Главная / Илм / Ҳаёт пас аз марг – аз сари нав зинда шудан баъди мурдан

Ҳаёт пас аз марг – аз сари нав зинда шудан баъди мурдан

Боварӣ ба ҳаёти ондунёвии пас аз марг аз муҳимтарин боварии усулии динҳо ба шумор меравад. Агар аз дин ин асл гирифта шавад, муҳимтирин посутуни дин аз миён бардошта мешавад. Мисриён низ ба навъе аз ҳаёти баъди марг ва вуҷуди рӯҳ (Баъ), боварӣ доштанд. Онҳо боварӣ доштаанд, ки дар ҳар фарди инсон, дар як вақт се вуҷуд, се асли ҷудогона ҳузур доранд. Яке асли зоҳир ва қолабӣ, ки тан аст.

Сониян, ҳамзоди вай ё сояи доимии инсон, ки номаш Каъ (ё Ка) аст. Сеюмин, Баъ (ё Ба) рӯҳи ҷовидонӣ ва равони улвии инсон аст. Баъ ба шакли тани парранда ва сари инсон дар рӯи қалб ё шиками инсон тасаввур мешудааст. Ин рӯҳ баъд аз марг дар фарози ҷасади инсон парвоз мекунад вале чун ба вай алоқа дорад ва лаззати таъом ва шароб ҳанӯз аз ӯ нарафта , бо шавқ бармегардад, дар ҳангоми баргашт ин рӯҳ ҳамон вақт роҳат ва оромӣ меёбад, ки бадан бе айб бошад ва ғизову об дар дастраси ӯ мавҷуд бошад ва роҳи баргашт ба қабр озод бошад, равзанае низ бошад. Баробари ин мисриён ба рӯҳи дигаре низ ақида доштанд, ки он хоси Каъ буд ва он ба як ақида мазҳари қувваҳои димоғӣ-ақлии шахс аст, Ба ақидаи мисриён рӯҳи сонӣ-Каъ метавонад ба осмон назди Офтоб парвоз кунад ва бо онназдикӣ ёбад.

Мисриён на танҳо ҷасади мурдаро барои ҳарчӣ хубтар баргаштани рӯҳи Баъ мумиё мекарданд ва барои Каъ муҷассамаи хурд сохта дар паҳлӯи колбуд мегузаштанд, ҳамчунин ҳаргуна асбобу лавозими зиндагӣ, пухту паз, ҳатто ороиш ва ҳайкалҳои хизматгоронро низ ҳамроҳи майит дар қабрҳо мегузоштанд. Дар ин маврид бозёфтҳои бостоншиносӣ аз гӯрхонаи Тутахтамон ва ғайра гувоҳӣ медиҳанд. Ривоҷи мумиё кардани бадани мурда низ дар заминаи боварӣ ба баргашти рӯҳ-« Баъ» ба тан будааст.

Усули ахлоии мисриёни бостон.

Дар ҳар дине як миқдор усули ахлоқӣ ва дастуроти шаръӣ ҷой дорад, ки заминаи умумиинсонӣ доранд аз ин қонун дину боварии мисриён низ истино набуд. Ба ин муносибат бемаврид нест, агар мо «Муноҷоти инсони покниҳод дар боргоҳи Осирис»-ро аз «Китоби мурдаҳо» чун намунаи ваҳдати усул ва ниҳодҳои ахлоқию маънавии инсоният оварем. Дар он чунин гуфта мешавад:

«Дуруд бод бар худои бузург! Худованди ростӣ!

Бингар, ки инак ман назди ту омадаам.

Дар пешгоҳи додгоҳи ту ҷой гирифтаам.

Ман гуноҳе накардаам ва кори ношоистае ба ҷо наовардаам.

Он кореро, ки худо нораво шуморида, ман раво надонистаам,

Ҳеҷкасро гурусна нигаҳ надоштаам,

Мояи бадбахтӣ ва озори касе нашудаам.

Ба куштани касе фармон надодаам.

Аз хӯроки ибодатгоҳ(маъбад) барои худ на гирифтаам.

Хӯрданиҳое, ки барои мурдагон буд, барои худ барнадоштаам.

Ман зино накардаам,

Аз мизон ва паймонаи ғаллаҳо накостаам,

Каффаи тарозуро вазнин накардаам.

Дар аломати нақши мӯҳрҳо тасвир ва тақаллуб накардаам.

Тифлро аз пистони модар ҷудо насохтаам,

Чорпоён ва ҳайвонотро аз чарогоҳи худ дур нанамудаам.

Пеши оби ҷорӣ садде насохтаам. Дигаронро аз оби наҳрҳо маҳрум насохтаам.

Саҳми худоёнро ба дурустӣ пардохтаам.

Чор бор (ҳар рӯзе) худро пок (таҳорат) кардам.

Инак ман покам! Ман покам! Ман покам!»

Дар ин «Муноҷот» метавон яқтнан гуфт, ки усули ахлоқӣ, беҳдоштӣ, чӣ бояд кард ва накард, яъне амру наҳиёти шаръии дини мисриён ифодаи худро ёфтааст ва ин усул дар динҳои баъдӣ низ ба ин ё он меъёре ворид шудаанд ва гувоҳи ваҳдати ниҳодҳои маънавию ахлоқӣ ва шаръии инсоният дар ҳар давру замоне мебошанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222