Ба одами дар хоб буда таъсир расонида дар онҳо амалҳои гуногунро ба иҷро расонидан мумкин аст. Яъне дар ҳолати ба шахси хоб аз берун таъсир расонидан мазмуни хоби вай дар як лаҳза дигаргун мешавад ва хоби ӯ мувофиқи таъсири амалии фаъолияти шумо тагйир меёбад.
Масалан, ки намедонад шӯхии давраи бачагиро бо номи «дар хоб велосипед рондан»-ро. Ё ки ҷойгаҳро тар кардани кӯдакро бо таъсири бориши беруна. Ё ки агар дар пеши шахси хоб аз як истакон ба истакони дигар чанд бор обро рехтан гирем, пас хоби шахси хобида тағйир ёфта ӯ ҷояшро тар мекунад.
Ҳангоми хоб будани шахс дасти ӯро ба даруни косаи обдор гузошта ин ҳодисаро мушоҳида кардан мумкин. Аслан кудак аввал хоб мебинад, ки дар ягон ҷойи мувофиқ пешоб карда истодааст, вале аз сабаби норасоии равонй ва суст шудан ё маризии асаби ӯ он нуқтаҳое, ки ӯро аз ҳақиқати ҳол огоҳй медоданд ноҷур мемонанд, ки дар натиҷа амали дар хоб кардаи кӯдак ба ҳақиқат табдил ёфта вай ҷогаҳро тар мекунад. Дар ин ҳолат чизи муҳим аниқ намудани сабаби ин амали кӯдак, ки он аз тарс, аз шабона ягон чизй хунук хӯрдан, ё хӯрдани нӯшокии зиёд, болояш бе курпа мондан, ё шабона пеш аз хоб аз пешоб озод нашудани он ва ғ. мебошанд, ки бартараф кунии онҳо кӯдакро даво мебахшад. Дар ҳолати баръакс сабабҳоро дар равону асаби вай бояд ҷуст. Овардани ин мисолҳо ба хотири он аст, ки ба вақти хобидан бояд аз омилҳои ба нороҳатии хоб таъсиркунанда эҳтиёт бояд шуд.
Ба шахси хобида ҳатто алоқаи каломй кардан мумкин аст. Масалан шахсе дӯстдоштаашро рӯзона дид ё сахт фикри ӯро кард, ё ки ягон нафарро сахт хуш карда дер боз дар орзуи висоли ӯ аст. Агар ин хоҳиши вай бо фармони нимкураи рости вай, яъне ба хости дили ӯ бошад пас дар шаб ӯ метавонад ҳамаи он хоҳишҳояшро дар хобаш бе ягон монеъа ба амал орад. Ва шахси кордидаю пӯхта агар паҳлӯи шахси хоб дар ин талла белор бошад хамаи амалхои ӯро «гӯё дар синамо» мсбннад. Дар нн ходат агар хохмши шунидани хамаи суханони шахсм хобднда зарур бошад мебоал, нуги «се ангушт»-ро ба лаби вай гузошт, ё ки чанд алафҳое хастанд, ки мебояд пеш аз хоб зери болини шахси хобида гузошт.
Усули «се ангушт»-ро гипнозчиҳо хангоми гипноз кардани беморон агар онхо 6а душворӣ ба таъсири онхо афтанд истифода мебаранд. яъне ба мақсади ба таъсири «сухан» муолича намуданн онҳо. Ва дар ин гуна ҳолатҳо шахс бо шахси хобида адоқаи каломӣ намуда метавонад аз сирри ӯ огоҳӣ ёбад, махсусан баъди мондагиҳои ҷисмониву равонин сахти шахси хоббида.