Беҳтарин амал дар ҳолати аз хоб сер нашудан ин ғанаб мебошад. Ғанаби чанд дақиқашш метавонад хоби чанд-соатаро иваз намояд. Бинобар ин вақте, ки ганаб омад (махсусан барои ронандаҳои роҳи дур) ҳатман бояд дар ҳамон лаҳза дар ҳамон ҷойе, ки истодааид ба ғанаб раванд, то боиси садамаҳо нагарданд.
Олимони олмонӣ исбот намудаанд, ки дар инсон ба ғайр аз хоби шабона боз рӯзона се бор дақиқагӣ ғанаб кардан зарур мебошад, ки ин талаботи физиологии мо мебошад. Ин соатҳои ғанаби рӯзона, ки ҳар як шахс бояд рӯзона аз он манфиат барад, соатҳои 9, 13 ва 17 мебошанд, яъне баъди ҳар як чор соат мебояд ғанаб кард. Маҳз ҳамин ғанаби 10 дақиқаинаи рӯзона метавонад асабҳоямонро ором ва ба мо қувваю тавоноии нав диҳад. Барои ин кифоя аст, ки сарро болои дастҳо гузошта «ғанаб» равем.
Номзади илм Глибин Н. бошад мегӯяд, ки ҳар як шахс дар як шабонарӯз 5 ҳолати фаъолшавӣ ва 5 ҳолати сустшави(2-3, 9-10, 14-15, 18-19 ва 22- 23)-и физиологиро аз сар мегузаронад. Чӣ хеле, ки мебинем онҳо бо ҳам хеле наздиканд. Пас истифодаи ғанаби рузона ба фоидаи саломатӣ аст. Яъне рӯзона се бор ба ғанаб равему соати 22-00 ба хоб равем саломатии мо хуб ва фаъолияти меҳнатии мо босамар мегардад.