Главная / Маданият ва санъат / Хоб ва шабгардӣ – Лунатик

Хоб ва шабгардӣ – Лунатик

Бо ҳастанд одамҳое, ки аз хобашон хеста роҳ мераванд ва ҳатто монеъаҳои вазнину номумкинро паси сар мекунанд, яъне бо чашмони пӯшнда дар атроф гаштугузор менамоянд, болои бом мебароянд, дар болои девор озодона мегарданд ва ғ. Ин бемориро сомнамбулизм мегӯянд ва сохибонн онро лунатик ё шабгард меноманд. Дар ин гуна шахсхо ннмкурраи рост фаъол мебошад бинобар нн дар онҳо тарсу ваҳм, ки душмани асосии саломатӣ ва қудрату тавоноии қобилиятхои ҳам ҷисмонӣ ва хам равонию ақлонин мо мебошанд мавҷуд намебошанд, аз ин сабаб амалҳои онҳо ғайриоддӣ. менамоянд.

Лунатик кист?
Сабаби Лунатик будан – шудан дар чист?

Ҳастанд шахсони ин касалӣ, ки дар хобашон худашонро мепӯчанд, хеста либосашонро ва ё ягон кори хонаро иҷро мекунанд ва ё нисбати ягон кас амали беҷоро иҷро мекунанд, ки дар натича амалҳои онҳоро, ки ба атрофиёнаш маълум намебошад ба шайтону аҷина ва ё ягон махлуқи дигар нисбат медиҳанд. Ёд дорам як нафар шиносамро,кн аз айвони хона бо чашми пӯшида фаромада буд ва ӯро аз тарафи дар фаромада дасташро гирифта оварда беягон нороҳатӣ ба ҷояш хобонда будем.

Яъне дар ин холат онхоро набояд бедор кард. чунки боиси тарс ва бемории ӯ шуда метавонед, балки дар пеши пояшон латтаеро тар карда партоед, он шахс баади онро гуфтан худашон бедор мешавад. Аз он сабаб, ки онҳо ро асосан дар авабхои маҳтобӣ диданашон осону муяссартар мебошанд, бинобар ин онхоро «лунатик» могӯянд. Вале ҳақиқат он аст, онҳо аз таъсири моҳи пурра бенасиб намебошанд. Ин амали онҳо дар ҳолати оғоз шуда метавонад чанд муддати муаяйн давом ёбад. Онҳо бе дахолати касон метавонанд, «сайру саёҳат ва нағмаҳо»-и худро бе ягон норасоӣ анҷом диҳанд ва бе ҳеҷ осебе ба ҷояшон баргарданд. Ин касалӣ муолиҷа шаванда буда аз паи илоҷи шифои онҳо шудани хешу табори эшон нисбати мариз кори савоб аст.

Шабгардӣ, яъне – лунатизм як намуди вайроншавии хоб аниқтараш касалии майнаи сар мебошад. Шабгард ба таври механикй дар хобаш метавонад ҳаракатҳои душворро ба иҷро расонад. Вай қодир аст ягон корро иҷро намояд: ашъёҳоро ба ҳаракат дарорад, либос пӯшад, сайру гашт намояд ва ғ. Сабаби ин гуна касалӣ норасоии асабӣ-равонӣ мебошад. Ҳатто дар кӯдакони ҳаяҷонашон баланд ин воқеъаҳо рӯй медиҳад, ки онро шабгардии кӯдакона метавон номид. Ва онро метавон бо риояи режаи хобу бедорӣ, машқҳои сабуки ҷисмонӣ бартараф кард. Мешавад ҳолатҳое, ки ин маризӣ бо гузашти синну сол худ аз худ гум шавад. Лек бемории шабгарди сабаби марг низ метавонад шавад- яъне шабона ба куча бехуш баромада ба зери мошин афтидан мумкин ва ё ба дарё афтидан.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222