Ҳукумати подшохи дар Осиёи Миёна заминаҳои зиёдро ба зери тасарруфи худ дароварда барои идора кардани ин сарзамин идораҳои маъмуриро таъсис дод. Соли 1867 дар маркази шаҳри Тошканд барои манфиатҳои арбии иқтисоди ва стратегии Россия генерал-губернатори Туркистон ташкил карда шуд.
Мувофики низомномаи 12-июни соли 1886 идоракунии Туркистон, ғайр аз корхои адлия-молияви, алою телеграф ба ихтиёри вазири ҳарбии Россия гузашт. Дар сари генерал – губернатори Туркистон генерал адютанти подшохи Константин Петрович Фон- Кауфман таъин шуд. Генерал – губернатор хукуки номахдуд дошт. Вай хуқуқ дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатии барад. Чанг эълон кунад, сулҳ бандад. Бе суд ва тафтишоти пешаки шахсони «номақбул»- ро бадара кунад, тамоми масъалаи сарҳади ва сиёсиро мустакилона ҳал кунад ва гайра.
Дар назди генерал – губернатор шӯро, ки ба он 7-10 нафар губернаторони вилояти, сардори штаби ҳарбии Туркистон ва намояндаи вазорати молия дохил мешуданд, амал мекард.
Шӯро хукуки машварати дошт ва ба муҳокимаи он масъалаҳое, ки генерал – губернатор лозим медонист, пешниҳод карда мешуданд.
Аз чиҳати маъмури кишвари Туркистон ба Панч, вилоят; Ҳафтруд, Сирдарё, Фарона, Самарканд ва Закаспий тақсим шуда буд. Дар сари хар як вилоят губернатори вилояти, ки рутбаи ҳарби дошт, меистод. Губернаторон бо ризоияти губернатори Туркистон ва пешниҳоди вазири ҳарби ва вазири корҳои дохили аз тарафи подшоҳ таъин карда мешуданд. Губернатори вилояти имтиёзҳо ва ваколати зиёд дошт.
Вилоятҳо дар навбати худ бо уездҳо тақсим шуданд. Дар дасти ӯ тамоми ҳокимияти маъмури ва полисияви муттаҳид карда шуда, дар як вакт сардори кисмҳои ҳарбии уездро низ, ба ухда дошт. Сардори уезд бо тавсияи губернатори вилояти аз тарафи генерал-губернатор ба мансаб таъин мешуд. Ҳокимияти сардори Уезд ба шаҳр низ тасарруф дошт.
Уезд ба участкаҳо ва волостҳо, волостҳо ба деҳаҳо тақсим мешуданд. Ба участкаҳо сардорони (приставхо) участкаҳо сардори мекарданд, ки тамоми роҳбарии маъмури ва ҳарби дар ихтиёри онҳо буд. Ба волостҳо сардори волост ва ба чамоаҳои деҳа оксакол, аз чумла, феодалони маҳали роҳбари мекарданд.
Ҳукумати мутлакияти подшохи намояндагони феодалони маҳаллиро ба идоракунии давлат дар зинаҳои пасти маъмури чалб намуда, дар шахсияти онхо такягохи боэтимод пайдо кард. Ба ин мансаб амалдорон дар асоси интихобот, ки чандиндарачави буд, интихоб мешуданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …