Эраҷи Забардаст зодаи шаҳри бузургмардони шеъри форсӣ – Ше-
роз аст. Ӯ шоирест, ки танҳо рубоӣ менависад. Рубоиёти ӯ то кунун бо
исмҳои «Хандаҳои хис», «Як сабад ойина», «Борон, ки биборад ҳама
ошиқ ҳастанд», «Хайёме дигар», «Ҳаёти дубораи рубоӣ», «Таронаҳои
пурташвиш» ва ғайра ба нашр расидаанд. Ҳофизшиноси барҷастаи
эронӣ Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ӯро «Хайёме дигар» номида, дар си-
тоиши ӯ гуфта АСТ:
Хайём зи пушти парда сармаст омад,
Бо кӯзае аз тарона бар даст омад.
Бигзашт ҳазораеву мо чашм ба роҳ,
То навбати Эраҷи Забардаст омад.
Воқеан ҳам ин адиби рубоисаро сазовори ҳама гуна таҳсин аст. Зеро
рубоиёташ намунаи беҳтарини рубоист. Волоияти ӯ дар сухан аз он аст,
ки дар офаридани маънии баланд ва тасвирҳо ва парадоксҳо, ба кор
бурдани санооти бадей дасти тавоно дорад ва ба номи худ – Забардаст
зебанда аст. Беҳтарин ҷиҳати шеъри Эраҷи Забардаст навгароист. Ӯ на
танҳо дар мазмун, балки дар қолаб низ дигаргуние ворид намудааст.
Барои мисол як рубоии ӯ, ки ба шеъри нимоӣ шабоҳат дорад, меорем:
Мехоҳам бо паранда
Ин ҷо, он ҷо
Бо кӯҳу дарахт, чашма
Бо дарё, бо парвона, ҳаво, нур,
Ва…ва..
Дӯст шавам,
Мехоҳам бо баҳор бошам
Танҳо.
Инчунин ӯ ягона шоирест, ки рубоӣ – cvna-r гх/фтааст, ба ин шакл:
Рӯҳест, ки дар тан аст, ҳоло ин шакл
Моҳи шаби рӯшан аст, ҳоло ин шакл
Он чашми муаттари азал медонад,
Шакли дигари ман аст, ҳоло ин шакл
Рубоиёти Эраҷи Забардаст як маротиба бо баъзе ғалатҳои имлоӣ
дар Тоҷикистон бо кӯшиши шоир ва мутарҷими ҷавон Бахтиёр Аминӣ
бо номи «Ҳаёти дубораи рубоӣ» ба нашр расид. Ин маҷмӯа имрӯз ка-
мёфт гардидааст ва на ҳама аз Эраҷи Забараст огаҳӣ доранд. Мақсад
аз омода намудани гузидаи шеъри Эраҷи Забардаст ошно намудани
хонандаи азиз ба шеъри насли нави ҳамзабонон аст.
РУБОИЁТ
1
Сад бор ба санги кина бастанд маро,
Аз хеш ғарибона гусастанд маро.
Гуфтанд ҳамеша бериё бояд зист,
Ойина шудам, боз шикастанд маро.
2
Ба устод Маҳмуди Фаршчиён
То болу пари умр ба ранги ҳавас аст,
Аз авҷ сарозер шудан як нафас аст.
Он лаҳза, ки боли зиндагӣ мешиканад,
Дар чашми паранда осмон ҳам қафас аст.
3
Имрӯз биё таронахонӣ бикунем,
Бо сабзаву об ҳамзабонӣ бикунем.
Ид асту ғубори ғам гирифтаст дилам,
Эй ашк, биё хонатаконӣ бикунем.
4
То гиря тилисми дардро мешиканад,
Дил ҳурмати оҳи сардро мешиканад.
Дарёи ҳазор мавҷи тӯфонхез аст,
Ашке, ки ғурури мардро мешиканад.
5
Мо вақти нигоҳро даме донистем,
Аз дониши чашмҳо каме донистем.
Кажтобии дастҳову бемеҳрии санг,
Мо ойина будему намедонистем.
6
Борон: -Таби ҳар тараф биборам дорам.
Деҳқон: -Ғами то ба кай бикорам дорам.
Дарвеш нигоҳе ба худ андохту гуфт:
-Ман ҳарчи ки дорам, аз надорам дорам.
7
То покию содагӣ маро пеш бибар,
То кулбаи бериёи дарвеш бибар.
