Пас аз баёни порае аз аҳкоми руза Худованд ба сурати пурчозиба
ва такондиҳандае мавзуи дуъоро ба миён меоварад. Рамазон аслан
моҳи кабули дуъоҳост ва зикри он дар ин ҷо бисёр муносиб мебошад
ва аз гӯшае аз эъҷози ҳидоят ва услуби бесобикаи Куръон дар эҷоди
таҳаввули решаи дар шахсияти инсон парда бармедорад. Дар авҷи ба-
ёни аҳкоми ибодии фаризаи руза Қуръон ба муолиҷаи паҳлӯи дигаре
аз ниёзҳои фитрии инсон мепардозад.
Инсон дар аъмоки фитрати башарии худ ба неруи бартари Худо-
ванд ниёз дорад ва ҳамон ниёзи фитри ӯро ба гуфтани хостаҳои инсо-
ни ва арзи заъфҳои башари дар пешгоҳи Худованд вомедорад. Қуръон
дар ин оят ба ҳамин ниёзи фитри ва падидаи равонии инсон посух ме-
диҳад, он ҷо ки мефармояд: «Ва вақте бандагонам туро аз Ман бипур-
санд, (бидонанд, ки) Ман (ба онхо) наздик хастам. Дуъо ва хостаи ду-
ъокунандаро, вақте Маро бихонад, иҷобат менамоям. Пас (онхо низ
даъвати) Маро бипазиранд ва ба Ман имон оваранд, то (хамин тавр)
рохи ростро дарёбанд».
Худованд бо як услуби зебо ва пур аз навозиш наздикии худро ба
бандагонаш ва иҷобати дуъои онҳоро баён намудааст ва назари онҳо-
ро ба таври ошкор ба яке аз бадеҳиёти акли ҷалб намудааст. Аз онҳо
хостааст, ки дини Худоро бипазиранд ва ба ӯ имон оваранд, то роҳи
рост ёбанд ва кабули дуъои онҳо низ ба ҳамин чиз вобаста аст, яъне
онҳо аввал ба аҳкоми дини Худо пойбанди нишон диҳанд ва ба ӯ бо
эътикодоти дуруст имон оваранд, то ӯ низ дуъояшонро иҷобат намояд.
Дуъо ва рӯй овардани банда ба Худо бо арзи ниёзҳояш олитарин
дараҷаи бедории замири худошинос, баландтарин камоли бандаги ва
куллаи розу муноҷот бо Парвардигор мебошад. Банда бо дуъои хеш
бо сидк ва аз самими калб аҷзу бандагии худро эълон менамояд ва ду-
ъое, ки аз чунин диле бархоста бошад, ҳатман ба иҷобат наздик аст.
Барои сафои рӯҳ, ҳузури дил ва дуъои холисона моҳи Рамазон, ба ху-
сус даҳаи ахири он ва шаби пурфайзи Қадр вакти муносибе мебошад.
Барои ҳамин Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Дар назди Худои та-
ъоло ҳец чизе боарзиштар аз дуъо нест» ва дар ҷои дигар мегуяд: «Ду-
ъо ибодат аст».
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …