Главная / Илм / ФУТУҲОТИ АРАБ ВА ГУСТАРИШИ ИСЛОМ

ФУТУҲОТИ АРАБ ВА ГУСТАРИШИ ИСЛОМ

Вақте ки МуҳаммадПаёмбари ислом(с) вафот кард, ҳанӯз ислом аз ҳудуди нимҷазираи Арабистон берун набаромада буд. Густариши ислом дар аҳди “Хулафои рошидин”- чор халифи аввал: Абӯбакр ас-СиддиК (632-634) Умар ибн-Хаттоб (634-644), Усмон ибн Аффон (644-656) ва Али ибн Абутолиб (656-661), ба таври васеъ оғоз гардида, дар аҳди хилофати Умавиён асосан ба анҷом расид. Халифаи аввал Абӯбакр баъд аз Муҳаммад(с) пояи исломро дар нимҷазираи Арабистон мустаҳкам намуд. Ӯ ба муқобили паёмбартарошон онҳое, ки баъд аз вафоти Муҳаммад(с) иддаои паёмбарӣ карданд чун: Тулейх, ал-Асвад, Мусейлима, Саҷҷоҳ ва бо он қабилаҳое, ки аз ислом руй гардониданд (арридда) ҷангида, онҳоро аз нав таслим ва доманаи исломро густариш дод.

arabХалифаи сонӣ Умар ба воситаи сипоҳе, ки Холид ибн Валид қиёдат мекард сарнавишти мамолики ховари наздикро ба куллӣ дигаргун сохт. Шаҳри кӯҳанбунёди Димишқ баъд аз шаш моҳ муҳосира дар соли 635 мелоди забт шуд. Масеҳиён аз ин зарба ба ҳуш омада қувваи худро сафарбар намуда, барои ҷуброни он шикаст бархостанд. Холид бо зиракӣ ба маҳалли муносибе ақиб нишаст ва дар он ҷо бо сипоҳи мураккаб аз панҷоҳ ҳазор нафар марди ҷангӣ, ки Ҳераклус (қайсари Руми Шарқи- Бизантия) барои дарҳам шикастани ӯ фиристода буд, рӯ ба рӯ шуд. Ин муҳориба дар рӯзи гарми ғуборолуд, ки бодиянишинони араб бо ин ҳаво хӯ гирифта буданд, ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа Холид румиёнро сахт дарҳам шикаст ва фатҳи қатъӣ насиби ӯ гардид. Ниҳоят, баъд аз ин муҳориба, саросари хоки Шом (Сурия) то доманаи кӯҳҳои Торус аз тарафи аъроб фатҳ карда шуд. Яке аз сабабҳои муҳими муваффақияти аъроб дар он буд, ки мардуми маҳаллии Шом аз фишор ва зулми румиён, задухӯрдҳо ва муҳорибаҳои байни императории бизантӣ ва сосонӣ ба сутӯҳ ва танг омада буданд ва дар воқеъ муқовимате нишон надоданд.

Футуҳот- кишваркушоиҳои араб ҳарчанд зери шиорҳои густариши дини ислом сурат мегирифт, қабули ислом иҷборӣ набуд ва дар асл футуҳот ҳадафи моддӣ ва сиёсӣ дошт, барои густариши ислом заминасозӣ, яъне аз миён бардоштани монеъаҳои сиёсӣ барои қабули ислом буд. Дар масъалаи қабули ислом аз тарафи сарлашкарони араб зоҳиран, фармоиши Қуръон: “Ло икроҳа фид-дин” (яъне, ” Дар дин зурӣ даркор нест.”) риоя карда мешуд. Аз ин лиҳоз, масалан дар паймонномае, ки Холид ибни Валид ба аҳолии Димишқ пешниҳод карда, гуфта шудааст, ки агар ӯ ба шаҳ дарояд дар сурати пардохтани ҷизя ҷону молашон дар амон, калисоҳо, ибодатгоҳҳо ва биноҳои шаҳр аз харобӣ маҳфуз хоҳанд монд ва онҳо ба ҷуз хайр аз аъроб чизе нахоҳанд дид. Хулоса, дар як муддати кӯтоҳ (аз соли 634- 642) арабҳо ба осони Фаластин, Сурия, қисмати шимолии Байнаннаҳрайн ва Мисрро забт намуданд. Дар аввали асри VIII арабҳо ду сеюми қаламрави Византияро ишҷол намуда, сарҳади худро хело вусъат доданд.

