Главная / Илм / Худбаҳодиҳӣ ва дараҷаи иддаои шахс

Худбаҳодиҳӣ ва дараҷаи иддаои шахс

Баҳодиҳӣ ва
худбаҳодӣ яке аз унсурҳои муҳими сохти шахс ба шумор
мераванд, ки нисбат ба дигар масъалаҳои он бештар
мавриди тадқиқ қарор ёфтаанд. Инсон тавассути дар си-
стемаи муносибатҳои ҷамиятӣ иштирок намудан ва бо
одамон муошират карданаш, худро чун субъекти ҳолат,
амал ва протсессҳои психикии худ эҳсос мекунад ва нис-
бат ба худаш чун «Ман»-е баромад мекунад, ки ба «дига-
рон» муқобил аст ва дар айни замон алоқаи зич дорад.
Мафҳуми «Ман» онро ифода мекунад, ки инсон айнияти
худро ба худаш дар гузаштаю ҳозира ва оянда мефаҳмад.
«Ман» қатъӣ назар ба дигаргуниаш дар вазъиятҳои гуно-
гуни ҳаётӣ, новобаста аз тағйирёбии шуур, ақидаю
мақсадҳо ҳамон «Ман»-ам, ки дирӯз будам, айни замон
ҳастам ва дар оянда ҳамон хел хоҳам буд.

Баҳодиҳии «Ман» натиҷаи муқоисаи доимии чизи
дар худ дидаи шахс бо чизи дар дигарон дидаи ӯ мебошад.
Инсон дар бораи худ маълумот ҷамъ намуда, онро бо
маълумотҳои дар бораи дигарон доштааш муқоиса меку-
над, ин гувоҳи он аст, ки ӯ нисбати сифатҳои шахсӣ,
рафтор ва зӯҳуроти худ бепарво нест. Ба ибораи дигар-
шахс соҳиби гурӯҳи реферантӣ (реалӣ ё идеалӣ) мебошад,
ки ба он доимо аҳамият медиҳад ва дар он нишон-
диҳандаҳои арзишноки ҳаётӣ, шавқу ҳавас ва идеалҳоеро
пайдо мекунад, ки ба худи ӯ низ дахл доранд. Шахс дар
рафти муқоиса кардани худ бо эталони (намуна) муқо-
исашаванда аз натиҷаи санҷиш қаноатманд мешавад ё
қаноатманд намешавад.

Дар адабиётҳои илмӣ ва амалӣ ду намуди худ-
баҳодиҳӣ: худбаҳодиҳии мувофиқ ва худбаҳодиҳии но-
мувофиқро аз ҳам фарқ мекунанд. Худбаҳодиҳии мувофиқ
ба шахс имконият медиҳад, ки ба худ аз нуқтаи назари
танқидӣ муносибат карда, қувваю имкониятиҳои худро
барои ҳалли масъалаҳои гуногун ва талаботҳои атрофиён
мувофиқ гардонад. Ин намуди худбаҳодиҳӣ шарти зару-
рии ташаккули шахсият мебошад. Худбаҳодиҳии номуво-
фиқ дар навбати худ ба ду намуд: худбаҳодиҳии дараҷааш
баланд ва худбаҳодиҳии дараҷааш паст ҷудо мешавад.

Худбаҳодиҳии баланд нишонаи ба имкониятҳои худ
аз будаш зиёд баҳо додани шахс мебошад. Ин намуди
худбаҳодиҳӣ одатан шахсро ба зиддияти атрофиён дучор
гардонида, барои ӯ ташкили муносибатҳои солимонаи
байнишахсиро мушкил мегардонад.

Худбаҳодиҳии паст нишонаи ба қобилияту имкони-
ятҳои худ боварӣ надоштани шахс мебошад. Вобаста ба
он шахс дар иҷрои фаъолият ташаббусро аз даст дода,
нисбати худ қадрношиносӣ мекунад.

Худбаҳодиҳӣ бо дараҷаи иддаои шахс алоқаи зич до-
рад. Дараҷаи иддао гуфта, дараҷаи дилхоҳи худбаҳодиҳии
шахсро мегӯянд, ки ба дараҷаи душвориҳои мақсади шахс
вобаста аст. Одатан, чунин мақсадҳоест, ки мувофиқи
хоҳишу имконияти ӯст ва натиҷаест, ки онро соҳиб шудан
мехоҳад. Дараҷаи иддаои шахсро дар сурати ба ӯ пеш-
ниҳод кардани масъалаҳои дараҷаи ҳаллашон гуногун му-
айян кардан мумкин аст. Дар чунин ҳолат шахсони да-
раҷаи иддаояшон баланд, озмоишро аз ҳалли масъалаи
дараҷааш душвор оғоз мекунад, шахсони дараҷаи иддао-
яшон паст бошад баракс корро аз ҳалли масъалаҳои
осонҳал оғоз

мекунанд. Баъзан чунин шакли иддао рӯй медиҳад,
ки шахс кӯшиши ба

даст овардани муваффақиятеро накарда, балки аз
нобаробарии он ҳарф мезанад. Ӯдар чунин ҳолат ё
масъалаи душвор ва ё осонро интихоб мекунад. Шахс
масъалаи осонро ҳал карда истода, ба натиҷае муваффақ
мешавад ва дар сурати ҳал карда натавонистани масъала,
дараҷаи душвориҳаллии онро сабаб мекунад ва аз ин об-
рази «Ман»-и ӯ дигар намешавад.

Дараҷаи иддаои шахс аз якчанд омилҳо вобаста аст:
а) аз душвории воқеии супориши пешниҳодшуда; б) аз ар-
зишнокии ин супоришҳо барои худи шахс; в) ба таасуроте,
ки аз муваффақияту нобарориҳои пеш дар рафти ҳалли
масъалаҳои мувофиқ ба амал омада буд; г) аз худбаҳодиҳӣ
сохти шахс.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222