Главная / Маданият ва санъат / Гулбазм шеърҳо – ошиқонаву тӯёна

Гулбазм шеърҳо – ошиқонаву тӯёна

Гулу себарга пояндоз имшаб,
Биёбад зиндагӣ оғоз имшаб.
Азизон, Марҳабо, гулбазм пешкаш,
Дари дил бар шумо боз аст имшаб.

Бе гул на ҷаҳон хуш асту не саҳни чаман,
Бе гул на забон xуш aсry не шахди сухан.
Бе гул набувад меҳр ба қалби ошиқ,
Бо гул ҳама ҷо чу гул азиз аст Ватан.

Бе гул на ҷаҳон хуш асту не саҳни чаман,
Бе гул на забон xуш aсry не шахди сухан.
Бе гул набувад меҳр ба қалби ошиқ,
Бо гул ҳама ҷо чу гул азиз аст Ватан.

Гул мехарам аз баҳри худ,
Аз номи як номеҳрубон.
Гулро бибӯсам ҷои ӯ,
Сўзандалаб, сӯзандаҷон.

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст,
Миҷмари дилро намояд пуршарар.
Ҳар касе гулро агар поймол кард,
Мехалад хораш ба по чун нештар.

Гуле дар бар. гуле дар cap задам ман,
Ба ёди ёри миспайкар задам ман.
Гули барбаста ҳайрон монда, оё,
Ба шифти дастнорас дар задам ман.

Гулбазм шуду зи рафтагон ёд кунед.
Бар аҳди фитодагон имдод кунед.
Бар мардуми дилхаста гул бибаред,
Бо сеҳри сухан дили яке шод кунед.

Гул шумою булбул шумо,
Ин гул муносиби шумо.

Манам аз ноҳияи Файзобод,
Гулабзмро ин дам мекунам обод.

Гул бар касе деҳ, ки талабгори ӯст,
Пеши касе рав, ки харидори туст.

Бӯи гул аз даҳони ғунчаи гул меояд,
Хушбӯ гули ман дар ин гулбазм бошад, шояд.

Гул оварданд, гули гулон оварданд,
Бачаҳои пайки мо ҳамаш марданд.

Гулу себарга пояндоз имшаб,
Биёбад зиндагӣ оғоз имшаб.
Азизон, Марҳабо, гулбазм пешкаш,
Дари дил бар шумо боз аст имшаб.

Марҳабо, эй дӯстони хуштар аз ҷон, марҳабо,
Шаби хурсандии ду сарви бӯстон, марҳабо!

Эй дилдодагон, ба саҳна бо назм оед,
Бо дастаи гул ба пайки гулбазм оед.
Шоад чу гул ханда кунад бахти шумо,
Дунёи ҷавониро зи нав зинда кунед.

Эй дилдодагон, ба саҳна бо назм оед,
Бо дастаи гул ба пайки гулбазм оед.
Шоад чу гул ханда кунад бахти шумо,
Дунёи ҷавониро зи нав зинда кунед.

Гули бебӯйро ҳаргиз набӯед,
Дили беишқро ҳаргиз наҷӯед.
Зи гулзори муҳаббат гул бичинед.
Рухи зарди ҷудоиро набинед.

Гулат гули нилуфар,
Гул меравад ба сафар.
Хар кас, ки ошик бувад,
Гулбазмро бахшад кайфар.

Бе гулу булбул чаман дилҷӯй нест,
Бе муҳаббат зиндагӣ хушрӯй нест.

Гул рамзи муҳаббату саодат бошад,
Булбул чаманорои садоқат бошад.
Бе савти хуши булбулу бе накҳата гул,
Дар гулшани умр кай тароват бошад?

Гулбазм гуфтан кори ман нест,
Ин гул додагӣ ёри ман нест.

Гулбазм муҳаббатгаҳи мо – ёрон бошад,
Аз ёр ба ёр лаҳзаи шеърборон бошад.
Хонандаи абёту сухан бурд кунад,
Мағлуб шавад ҳар кас, ки нодон бошад.

Гулбазм хуш асту саҳни гулбазм хуш аст,
Дар туй суруду сабкати назм хуш аст.
Ба гулбазм биё, ки ёри эебо ёбӣ,
Дунёи ҷавонии гуворо ёбӣ.

Зеби дасти гулзорон аст гул,
Роздори дӯстдорон аст гул.
Гар шудӣ ошиқ ту гӯшу хуш дор,
Рангу бӯи рӯзгорон аст гул.

Гулат дихам, гули нок,
Ту покиву монӣ пок.

Гулат диҳам, гули тар,
Доғе набинӣ, хоҳар!

Гулат диҳам бо ҳавас,
Як раҳматат бамо бас!

Гулро бигир, эй гулрӯ,
Ҳохам чун гул монӣ ту.

Бигир гулро, ки месозам дуоят,
Зи ҳар дарде нигоҳ дорад, Худоят.

Бигир гулро, ба ҳурмат тоҷи cap кун,
Ғаму дарду алам аз дил бадар кун.

Бигир гулро, Худо бахтат диҳад, бахт,
Насиби ту бигардад тоҷу ҳам тахт.

Бигир гулро, муроди банда ин аст,
Зи ту бодо ҳар он чӣ беҳтарин аст.

Бигир гулро, бишав аз мо ту хурсанд,
Туро эмин бихоҳам ман зи ҳар фанд.

Бигир гулро, ғанимат дон ҷавонӣ,
Ки дорад ин баҳор охир хазоне.

Бигир гулро ҳаёи худ нигоҳ дор,
Зи ҳар берӯ ту рӯи худ паноҳдор.

Бигир гулро ту бо нозу карашма,
Шавад чашмат зи ашки шодӣ чашма.

Бигир гулро, набинам ғуссаи ту,
Насиби ёр бодо бӯсаи ту.

Ба ту гул медиҳам чун як қаламкаш,
Ба умеде набошӣ ту аламкаш.

Ба ту гул медиҳам бо як муроде,
Ки бошӣ дар амон аз ҷумла бодӣ.

Ба ту гул медиҳам дар ин шаби туй.
Бубинам то шаби туйи ту моҳрӯй!

Ба ту гул медиҳам ман чун бародар,
Мабар аз ман гумони бад, хоҳар!

Ба ту гул медиҳам дар базми обод,
Ба умеде фақат бинам туро шод.

Ба ту гул медиҳам, на дар бихоҳам,
Typo дар маснади модар бихоҳам.

Бигир гулро, сарафрозӣ кун, эй гул,
Худатро ту зи худ розӣ кун, эй гул.

Бигир гулро, ки ин гул бар ту зебад,
Набинад фар, туро оне фиребад.

Бигир гулро, бикун шукри замона,
Замона хуш бимонад ҷовидона!

Ҳар боғи калон ба худ боғбон дорад.
Ин гули ба ман дода гулдон дорад.

Эй гулсупор, гулро пурсида супор,
Зеро гулгир ба худ ёри гулбон дорад.

Гул гуфт. «Агар дастгаҳе доштаме,
Бигрехтаме агар раҳе доштаме.
Бо бегунахӣ маро чунин месӯзанд.
Эй вой ба ман, агар гунаҳ доштаме».

Гул гуфт, ки ман асламу аслам покаст.
Бӯям ба кace расад, ба ман муштоқ аст.
Савсан чӣ кас аст, ӯ ба мо теғ кашад,
Ман аз арақи ҷабину ӯ аз хок аст.

Гулам, гул аз туву гул чидан аз ман,
Лаби лаъл аз туву бӯсидан аз ман,
Гулистони рухат бошад насибам,
Таровидан аз ӯву дидан аз ман.

Гулаки лолаам, монда набошӣ,
Ҳамеша бо лаби пурханда бошӣ.
Агар донам, ки умри ту ҳамин аст,
Бигир аз умри ман, то зинда бошӣ.

Гули сурку гули зарду гули ёс,
Аҷоиб духтаре ҳамоояи мост.
На бар мо медиҳанд, не мефурӯшанд.
Ғанимат ҳаст, ки сояаш бар сари мост.

Гуле аз дасти ёр омад ба дастам.
Ба бӯи гул чӣ шайдою чӣ мастам!
Гаҳе бӯ мекунам, бо дида молам,
Ки дастовези ёр омад ба дастам.

Имрӯз, ки соқии чаман наргиси маест аст,
Булбул шуда гӯяндаву гул доирадаст аст.

Дидам аз дасти ӯ гул даста-даста,
Бар ангуштони худ гулдасга-баста.

Баҳору фасли ҷавониву гул ғанимат дон,
Гули шукуфтаи худро мадеҳ, ба боди хазон.

Гули ман ханда ёрат бод доим,
Ба cap файзи баҳорат бод доим.
Саҳар чу интизори офтоб аст,
Дили ман интизорат бод доим.

Гуле аз дасти ёр-омад ба дастам,
Ба бӯи гул чӣ шайдову чӣ мастам.
Маро гӯянд; Чара гул мепарастӣ?
Ки ёрам гул асту ман гулпарастам.

Гуле аз дасти ёр-омад ба дастам,
Ба бӯи гул чӣ шайдову чӣ мастам.
Маро гӯянд; Чара гул мепарастӣ?
Ки ёрам гул асту ман гулпарастам.

