Главная / Илм / Хукми курбонй

Хукми курбонй

Курбонй дар назди ҷумҳури ахли суннат суннати муаккада ва дар
имом Абуҳанифа, имом Муҳаммад ва дар хавле аз имом Абуюсуф во-
ҷиб аст. Он бар шахсоне, ки садахаи Фитр бар онҳо воҷиб буд, воҷиб
аст. Шахсе, ки бар вай курбонй воҷиб нагаштааст, агар курбонй ку-
над, кори наку ва ачри бехисобе касб менамояд. 
Шартҳои вучуби курбонй иборатанд аз: а) Ислом, б) озодй (дар
кайди ғуломй набудан), в) ғино (боигарй) ва г) икома (муким будан –
дар ҳолати сафар карор надоштан) ва шартҳои сиҳҳат (дуруст гар-
дидан)-и он иборатанд аз ин ки: а) чорвои курбонй аз ҷумлаи баҳимаи
анъом – шутур, гов ва бузу гусфанд бошад, б) синнаш барои курбонй
расида бошад ва в) аз айбҳо ва бемориҳое, ки аз сӯи шаръ зикр шуда-
анд, солим бошад.
Пас курбонй, ба монанди садакаи Фитр, бар шахси кофир, ғулом,
камбағал ва шахси мусофир воҷиб нест, ҳамчунин забҳи ғайри баҳи-
маи анъом, ба монанди мурғ, харгуш ва ғайра ё забҳи чорвое, ки со-
лаш ба курбонй нарасида ва ё айбҳои ошкоре дар он буда бошад, ба-
рои курбонй ҷоиз нест.
Шарти дигари дуруст гардидани курбонй ният аст, ки ба шахси
курбоникунанда тааллук дорад. Аъмол ва курбатҳо аз назари шаръ бе
ният дуруст ва пазируфта намешаванд. Бинобар ин, шахси курбони-
кун бояд аз байни анвои курбатҳое, ки ба забоеҳ бастагй доранд, ни-
яти худро барои курбонй ё дар вакти харидорй ва чудо намудани чо-
рво ва ё ҳангоми забҳи он муайян созад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-32

Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом

дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …