Фетишизм ( кал. французӣ «фетико» – тумор, сохта, маснӯъ), ҳамчун парастиши динӣ, эътиқоду боварӣ ба хусусияти онсӯитабии ё мовароуттабии ашё, чизҳои моддиро ифода мекунад. Одамони ибтидоӣ эҳтироме, наздик ба эҳтироми одамони баъдӣ ба муқаддасот, нисбат ба ашёи хосе қоил будаанд ва онҳоро дорои қувваи сеҳрнок мешуморидаанд, аз онҳо мададу ёрӣ мехостаанд.
Фетишҳо барои онҳо сангрезаҳо, харсангҳои ғайри оддӣ, устухонҳо, косахонаи сари одамон ё ҷонварон, чӯбҳои аҷиб, шохи гову гавазн ва умуман ҳама чиз шуда метавонист. Фетишҳо – ашёи дорои қувваи ғайбӣ, онсӯитабиӣ ҳамчун яке аз шаклҳои эътиқодҳои динии ибтидоӣ унсури мӯҳими динҳои табии будаанд ва ба динҳои баркамол низ дохил шудаанд..
Боқимондаи бовариҳои фетишистӣ дар тамоми динҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷой дорад. Масалан, ҳатто дар ислом, ки дар ибтидо ба муқобили маҳз ҳамин гуна бовариҳои динӣ-санампарастиву васанпарастӣ мубориза бурда буд мо боқимондаи фетишизмро дар шакли боварӣ ба туморҳо, бозубандҳо, «санги сиёҳ» ( ҳаҷарул- асвад)-ро мебинем, ки охирин дар ислом ҳамчун яке «шаъойир»*–и Оллоҳ аст.
Дар омӯзиши парастишҳои анимистӣ нақши диншиноси англис Э.Тэйлорд калон аст ва истилоҳи анимизмро низ аввалин бор ӯ ба диншиносӣ дохил кардааст. Тэйлорд анимизмро «ҳаддиақал (минимум)-и дин» мешуморид.
Дар ҳоли ҳозир боварӣ ба намирандагии рӯҳ, абадияти он, парастиши рӯҳи аҷдодон, боварӣ ба ҳаёти пас аз маргӣ дар динҳои пешрафта, ҳамон идома ва натиҷаи бовариҳои ва парастишҳои анимистӣ мебошад.
Дар байни одамони ибтидоӣ ҳамчунин парастишҳо ва оинҳои дигаре, аз ҷумла боварӣ ба сеҳру ҷоду (магия), соҳиригарӣ (шаманизм), анвоъи табуҳо[1] ва хурофотҳо низ ҷой доштанд. Ин навъ бовариҳо дар заминаи мушоҳидаи ҳолоти равонӣ, хоббинӣ ва дигар таҷрибаҳои рӯҳию равонӣ ба вуҷуд омада метавонист.
Агар хусусиятҳои муштараки ҳамаи динҳои табииро донистан хоҳем онҳо иборат аз:
–пайдоиши тасаввурот дар бораи «муқаддасот» ё ашёи муқаддас.
-эътиқод ба вуҷуди мана (мана – аз забони Полинезия )- як навъ қувва ва нерӯи ҳаётӣ аст, ки хоси баъзе одамон, ҳайвонот ва ашёи беҷон ва арвоҳ мебошад.
– эътиқод ба сеҳру ҷодӯ васоҳирӣ, яъне боварӣ ба он ки бо амал ва ҳаракати муайяни худ ё ба воситаи ашёи муайян метавонад ба қувваҳои ғайбӣ ва аз ҳамин тариқ ба кору бор, саломатӣ ва ғайраи одамон таъсири муфид ё музир расонад.
тасаввури қувваҳои мавриди парастиш, худоён дар шакли- инсонгуна (антропоморфизм- аз к.ю.-антропос-одам+морфе-шакл, яъне инсонгуна ё одамшакл) ва ҷонваргуна (зооморфизм), инсонҳайвонгуна
(антропозооморфизм)
Ин гуна тасаввурот, яъне таҷассуми қувваҳои табиат ва худоён дар шакли инсон, ҳайвон ва омехта аз сурати инсону ҳайвон баъдан аз образҳои асотирию динӣ ба динҳои ҷомеаҳои пешрафта ва камолёфта низ ба гунае дида мешавад.
Хулоса, динҳои ибтидоӣ заминаро барои рушди минбаъдии динҳои ҷамъияти ташаккулёфтаи инсонӣ омода карданд. Динҳои табии ибтидоиро метавон марҳалаи аввали зуҳури фитрати худоҷуии инсонҳо, майл ба донистани мавқеъ, ҷойгоҳ ва мақоми худ дар табиат ва олами ҳастӣ донист.
[1] Баъзе диншиносон аз ҷумла Алӣ Асғари Ҳикмат ( дар китоби худ- «Таърихи адён» с.28-29) табуро навъи хоси динҳои ибтидоӣ шуморидаанд.Ба ақидаи мо табу дини хосе набуда, унсури муҳимми динҳои табиӣ мебошад, ки баъдан бар асоси он дар динҳо наҳиёт ва муҳаррамот ташаккул ёфтаанд.