Себарга бигуфт «Дар ин ҷахон ҳамза манам»,
Бунафша бигуфт «Ҷавони пурғамза манам».
Садбарг бигуфп «Лофи бехуда мазан,
Тоҷи сари ошиқони имрӯза манам».

Себарга бигуфт «Дар ин ҷахон ҳамза манам»,
Бунафша бигуфт «Ҷавони пурғамза манам».
Садбарг бигуфп «Лофи бехуда мазан,
Тоҷи сари ошиқони имрӯза манам».

Гули садбарг зи гулҳо беҳтарин аст,
Зи мева аз ҳама анҷир ширин аст.
Миёни бачахои шӯху зебо,
Ҳамон дилдодаи ман нозанин аст.

Гул гуфт; Ҷавонам, ба ҷаҳож омадаам,
Аз дасти ҷавонон ба фиғон омадаам.
Эй бехабарон, маро зи гулшан наканед,
Ман ҳам ба тамошои ҷаҳон омадаам.

Меҳр агар дар пул бошад, зиндагӣ даркор нест,
Ишқ агар дар ҳусн бошад, ошиқӣ даркор нест,
Гул агар пажмурда гардад дар миёни ду ҷавон,
Мард агар номард бошад, гул ба вай даркор нест.

Гул гуфт, ки ман мубини динӣ дорам,
Дар назди Расул ҳамнишинӣ дорам.
Рангам зи Муҳаммаду бӯям зи Алӣ,
Ишқи Ҳасану меҳри Ҳусайнӣ дорам.

Табиат рӯзи гарму сард дорад,
Чаман гулҳои сурху зард дорад.
Куҷо донанд бедилҳо дили мо,
Ки ҳар як хандаи мо дард дорад.

Гул агар баланд шавад, навдааш хам мешавад.
Ҳайфи умри навҷавонӣ рӯз ба рӯз кам мешавад.
Ҳайфи умри одамӣ аввал баҳор, охир хазон,
Ҳайфи ёри бевафо охир пушаймон мешавад.

Пудинаи лаби об чӣ бӯе дорад.
Сабзинаҷавон чӣ гуфтугӯе дорад.
Сабзинаҷавон қадат ҳамели писта,
Дар мобайни бачаҳо шумо гуласта.

Гул овардам ба меҳмонӣ,
Бароят эй ёри ҷонӣ.
Нарезон баргу шоҳашро,
Агар ту қадри гул донӣ.

Эй ҷӯраи ҷон, чинори давлат бошӣ,
Гулҳои шукуфтаи вилоят бошӣ.
Гули шукуфтаи вилоят ману ту,
Ҳар ҷо ки бошӣ, сиҳат саломат бошӣ.

Дар ин кӯю гузар меҳмонам, эй гул,
Туро аз зиндагӣ ҷӯёнам, эй гул.
Зи донишдои дунявӣ. эй инсон,
Факат номи туро медонам, эй гул.

Дар ин кӯю гузар меҳмонам, эй гул,
Туро аз зиндагӣ ҷӯёнам, эй гул.
Зи донишдои дунявӣ. эй инсон,
Факат номи туро медонам, эй гул.

Эй дилшудагон. а базму бар ҷазм оед,
Бо дастам гул ба саҳни гулбазм оед.
Шояд, кя чу гул бахти шумо ханда кунад,
Дунёи ҷавониро ба назм ороед.

Гулбазм муҳаббатгаҳи ёрон бошад,
Аз ёр ба ёр шеърборон бошад.
Донандаи абёту сухан бурд кунад,
Мағлуб шавад ҳар он ки нодон бошад.

Ин дастаи гул ба панҷаи хор диҳам,
Ку ёраки арзанда, ки бар ёр диҳам?
Духтарҳои ин замон надоранд ҳаё,
Рӯмол ба кию бар кӣ эзор диҳам?

Арзандаи гул гулбаданон бисёранд,
Арзандаҷавон куҷо, ки дил биспоранд?
Ин селаҷавон, ки дафхабар омадаанд,
Ё бекоранд ё ҷу ту беоранд!

Хонам ба ту як шеър, ки хушёр шавӣ,
Аз баҳри Худо, насибаӣ хор шавӣ.
Дониста-надониста ту беор нагӯ,
«Бо ёр ситам макун, ки беёр шавӣ».

Афсӯс, ки номи мардро хор кунӣ,
Айб аст, ки таънаҳо аз эзор кунӣ.
Дар маҳфили мо, ки аз дилу гул хонанд,
Бо шеър тавонӣ, ки маро бор кунӣ?

Рӯят гули лолаву лабат ғунчаи гул,
Афсӯс, насибаи ягон девию ғул.
Ҳарчанд сухан аз дилу гул мегуӣ,
Савдо бизани ҳусн ба дороиву пул.

Оре, ба ҳама гул дилу пул даркор аст,
Аз бедилу бепул ҳама кас безор аст.
Ку соҳиби дил, ки молу пул кор кунад,
Пас дастаи гул тӯҳфаи дилдор кунад?

Оре, гули ман, биё, сазовори манӣ,
Гулдаста зи ман бигир, даркори манӣ.
Мағлуби тую шеъри ту дар базм манам,
Шодам, ба низоми умри ман ёри манӣ.

Гулбазм хуш аст, саҳни гулбазм хуш аст,
Дар тӯй суруду сабқати назм хуш аст.
Гулбазм биё, ки ёри зебо ёбӣ,
Дунёи ҷавонии гуворо ёбӣ!

Наврӯз шуду чу гул ҳама хандонем,
Ин лаҳзаи умрро ғанимат донем.
Шодона ба махфили ҷавонй оед.
Гулбазми арӯси cол бо ҳам хонем!

Эй дилбарм шӯх. бурдаӣ ҳуши маро,
Бар дида бикун гули сияҳгӯшӣ маро.
Гул гару биё бисанҷ, аз баҳри Худо,
Гармии дилу ҷахони оғӯши маро.

Пеш ор гулат, ки лаҳзае бӯ-ш кунам,
Сад бӯса ба ҳар қоши сияҳгуш кунам.
Аз молу мато ту пур кун оғӯши маро,
Пас бо ту равам, фикр зи оғӯш кунам.

Зулфони ту зард гули зардак ворӣ,
Дилдодаи ту шудем мардак ворӣ.
Аз шакари лабҳои ширинат бичашон,
Бар ошиқи дилфигор гардак ворӣ.

Гул овардие, гули гулон овардӣ,
Бо мақсади бӯсаи лабон овардӣ.
Медодӣ агар фақат ба ман, аз ту будам,
Лекин ба фалонию фалон овардӣ.

Гул гир зи ман, зи хоб бедор бишав,
Аз ман рухи худ матоб, ҳушёр бишав.
Гул гир ба рӯю чашму абрӯй бимол.
Ман ёри туям, ту ҳам ба ман ёр бишав!

Гул аз ту намегирам, дилам месӯзад.
Пажмурда шавад, хоку гилам месӯзад.
Тарсам, ки гулат гирифта дил бой диҳам.
Аз оташи ишқ манзилам месӯзад.

Гул гир зи дасти ман, гули наврӯзӣ,
То чанд маро дар ишқи худ месӯзӣ?
Бо гул ба ту шодии ҷахон мебахшам,
Эй кош, маро лаби ту бошад рузӣ!

Эй гул, ту аҷаб рухи муборак дорӣ,
Дар кокули худ гули қаторак дорӣ.
Гул гиру бидеҳ бӯса зи чашмону лабат,
Ширин лабу чашмони хуморак дорӣ.

Он кас, ки гулат диҳад, бидон, дил дорад,
Ӯро зи тую лаъли лабат мефорад.
Дил з-ишқ ба фасли гул шавад девона,
Оғӯш кушо, ки дил ҳуҷум меорад!

Aйёми муҳаббат аст Нвврӯз, бале,
Гулдаста, ка аз бӯш шудам маст, бидеҳ.
Дил гуфтию ҷоми сабр бишкаст, бидеҳ!
Ҷону дили ман фидои ту, даст бидеҳ!

Дуоят мекунам фархунда бошӣ,
Чу гулҳо дар чаман бишкуфта бошӣ.
Набинӣ ҳеҷ ғаму дарди ҷудоӣ,
Ба сад соли дигар ту зинда бошӣ.

Гулро додӣ ба дастам,
Аз чашму қошат мастам.

Гулат гули якдона,
Ту шамъу ман парвона.
Гулам додӣ ҷонона,
Бубар маро ба хона.

Гулат сурху сафед аст,
Зулфакот маҷнунбед аст,
Гуфтӣ, ёрат намешам.
Дилакам бо умед аст.

Гуле аз дилбаре омад ба дастам,
Ба бӯи гул магар мастам, ки ҳастам.
Ҳама гӯянд: Чаро гул мепарастӣ?
Бувад ёрам гулу ман гулпарастам!

Гулро додӣ ба дастам,
Зи бӯи гулат мастам.
Ба ин духтари деҳотӣ,
Ҳамеша ошиқ ҳастам.

Гулат гули сомонӣ,
Бача, чаро нодонӣ?
Мадав паси духтарон,
Боз аз занак намонӣ.

Гулро бурдем ба меҳмонӣ,
Ту қадри гул чӣ медонӣ?
Агар қадри гул донӣ,
Гулро танҳо намемонӣ.

