Главная / Илм / ҲИҶРАТИ ПАЁМБАР

ҲИҶРАТИ ПАЁМБАР

Шаҳри Ясриб дар сесаду панҷоҳ км. шаҳри Макка ҷой гирифта буд. Аҳолии онро асосан, ду қабилаи арабӣ ва се қабилаи яҳудӣ ташкил мекарданд. Ду қабилаи арабӣ, ки ҳазраҷ ва авс ном доштанд ва се қабилаи яҳудӣ зиндагӣ мекарданд, ки банни қурайза, бани қайноқа ва бани Назир ном доштанд. Ихтилофу зиддият, то ҳадди душманӣ ҳам байни худи он ду қабилаи арабӣ ва ҳам байни ин ду қабилаи арабӣ ва се қабилаи яҳудӣ зиёд буд. Онҳо бисёр вақт дар ҳолати ӣанг қарор доштанд. Ин аст ки сокинони шахр дар вазъияти ногувор буданд ва зарурати шахси сеюми беҷаразе, ки тавонад байни онхо доварӣ кунад ва осоишу амниятро дар он шахр барқарор созад сахт эхсос мешуд. Ин аст, ки онхо барои ин мақсад Мухаммадро баргузиданд ва ӯро ба шахри худ даъват карданд.

muhammadБа дунболи ин дар мавсими хаҷҷи соли баъдӣ ҷамоати зиёде аз мардуми Ясриб ба ӯ байъат карданд ва паймоне бо номи «паймони Ақаба» \номи маҳалли имзои ин паймон\ баста шуд. Пас аз ин паймон Муҳаммад аввал пайравони худро ба Ясриб фиристод ва сипас худ рахти сафар баст. Ногуфта намонад, ки ҳам гуфтушунид ва ҳам кӯчбандӣ маҳрамона, дар воқеъ гурез аз хавфи марге буд, ки ба ӯ таҳдид мекард. Чунки ниҳоят қурайшиён тасмим гирифта буданд,ки ӯро кушанд. Барои он ки хуни ӯ ба як ё ду авлод тааллуқ нагирад мебоист, чандин нафар ҷавонони қурайш, ба Паёмбар (с) якбора ҳуҷум карда, ба якҷоягӣ ӯро мекуштанд.

Муҳаммад шабона аз Макка ҳамроҳи Абубакр берун омада, дар ғоре дар доманаи кӯҳи Савр пинҳон мешавад ва сипас савори шутур роҳи Ясрибро пеш мегиранд. Ниҳят ӯ бо 70 нафар пайравони худ, ки муҳоҷир номида шуданд, ба Ясриб омад. Ин воқеъа дар таърихи ислом бо номи “ҳиҷрат”-и Паёмбар (с) маъруф аст. Ва он мутобиқ бо 4 сентябри соли 622 м. буда, аз ҳамин рӯз солшумории ҳиҷрӣ оҷоз мешавад.

Пас аз имзои “паймони Ақаба” , ки паймони ҷанг номида шуд, \чун аҳли Ясриб аҳд карданд аз Муҳаммад (с) бо молу ҷони худ дифоъ хоханд кард \ даъват ба ислом ва рисолати паёмбарии ӯ хусусияти нав касб кард.

Тамоми сездаҳ соли даъват дар Макка аз тариқи мавъизаву таблиғу насиҳату огоҳонидан буд. Даъват ва рисолати Муҳаммад(с) дар Макка орӣ аз ҳар гуна ҳадафи сиёсӣ, соф динӣ-мазҳабӣ буда аст. Дар ин давра рисолати Мухаммад (с) ба рисолати Эсои Масеҳ шабоҳат дошт, ӯ низ мисли Эсо ҳар гуна шиканҷаву таъқибу фишорро бо сабру бурдборӣ таҳаммул мекард, даст ба силоҳу ҷанг ё даъват ба ҷиҳодро накардааст.

Аммо бо баста шудани паймони Ақаба ва ҳиҷрати паёмбар ба Мадина дигаргунии куллие дар рисолати ӯ ба вуҷуд омад. Муҳаммад дар баробари паёмбарӣ, масъулияту рисолати роҳбарии сиёсиро низ дарёфт. Дар ин давраи дуюм рисолати ӯ шабеҳи рисолати Мӯсо аст. Ӯ натанҳо рисолати даъват ба дини нав, балки рисолати раҳои бахшидан аз дастгоҳи зулм (тоғут)- мубориза бо душманони исломро дарёфт. Мухолифони Муҳаммад(с) аз Макка бо иқдом ба куштани Муҳаммад(с) дар арафаи ҳиҷрат ва таъзияву таъқиби мусулмонон худро дар вазъияти ошкорои ҷангӣ бо Паёмбар (с) қарор дода буданд. Аз тарафи Худо низ ваҳй бо мазмуни иҷозат ба ҷанг- “ҷиҳод” нозил шуд. \ 3. 2: 214\.

Аввалин коре, ки Муҳаммад(с) дар Ясриб анҷом дод бастани паймон бо тамоми аҳолии Ясриб: мусулмонон, бутпарастон (мушрикон) ва яхудиён буд. Ин аст, ки Муҳаммад (с) пеш аз ҳама ҳамчун ҳакам ё қозӣ ба ин шаҳр дохил мешавад. Аз сарчашмаҳо маълум, ки ҳанӯз пеш аз дохил шудани Муҳаммад (с) ба Мадина ба дин ва рисолати вай аксарияти ду қабилаи арабӣ гаравида буданд. Ба ҳар сурат паймони аввалӣ бо аҳолии Ясриб соф хусусияту аҳамияти сиёсӣ дошт. Ин паймон дар сарчашмаҳо, аз ҷумла “Таърихи Табарӣ” ба пуррагӣ омадааст ва аз камолу маҳорати сиёсии Паёмбар(с) шаҳодат медиҳад. \ Ниг. 14: 1. 107\

Бо вуҷуди муваффақияти бузурги хосила аз хиҷрат ба Мадина, дар ин шаҳр низ таблиғи ислом ва муносибати сиёсии дохили шаҳр алалхусус, бо яхудиён ва шайхони собиқи қабилаи авс ва ҳазраҷ хеле мушкил ва печида буд. Яҳудиён, ки дорои дини тавҳидии мустаҳкам ва дерина буданд, даъватҳову рисолати паёмбарии Муҳаммад(с)-ро ба боди тамасхур гирифтанд. Ҳамзамон бо мустаҳкам шудани мавқеияти Муҳаммад(с) дар Мадина душмании яҳудиён бештар ва ошкоротар мешуд. Ҳарчанд онҳо паймон намуда, аҳдномаро имзо карда буданд, дар ботин мунофиқӣ мекарданд, дасисаҳо роҳ меандохтанд. Ба замми ин аҳволи муҳоҷирони мусулмон, ки аз Макка ҳама молу боигариву хонаву ҷои худро партофта, ҳамроҳи Паёмбар (с) омада буданд хеле вазнин буд, онҳоро бо ҷову маош таъмин кардан лозим меомад, то ихтилоф бештар нашавад.

Дар соли аввал ҳамзамон бо бастани паймон нахустин коре, ки Паёмбар(с) кард, бинои масчид буд бо номи “Масҷиди Қубо”. Масҷид дар ҳамон ҷое, ки ҳангоми дохил шудан ба Ясриб ноқаи Паёмбар(с) фурӯнишаста буд бино шуд. Дар аввал, қиблаи мусулмонон Иерусалим-Байтул-муқаддас буд. Ва ҳамчунин он сол мусулмонон рӯзаи ашураи яҳудияро доштанд. Дар соли дуюм оид ба тағйири қибла ва рӯзаҳои яхудиву насронӣ ба рӯзаи моҳи Рамазон ваҳй нозил шуд.

Тағйири қибла аз як сӯй маънии истиқлолият ёфтан ва ҷудо шудани исломро аз дини яҳудӣ ва насронӣ дошта бошад, аз сӯи дигар ҳадафи сиёсӣ қарор гирифтани Макка, яъне самти муборизаву ҳаракати сиёсии минбаъдаи уммати исломро нишон медод. Дар соли дуюм паи ҳам Паёмбар(с) ба қасди ҳамла ба корвонҳои Макка иқдом ба чанд “ғазо” ва “сирия”[1] кард. Вале аксари онҳо бидуни муваффақият будаанд. Танҳо, дар мобайни моҳи Рамазон ғазои”Бадр” сурат гирифт. Паёмбар(с) мехост корвони пурбори маккиёнро тасарруф кунад, вале корвонсолор Абусуфиён аз ин нақшаи Паёмбар (с) огоҳ шуда аз Макка дархости кӯмак мекунад ва то расидани сипоҳ корвонро аз роҳи дигар равона карда, онро наҷот медиҳад. Бо вуҷуди ин сипоҳе, ки аз Макка барои дифоъи корвон расида буданд, бо сипоҳи ислом ба ҷанг мепардозанд. Мусалмонон дар ин ҷанг бо вуҷуди ду баробар камии миқдор ва лавозимоти ҷангии худ пирӯз гардиданд. Дар ин ҷанг теъдоди мусалмонон ҳамагӣ 313 нафар ва савориашон 70 шутур дар баробари сипоҳи маккиҳо, ки мураккаб аз 1000 шамшерзан, 100 асп ва 700 шутур буд аст. Ин аввалин пирӯзи ва ғалабаи мусулмонон барои тақвияти рӯҳияи онҳо кӯмак намуд. Дар ҳамин сол Паёмбар(с) бо қабилаи яхудӣ банни қайноқ, ки паймонро шикаста буданд, ҷангида, онҳоро шикаст дод ва аз Мадина бадарға ва молу мулкашонро байни мусулмонон тақсим кард.

