Осиёи Миёна аз давраи қоиммақоми Хуросон таъин гардидани Қутайба ибни Муслим (с.705) оғоз мешавад. То ин давра ҷангҳои аъроб дар Осиёи Миёна хусусияти парокандаву номунтазам, бештар хусусияти тохту тозро доштанд.
Қутайба соли 705 ба Балх лашкар кашида, он маҳалҳое, ки аз итоати арабҳо сар кашида буданд аз нав ба итоат даровард.
Дар соли 706 ҳуҷуми қатъии Қутайба ба хоки Мовароуннаҳр оғоз мешавад. Ӯ пас аз дарёи Омӯро гузаштан ба шаҳри Пайкенд ҳуҷум овард. Муҳорибаи Пайкенд дар таърихи халқи тоҷик бузургтарин муҳорибаҳои қаҳрамононаву ҳамосавии суғдиён мебошад. Ҳар чанд дар ин муҳориба суғдиёни Пайкенд бо ёрии ҳамсояҳои худ бо шуҷоат ҷангида, сипоҳи Қутайбаро ба муҳосира мегиранд, вале ба Қутайба муяссар мешавад, ки бо макр байни ҳокимони маҳаллӣ нифоқ андозад ва бо ҳамин сабаб суғдиён шикаст мехӯранд. Аз рӯи баъзе дигар сарчашмаҳо баъди 10 моҳи муҳосира Пайкенд аз тарафи арабҳо фатҳ ва ғорат карда мешавад. Вале бо вуҷуди ин баъд аз ҳаракати Қутайба ба сӯи Бухоро ҳанӯз панҷ фарсах дур нарафта аҳолии Пайкенд шӯриш бардошта арабҳои дар он ҷо мондаро ба қатл расонидаанд. Қутайба дубора маҷбур мешавад, Пайкендро ишғол кунад. Ин бор онро тамоман ба харобазор мубаддал гардонида, ҳама мардонро кушта, зану кӯдаконро ба ғуломӣ мебарад.
Баъди пахши шӯриш ва катли омми шӯришгарони Пайкенд Қутайба ба Бухоро ҳуҷум карда, ба муқобилияти сахти суғдиён дар маҳалли Ромитан дучор гардид. Дар ин муҳорибаи шадид, ки туркони бодиянишин низ дар паҳлӯи суғдиён мардонавор меҷангиданд, қариб буд қушуни ба муҳосира афтодаи араб нобуд ва торумор шавад. Вале боз Қутайба роҳи фиребро пеш гирифта байни подшоҳи суғд ва туркон нифоқу ихтилоф андохт. Дар натиҷа ин сабаб шуд, ки суғдиён фурсатро аз даст доданд. Чун онҳо қатъӣ ва сареъ амал накарданд, ба Қутайба қувваҳои иловагӣ расиданд ва ӯ аз муҳосира бадар меояд. Вале чун дар ин ҷанг талафоти зиёде дода буд, аз нақшаи забти Мовароуннахр даст кашида ба Марв бармегардад.
Арабҳо дар хеҷ ҷой ба чунин муқовимати шадиде, ки дар Мовароуннаҳр диданд дучор нашуда буданд. Хулоса ҳуҷуми дуюми Қутайба соли 706 низ ба шикасти сахт рӯ ба рӯ мешавад. Ҳарчанд ӯ ин дафъа Ромитанро тасхир мекунад, дар ҷанг барои гирифтани Бухоро талафоти зиёде дода, ҳамон сол маҷбур мешавад, ки ба Хуросон ақибнишини кунад. Муқовимати Бухориён ҳокими Ироқ Ҳаҷҷоҷ ибн Юсуфро ба ғазаб меорад ва ӯ фармони бетаъхир гирифтани Бухороро содир мекунад.
Соли 709 боз Қутайба бо лашкари пуршумор ба Бухоро метозад. Ин дафъа низ ҳокими Бухоро Варданхудот суғдиёни Самарқанд ва туркони ҳамсояи бодиянишинро ба ёрӣ даъват карда, дар ин муҳорибаи хунин қаҳрамониҳо нишон медоданд. Қутайба маҷбур мешавад барои ҳавасманд ва шердил кардани ҷанговарони худ барои ҳар сари буридаи бухорӣ сад дирҳам ҷоиза муайян кунад. Дар қароргохи ӯ аз сари ҷанговарони Бухоро манори бузурге ба вуҷуд омад. Дар баробари ин Қутайба боз ҳам макру ҳиларо ба кор бурда, байни суғдиён ва туркон нифоқ андохта, ихшиди Суғд Тархунро маҷбур ба сулҳбастан мекунад. Дар натиҷаи ин кӯшиши аъроб муваффақ ба ишғоли Бухоро мешавад. Қутайба бо ихшиди Суғд Тархун қарордод баста, зимнан чанд нафарро аз ақрабои вай ба гаравгон мегирад.