Гулат гули лола,
Худат духтари хола.
Бирав биёр пиёла,
Бизанем «Пепси-кола».

Худам гулам дар остинам гул дорам,
Ин бачаи қишлоқӣ шудаст хушдорам.
Дугонаи ҷон, аз рангу рӯ-ш безорам,
Ман бачаи ҳамшаҳрмадӯст медорам.

Гул додаӣ, мегирам,
Ишқаки ту дар дилам,
Очатро салом бигӯ,
Духтаракша мегирам.

Гулат нагардад хазон,
Зинда бод Тоҷикистон.

Гулатро ошиқ шудем,
Тезтар биё, зиқ шудем.

Гулатро қабул дорем,
Баумед нашав, ёр дорем.

Мудом, эй дилбари ҷон, шод бошӣ,
Маконӣ санъату эҷод бошӣ.
Барои санҷиши ояндаи худ,
Чу боғи пургулу обод бошӣ.

Гул шав, то духтарон бӯят кунанд,
Назари умед бар сӯят кунанд.

Дар фасли баҳор гул ба дастам додӣ,
Дар айни ҷавониям шикастам додӣ.

Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро бахти накӯе ёр гардад.
Дар ин дунё бизӣ сад соли дигар,
Ки дунё аз пасат гул зор гардад.

Ошиқон, дар дали худ донаи эҳсон коред,
Баҳри ҷонона гул аз боғи латофат оред.

Эй ки аз васл гаҳе масту гаҳе ҳушёред,
Ишқ чун гавҳари чашм аст, азизаш доред.

Гулам ҳаст, гулдонам ҳаст,
Боғам ҳаст, боғбонам ҳаст.
Хафа нашав, эй бача,
Аз ту боло ёрам ҳаст.

Гулаки пора-пора,
Дилма кардӣ овора.

Касе ба ман гaп дорад,
Доллари бисёр орад,
Касе доллар надорад,
Накунад худ овора.

Гул бувад розу ниёз,
Ишқ бувад сӯзу гудоз.
Бар шахси гулдиҳанда,
Мехоҳам умри дароз.

Гули дасти туям парво макун, ёр,
Ҷигарбанди туям парво макун, ёр.
Агар хоҳӣ насиби ҳам шавем, ёр,
Ба ҳарфи душманон бовар макун, ёр.

Ту гул ҳастӣ, ки бӯят мекунам ман,
Ба сахтӣ узрхоҳй мекунам ман.
Агар очат маро домод бигирад,
Ба хонат мардикорӣ мекунам ман.

Гулат гули лағмонӣ,
Бача шери майдонӣ.
Ба умеди очат нашав,
Имсол ҳам бе зан мемонӣ.

Гулат буд гули муруд,
Эй бачаи хоболуд,
Ошро хурдӣ, сер кардӣ,
Ба мулоқот дер кардӣ.

Эй духтараки куртачакани Тагобӣ,
Гулхо ба барат шукуфта, гул мекобӣ.
Каҷ баста рӯмоли докаро механдӣ,
Бетобии ман дидаву рӯ метобӣ.

Эй духтари нозанини хирманҷоӣ,
Рӯ хирмани гул, ба қасди мо меоӣ.
Партофта кокулон ба оби чашма,
Мо дар ғами ту, ту лек бепарвоӣ.

Эй тозаниҳол, сабз монӣ ҳама умр,
Дар боғи мурод гул фишонӣ ҳама умр.
Ҳарчанд ки пайванди ману ту нагирифт,
Пайванди маро ба ҷисму ҷонӣ ҳама умр.

Имшаб раҳи ман бар паси боғат овард,
Маҳтоби сарам буд чу як лаълии зард.
Бо ёди ту бе ёд чунон истодам,
Печида ба ман ошиқи печон гул кард.

Эй гул, чи нигоҳи меҳрубон дорӣ ту,
Чашми сияҳу чашмаи ҷон дорӣ ту.
Ҳайронам аз он ки ба нигоҳи нармат,
Дил бурдаву боз қасди ҷон дорӣ ту.

Лаби обӣ, сари сангӣ, гули ман,
Чӣ хушбӯю чӣ хушрангӣ, гули ман.
Надидам чун ту гулро дар гулистон,
Магар аз кӯи Бартангӣ, гули ман.

Гулат гули лимонӣ,
Бача зеби майдонӣ.
Ба шарте гул медиҳам,
Қадри гулам бидонӣ.

Гулат гули сиёҳгӯш,
Биёву гулатро фурӯш.

Гулат гули нахудӣ,
Зеби саҳна худатӣ.

Гулат гули чакагӣ,
Бача накун катагӣ.

Гулат гули атласӣ,
Ба дилдодат бирасӣ.

Гулат гули береша,
Бачаи беандеша.
Гулро ту бар ман додӣ,
Ҷанҷол хезад ҳамеша.

Гулат гули тамаддун,
Давлат баровард қонун:
Танзими оила кун,
Бачазоиро кам кун.

Зи ҳар гулзор гул чидан чӣ лозим?
Ба ҳар номард пул додан чӣ лозим?

Зи ҳар гулзор гул чидан чӣ лозим?
Ба ҳар номард пул додан чӣ лозим?

Гули садбарг сараш дар осмон аст,
Дили духтар насиби як ҷавон аст.

Ба шаб гулро нагир, гул хор дорад,
Ба духтар дил надеҳ, ӯ ёр дорад.

Дар пеши назар ахтари шаб мемирад.
Гулро бинигар, ханда бар лаб мемирад.
Аз додаю надодаи тақдир чӣ суд?
Як дода зи мо ҳазорро мегирад.

Гулро нигарам, хазони худ ёд кунам,
Соҳил нишинам, соҳили худ ёд кунам.
Вайронии ҷаҳон зи вайронадилист,
Вайрона бубинам, дилам обод кунам.

Анҷир гулу гул, ғурраи анҷир гулу гул.
Ту арзи маро накардӣ чун назр қабул.
Ҳар кас ба китоби худ ҳисобе дорад, .
Ман дар ғами умри рафта. ту дар ғами гул.

Занбӯри асал ба май масал мегӯяд,
Гул мебӯяд, гули гул он мебӯяд.
Худ баски ҳаёти хсшро заҳр кунам,
Занбӯр барои ман асал меҷӯяд.

Маро бедор намудӣ, баҳори лоларухсорам.
Ки аз боғи дили худ баҳри ту гулдастае орам.

Гулзоре зи ҷаҳон рафту дилам пурғам шуд.
Дар гулистони ҷаҳон як гули зебо кам шуд.

Чун булбули маст сайри гулзор кунем,
Бар шоҳиди гул муҳаббат изҳор кунем.
Ҳар ҷо, ки туро наргиси зебо, бинем,
Ёди рухи поку чашми хуммор кунем.

Гул бичин, тоза бичин, барги гул хазон шавад,
Ёр бигир, дида бигир, дар дилат ормон нашавад.

Ҷониби гулзор назар созед, гули бехор нест,
Ман гулеро дуст медорам, дар ин гулзор нест.

Ҷониби гулзор назар созед, гули бехор нест,
Ман гулеро дуст медорам, дар ин гулзор нест.

Илоҳо, соҳиби гул зинда бошад,
Ҳамеша бо лаби пурханда бошад.

Ба ранг гули Хатлон аст,
Ҳар руз ӯ дар ҷавлон аст.

Гулро додӣ ба дастам,
Ман ошиқи ту ҳастам.

Гулма мондам дар долон,
Долон шудаст гулборон.

Гулатон дона-дона,
Нигоҳтон ошиқона.

Гулатон дона-дона,
Нигоҳтон ошиқона.

Гулро кардем хамир,
Аз хамир кардем фатир.

Гулро кардем хамир,
Аз хамир кардем фатир.

Гулро гирам бӯй кунам,
Худат қатӣ тӯй кунам.

Гул партофтӣ дар доманам,
Очат шавад хушдоманам.

Гул партофтӣ дар доманам,
Очат шавад хушдоманам.

Гул будаст сурху сафед,
Ба шумо бахти сафед.

Гул шумо, булбул шумо,
Лайлй ману Маҷнун шумо.

Гул шумо, булбул шумо,
Ин гул муносиби шумо.

Гул овардем аз Норак,
Қошакош торак-торак.

Гул овардем аз Хуҷанд,
Лабонаш ширин чун қанд.

Гул овардем аз Ҳисор,
Чашмакош хумор-хумор.

Гул овардем аз Помир,
Тайёр бишав, эй зангир.

Гул овардем аз Ваҳдат,
Хонат шавад ба давлат.

Гул биёред аз Кӯлоб,
Хонад суруд бо рубоб.
Ох гули Сари Хосор,
Дилакма мадеҳ озор.

Гул овардем аз Ёвон,
Ҳамаро кардаст ҳайрон.

Гул овардем аз Ёвон,
Ҳамаро кардаст ҳайрон.

Гулакам, воҳ гулакам, оҳ гулакам.
Ду чашми сиёҳат бурдаст дилакам.

Гулҳои ранги ба ранг дорад, Дарвоз,
Мардони бо opу нанг дорад, Дарвоз.

Аз бахти баланди худ дар хонаи дӯст,
Назриддину тору чанг дорад, Дарвоз.

Ин боми баландро пурсед, ки бомаки кист?
Ин духтари гулдода ба ман духтари кист?
Эй духтари гулдодагӣ, дар ҷоят ист,
Аз лаъли лабат бӯса тирам як саду бист.

Гул дар даруни сабад,
Раққосапул металбад.

Гул дар болои «Мерседес»,
Тоҷикдухтаронро гап нест.

Гул дар болои «Тайёта»,
Худо бидиҳад ҳаёта.
Мо духтарони шаҳрӣ,
Намебардорем нозота.

Гулро додӣ бо ҳавас,
Ман ошиқи дигар кас.

Гулро доди акаҷон,
Ҳазор раҳмати калон.

Гул дар болом видео,
Эй бачаи қошисиёҳ,
Гар шавам маъқул ба ту,
Бархезӣ сӯям биё.

Гулҳои дари донишгоҳ обам кардаст,
Каҷ мондаии тоқият харобам кардаст.
Як сӯ ғам имтиҳон як сӯ ғами ту,
Ҳар ду ғамаке сӯхта кабобам кардаст.

Насими шӯхи мушкомез омад,
Шамими зулфи анбарбез омад.
Биё, то гул фишонам бар сари ту,
Гули ман, мавсими гулрез омад.

Садои дил баланд асту баланд аст,
Навои дил писанд асту писанд аст.
Лаби лаъли шакарҳои ту, эй гул,
Чу қанд асту чу қанд асту чу қанд аст.

Биё, эй духтари гулдаста дар даст,
Гули рӯи ту чун гулдастаат, ҳаст.
Дар оғӯши баҳори орзуҳоят,
Зи бӯи ин гули ту мастаму маст.

Гуло, бе ту сурудам хушнаво нест,
Дар он оҳанг бошад ҳам, садо нест.
Биё, бо ту бирезад гул ба дастам,
Ки аз он гул дигар дар боғи мо нест.

Биё, эй равнақи боғи баҳорам,
Гули домони сабзи кӯҳсорам.
Димоғам тоза кун бо накҳати худ,
Навозам чун суруди чашмасорам.

Дишаб, гули ман, ба мо чиҳо мегуфтӣ,
Ҳарфе ту ба мо ва ё зи мо мегуфтӣ,
Гарчи ба лабат «бирав-бирав» буду халос,
Бо чашми сиёҳ «биё-биё» мегуфтӣ.

Гулро сурх мегӯянд, зардаш ҳам ҳаст,
Бачаро мард мегӯянд, номардаш ҳам ҳаст.

Гулатон мисли рӯятон,
Хизмат кунам дар тӯятон.

Аз гулистон як гули бехор мехоҳад дилам.
Духтари хушчақчақи пулдор мехоҳад дилам.

Гул дар даруни дипломат,
Ба гулдода ҳазор раҳмат.

Гули дастат гули гандум,
Қошони сиёҳата гардум.

Аз гул кардем «варенӣ»,
Гул додагӣ гаренӣ.

Дар пиёла варенӣ,
Гул додагӣ гаренӣ.

Гулро додӣ – студент,
Илоҳӣ гардӣ Президент.

Гул дар болои гулдон,
Хуш омадед, ҳаматон.

Гуле бошад гули бехор бошад
На дар боғу на дар гулзор бошад.
На кас ӯро харад на кас фурӯшад,
Ҳамеша дар сараш бозор бошад.

Гул дар болои адир,
Ту говҷӯшу ман мудир.

Гул дар болои испанд,
Падар бигу ба ман панд.

Гулат гули олуча,
Боақл будаӣ бача.

Гул дар таги замин,
Номи туст Нозанин.

Гулро додӣ бе реша,
Ҳеҷ накардӣ андеша.
Ба ин гули додаат
Янгат мара мекушад.

Гул болои дастархон.
Бача бошад намозхон.

Эй гул. ту маро дуст бидорӣ. чӣ шавад?
Аҳволи дилам ёд биёрӣ, чӣ шавад?
Бо ишқи туам дар осмони ҳафтум.
Бар хоки сиёҳам нафурорӣ. чӣ шавад?

Чашми ту магар чашмаи меҳр аст,ҳама,
Мадди нигаҳат ҷилваи сеҳр аст, ҳама.
Дилам ба миёни боғ андоми туро,
Чун барги гуле тамом чеҳр аст, ҳама.

Гул ба даст меравад,
Дасти ба даст меравад.
Гулро аз даст надихед.
Гул ба шикаст меравад.

Гулро ба духтар надеҳ, ки худ гул аст.
Гулро ба бача бидеҳ, ки ӯ булбул аст.

Гул барои чидану бӯидан аст.
На барои чидану партофтан аст.

Дар ҳаво як кафтар аст.
Гул дар дасти ман тар аст.
Ҷавони ба ман гулдода.
Аз ҳама зеботар аст.

Гулат гули марворӣ,
Ака дорам кабкворӣ.

Гулро додӣ, дам бигир,
«Жвачка»-и Вандам бигир.
Бақияаш қанд бигир.
Даркор бошад, зан бигир.

Гуле дар лаби даре,
Гулро чида напарто.
Бача, агар мард бошӣ.
Дӯстдоратро напарто.

Гулат гулест аз арча,
Ман ошиқат. эй бача.

Гул болои дуто санг,
Гул додагӣ коммерсант.

Гулат гули рангам аст,
Духтар чаро ғамгин аст.

Гул баромад аз замин,
Аҷаб гули нозанин
Дид вазъиятҳо вазнин,
Боз даромад бар замин.

Гулат гули марминҷон,
Хушбахт бошӣ, апаҷон.

Дар гулдонам қошуқ аст,
Амакам ба ту ошиқ аст.

Гулат гули мулоим,
Бахтат диҳад, илоҳим,

Гулат гули лигустр,
Ман духтари министр

Гулатро дидам, хандидам.
Худатро дидам, лангидам.

Гулро додӣ бо умед,
Ба Шумо роҳи сафед.
Хафа нашав, эй писар,
Биё нишин таги бед.

Гулам ҳаст, гулдонам ҳаст,
Боғам ҳаст, боғбонам ҳаст.

Гулрез баҳоре буд,
Ишқаш хуморе буд.
Андар лаби дарёе,
Лаб бар лаби ёре буд.

Гул дар тори трактор,
Ман Мария ту Виктор.

Гулро додӣ ба дастам,
Хаёл кардӣ шут ҳастам.

Гулзор баҳор аст,
Духтар канор аст.
Гули дасти ӯ,
Мисли анор аст.

Гулро додӣ, ё Аллоҳ,
Хушбахт шавӣ, иншоаллох,

Гулро додӣ, ё Аллоҳ,
Хушбахт шавӣ, иншоаллох,

Гулат гули марворӣ,
Дандонакот тиллоӣ.
Агар маъқулат бошам,
Ба хонамон биёӣ.

Гулат гули береша,
Хушбахт бошед ҳамеша.

Гулеро дуст доштам, хор доштаст,
Касеро дуст доштам, ёр доштаст.

Гул бе хор нест,
Духтар бе ёр нест.

Гулеро дуст дор, ки хораш набошад,
Касеро дуст дор, ки ёраш набошад.

Ман гулаки серӯза – серӯза ҳавас.
Ман ёр намегирам ба гуфтаӣ ҳар хас.
Ман ҷуй – чашма нестам, ки даст шӯяд ҳар кас,
Ман ишқи покамро медиҳам ба як кас.

Гулро додӣ, миннатдорам,
Афсӯс, эй бача, ёр дорам.

Эй богбон, дарро мапӯш, ман шахси гулчин нестам,
Ман ҳам ба худ гул дораму мӯҳтоҷи ҳар гул нестам.

Гул механдад, бидида ин шодии ман,
Булбул хандад зи бахту ободии ман.

Мутриб бинавозу рақс кун дилбари шӯх,
Дар рӯзи саиди иди аҷдодии ман.

Гулро бинигар чаман-чаман рӯидаст,
Тр завқ диҳад бар туву ман, рӯвдаст.
Шоир. ту суруду васфи гул рез аз дил,
К-он аз дили хоки ин Ватан рӯидаст.

Гули сурху сафедам, кай меоӣ,
Бунафша. барги бедам, кай меоӣ.
Ту гуфтй: «Гул барояд ман меоям»,
Гули олам тамом шуд, кай меоӣ.

Гули сурху сафедам, кай меоӣ,
Бунафша. барги бедам, кай меоӣ.
Ту гуфтй: «Гул барояд ман меоям»,
Гули олам тамом шуд, кай меоӣ.

Гул мегузарад, мавсими гул мегузарад,
Ман шишта будам, ёрам ба пул мегузарад.
Имсол мегузарад соли дигар меояд,
То соли дигар умри сағир мегузарад,

Гулро шарафу латофати бӯи ту нест,
В-аз нозукиат фаришта бо хӯи ту нест.
Аз ҳафт кабати замин то кишвари Арш,
Гар бифрӯшам, баҳои як мӯи ту нест.

Гулро шарафи латофати рӯи ту нест,
В-аз нозукиат фаришта бо хӯи ту нест.
Аз ҳафт табақи замин то кишвари Арш,
Савдои ҳама ба як сари мӯи ту нест.

