Главная / Илм / ФИҚҲОИ ИСЛОМ: Ҳанафия, Ҳанбали, Моликия ва Шофия

ФИҚҲОИ ИСЛОМ: Ҳанафия, Ҳанбали, Моликия ва Шофия

Яке аз натиҷаҳои таҳаввули минбаъдаи ислом пайдоиш ва ташаккули илмҳои исломӣ буд. Чунон ки дар мавриди илмҳои қуръонӣ гуфтем, улуми исломӣ низ дар заминаи бархӯрд бо тамаддунҳои дигар ва ихтилофҳои мазҳабиву фирқавӣ ба вуҷуд омада, доираи маъорифи исломиро густариш доданд. Аз ин рӯ илмҳои исломӣ ҷузъи маъорифи исломӣ ба шумор мераванд. Маъорифи исломӣ дар маҷмӯъ аз илмҳои сарчашмашиносии исломӣ: илмҳои қуръонӣ, илми ҳадис ва илмҳои назарию фалсафии исломӣ: фиқх, калом, мантиқ, фалсафаи исломӣ, тасаввуф (ирфон) ва ахлоқ ташаккул ёфтааст. Дар байни уламои ислом ва файласуфони ғайриисломӣ дар мавриди тааллуқ доштан ё надоштани баъзе улуми ёдшуда, чун мантиқу фалсафа ва ё ҳикмати амалӣ- ахлоқ, ба ислом ихтилофи назар мавҷуд аст.

Аз ҷумлаи илмҳое, ки бе баҳс дар домани ислом ба вуҷуд омаданд, илми ф и қ ҳ, фалсафаи илоҳии к а л о м ва т а с а в в у ф шуда метавонанд. Ҳарчанд дар мавриди заминаҳои пайдоиши тасаввуф низ баҳсҳо зиёданд, вале аз рӯи шаклу воситаи баён ва ҳатто баъзе хусусиёти умдааш тасаввуф дар кишварҳои исломӣ падидаест, ки онро ҷудо аз ислом наметавон тасаввур кард.

ФИҚҲ ( аз кал.арабии. фақаҳа-дониш ва ё фаҳмиши амиқ) номи илмест, ки дар боби аҳкоми назарӣ ва амалии шариати ислом дар асоси манобеъ ва далелҳои тафсилӣ баҳс мекунад. Ин калима дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар(с) мукаррар аз ҷумла дар шакли ” тафаққаҳху”, яъне маъонии оёт ва фармудаҳои қуръониро амиқ фаҳму идрок намоед, ба кор рафтааст. Фиқҳ ба истилоҳи имрӯза ба илми ҳуқуқшиносӣ наздик аст, аниқтараш масоили ҳуқуқшиносӣ як ҷузъи фиқҳро ташкил мекунанд, вале фиқҳ доираи масоил ва мавзуоти густардатаре назар ба ҳуқуқшиносӣ дорад. Умуман, доираи мавзуот ва масоили фиқҳӣ он қадар васеъ ва гуногун аст, ки онро наметавон бо ягон маҳуму фанни имрӯза пурра фаро гирифт. Илми фиқҳ на танҳо масъалахои ҳуқуқию қазоӣ, балки як зумра масоиле, ки имрӯз ба доираи илми ҳуқуқ дохил нестанд, чун аҳкоми беҳдоштиву покӣ (таҳорат), аҳкоми ибодат, масъалаҳои марбут ба муносибати маишӣ ва одобу ахлоқро низ дар бар мегирад. Аз ин рӯ фиқҳ танхо илми назарию методологии ҳуқуқ ва қонунгузорӣё танҳо илми маросимоти мазҳабӣ нест. Вале ҳамаи илмҳое,ки дар зери чатри фиқҳ дохил шудаанд ба як ҳадафи кулли нигаронида шудаанд. Он ҳам ҳидояти инсонҳо ба роҳи рост (“сиротул-мустақим”), ки ба сӯи саодат мебарад, саодати инсон аз нигоҳи меъёри динӣ. Дар баробари илми фиқҳ, ҳамчун муқаддимаи он, илми алоҳидае ташаккул ёфта, ки онро у су л и ф и қҳ меноманд. Баъзе уламо онро бо фиқҳ як ҷо донистаанд, баъзе ҷудо мешуморанд. Илми усули фиқҳ нисбат ба фиқҳ ҳамчун муносибати мантиқ ба фалсафаро дорад. Ҳамчунон ки мантиқ илми дастурӣ нисбат ба фалсафа аст ва равишҳои саҳеҳи муҳокимаронӣ ва қазоватро дар он нишон медиҳад, илми усули фиқҳ “илми дастури истинбот” яъне равиши саҳеҳи берун кашидани ҳукм аз манобеи фиқҳиро меомӯзад. Усули фиқҳ дар воқеъ аз илмҳои ибтикорӣ ва навпои ислом аст.

Истилоҳи манобеъи фиқҳ нисбат ба он манбаъҳо ё сарчашмаҳое мегӯянд, ки дар асоси нишондодҳои он ҳукме содир мешавад. Ин манобеъ:

  • Китоби худо “Қуръон” (дар истилохи фуқаҳо он мухтасар “Ки т о б “номида мешавад)
  • Суннат, яъне гуфтору кирдор, роҳнамоҳо ва тарзи амал, ва роҳҳои ҳалли ин ё он масоил ва тавзеҳоти матолиб аз тарафи Паёмбари ислом(с).
  • Иҷмоъ, ҳамрайъӣ ва мувофиқати уламои ислом ё шахсиятҳои обрӯманди фақеҳ дар ҳалли ин ё он масъала.
  • Қиёс (ё ақл дар шиъа)- муҳокима дар асоси муқоисаи масъалаи мавриди ҳукм бо масъалаи монанд ба он ҳукм шуда.

Қиёс кардан аз усул (методҳо)-и ақлонӣ (ратсионали)-и истинботи нормаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Аз рӯи муносибат ба усули ақлонӣ фуқаҳо ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим шудаанд: а с ҳ о б и ҳадис – онҳое, ки танҳо ба аҳодис такя доранд ва Қуръонро низ ба воситаи ҳадисҳо тафсир мекунанд, дигаре а с ҳ о б и р а ъ й, ки ба истифода аз фикри мустақил ва муҳокима ва таҳқиқи ақлонӣ пайравӣ мекунанд. Густариши ин усул ба эътирофи и ҷ т и ҳ о д (аз калимаи арабҳ. ҷаҳд-кӯшишу сайъи зиёд) овард, ки он як навъи фаъолияти ҳукмбарории фақеҳ аст, ки дар асоси истифода аз ақл ва усулу далелҳо ва дониши худ ӯ устувор аст.

Асҳоби раъй усулҳои мухталифи берун овардани нормаҳо ва аҳкоми шаръӣ ва ҳуқуқиро дар баробари қиёс чун: ал-и с т е ҳ с о н (муҳокимаи ба ҳусни ният) ал-и с т и с л о ҳ (муҳокимаи мустақил барои манфиати кор ва ҳамчунин аз- з а р а ъ (муҳокимаи иҷозат додан ё надодан), ал-и с т и д л о л (хулосаи истидлоли – дедуктивӣ) ва ниҳоят ал- и с т и с ҳ о б -(категории “презумсияи тағйирнаёбандагии ҳолат”)-ро кор кардаанд. Ин ҳама категорияҳои раъй мебошанд, дониши онҳо ва истифода кардани онҳо барои муҷтаҳиду фақеҳ зарур аст.

Фиқхи исломӣ (ҳадди ақал) ба ҳафт мазҳаби асосии фиқҳӣ: чахор суннӣ ва се шиъӣ тақсим мешавад. Аммо пеш аз баёни бевоситаи ин мазҳабҳо бояд гуфт, ки сабаби пайдоиши онҳо ихтилофҳо рӯи мавзӯи истифода кардан ё накардан дар ҳукм аз суннат, иҷмоъ ва ақл (ё қиёс) будааст.