Соли 710 Қутайба Шумон (водии Ҳисор ва Сурхандарё)-и саркашро аз нав ба хун оғушта намуда,ба итоати худ медарорад.
Дар таърихи халқи тоҷик мудофиаи Самарқанд аз ҳуҷуми аъроб яке аз барҷастатарин саҳифаи қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои таърихии суғдиён аст. Соли 711, ҳангоме ки Қутайба дар фикри забти Самарқанд буд, шоҳи Хоразм барои фурӯ нишондани исёни бародараш аз ӯ ёрӣ мепурсад. Баъди бо ёрии Қутайба фурӯ нишондани шӯриш, шоҳи Хоразм бо Қутайба аҳднома имзо намуда, хокимияти ӯро дар қаламрави давлати худ эътироф кард.
Қутайба баъд аз дастёбӣ ба ин муваффақияти сиёсӣ, соли 712 бо қувваи бузурги низомӣ, ки сипоҳи хоразмиёну бухориёнро низ дар бар дошта, ба Самарқанд ҳуҷум намуд. Сокинони шаҳр мардонавор бо шуҷоат қариб як моҳ тамоми шаҳрро мудофиъа мекарданд. Қутайба дар ин ҷанг ғайр аз қувваҳои ҳарбии чандин ҳазор нафара, 300 манҷаник ба кор бурд. Ниҳоят дар ин муҳорибаи нобаробар баъд аз тамом шудани захираҳои ҳарбӣ самарқандиён маҷбур шуданд аҳдномаи Қутайбаро бо шарту шароити вазнин имзо кунанд.
Баъд аз ин ҳодиса солҳои 713-714 Қутайба ба Хуҷанд, Чоч ва Фарғона юриш карда муваффақ шуд то сарҳади Қошғар пеш равад. Бо кушта шудани Қутайба марҳилаи дуюми истилои Осиёи Миёна ба поён мерасад.
Марҳилаи сеюм забткориҳои аъроб дар Осиёи Миёна марҳилаи пахши шӯришу исёнҳои зидди ҳокимияти онҳо ва заду хӯрдҳо дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистони имрӯзаро дар бар мегирад.
Солҳои 720-722 шӯриши суғдиёни Самарқанд ва атрофи он рух дод. Ҳарчанд ин наҳзати зидди арабӣ шикаст хӯрда бошад ҳам, мардум аз мубориза даст накашиданд. Фақат соли 725 дар давраи ҳокимияти қоиммақоми араб Асад ибни Абдуллоҳ забти Хатлон оғоз мешавад. Дар хуҷуми аввал Асад ибни Абдуллоҳ шармандавор шикаст хӯрда ба Балх ақибнишинӣ мекунад. Нақл аст,ки мардуми Балх дар ҳаққи вай ин суруди тамасхуромезро месурудаанд.
Аз Хутлон омдия,
Ба ру табоҳ омадия,
Обор боз омадия,
Хашан низор омадия.
Баъд аз ин шикаст танҳо пас аз даҳ сол (737) Асад ибни Абдуллоҳ ба Хатлон аз нав ҳуҷум мекунад. Баъд аз талафоти зиёде дар асари иштибоҳи тактикии хатлониён ва ҳампаймони онҳо хоқони турк аъроб аз торуморшавӣ наҷот ёфта, ин сарзаминро тасарруф мекунад. Вале ҳамзамон бо ин воқеа шӯришҳову наҳзатҳои зиддиарабӣ махз хамон солхо (736-737) дар Тахористон ва Суҷд аз нав авӣ мегирад. Инчунин солҳои 738-739 шӯришҳо дар Самарқанд, Чоч, Фароб ба вуҷуд меомаданд. Ин сарзамин яке аз беэътимодтарин гӯшаи хилофат ба шумор мерафт.