Андаке поёнтар аз деҳаи мо, дар канори роҳ, ки дар ду ҷониби он ангурзор, боғҳои сарсабзу хуррами мева то ба дуриҳо доман густурда буданд, қабре мавҷуд буд, кабри ягона. Мо, хурдсолони он солҳо, дар ҳайрат будем, ки ин мадфани одамӣ баҳри чӣ, бо чӣ ваҷҳе ин ҷо пайдо шуда? Чаро ӯро дар гуристон ба хок насупурдаанд? Боз аз он дар ҳайрат мешудем, ки зани куҳансоле дастархони пури нон дар тори сар ба сари гӯр меомад. Дастурхон мекушод, нонҳоро руйи он паҳн мекард, баъд хоки гурро ба дидагон мемолид, гурро ба оғӯш мекашид, баъд ба навҳа медаромад:
– Рустамҷон, ҷони апа, нон овардам, нонҳои гарм, нони гандум, нони сафед, нон фаровон шуд, дар ҳама ҷо арзон… Он рӯзҳо гузаштанд, рафтанд. Ҳайф шудӣ, сад ҳайфи ту, Рустамҷон! Хез, нон овардам, нон!..
Ин зан кӣ буда, чаро ин гӯр ин ҷо пайдо шуда? Баъд ҳамааш ба мо маълум гашт.
Қарибиҳои субҳ барф аз боридан монд. Замину замон ях баст. Торафт хунукӣ сахт мешуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, имруз мардум сер- тараддуд буданд, ба бозор мерафтанд. Ҳама як ташвиш доштанд, чизу мол, асбобу анҷоми рузгорро ба бозор бурда, ғалла ё нон хариданӣ буданд. Роҳ пур аз пиёдаву савора.
Бачаи тахминан 15 – 16-солае, ки дар тан ҷомаи чда-чдаи сатини сиёҳ ва дар по музаҳои дарида дошту руймолашро гирди сару гушҳояш печонда буд, аз пайроҳае ба роҳи калон баромада, ба бозоракиҳо ҳамроҳ шуд.
- Ҳа, Рустам, дар ин хунукӣ куҷо меравӣ? – пур- сид пирмарди савора, ки худро руйи зин бо чакман дурустакак печонда буд, лаҷоми аспашро кашида.
- Бозор, – гуфт Рустам.
- Чӣ мебарӣ?
Рустам ба суоли пирмард чӣ ҷавоб доданашро надониста, худро андаке ба ақиб кашид ва даст ба кисааш андохт. у гушвораҳои модари раҳматиашро, ки пас аз ҷанг (Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945-ум дар назар аст) рафтани падараш ба бис- тари беморӣ афтода, чанд рӯз пеш аз олам гузашта буд, аз киса баровард. Баргакҳои он ларзиш хурда, оҳиста чрангос заданд. Садои шинос; модари Рус- там ҳар гоҳ ки аз коре ба завқ меомад, бо табассум сар меҷунбонд, баргакҳои гушвораи ӯ ана ҳамин тавр ларзида садо медоданд.
Гушвораҳо ба ӯ бисёр мезебиданд ва модари Рустам онҳоро ҳеҷ гоҳ аз гӯш
намегирифт. Гушвораҳои ӯро танҳо вақте занҳои ҳамсоя аз гушаш гирифта, аз руйи васияташ ба хоҳари калонии Рустам – Ҳабиба доданд, ки вай аз олам чашм пушида буд. Ҳоло Рустам ҳамин гӯш- вораҳои модарро ба бозор бурда, бо нон иваз карданист. Илоҷи дигар ҳам намонда. Ду рӯз боз Рустам ва хоҳараконаш – Ҳабибаю Назираи хурд- сол гуруснаанд.
Бегоҳ Рустам як пора нони хушки ҳаққи худашро ҳам ба хоҳараконаш тақсим кард. Охир, акнун ӯ марди хоа аст. Инро ба ӯ падар дар номааш таъкид намуда. у гуфта, ки баъди сари модар нигоҳубин ва саробонии хоҳараконаш ба уҳдаи вай, бо нангу номус бошад. Хоҳараконаш нангу номуси ӯ будаанд. Бале, падар рост мегуяд, вай мардбача, марди хона.
… Рузи дуюм аст, ки Рустам дигар барои нон ба хонаи кари Бӯрӣ намеравад ва Бӯрӣ низ акнун ба хонаи онҳо намеояд. у одами зишт будааст.