slide-37

Пас аз вафоти Муҳаммад(с), асҳоби ӯ дар ҳалли масоилу мушкилоти худ пеш аз ҳама ба Қуръон ва агар дар он пайдо накарданд ба суннат қавлу феълу рафтори Паёмбар(с) муроҷиат мекарданд, вақте, ки дар он низ баёни равшане пайдо накарданд рӯ ба раъю иҷтиҳод оварданд, яъне кӯшиданд наздиктарин роҳи ҳал, ки ба Қуръону суннат мутобиқ бошад пайдо кунанд. Масалан, агар дар мавриди ягон хӯрок ё меваи мадҳушкунанда (мусаққар) ҳукм баровардан лозим бошад, вале ҳукми равшане дар бораи ҳаром ё ҳалол будани он дар Қуръону сунна набошад, ба раъйи худ онро қиёс мекарданд бо хамр. Чун хамр мусаккар- масткунанда аст, ҳаром аст, пас ҳар чизе, ки мусаккар аст, ба ҳаром ҳукм мешуд. Хулоса ихтилофҳо дар усули истинбот- баровардани ҳукми шаръию қонунӣ сабаби пайдоиши мазҳабҳои фиқҳӣ гардид, ки асоситарини онҳо инҳоянд.

1 -XАНАФИЯ, ки пайравони имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (ваф.767м.\ 150.ҳ.қ.) мебошанд. Нӯъмон писари Собит писари Марзбон ва кунияи вай Абӯҳанифа аст. Асли ӯ аз Кобул- пойтахти Афғонистони имрӯза мебошад. Бобояш Марзбон дар замони хилофати ҳазрати Умар исломро қабул карда, ба Куфа омада, дар он ҷо иқомат кардааст.

Дар ибтидо Абӯҳанифа ба илми усули дин ва ё калом машғул буда ва бо бисёре аз уламои замонаш баҳсҳо кардааст. Нақл мекунанд ки барои радди интиқодҳо ва шубҳаҳое, ки нисбат ба шариати ислом ҷой дошт, 27 маротиба вориди Басра шуда, бо шахсиятҳое чун Ҷаҳм ибни Сафвон, бо мӯътазила ва хавориҷ ва рофизиёни тундрав баҳсу муноқиша кардааст. Вале баъдан бо сабабе ба омӯзиши фиқҳ мепардозад ва ба ҳалқаи шогирдони Ҳаммодибни Абисулаймон мепайвандад. Абӯханифа то вафоти Ҳаммод аз шогирдони мумтоз ва вафодори ӯ буд ва баъд аз вафоти устодаш низ идомадиҳандаи кори ӯ ва толиби мағфирати илоҳӣ ба ӯ дар намозу ибодат будааст.

Абӯҳанифа дар асари ошноӣ бо илми калом ва баҳсу мунозира бо намояндагони гуногуни ин мактаб дар фанни ҷадал ва мунозира маҳорати комил ёфта буд. Ӯ ин маҳоратро дар илми фиқҳ ба кор андохт ва бар хилофи асҳоби ҳадис андеша ва истидлолоти ақлиро дар фиқҳ ва ҳдис ба кор бурд ва раъй ва қиёс ва истеҳсонро вориди фиқҳ кард то он ҷо ки мактаби фиқҳии Абӯҳанифа ба мактаби раъй ва қиёс машҳур аст.

Мазҳаби Абӯҳанифа демократитарин мазҳаби ислом аст, аз он лиҳоз, ки ӯ илова ба қиёс, истеҳсон ва раъй ба урф низ такя кардааст. Мақсад аз истеҳсон назди ҳанафиён он аст,ки дар сурати вуҷуди далели қавитар ё ба амал мувофиқат накардани ҳукм, он дар асоси истеҳсон бекор карда мешавад. Аммо урф истифода дар ҳукм аз анъана ва суннатҳои махаллӣ мебошад. Бо сабаби истифода аз раъй, қиёс ва истеҳсону урф ҳанафия аз дигар мактабҳои аҳли суннат ғанитар гардид, ин фиқҳро фиқҳи тақдири (фарзӣ) меноманд. Пайравони ҳанафия асосан дар Анатолия, Балкан, Кавкази Шимолӣ, Соҳили Баҳри Сиёҳ, Паволже, Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Индонезия ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

2-ҲАНБАЛИЯ _, ки пайравии имом Аҳмад ибни Ҳанбали Марвази (ваф.241 ҳ.қ.) мебошад. Ин мазҳаб дар асри IX нахуст ҳамчун ҳаракати динию сиёсӣ ба вуҷуд омада, баъдан ба мазҳаби фиқҳиву ақидавӣ ташаккул ёфтааст. Ҳанбалия дар шароити бӯҳрони амиқи маънавӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ зуҳур кард, ки мухолифати ғоявии мӯътазила (ақлгароён) ва мухолифони он ба қуллаи баланди худ расида буд. Дар ин давра, ки замони хилофати Маъмун буд, бар акси Аврупо дар олами ислом, на аз тарафи намояндагони исломи расмӣ, балки пайравону тарафдорони фирқаи ақлгароӣ ва озодандешӣ-мӯътазила даст ба таъқиби мухолифини худ зада, девони тафтиши ақоид (меҳнат) заданд ва дар ин маърака асосгузори мазҳаби ҳанбалия Аҳмад ибн Ҳанбал мавриди таъқиб қарор гирифт.