Гул дафтари худ надид боби суханаш,
Булбул набарад номи чавоби суханаш.
Хдргиз набувад ба софй кардан мухтоҷ,
Дар майкадаи фикр шароби суханаш

Гули зардак, ки берун шуд,
Ҳама олам дигаргун шуд,
Лабони ғунча пурхун шуд,
Баҳори нав, муборак бод.

Гули лола, гули лола,
Паланг дар кӯҳ менола,

Гули лола, гули лола,
Паланг дар кӯҳ менола,

Гулҳои гулзор омада,
Тута ба гуфтор омада,
Қумрӣ ба рафтор омада,
Бобо, бидеҳ Наврӯзиам.

Гули лола, наям дилкандаи ту,
Хате дорам, ки бошам бандаи ту.
Надорам мевае аз ҷон ширинтар,
Фидои ду лаби пурхандаи ту.

Гули ман хамнишини хор то кай?
Ҳамеша ҳамдами ағёр то кай?
Ба ҳиҷронат дилам афгор то чанд?
Ду дида аз ғамат хукбор то кай?

Гули серӯза будам, модарам мурд.
Маро ба доя доду доя ҳам мурд.
Маро бо шири буз омода карданд,
Аз ин бахти бадам бузғола ҳам мурд.

Гули садбарги тобистони модар,
Фирори мулки Туркистони модар.
Равон кун хат ба поси он, ки хурдӣ,
Ба тифли шир аз пистони модар.

Гули садбарги тобисгонам имрӯз,
Фирори аз Тоҷикистонам имрӯз.
Худоҷон. ин фирориро талаб кун,
Чӣ тур нолону саргардонам имрӯз.

Гулам аз дар даромад гул ба дасташ,
Карашма мекунад чашмони масташ.
Барот оварда, то хунам бирезад,
Мусулмонон, бигиред бадан дасташ.

Гули садбарги ман, аз ман чӣ дидӣ?
Кадом ҳарфи баде аз ман шунидӣ?
Ки як ҳарфи баде бо ту нагуфгам.
Чаро якборагӣ меҳрат буридӣ?

Гули сурху сафсди лолаи ман,
Куҷо ҳастӣ, ту бишнав нолаи ман.
Баро аз хона, то рӯят бубинам.
Сиёхзулфони худ кун холаи ман.

Гули ман меравад, чора надорам,
Агар дастам расад, гул мебиёрам,
Гули ман меравад рӯ бар вилоят,
Гули худ бо Худоҷон месупорам.

Гули рӯи ҷаҳон бӯят надорад,
Малак дар осмон хӯят надорад.
Ту моҳи чордаҳ, чӣ хушнамоӣ,
Ки маҳ тобонии рӯят надорад.

Гули сурху сафеди аргувонӣ,
Ба бӯи гул гирифгам боғбонӣ.
Зимистон омаду гул зери барф шуд,
Ман, ки бе гул надорам зиндагонӣ.

Гул гули анор аст, фаали навбахор,
Биё ҳавохӯрӣ бурем ба сӯи гулзор.

Гули себ, гули себ,
Гули себам, гули себ,
Мара як дона ба ҷеб,
Гули себам, гули себ.

Гул дорам, эй азизам, гули кас даркор нест,
Ёр дорам, эй азизам, ёри кас даркор нест,
Аз барои номӯсам тахте бузург сохтам,
Пеши тахтам иодшоҳи булҳавас даркор нест.

Ҳамин гул нест, ахтар аст,
Зеби дасти духтар аст,
Ҳар кас гулро наҳ занад,
Мусулмон не, кофар аст.

Гулеро ман насанҷидам,
Нигоҳеро писандидам.
Шу дам ошиқи бадбахте,
Бигаштам бо сари сахте.

Агар ояд дучори ман,
Гули зебо чу ёри ман,
Нагардам аз ақибаш ман,
Шавам доим рафиқаш ман.

Гул тую булбул ману гулчеҳранигоре.
Гул ба сарат зан, ки надорам ба ту коре.

Гул меваи биҳиштаст,
Дар рӯи гул навиштаст,
Гулро касе гирифтаст,
Як сад сол дар биҳиштаст.

Духтар гули ноёфтӣ,
Кокулатро суст бофтӣ.
Банди дастат қапидам,
Гуфтӣ: «Диламро ёфтӣ».

ШЕЪРҲОИ ТӮЁНА

Гулҳоро ба доманат бибезам, биравам,
Аз пешаки ту бо алам хезам, биравам.
Аз омаданат саду як ҷаҳон шод шавам,
Аз рафтани ту ашке бирезам, биравам.

Гулдастаи додагит аҷаб зебанда,
Ин ҳадяи кардагит барои банда,
Гулҳои туро бибӯсаму ёд кунам,
Бишкуфта шавад лаби шумо аз ханда.

Гулдастаи дасти ман писандат бошад.
Мискин дилакам чӣ мустамандат бошад.
Мардум ҳама аз хандаи гул завқ баранд,
Завқам ба лабони ҳамчу қандат бошад.

Айёми гул сайри чаман омадаам,
Сармаст зи буи ёсуман омадаам.

Гулро бурданд ба боэор.
Нархаш карданд сад ҳазор.

Гули санҷид манзури назар нест,
Вале чун бӯи ӯ бӯи дигар нест.
Ба боғи орзуи ман навниҳоле,
Мисоли сунбула хушқаду бар нест.

Бигир гулғунчаи тарро зи дастам,
Ки онро аз гулистоне рабудам.
Дили ман ҳам замоне ғунчае буд,
Ки дар ғафлат ба номарде супурдам.

Гули ман, хандаҳоят гулфишон бод,
Бахори рузгорон бехазон бод.
Даруни синаи ман ишқи покат,
Чу рози духтарӣ доим ниҳон бод

Гулеро аз дасти ман шру бӯ кун,
Миёни ҳар ду зулфонат фурӯ кун.
Ба ҳар ҷо, ки рафтӣ. маро надидӣ,
Ҳамон вақт бо ин гулҳо гуфгугӯ кун.

Ало ёрчон, ба ту гуддаста додам,
Ба ин гуддаста дил пайваста додам.
Илоҷе кун, ки пажмурда нагардад,
Ба ӯ тори муҳаббат баста додам.

Гули сурхе ба гӯши хеш карда,
Дили пиру ҷавонро реш карда.
Надонам ба ин хусну латофат,
Киро шоҳу киро дарвеш кардӣ.

Боло меравӣ, ба ман гули лола биёр,
Дар қоғази саддолара печонда биёр.
Дар когази саддолара печонда нашуд,
Ин духтари Ёвониро фанд дода нашуд.

Гул дар болои испанд,
Падар бигу ба ман панд.
ШЕЪРҲОИ ГУЛБАЗМӢ

Гулат гули олуча,
Боақл будаӣ бача.

Гул дар таги замин,
Номи туст Нозанин.

Гулро додӣ бе реша,
Ҳеҷ накардӣ андеша.
Ба ин гули додаат
Янгат мара мекушад.

Гул болои дастархон.
Бача бошад намозхон.

Эй гул. ту маро дуст бидорӣ. чӣ шавад?
Аҳволи дилам ёд биёрӣ, чӣ шавад?
Бо ишқи туам дар осмони ҳафтум.
Бар хоки сиёҳам нафурорӣ. чӣ шавад?

Чашми ту магар чашмаи меҳр аст,ҳама,
Мадди нигаҳат ҷилваи сеҳр аст, ҳама.
Дилам ба миёни боғ андоми туро,
Чун барги гуле тамом чеҳр аст, ҳама.

Гул ба даст меравад,
Дасти ба даст меравад.
Гулро аз даст надихед.
Гул ба шикаст меравад.

Гулро ба духтар надеҳ, ки худ гул аст.
Гулро ба бача бидеҳ, ки ӯ булбул аст.

Гул барои чидану бӯидан аст.
На барои чидану партофтан аст.

Дар ҳаво як кафтар аст.
Гул дар дасти ман тар аст.
Ҷавони ба ман гулдода.
Аз ҳама зеботар аст.

Гулат гули марворӣ,
Ака дорам кабкворӣ.

Гулро додӣ, дам бигир,
«Жвачка»-и Вандам бигир.
Бақияаш қанд бигир.
Даркор бошад, зан бигир.

Гуле дар лаби даре,
Гулро чида напарто.
Бача, агар мард бошӣ.
Дӯстдоратро напарто.

Гулат гулест аз арча,
Ман ошиқат. эй бача.

Гул болои дуто санг,
Гул додагӣ коммерсант.

Гулат гули рангам аст,
Духтар чаро ғамгин аст.

Гул баромад аз замин,
Аҷаб гули нозанин
Дид вазъиятҳо вазнин,
Боз даромад бар замин.

Гулат гули марминҷон,
Хушбахт бошӣ, апаҷон.

Дар гулдонам қошуқ аст,
Амакам ба ту ошиқ аст.

Гулат гули мулоим,
Бахтат диҳад, илоҳим,

Гулат гули лигустр,
Ман духтари министр

Гулатро дидам, хандидам.
Худатро дидам, лангидам.

Гулро додӣ бо умед,
Ба Шумо роҳи сафед.
Хафа нашав, эй писар,
Биё нишин таги бед.

Гулам ҳаст, гулдонам ҳаст,
Боғам ҳаст, боғбонам ҳаст.