– Рустам, омадӣ, биё, – кари Бӯрӣ хилофи ҳар- руза хандон-хандон аз хонааш ба пешвози Рустам баромад. Уро ба хона хонд. – Рустамҷон, нон бисёр, ба ту то соли оянда мерасад, ана, худат бин, – Кари Бӯрӣ ба ду халта нони хушк, ки дар як тарафи хона руйи ҳам чида буданд, ишора кард. – Лекин, Рустам- ҷон, як маслиҳат, – кари Бӯрӣ риши ғулии мошу- биринҷашро даст-даст карда идома дод: – Ҳабиба- ро ба ман медиҳӣ.
Кари Бӯрӣ боз чӣ гуфт? Рустам ӯро намешунид. Осмон гӯё ба сараш фуру омад. Акнун ӯ фаҳмид, ки
кари Бӯрӣ ба чӣ сабаб пас аз марги модараш ба онҳо ин қадар муҳибу меҳрубон шуда. На, на, Рустам хоҳараконашро бо нон иваз намекунад, Ҳабибаро ба Кари Бӯрӣ намедиҳад! Коре карда, рузи хоҳара- конашро мегузаронад, нон меёбад.
Рустам аз гуруснагӣ якбора худро беҳол ҳис кард. «Худро ба даст гир, Рустам, ту акнун марди хонаӣ…» Рустам гушвораҳои модарашро аз нав ба кисаи пеши бағалаш андохт. Пирамарди савора гардиши теппаро тоб хурда аз назари ӯ дур шуда буд.
Рустам қатори бозоракиҳо қадам мениҳод…
Бозори Янгибозор. Нурҳои камтаъсири офтоби зимистон ба оби дарёи Кофарниҳон, ки мардуми бисёре дар канори он ҷамъ омада, хариду фуруш доштанд, бархурда шаъшаъапошӣ мекарданд. Оби дарё аз қабати ях бесадо ҷорӣ мешуд. Чарахсаҳои он ба руйи сангҳо бархурда ях мебаст, сангҳо чун оина шаффоф мешуданд. Шамоли сард мевазид, одамон дандон ба дандон монда, ба хунукӣ тоқат мекарданд. Рӯз хунук аммо бозор гармтар мешуд. Ана, як харидор, марди бурутии тануманде, дар рӯ ба руйи Рустам, ки гушвораҳои модар дар даст ғарқи хеёлот буд, бозистод.
– Бача, гушвораро мефурушӣ? Ку, ба ман буте, – даст дароз кард мард.
«Чӣ? у гушвораҳои модарашро ба кафи ҳамин мард мегузорад? Ба ӯ фурушад? Васияти модар чӣ мешавад? Гушвораҳо аз они Ҳабиба. Не, намехоҳад онҳоро ба харидор бидиҳад. Бо нон ҳам иваз наме-
кунад. Ба гуруснагӣ тоб меоранду нишонаи модарро эҳтиёт мекунанд.»
… Рустам гушвораҳои модарашро ба кисабағал андохт. Марди бурутӣ ғур-ғуркунон аз назди ӯ гу- зашта рафт. Рустам ҳам аз бозор баромад. Ба канори роҳи калон гузашта, барфи руйи сангеро бо лаби остини ҷомааш руфт. Бале, ӯ гушвораҳои мо- дарашаро намефурушад. Аммо нон ёфтан лозим. Бо кадом роҳ?.. Аз гуруснагӣ сари Рустам чарх гашт. ӯ бемадорона руйи тахтасанг нишаста, сарашро миёни кафҳояш гирифт. Ҳоло хоҳараконаш аз хоб хестаанд. Онҳо ҳам гуруснаанд. «Нон» мегуянд. Рустам ба деҳа баргардад? Бе нон? Бо дасти холӣ? Рустам аз ҷояш хест. Офтоб ба миёни осмон омада, бозор камодам шуда буд.
Рустам ба роҳ даромад. «Ба куч Ба деҳа?»
баногоҳ фикре ба сари ӯ омаду ба тарафи ду асп, ки чанд қадам онсутар ба харии(?) боми хонае баста шуда буданд, равона шуд. Аспҳо аз турбаҳои пур кумур-кумур ҷав мехурданд. Рустам ҳаросон атроф- ро аз назар гузаронду руймолашро аз сар кушод ва руйи замин паҳн намуд. Аз сари асп турбаро гириф- та, чро зуд ба руймолаш холӣ кард. Банди турба- ро аз нав ба сари асп кашида буд, ки як мард тозиёна дар даст аз рӯ ба руяш пайдо шуд.
– Канӣ, сағира, ба ман нигар!?
Ҳанӯз Рустам дасташро аз турба нагирифта буд, ки мард чанд тозиёна паси ҳам ба сару руйи ӯ зад. Аз чашму руйи ӯ хун ҷорӣ шуда, руйи барфҳоро лола- гун кард. Рустам фарёдзанон ба замин афтид.