Аҳмад ибни Ҳанбал аз он муқаллидони суннатгарои аҳли ҳадис буд, ки бо вуҷуди таъқибу шиканҷа аз ақидаи худ нагашт. Ҳанбалиён дар фиқҳ аз рӯи Қуръон (- китоб), суннат, фатвои саҳобаҳои Паёмбари ислом(с), қиёс, истеҳсоб ва зароеъ ҳукм мекунанд. Онҳо матни ҳадисро аз фатвои саҳобагон афзалтар ва муқаддам медонанд, дар сурати набудани матни ҳадис ба фатвои саҳобаҳо муроҷиат менамоянд. Дар сурати набудани охирин ба ҳадисҳои заъиф рӯ меоранд, агар ин охирин ҳам набошад аз тариқи қиёс, иҷмоъ ,масолеҳ ва истеҳсоб ҳукм мекунанд. Истеҳсоб ҳукмест, ки дар замони дуввум мисли замони аввал собит аст.

Ҳарчанд ҳанбалия ҳамчун мазҳаби фиқҳӣ дар асри Х ташаккул ёфт, адабиёту осори ҳанбалӣ баъдтар дар асри Х1 ба вуҷуд омаданд. Маъруфтарини он “Китобул- умда фи аҳком ал-фиқҳ”-и Муваффақ ад-Дин ибни Кудомӣ (1146-1223) ва “Сиёсатуш- шаръия” асари алломаи машҳури ҳанбалӣ Ибн Таймия (асри 13) мебошанд. Мазҳаби ҳанбалӣ байни табақоти поёнӣ ва миёнаи Ироқ, Хуросон, Сурия ва Хиҷоз таърихан таъсири зиёде доштааст ва ҳоло он мазҳаби расмии Арабистони Саъудӣ мебошад.

3 – МОЛИКИЯ , ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбаҳӣ (732­795) буда, дар нимҷазираи Арабистон ба вуҷуд омада,баъдан дар Миср, Африқои Шимолӣ ва Андалус интишор меёбад. Дар фиқҳ сарчашмаи асосии онҳо Китобу Суннат буда, дар якҷоягӣ дар истилоҳ “Ан-н а с с” номида мешавад. Фатвои саҳобаро ҳамчун ҷузъи суннат медонанд. Яке аз хусусияти ин мазҳаб он аст, ки амали мардуми Мадинаро дар рӯзгори Имом Молик (саддаи дуввуми ҳиҷрӣ) низ ҳуҷҷат мешуморанд. Далелашон ин аст, ки мегӯянд: амали мардуми Мадина дар он замон мумкин нест, ки тибқи феълу қавли Паёмбари ислом(с) набошад. Пас аз инҳо ба қиёс, истеҳсон, масолиҳи мурсала муроҷиат мекунанд. Истеҳсон ҳукми афзалиятнок, ба маъни афзал донистани истислоҳ ба қиёс аст, яъне агар имконияти интихоб кардан вуҷуд дошта бошад, дар сурати шубҳа вуҷуд доштан, ба истислоҳ (ё масолиҳи мурсала), яъне муҳокимаи мустақили ақлонӣ руй бояд овард. Ба ҳамин усул усули ҳукми ақлонӣ (ратсионалистӣ)-и а з -з а р о ъ и- яъне ҳукм оид ба иҷозат ва ё манъ кардан, ки маъниаш он аст,ки ҳамаи он чизе, ки дар охири охирон ба ҳаром меорад манъ бояд кард ва ҳар он чизе, ки ба ҳалол меорад иҷозат бояд дод.

Усули асосии фиқҳи мазҳаби моликия дар китоби Молик ибни Анас “ал- Муватта” ва шарҳу ҳошияҳои он дода шудааст. Тавзеҳу такмилҳои он “ал- Мудаванна ал-кабира” ном дорад. Аз осори баъдии моликия маъруфтаринаш “Ал- Қавонин ал фиқҳия фи тахлисил- мазҳабил-моликия” мебошад, ки ба қалами Абулқосим ибни Ҷаззӣ (ваф.1340-1341) тааллуқ дорад. Инчунин метавон “Ал- Мухтасар”-и Саиди Халил (ваф. 1365-1366)-ро ном бурд.

Дар ҳоли ҳозир мазҳаби моликия дар Марокаш ,Алҷазоир, Тунис, Либия, Кувайт, Ба ҳрайн амал мекунад.

  1. ШОФИЪИЯ, пайравони Имом Муҳаммад ибни Идрис Шофеъӣ (767820) мебошанд, ки дар фиқҳ тибқи Китоб, Суннат, иҷмоъ, гуфтаҳо (ақол)и саҳоба ва қиёс амал мекунанд. Истеҳсонро қабул надоранд. Китобу суннатро дар як радиф мусовӣ медонанд. Иҷмоъи асҳоб ва уламои дин низ дар сурати бо санад будан дар асоси далелҳои муътабар назди онҳо ҳуҷҷат аст. Ва аммо иҷмоъе, ки мухолифи Китоб ва суннат бошад мақбул нест. Назди онҳо иҷтиход ба маънии қиёс аст.

Дар ҳақиқат мазҳаби фиқҳии шофеъӣ ҳадди мобайнӣ ва сохта (талфиқӣ ё эклектикӣ)е аз тариқаи аҳли қиёс ва аҳли ҳадис, ки зери таъсири мазҳабҳои ҳанафӣ ва моликӣ ташаккул ёфта, хусусияти онҳоро қабул кардааст. Дар амал он як мазҳабе аз усулҳои соддашудаи ҳанафию моликӣ мебошад, аз ин рӯ хеле зуд дар Сурия, Ироқ ва Миср ин ду мазҳабро танг карда, интишор ёфт. Дар ҳоли ҳозир вай дар Сурия, Лубнон Фаластин ва Урдун мазҳаби асосӣ буда, дар Ироқ, Покистон, Ҳиндустон, Малазия, Индонезия ва Эрону Яман пайравони зиёд дорад.

Инҳоянд чаҳор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоъат. Чунон ки гуфта шуд ғайр аз ин боз се мазҳаби фиқҳии шиъа низ мавҷуд аст, ки аз онҳо мо фақат ном мебарем, вале баҳс дар мавриди хусусияти фиқҳии онҳо аз ҳавсалаи ин китоб берун аст. Ин мазоҳиб: з а й ди я, и с м о ил и я ва ҷ а ъ ф а р и я мебошанд. Зайдия номи худро аз Зайд ибни Алӣ бародари панҷуми Имом Мухаммад ал-Боқир (ваф. 732) гирифта аст. Дар мавриди имомат назари Зайд ибни Алӣ он буд, ки пас аз Ҳасан ҳар кадом насли Алӣ метавонад имом бошад, ба шарте ки аслиҳа ба даст дар роҳ ислом мубориза кунад. Вай вуҷуди якчанд имомро дар як вақт дар кишварҳои мухталиф қабул дошт. Мазҳаби исмоилия чунон, ки баъдан дар боби фирқаҳои мазҳабию сиёсӣ зикр хоҳад шуд, аз пайравони Исмоил ибни Ҷаъфар- писари имоми шашуми аҳли ташаюъ- Ҷаъфари СодиК (ваф. 765) мебошанд. Ҷаъфария бошад пайравони худи имоми шашуми Иаъфари Содиқанд. Ин мазҳаби фиқҳӣ аз тарафи қисмати асосии шиъаён-имомияи исноашарӣ қабул шудаанд ва умуман мазҳаби ҷаъфария ҳамчун мазҳаби панҷуми фиқҳии ислом аз тарафи уламо мавриди қабул аст.

Ногуфта намонад, ки ғайр аз ин ҳафт мазҳаби фиқҳӣ, ки ёд кардем, боз мазҳабҳои фаръии номашҳур ва камшумор чун: зоҳирия, ахбориюн табария усулиюнва ғ-ра вуҷуд доранд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222