Гулрез баҳоре буд,
Ишқаш хуморе буд.
Андар лаби дарёе,
Лаб бар лаби ёре буд.

Гул дар тори трактор,
Ман Мария ту Виктор.

Гулро додӣ ба дастам,
Хаёл кардӣ шут ҳастам.

Гулзор баҳор аст,
Духтар канор аст.
Гули дасти ӯ,
Мисли анор аст.

Гулро додӣ, ё Аллоҳ,
Хушбахт шавӣ, иншоаллох,

Гулро додӣ, ё Аллоҳ,
Хушбахт шавӣ, иншоаллох,

Гулат гули марворӣ,
Дандонакот тиллоӣ.
Агар маъқулат бошам,
Ба хонамон биёӣ.

Гулат гули береша,
Хушбахт бошед ҳамеша.

Гулеро дуст доштам, хор доштаст,
Касеро дуст доштам, ёр доштаст.

Гул бе хор нест,
Духтар бе ёр нест.

БАЙТҲОИ БЕҲТАРИНИ ПРИКОЛНӢ

Гулеро дуст дор, ки хораш набошад,
Касеро дуст дор, ки ёраш набошад.

Ман гулаки серӯза – серӯза ҳавас.
Ман ёр намегирам ба гуфтаӣ ҳар хас.
Ман ҷуй – чашма нестам, ки даст шӯяд ҳар кас,
Ман ишқи покамро медиҳам ба як кас.

Гулро додӣ, миннатдорам,
Афсӯс, эй бача, ёр дорам.

Эй богбон, дарро мапӯш, ман шахси гулчин нестам,
Ман ҳам ба худ гул дораму мӯҳтоҷи ҳар гул нестам.

Гул механдад, бидида ин шодии ман,
Булбул хандад зи бахту ободии ман.

Мутриб бинавозу рақс кун дилбари шӯх,
Дар рӯзи саиди иди аҷдодии ман.

Гулро бинигар чаман-чаман рӯидаст,
Тр завқ диҳад бар туву ман, рӯвдаст.
Шоир. ту суруду васфи гул рез аз дил,
К-он аз дили хоки ин Ватан рӯидаст.

Гули сурху сафедам, кай меоӣ,
Бунафша. барги бедам, кай меоӣ.
Ту гуфтй: «Гул барояд ман меоям»,
Гули олам тамом шуд, кай меоӣ.

Гули сурху сафедам, кай меоӣ,
Бунафша. барги бедам, кай меоӣ.
Ту гуфтй: «Гул барояд ман меоям»,
Гули олам тамом шуд, кай меоӣ.

Гул мегузарад, мавсими гул мегузарад,
Ман шишта будам, ёрам ба пул мегузарад.
Имсол мегузарад соли дигар меояд,
То соли дигар умри сағир мегузарад,

Гулро шарафу латофати бӯи ту нест,
В-аз нозукиат фаришта бо хӯи ту нест.
Аз ҳафт кабати замин то кишвари Арш,
Гар бифрӯшам, баҳои як мӯи ту нест.

Гулро шарафи латофати рӯи ту нест,
В-аз нозукиат фаришта бо хӯи ту нест.
Аз ҳафт табақи замин то кишвари Арш,
Савдои ҳама ба як сари мӯи ту нест.

Гул дафтари худ надид боби суханаш,
Булбул набарад номи чавоби суханаш.
Хдргиз набувад ба софй кардан мухтоҷ,
Дар майкадаи фикр шароби суханаш

Гули зардак, ки берун шуд,
Ҳама олам дигаргун шуд,
Лабони ғунча пурхун шуд,
Баҳори нав, муборак бод.

Гули лола, гули лола,
Паланг дар кӯҳ менола,

Гули лола, гули лола,
Паланг дар кӯҳ менола,

Гулҳои гулзор омада,
Тута ба гуфтор омада,
Қумрӣ ба рафтор омада,
Бобо, бидеҳ Наврӯзиам.

Гули лола, наям дилкандаи ту,
Хате дорам, ки бошам бандаи ту.
Надорам мевае аз ҷон ширинтар,
Фидои ду лаби пурхандаи ту.

Гули ман хамнишини хор то кай?
Ҳамеша ҳамдами ағёр то кай?
Ба ҳиҷронат дилам афгор то чанд?
Ду дида аз ғамат хукбор то кай?

СУХАНҲОИ НАЗМИИ БОМБА БАРОИ ГУЛБАЗМӢ

Гули серӯза будам, модарам мурд.
Маро ба доя доду доя ҳам мурд.
Маро бо шири буз омода карданд,
Аз ин бахти бадам бузғола ҳам мурд.

Гули садбарги тобистони модар,
Фирори мулки Туркистони модар.
Равон кун хат ба поси он, ки хурдӣ,
Ба тифли шир аз пистони модар.

Гули садбарги тобисгонам имрӯз,
Фирори аз Тоҷикистонам имрӯз.
Худоҷон. ин фирориро талаб кун,
Чӣ тур нолону саргардонам имрӯз.

Гулам аз дар даромад гул ба дасташ,
Карашма мекунад чашмони масташ.
Барот оварда, то хунам бирезад,
Мусулмонон, бигиред бадан дасташ.

Гули садбарги ман, аз ман чӣ дидӣ?
Кадом ҳарфи баде аз ман шунидӣ?
Ки як ҳарфи баде бо ту нагуфгам.
Чаро якборагӣ меҳрат буридӣ?

Гули сурху сафсди лолаи ман,
Куҷо ҳастӣ, ту бишнав нолаи ман.
Баро аз хона, то рӯят бубинам.
Сиёхзулфони худ кун холаи ман.

Гули ман меравад, чора надорам,
Агар дастам расад, гул мебиёрам,
Гули ман меравад рӯ бар вилоят,
Гули худ бо Худоҷон месупорам.

Гули рӯи ҷаҳон бӯят надорад,
Малак дар осмон хӯят надорад.
Ту моҳи чордаҳ, чӣ хушнамоӣ,
Ки маҳ тобонии рӯят надорад.

Гули сурху сафеди аргувонӣ,
Ба бӯи гул гирифгам боғбонӣ.
Зимистон омаду гул зери барф шуд,
Ман, ки бе гул надорам зиндагонӣ.

Гул гули анор аст, фаали навбахор,
Биё ҳавохӯрӣ бурем ба сӯи гулзор.

Гули себ, гули себ,
Гули себам, гули себ,
Мара як дона ба ҷеб,
Гули себам, гули себ.

Гул дорам, эй азизам, гули кас даркор нест,
Ёр дорам, эй азизам, ёри кас даркор нест,
Аз барои номӯсам тахте бузург сохтам,
Пеши тахтам иодшоҳи булҳавас даркор нест.

ШЕЪРҲОИ ҲАҚИИ ТОҶИКӢ (Мардумӣ)

Ҳамин гул нест, ахтар аст,
Зеби дасти духтар аст,
Ҳар кас гулро наҳ занад,
Мусулмон не, кофар аст.

Гулеро ман насанҷидам,
Нигоҳеро писандидам.
Шу дам ошиқи бадбахте,
Бигаштам бо сари сахте.

Агар ояд дучори ман,
Гули зебо чу ёри ман,
Нагардам аз ақибаш ман,
Шавам доим рафиқаш ман.

Гул тую булбул ману гулчеҳранигоре.
Гул ба сарат зан, ки надорам ба ту коре.

Гул меваи биҳиштаст,
Дар рӯи гул навиштаст,
Гулро касе гирифтаст,
Як сад сол дар биҳиштаст.

Духтар гули ноёфтӣ,
Кокулатро суст бофтӣ.
Банди дастат қапидам,
Гуфтӣ: «Диламро ёфтӣ».

Гулҳоро ба доманат бибезам, биравам,
Аз пешаки ту бо алам хезам, биравам.
Аз омаданат саду як ҷаҳон шод шавам,
Аз рафтани ту ашке бирезам, биравам.

Гулдастаи додагит аҷаб зебанда,
Ин ҳадяи кардагит барои банда,
Гулҳои туро бибӯсаму ёд кунам,
Бишкуфта шавад лаби шумо аз ханда.

Гулдастаи дасти ман писандат бошад.
Мискин дилакам чӣ мустамандат бошад.
Мардум ҳама аз хандаи гул завқ баранд,
Завқам ба лабони ҳамчу қандат бошад.

Айёми гул сайри чаман омадаам,
Сармаст зи буи ёсуман омадаам.

Гулро бурданд ба боэор.
Нархаш карданд сад ҳазор.

Гули санҷид манзури назар нест,
Вале чун бӯи ӯ бӯи дигар нест.
Ба боғи орзуи ман навниҳоле,
Мисоли сунбула хушқаду бар нест.

ШЕЪРҲОИ НАВИ ТОҶИКӢ (Навтарин и гулбазмӣ)

Бигир гулғунчаи тарро зи дастам,
Ки онро аз гулистоне рабудам.
Дили ман ҳам замоне ғунчае буд,
Ки дар ғафлат ба номарде супурдам.

Гули ман, хандаҳоят гулфишон бод,
Бахори рузгорон бехазон бод.
Даруни синаи ман ишқи покат,
Чу рози духтарӣ доим ниҳон бод

Гулеро аз дасти ман шру бӯ кун,
Миёни ҳар ду зулфонат фурӯ кун.
Ба ҳар ҷо, ки рафтӣ. маро надидӣ,
Ҳамон вақт бо ин гулҳо гуфгугӯ кун.

Ало ёрчон, ба ту гуддаста додам,
Ба ин гуддаста дил пайваста додам.
Илоҷе кун, ки пажмурда нагардад,
Ба ӯ тори муҳаббат баста додам.

Гули сурхе ба гӯши хеш карда,
Дили пиру ҷавонро реш карда.
Надонам ба ин хусну латофат,
Киро шоҳу киро дарвеш кардӣ.

Ҳар саҳар аз бӯи гул дигар шавед.
Хущдалу хушрӯю барнотар шавед.
Aз қадамгоҳи азиэони диёр,
Гар нафас боқист. гулпарвар шавед.

Эй бачаи гулдода, гулат гули кас,
Ман зоча местам, ки гирам сари даст.
Ман кола наменӯшам бо қадаҳи кас,
Манам духтари бовиҷдон ёрам як кас.

Зан хусни гулу ҷамоли гулшан будааст,
Аз ҳусну хирад дилро чӣ равшан будааст.
Мард, бидон, чӣ мушкилест нигаҳ доштани гул,
Зан гул буду каст, вале мард ҷавшан будааст.

Гулат будааст гули сафедор,
Сафедора буридан даркор.
Аз духтарҳои Кофарниҳон,
Яктоашро гирифтан даркор.

Дарҳои «Мерседес» -ро бо гул кушода намешавад,
Духтари тоҷикро бо доллар харида намешавад.

Гули наргис накӯ бошад ба дидан,
Валекин талх бошад дар чашидан.

Гулдӯз шавам. гули оламро дузам,
Худсӯз шавам. яъси диламро сӯзам.

Гулро нигарам, хазони худ ёд кунам,
Соҳил нишинам, равони худ ёд кунам.

Гул чида ба рӯи роҳи ту туда кунам.
Шукронаи ин қисмати осуда кунам.

Номи туро шунидам,
Аммо туро надидам.
Як даста гул бичидам.
Баҳри ту, эй азизам.

Боғбон дарро кушо, ман сайри гулзор омадам,
Ман ба боғат кор надорам. дидани ёр омадам.

Гули лоларо сараш дар осмон аст,
Дили духтар насиби як ҷавон аст.

Гул рафт агар баҳор меояд боз,
Ин даре маро ба кор меояд боз.
Паймонам шикаст, агар номарде,
Марде ба дали фигор меояд боз.
Айёми гул аст, сайри чаман омадаам,
Сармастам, ба бӯи ёсуман омадаам.
Ҳар дил а ҳавои ошиқаш нағма кунад.
Ман бахри навиштани сухан омадаам.

Ин гулдастаи додагит дар рӯймолам,
Пажмурда шудаст ба дарди дил менолам.
Мардумон мегӯянд гулатро парто бирав,
Аз соҳиби гул умеди бисёр дорам.

Худ қатраву майли ту ба рӯд аст, эй гул,
Ҳар сатри ту пайғоми суруд аст, эй гул.
Дар соли гул аз гулшани ирфони шеър,
Ин дастагул аз ишқи вуҷуд аст, эй гул.

Гулро чида-чида меравӣ ту,
Моро дида-дида меравӣ ту,
Истода саломат мекунам ман,
Гуё нашунида меравй ту.

Гулро чида-чида меравӣ ту,
Моро дида-дида меравӣ ту,
Истода саломат мекунам ман,
Гуё нашунида меравй ту.

Гули ман, шавқи лабҳои ту дорам,
Умед аз чашми шахдои ту дорам.
Саропои ту дунёи таманност,
Таманнои саропои ту дорам.

Гули ман, бе ту дил ғамнок гардад,
Ба чашмат танг ин афлок гардад.
Ту бошӣ, хок гирам зар шавад. лек,
Набошӣ, зар бигирам, хок гардад.

Гули ман, иди Назрӯзат муборак.
Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак.
Маро Наврӯз бе ту куҳнарӯз аст.
Чу ман ёри бадомузат муборак!

Гули рӯят хазонеро набинад,
Ғубори осмонеро набинад.
Нишонат кард агар тири нигохе,
Дар ин дунё нишонеро набинад.

Гули.ман, номи ман нашнвданат беҳ,
Гули ишқи маро ночиданат беҳ.
Ту он сон бегуноҳӣ, ки Худоё,
Гуноҳҳои маро нодиданат беҳ

Гулу гулгунча то хандон набошад,
Шукӯҳи тозаи бӯетон набошад.
Ту давлат дориву химмат надорӣ,
Зи ту бечоратар инсон набошад.

Гули ман, эй гули умеду армон,
Tуpo парвардаам аз шираи ҷон,
Дуоят мскунам хдр субҳу ҳар шом,
Ки ту н-афтӣ ба дасти гулфурӯшон.

ШЕЪРҲОИ ОШИҚӢ

Гули худрӯи хушбӯ, шод бошӣ,
Шукуфон дар лаби чу, шод бошӣ,
Ба об оҳиста хоби дидаатро,
Бигу рӯшод, то рӯшод бошӣ.

Гули хулбӯ, гули худрӯ, гули ман,
Гули хушрӯ, гули хушбӯ, гули ман.
Агар ту дар канори ман наруӣ,
Ҳамехушкам ба мисли тӯ, гули ман.

Баҳори гулфишои омад, гули ман,
Кабуду арғувон омад, гули ман.
Ҷаҳони пир дар рамзи ману ту,
Ҷавон омад» ҷавон омад, гули ман.

Муборак бод Наврӯзат, гули ман,
Баробар шуд шабу рӯзат, гули ман,
Бигӯ, то кай баробар аз чудон,
Дили мову ту месӯзад, гули ман.

Биё, гулдастаи ночидаи ман,
Биё, эй ишқи новарзидаи ман.
Наёбад ранҷ поят, заврақе гир,
Ки даре меравад аз дидаи ман.

Гули ман ханда ёрат бод доим,
Ба cap файзи бахорат бод доим.
Сахар чун интизори Офтоб аст,
Дили ман ннтиэорат бод доим!

Ту бошӣ боги гул, ман ботбонам,
Агар бошӣ ту маҳ, ман осмонам.
Шавӣ моҳӣ, равӣ бар қаъри дарё,
Шавам даре ба соҳил зарфишонам.

Афсус ки атрофи гулат хор гирифт,
Зоғ омаду лоларо ба минқор гирифт.
Симоби занаҳдони ту овард милод,
Шангарфи лаби лаъли ту зангор гирифт.

Азизам, бегуноҳӣ хам гунох хаст,
Зи умри рафта бе ту шармсорам,
Басогул чида гул бӯидаам, лек,
Таманнои гули рӯи ту дорам.

Гул ба кафи ман гуле зи гулзор бишав.
Аз ҳоли дили хаста хабарлор бишав.
Умрест туро ба ҷон харидор мамам.
Ту низ маро зи ҷон харидор бишав.

Гул ба кафи ман гуле зи гулзор бишав.
Аз ҳоли дили хаста хабарлор бишав.
Умрест туро ба ҷон харидор мамам.
Ту низ маро зи ҷон харидор бишав.

Гул чини, агар ту барги гулро машикан.
Бо гулсуханон ту харфи беҷой мазан.
Ҳар субх бихезу сайри гулзор бирав,
Дил тоза шавад зи сайри гулзору чаман.

Aз субх шавӣ чу сарв боло, гули ман,
Аз субх равӣ ба кори саҳро, гули ман.
Аз хамнафасӣ ба боғу гулзору чаман.
Аз субҳ шавӣ мисоли гулҳо. гули ман.

Сарсабзии гулҳои чаман мехохам.
Атри гули ёсу настаран мехохам.
Хоҳӣ. ки шавӣ ту подшохи дили ман.
Он дастаи гул бичин. ки ман мехохам.

Сарсабзии гулҳои чаман мехохам.
Атри гули ёсу настаран мехохам.
Хоҳӣ. ки шавӣ ту подшохи дили ман.
Он дастаи гул бичин. ки ман мехохам.

Гесӯи шумо зи мушку анбар хуштар,
Рухсори шумо зи лолаи тар хушпр.
Хуш нест қиёси лаби дилбар бо гул.
Гул гарчи хуш аст. лаъли дилбар хуштар.

Ба ёре дал агар нобаста бошӣ,
Ба базми ошиқон наншаста бошӣ.
Ту аз суру суруди зиндагӣ дур,
Чу як паймонаи бишкаста бошӣ.

Аё ҷонон, ба ту гулдаста додам,
Ба он гулдаста дил пайваста додам,
Илоҷе кун, ки пажмурда нагардад,
Кӣ бо тори муҳаббат баста додам.

Ёри гулбоз! Биё, аз қаду басат гардам!
Ғунчаро дида, даҳони ту ба ёд овардам.
Ҷӯш зад чашмаи ишқам, ба ҳазорон уммед,
Остин бар зада бар чидани гул cap кардам.

Худ гулему дастагулро дуст медорем мо,
Рози дилҳоро ба гулҳо баста пиндорем мо.
Мардҳо, ҷуръат кунеду баҳри мо гул оваред,
Меҳратон чун бӯи гул бо худ нигахдорем мо.

Гули боғи баҳори мам туӣ, ту,
Умеди рӯзгори ман туӣ, ту,
Ба мулки дил ба номат боғ дорам,
Баҳои баргу бори ман туӣ, ту.

Бароям ҳусни зебоят баҳор аст,
Баҳори беғубори ғамбарор аст.
Кунам сайраш ҳамеша бо нигохам,
Ба гармову ба сармо гулнисор аст.

ШЕЪРҲОИ ҶАВОНӢ (БАРОИ ПИСАРБАЧАВУ ДУХТАРОНИ ЁШ)

Бароям ҳусни зебоят баҳор аст,
Баҳори беғубори ғамбарор аст.
Кунам сайраш ҳамеша бо нигохам,
Ба гармову ба сармо гулнисор аст.

Гул шукуфта бар ту толиб мешавад,
Мурги хушилҳон мусоҳиб мешавад.
Ҷони ман боре биёи пеши ман,
Ҷону тан чун хишту қолиб мешавад.

Гул сабуҳӣ карда пиндорӣ. ки пеш аз офтоб,
Боғбон гулро ба дӯш аз бӯстон меоварад.

Гул андар дидаам бе нақши рӯятхор меояд,
Зи ҳар барги гуле бар дил маро сад бор меояд.

Гулҳо шукуфту ҷилва ба сад рангу бӯ кунад,
Кас тавоф дар чаману тарфи ҷӯ кунад…

Гул дар бару май дар кафу маъшуқа ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.

Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳорх уш набошад.
Тарфи чаману ҳавои бӯстон,
Бе лолавузор хуш набошад.

Он кас, ки чу гул дурӯй бошад,
Дар вай зи вафо чӣ бӯй бошад?

Ганҷи беранҷ надидааст касе.
Гули бехор начидааст касе.

Гул багулшан даъвии соҳибкамолӣ мекунад,
Дар ки зар дорад, таманноҳои олӣ мекунад

Гул ба сар, ҷом ба даст он чаманоин омад,
Майкашон, муждабаҳор омаду рангин омад

Гулро асари рӯи ту гулпӯш кунад ,
Ҷонро сухани хуби ту мадҳуш кунад.
Оташ, ки шароби васли ту нӯш кунад,
Аз лутфи ту сӯхтан фаромӯш кунад.

Гулу гулзору райҳонам ту бошӣ,
Сафои аҳду паймонам ту бошӣ
Асири холи рӯят гаштаам ман,
Азизу бсхтар аз ҷонам ту бошӣ.

Гули боғи ҳаё хуррам зи бӯяш,
Дури баҳри малоҳат гуфтугӯяш.

Гули боғи умедамро, намедонам кӣ мебӯяд? |
Ба дил чандин алам дорам, илоҷамро кӣ меҷӯяй?

Гулат гули осмонӣ,
Худат ранги меҳмонӣ.

Дар ресторан табака,
Гулат бошад садака.

Гулта додӣ гулта гир,
Куҷо шудӣ, эй зангир.

Гулат гули лубиё,
Хезу бидав сӯи мо.

Гулат гули тапак,
Даст бидеҳ, эй хапак.

Гулат гули сӯзанак,
Гапи ту гапи занак.
Гулат гули гулобӣ,
Садқат шавам Варзобӣ.

Гулат гули нофармон,
Худат ҳастӣ пахлавон.

Гулат гули қаймокӣ,
Худат мисли қишлоқӣ.

Гулат гули палас,
Ба дигар гул нарас.

Гулат гули паталок,
Биё нӯшем оби пок.

Гулат гули лубиё,
Гапат мисли мумиё

Гулро додӣ, он сӯ ист,
Худо диҳад аз Биҳишт.

Гул дар лаби тиреза,
Аз лабат гул биреза.

Гул дар лаби тиреза,
Аз рӯят нур биреза.

Гул дар болои трактор,
Ман София ту Ансор.

Гулат афтод дар замин,
Ёрат манам нозанин.

Гул дар руи «Мереедес»,
Гиру бо мошин гурез.

Садбарги шукуфта ба чаман мезебад,
Мисли санами куртачакан мезебад.
Ҳар гул ба бари буттаи худ бӯ дорад.
Ман дар бари ёру ӯ ба ман мезебад.

Чаманро ҳар гули бишкуфта зебад,
Ба дафтар нуқтаи ногуфта зебад.
Дили оромро ман дил нагӯям,
Ба ошиқ хотири ошуфта зебад.

Бо сӯзи нигоҳи худ ба ҳар душмани ишқ,
Садҳо аламу дapeғу таъне дорад.

Дар боғи ҷаҳон гуле ба монанди ту нест,
Дар баҳри калон диле ба монанди ту нест.

Замини ишқро шудгор кардам,
Шинондам гул, роҳаш гулзор кардам.
Ба дилбар бахт чустам, бахти сафед,
Диламро бар дили ӯ ёр кардам.

Дар гулшани ишқ қалби решест ниҳон,
Дар косаи шаҳди ноб нешест ниҳон.
Гар гул бичинй, зи хор андеша мудом,
Зеро ки ба хор дарди бешест ниқон.

Баҳорон ҷумла мардум гулпарастанд,
Ба ҷуз номардуме, ки пулпарастанд.
Баҳорон лолапарчин дашту саҳро,
Ҳама аз бӯи гулҳо масти мастанд.

Касеро ба рамзи ишқ гул набахшидам.
Зи бахт камтар наям баҳор мегузарад.
Ба зери санги дилам лолаест пажмурда,
Зи чашми чашмаи санг обшор мегузарад.

Дидам ҳама ҷо, рафиқи гул хор бувад.
Булбул ҳама ҷо аз ин дилафгор бувад
Дидам ҳама ҷо баҳори гулпӯши чаман.
Аз дасти баде хазону бебор бувад.

Коридани тухми гул садоб асту савоб
Ҳар қатраи рӯи гул гулоб асту гулоб!
Дар хонаи хар касе насабзад гули бахт,
Кошонаи умри ӯ хароб асту хароб.

Ба ёрам дастаи гул мебарам ман,
Паём аз қалби булбул мебарам ман.
Ба гул пайваста дилро ҳамчу туҳфа,
Барои банди кокул мебарам ман.

Аз сафои гул касе безор нест,
Аз ҳавои гул ба кас озор нест
Боғу гулшан ҷилвагоҳи гул бувад,
Хуштар аз он дар сари бозор нест

Аз сафои гул касе безор нест,
Аз ҳавои гул ба кас озор нест
Боғу гулшан ҷилвагоҳи гул бувад,
Хуштар аз он дар сари бозор нест

Эй абри баҳор, рез борон охир,
Безор шудам зи дарди ҳиҷрон охир.
Шояд, ки ба сайри гул бубинам ӯpo,
Бӯяш кунаму бишканам армон охир

ШЕЪРҲОИ ХАНДАОВАР

Ҳар он к-ӯ ишкро бозӣ бихонад,
Зи ҷӯши зиндагӣ ғофил бимонад.
Муҳаббат сарвати умри азиз аст.
На ҳар бедард қадрашро бидонад.

Саҳар рафтам ба гулзopy тамошои суман кардам.
Муаттар аз шамими ӯ машоми хештан кардам.
Бари гулҳо нишастам, рози дил бо булбулон гуфтам.
Ба даври худ ба по аз бӯлбулӯ гул анҷуман кардам

Саҳар рафтам ба гулзopy тамошои суман кардам.
Муаттар аз шамими ӯ машоми хештан кардам.
Бари гулҳо нишастам, рози дил бо булбулон гуфтам.
Ба даври худ ба по аз бӯлбулӯ гул анҷуман кардам

Саҳар рафтам ба гулзopy тамошои суман кардам.
Муаттар аз шамими ӯ машоми хештан кардам.
Бари гулҳо нишастам, рози дил бо булбулон гуфтам.
Ба даври худ ба по аз бӯлбулӯ гул анҷуман кардам

Гарчи гул дар нозуки машхур дар бахру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.

Гулро бурдем ба ҳамом,
Бо хамин гулбазм тамом.

Гули бебӯйро ҳаргиз набӯед,
Дили беишқро ҳаргиз наҷӯед.
Зи гулзори мухаббат гул бичинед,
Рухи зарди ҷудоиро набинед.

Гули бебӯйро ҳаргиз набӯед,
Дили беишқро ҳаргиз наҷӯед.
Зи гулзори мухаббат гул бичинед,
Рухи зарди ҷудоиро набинед.

Ҷавони бе мухаббат хору зор аст,
Дили ошиқ ҳамеша бекарор аст.
Садои хониши булбул ба гулзор,
Ба мисли ошиқ дил беқарор аст.

Ман шишта будам, ки гул ба дарвоза гузашт,
Қад навдаи бед, зулфора тоб дода гузашт.
Сарчашмаи боги булбулон хор гирифт,
Омад хабаре, ки бевафо ёр гирифт,
Ӯ ёр гирифт баробари мо нагрифт,
Аз гул бигузашт, ӯ домани хор гирифт.

Ёрам би сини Кулоб меҳмонӣ рафт,
Сад ҳайфи гули қимат ба арзонӣ рафт.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222