Главная / Без рубрики / Хатми Қуръон

Хатми Қуръон

Дар бораи хатми Қуръони карим дар намози таровеҳ дар байни
мактабҳои фиқҳӣ ду нуқтаи назар вучуд дорад. Имом Молик (рҳ) он-
ро суннат намедонад. Дар назди ҷумҳури бузургони ҳанафӣ намози
таровеҳ суннати муаккада, бо ҷамоат гузоридани он суннати кифоя ва
як бор хатм кардани Қуръони карим дар моҳи Рамазон дар намози та-
ровеҳ низ суннати ири муаккада мебошад, то мардум лоақал дар со-
ле як бор дар моҳи Рамазон тамоми Куръонро бишунаванд. Имом
набояд аз рӯи танбалии қавм хатми Қуръонро тарк намояд.
Аммо миқдори оятҳое, ки дар ҳар ракъати намози таровеҳ хонда
мешаванд, ба адади муайяне маҳдуд гардонида нашудааст, балки он
ба ҳоли намозгузорон бастагӣ дорад. Агар имом дар ҳар ракъат даҳ-
ёздаҳ оят бихонад, Қуръонро дар зарфи як моҳи Рамазон ва ё чанд рӯз
камтар аз он хатм менамоянд. Дар китоби «Мудаввана» омадааст:
Умср ҳро бсро 0اغ-
ранд вс дср ҳср рскъсти он дсҳ оятӣ бихонснд» .134 Имом Ҳасан ибни
Зиёд аз Абуҳанифа (рҳ) низ хондани даҳ оятро дар ҳар ракъати намози
таровеҳ ривоят кардааст.
Адади ракъатҳои намози таровеҳ дар тамоми моҳи Рамазон би-
нобар бисту нӯҳ ва ё сӣ будани он шашсад ва ё панҷсаду ҳаштод рак-
ъат мебошад. Вақте дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оятӣ бихонанд, ба адади
оятҳои Куръон, ки аз шаш ҳазору дусаду чанд (6236) оят иборат аст,
баробар мешавад.
Вале беҳтар он аст, ки ҳар шаб дар бист ракъат як пораи Қуръон-
ро хатм намоянд ва бо ҳамин дар зарфи як моҳ як хатми комил ан-
ҷом гирад. Ин миқдор ба ҳоли ҳар гуна намозгузор мувофиқат меку-
над. Аммо, агар намозгузороне тоқати бештар дошта бошанд ва ду
бор ва ё се бор Қуръонро дар моҳи Рамазон хатм намоянд, он низ
ҷоиз ва хуб аст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

Хукми омезиш бо занон хангоми эътикоф

Дар зимни ин оят Худованд хукми дигареро, ки ба омезиши бо занон иртибот дорад, баён …

222222222222222