Дар зимни ин оят Худованд хукми дигареро, ки ба омезиши бо
занон иртибот дорад, баён менамояд. Дар боло баён гардид, ки дар
шабҳои моҳи Рамазон мубошират ва омезиш бо занон ҳалол гардони-
да шудааст, вале дар сурате ки шахси рузадор эътикоф нишаста бо-
шад, дар муддати он эътикоф бояд бо занон омезиш нанамояд. Эъти-
коф яке аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад, ки шахси рузадор худ-
ро дар масҷид барои ибодати Худо фори месозад. Дар шабҳои эъти-
коф хурдану нушидан ҷоиз бошад ҳам, вале ҳамбистарй ва наздикй бо
занон мамнуъ аст. «Ва бо занони худ, дар холате ки дар масҷид эъти-
коф нишаста бошед, мубошират (ва наздики) нанамоед».
Дар ояти боло ду ҳолат ва ё ҳукме зикр шудаанд, ки дар ҳеҷ ҷои
Куръон ба онҳо ишорае нашудааст, яке мамнуиятҳои хосе, ки дар иб-
тидои фарзияти руза дар шабҳои моҳи Рамазон машруъ ва ҷорй бу-
данд, дуюм, эътикоф нишастан дар масҷид. Ҳукми машруияти ин ду
ҳолат дар ҳеҷ ҷои Куръон наомадааст ва дар ояти боло танҳо ба бекор
кардани мамнуиятҳои шабҳои мохи Рамазон ишора гардидааст. Дар
давоми оят бошад, бахше аз он мамнуиятҳоро барои рузадороне, ки
дар масҷид эътикоф менишинанд, ҳамчунон ба хукми худ бокй гузо-
штааст. Пас маълум мешавад, ки ин ду ҳолат – мамнуиятҳои хоси
шабҳои мохи Рамазон дар ибтидои фарзияти руза ва ҳамчунин эъти-
коф нишастан бо суннати Расули Худо (с) собит шудаанд ва Қуръон
мамнуиятҳои зикршударо дар шабҳои мохи Рамазон мансух ва бекор
гардонд ва эътикофро бо зикри шароит ва одоби хосе бокй гузошт.
Tags Рамазон