Дар гирди ӯ ва соҳиби асп бозоракиҳои бисёре ҷамъ омада буданд. Онхо аз вокеа огох, шуда, сохиби асп- ро сарзаниш карданд. Гуфтанд, ки сағираи бечора- ро беҳуда зада маҷрӯҳ сохт. Наход одами каппа- калон як бачаи бечораро ин қадар занад?
Мард ҳам аз бераҳмиаш хиҷолат кашид, ки аз гиребони ҷомаи Рустам дошта, ӯро аз руйи барф рост намуд ва руймоли чро ба дасташ дода гуфт:
– Гир, сағира, гум шав! Рав!
Аммо Рустам бовар намекард, ки руймоли чро ба ӯ баргардонданд. у руймолро ба даст гирифта, хамаи дарду ранҷашро фаромуш намуд. Рустам аз назди издиҳоми мардум дур мешуд, ҳама ба ӯ бо тараҳҳум нигоҳ мекарданд.
у гушвораи модарашро нафурухта, барои хохараконаш хӯрокӣ ёфт. Ҷавро дар ӯғур куфта орд мекунад. у марди хона аст, бояд хоҳараконашро хуронад… Рустам, пешпо хурду ба замин афтод. Аз ҷой бархостанӣ шуд, аммо мадор надошт.
– Рустамҷон, хез дастатро ба ман деҳ… – дасти модараш ба суйи ӯ дароз шуд.
– Не, ман худам мехезам, модарҷон, – Рустам аз ч бархостанӣ шуд. Нимхез шуда ба даруни ч афтод. Аз хунукӣ тамоми баданаш виҷиррос заду ба ҳуш омад. Касе дасти ӯро дошта аз ҷояш хезонд.
Ҳаво торик шуда, боз барф меборид. То деха хеле роҳ. Рустам, руймоли ч дар даст, беҳушона дар байни роҳ кадам мезад.
Чароғҳои деҳа намудор шуданд. Рустам рӯй- моли ҷавро ба руйи барф ниҳода, дар канори роҳ нишаст. Сару руяш ғарқи обу арак, шуда, тамоми ба- данаш чун барги бед меларзид. у дигар аз ҷо хеста наметавонист. То деҳа андаке роҳ. Он ҷо хоҳара- конаш бо чашми чор ба роҳи ӯ нигаронанд. Аммо Рустам дигар кадаме ба пеш ниҳода наметавонист. Аз ҷояш хестанӣ шуд, мадораш намонда буд. Чароғҳои деҳа дар пеши назари ӯ хомуш шуданд…
- Рустамҷон, хез, биё, боз андаке роҳ монд, – модар ба суйи ӯ боз даст дароз кард.
- Рустам, ту акнун марди хона, хона ва хоҳарако- натро нигаҳбон шав, – овози падарро шунид. Аммо Рустам дигар мадори аз ҷой хестан надошт. Гурус- нагӣ ӯро аз пой афтонда буд. Рӯяш аз барф сафед мешуд…
* * *
Зани миёнсоле ба сари кабр расида, дастархони пури нонро аз сар гирифта, дар наздаш паҳн намуд, сонӣ кабрро оғӯш карда ба навҳа даромад:
– Рустамҷон, хез, ҷонакам, хез, нон овардам, нони гарм, нони гандум. Нон дар ҳама ҷо пур шуд, арзонӣ, фаровонӣ, хез…
Зан хоҳари калони Рустам Ҳабиба аст. Ҳар гоҳ гушвораҳои модар дар гӯш, дастархони пури нон дар тори сар ба зиёрати мадфани бародараш Рустам, ки як вақтҳо аз гуруснагӣ дар даромадгоҳи деҳа ҷон дода буд ва мардум ӯро дар ҳамин ҷо ба хок супур- даанд, меояд, ба ёди ӯ менолад. Рӯзҳои гуруснагӣ ва Рустамро ба ёд меорад…
ОХИРИ КИТОБ
Муҳаррир – Робия Абдуллоева
Муҳаррири техникй – Фирдавс Давлатбеков
Таррох, ва ороишгар Рассом – Амирхон Ахмадхонов
Хуруфчин – Хусейн Чилаев Суруш Зайниддинов
Ба чопаш 13.01.2015 имзо шуд. Андозаи 60х84 1/16.
Қогази бурандуд. Чопи офсетй. Чузъи чопй 0,75.
Гарнитура Times New Roman Tj.
Адади нашр 5000 нусха. Супориш № 35/2015
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумхурии Тикистон.
734024, Душанбе, кӯчаи А. Дониш, 50.
Тел: 98-552-89-89. E-mail: najmiddin64@mail.ru