Главная / Маданият ва санъат / Хоби суст чи маъно дорад?

Хоби суст чи маъно дорад?

Ду марҳилаи асосиро дар силсилаи хоб ҷудо кардаанд: хобби суст ва хобби сахт. Дар хоби суст мушакҳои шахс камҳаракат, нафасгириаш суст, шиддати задании дилу набз паст мебошанд. Шахс аз чор се ҳисса(75%)-и хобби шабонаашро асосан дар ҳамин ҳолат мегузаронем, яъне дар шаб агар шахс ҳашт соат хобад, шаш соатро хобби суст ташкил медиҳад.

Хобро илми сомнология меомӯзад. Хоб аз силсилаи ду фазаи ба ҳам чанд маротиба иваз шавандаи батартиб, хобби суст ва сахт, яъне аз пайдарпайиҳои мунтазамми онҳо таркиб ёфтааст.
Дар хоби суст дил оҳиста кор мекунад, мардумаки чашм бе ҳаракат мебошад. Дар давоми хоби суст, ки хоби сусти (сахт)чуқур мебошад барқароршавии мунтазами биохимиявй дар майнаи сар ба амал омада, просесҳои узвҳои дохилй фаъол мебошанд. Маҳз дар ҳамин фаза тақсимоти зиёди ҳуҷайраҳо ба амал омада гармониқад пайдо мешавад.

tild6132-3935-4538

Дар вақги хоби суст ҳазми хӯрок паст шуда, задании тапиши дил кам мешавад, нафасгирй рӯякй ва суст мешавад. Вале дар ин ҳолат дар ҳамаи узв ва системаҳои бадан проесесҳои фаъоли муҳими ҳаётй ба амал омада, фаъолияти кори онҳо барқарор карда мешавад. Маҳз дар ҳамин ҳолат ҳодисаи сабти воқеъҳо ба хотири дарозмуддат ба амал оварда мешаванд.

Дар ҳолати хоби суст шахс метавонад роҳ гардад ва гап занад.
Хоби суст ба се зина тақсим мешавад.
1. Хоби сабук- чанд дақиқа;
2. Хоби ҳаққонӣ- 20-25 дақиқа;
3. Хоби фаромушшуда- 30-40 дақ. Ин зинаи номаълумн хоб аст, чунки ҳама чизи дида фаромӯш мешавад.
З1 (10-15 дақ.)+З2(20-25дақ.)+З3(30-40дақ.)= Хс (60-80)дақ.

Дар ин ҷо чунин ишораҳоро раво донистем: Хс- зинаҳои хобби суст; ХТ= Хоби тез; Д1… Д5-давраҳои силсилаи хоб; Ф- даври хобинӣ

 Хоби тез баъди зинаи сеюми даври хоб ба амал меояд ва дар давраи якум (5-10)дақ. давом мекунад, яъне
Х*=(5-10)дақ.

Даври хоб 80-90 дақ. мебошад, бо такроршавӣ аз 5 то 6 бор, ҳар дафъа давомнокии хоби суст 20-30 дақ. кам шуда ва аз ин ҳисоб давомнокии хоби тез зиёд гардида дар охир шахс бедор мешавад. Дар ин муддати силсилаи хоб шахс аз 12(аз 10 дақ.) то 15(то 40 дақ) хоб мебинад.
Д1:3′ (10-15 дақО+З2(20-25дақ.)+33(30-40дақ.)+0(5-10дак.)= =(70-80)дақ.+ (5-10)дақ.= (75-90)дақ., яъне Д]=(75-90)дақ.

Ҳамин тавр Д2=(75-90)дақ. ва ғ.

Агар мувофиқи маълумотҳои болоӣ амал намоем пас баъди ҳисобу китоб ба чунин натиҷа омадан мумкин аст: шахс метавонад дар ҳолати дар як вақти муайян, дар ҷойи бо шароитҳои мувофиқ, набудани омилҳои ба хоб таьсири манфӣ расонанда ҳамагӣ 7,5 соат хоб карда аз он сер шавад.

Зинаи хоби сабук ҳамеша такрор шуда бо камшавии хоби сахт хоби ҳаққонӣ ва хоббинй меафзоянд. Ва шахс мешавад ҳолате, ки баъди хоби ҳаққонӣ якбора хоб бинад, яъне зинаи хоби сахтро нагузашта.
Зинаи хоби бе ҳис, яъне хоби ҳаққони(ҳатто чашми кӯшода низ намебинад, м-н, афсар дар пост). Дар ин зина мо аз таъсири равшанӣ ва ё садо бедор намешавем.Баъзеҳо дар зери таъсири садои радио, ТВ ва ҳатто мусиқии рок хоб мераванд.

Зинаи ҳобисахт. Дари ин зинаи хоб гормонҳои афзоиш, зидҷисм ва дигар унсурҳои муҳими афзоишкунандаву нигаҳдоранда, муборизабарандаву пайдокунанда пайдо мешаванд.
Ҳаракатҳои асосии бадан ҳангоми пеш аз хоб ва ё баъди хоб ба амал меоянд. Ин ҳаракатҳо ҳангоми хоб дидан ба амал намеоянд.

Даври сеюми силсилаи хоб аз ҳама беҳтар мебошад, чунки вай ба нимаи аввали шаб рост меояд. Кӯҳансолон бинобар ин «хоби хуб хоби аввали шаб» мегӯянд. Мумкин, ки аз ин сабаб баъзе аз бузургон нимаи аввали шабро афзалтар дониста ҳамагӣ 3-4 соат хоб мекунанд. Вале эҳтимол аст, ки эшон рӯзона чанд бор ғанаб кунанд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222