Эй лаҳҷаи хиси абрҳо, эй борон,
Дастони маро бигиру бо хеш бибар.
8
Дар хоб чароғ то саҳар дастам буд,
Дар хоб калид ҳар чӣ дар дастам буд.
Зеботар аз ин хоб надидам хобе,
Бедор шудам, дасти ту дар дастам буд.
9
Шуд кӯча ба кӯча ҷустуҷӯ ошиқи ӯ,
Шуд бо ғаму ғусса рӯ ба рӯ ошиқи ӯ.
Поёни ҳикоятам шунидан дорад,
Ман ошиқи ӯ будамуӯ ошиқи ӯ…
10
Бо ҷумлаи риндони ҷаҳон ҳамкешам,
Хайёми таронаҳои беташвишам.
Ангор шароб аз осмон меборад,
Вақте ки ба чашмони ту меандешам.
11
То ишқ таронахони чашмони ғам аст,
Роҳи ману ту ҳамеша бар печу хам аст.
Эй ҳасрати рӯзҳои бебаргаштам,
Сад бор, ки ошиқат шавам, боз кам аст.
12
Бо хеш ҳамеша душманӣ, эй дили ман,
Чун соя ба дунболи манӣ, эй дили ман.
Ҳарчанд, ки аз санг туро сохтаанд,
Як рӯз ту ҳам мешиканӣ, эй дили ман.
13
Лабҳои ту сура – сура тафсири Худост,
Чашмони ту бериётар аз ойинаҳост.
Эй сабзтарин, сабзтарин, сабзтарин,
Симои ту сини ҳафтуми сафраи мост.
14
Дар сӯги Содиқи Ҳидоят
Чун рӯҳ вуҷуди ту муаммое буд,
Омезае аз ҷунуну зебоӣ буд.
Рӯзе, ки туро хок дар оғӯш кашид,
Зону задани марг тамошое буд.
15
Ба Нимо Юшиҷ
Дарвеши ҳамеша бениёз ойина аст,
Садқои вуҷуди шаҳри роз ойина аст.
Бо сангдилони санг дар даст бигӯ:
Ойина агар шикаст, боз ойина аст.
16
Ишроқи тамошоии бовар бошӣ,
Аз арши Худо низ фаротар бошӣ.
Сад каъба намоз мегузоранд туро,
Як лаҳза агар ба ҷойи модар бошӣ.
17
Пироҳани хиси абр танпӯши ман аст,
Сад боғи табархӯрда дар оғӯши ман аст.
Ин зиндагии кабуд, ин талхи бунафш,
Захмест, ки солҳост бар дӯши ман аст.
18
Дар сӯги Фаридуни Фурӯғӣ
Он қадр канори сояаш танҳо зист,
То рафт, нафаҳмид касе дардаш чист.
Барфу тани шаҳру боди шаллоқ ба даст,
Ҳоло ҳама ҷо ҳарфи касе ҳаст, ки нест.
19
Як буму ҳавое, қомате ин гун^:.. .
Як доиаву иқомате ин гуна: —
Як шаҳр бикуш, ки сокинонаш доранд,
Ҷои сарашон аломате ин гуна: ?
20 |
21 |
Ба устод Ҳошим Ҷовид
Во кард садаф даҳон: -Саховат ин аст, |
22 |
Дар сӯги Аҳмади Шомлу
Шаб ҳодисаро ишорате мубҳам кард, Эй бовари бекарона, эй қӯи сафед, |
23 |
Гар дил таби шуълаҳои саркаш гирад, Аз ҳурми ману ту марг оташ гирад. Дилсӯхтае бош, ки бо номи Ватан, Оҳи ту камон зи дасти Ораш гирад. |
24 |
Ба муносибати солрӯзи марги Сӯҳроби Сипеҳрӣ Он хона, ки хиси атри шаббӯст куҷост? |
Он хона дар ин сӯс-т, дар он сӯс-т, куҷост?
Дар печу хами бод нишоне гум шуд,
Сӯҳроб куҷост? … Хонаи дӯст куҷост?
Фарёд кашид барг: (Эй дод, эй дод, эй дод дубора бод меояд, бод) Ин бор: |
Афтод / наяфтод
Наяфтод/ афтод
Пешгуфтор, интихоб ва баргардони
Насимбек ҚУРБОНЗОДА |