Соли 633 ба Байнаннаҳрайн-қаламрави Эрон дохил гардида, шаҳри Ҳира собиК пойтахти Лахмидиёнро ишҷол карданд. Соли 634 арабхо дар “задухӯрди назди кӯл” дар соҳили Фурот байни шаҳри Ҳира ва Мадоин аз тарафи сарлашкари эронӣ Рустам шикаст дода мешавад. Вале ду сол пас дар муҳорибаи Қодисия пойтахти қисмати ҷарбии империяи сосони Мадоин ба дасти мусулмонон мегузарад. Шаҳр аз тарафи арабҳо ғорат гардида, қисмате аз аҳолии он қатл ва қисмати дигар ба ғуломӣ бурда шуд. Сарчашмаҳо ғанимати аз ин шаҳр ба даст овардаи арабҳоро ба 900 миллион дирхам баровард кардаанд. Соли 637 тамоми Байнаннаҳрайн (Ироқи имрӯза) забт карда мешавад. Соли 640 арабҳо ба сӯи маркази Эрон ҳаракат карда, то соли 644 шаҳрҳои Ҳамадон, Қум, Кошон ва Исфаҳонро забт мекунанд. Ҳамин тавр арабҳо аз соли 640 то соли 652 тақрибан тамоми Эронро забт карда, соли 651 ба салтанати сосонӣ хотима гузоштанд. Ҳарчанд аъроб дар ин марҳила тавонистанд то дарёи Омӯ расанд, аммо дар дохили Эрон эрониён муқовимати шадид мекарданд ва футуҳоти аъроб ба кундӣ пеш мерафт, чунки мардуми ориёнии он кишвар ба дини зардуштии худ вафодор буданд ва ба суҳулат таслим намешуданд. Ин аст, ки ҷангҳо бо эрониён дувоздаҳ сол тӯл кашид.

Давраи дуввуми забткории бузурги аъроб, ё худ тавсиъаи ба истилоҳ “дор-ул- ислом” ба давраи хилофати умавиён (661-750) рост омад. Ҳамин тавр арабҳо дар шимолу шарқ то пушти кӯҳҳои Ҳимолай ва то сарҳади Чин, Туркистон ва Муғулистон аз сӯи дигар дар ҷануб то Ҳиндустон дар ғарб то Испониё ва умқи Африқо пеш рафтанд.

Қабули ислом дар сарзаминҳои ишғолгардида, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, ба кундӣ ва мушкилӣ пеш мерафт. Дар марҳилаи аввал худи фотеҳон начандон кӯшиданд, ки халқҳои забтгардида дини исломро қабул кунанд. Ба назар чунин мерасад, ки қабули ислом начандон ба онҳо фоида дошт, чунки мусулмонон аз андози сарона “ҷизя” озод карда мешуданд. Аз ин рӯ дар тамоми қаламрави хилофати ислом намояндагони динҳои дигар: насрониён, яхудиён, зардуштиён ва дигарон ба шарти риояи маҳдудиятҳои ҷузии муайян, бо пардохти ҷизя бемалол зиндагӣ мекарданд. Ин гуна одамонро з и м м ӣ ва шахсони ғайриараб, ки исломро қабул кардаанд м а в л о меномиданд. Мавло бояд зери ҳимояи яке аз намояндаи ягон қабилаи араб қарор мегирифт. Баъдан, ислом дар як қатор кишварҳои Осиё ва Африқои Ҷанубӣ ба воситаи савдогарону тоҷирон ва инчунин мубаллиғони ислом интишор меебад. Масалан, намунаи он интишори ислом дар кишвар

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222