Дар соли сеюм аҳли Макка барои гирифтани қасоси ҷанги Бадр, ки дар он ҳафтод нафар кушта дода буданд, ба Мадина аз нав ҳуҷм карданд. Ин ҷанг номи ҷанги ” Уҳуд”- ро гирифт.

Ҳангоми задухӯрд дар назди кӯҳи Уҳуд тарафи Муҳаммад(с) шикаст мехӯрад ва Паёмбари ислом(с) маҷуҳ мегардад, вале сипоҳи Макка Мадинаро тасарруф накарда баргаштанд. Ин хатоии сиёсии Абусуфиён- фармондеҳи он сипоҳ буд, ки ба хушбахтии мусулмонон онҳоро аз шикасти қатъӣ раҳоӣ дод. Сабаби ин шикаст тавассути ваҳйе, ки аз Худо нозил шуд, ҳамчун нофармонии як гурӯҳ лашкариёни ислом тавзеҳ гардид. Баъд аз ин Паёмбар барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар Мадина қабилаи яҳудӣ бани-Назирро, ки паймонро шикаста буданд маҷбур кард, ки ба водии Хайбар дар шимоли Мадина кӯч банданд.

Дар соли панҷуми ҳиҷрӣ маккиён қарор карданд, ки лашкари бузурге ороста ба Мадина битозанд ва мусулмононро барандозанд, пас бо даҳ ҳазор нафар мард (аз қурайшиён ва қабоили саҳроӣ ва яҳуд) Мадинаро муҳосира карданд. Аҳли Мадина дар муқобили ин микдор лашкар ҳамагӣ сипоҳе иборат аз тақрибан се ҳазор нафар гирд оварда, муқобил гузошта метавонистанд, Муҳаммад (с) бо маслиҳати яке аз асҳоби худ, ки иронинажод буд (Салмони Форс) дастур дод гирди шаҳри Мадина хандақе кобанд. Аз ин сабаб он ҷангро баъдан “Ҷанги хандақ” номидаанд. Дар натиҷа пеши роҳи савораҳои маккӣ гирифта шуд. Онҳо се ҳафта Мадинаро муҳосира карданд ва дар охир бо сабаби бадии боду ҳаво ва нарасидани озуқа ва таъминот ва аз ҳама муҳим ихтилофи дохилӣ ва зиддият байни лашкариёни маккӣ, ки онро Абусуфиён сарварӣ мекард, маҷбур ба қатъи муҳосира ва хотимаи ҷанг шуданд ва боварӣ ҳосил карданд, ки Муҳаммад(с) мағлубнопазир аст.

Дар ин байн, баъд аз ғалаба, охирин қабилаи яхудии Мадина Бану Қурайза, ки ба Муҳаммад (с) хиёнат карда, пинҳонӣ ҳангоми мудофиаи Мадина, бо душманони Паёмбар (с) барои аз пушт ба мусалмонон зарба задан паймон баста буданд, торумор карда мешаванд. Наздик ба шашсад нафар аз онхо кушта, занҳо ва кӯдакон ба ғуломӣ фурӯхта мешаванд. Бо ҳамин Мадина пурра шаҳри уммати мусалмон гардид.

Калимаи у м м а т ба маънии ҷамоат мафҳумест, ки умумияти динӣ сиёсиро ифода мекунад ва ин умумият на дар асоси авлоду қабила ва миллат, балки дар асоси дин ва мазҳаб аст. Ин як марҳила ва умумияти наве дар таърихи араб ва ҷомеаи онрӯзаи башар буд.

Муҳаммад (с) дар соли 628 иқдоми фавқулоддае кард, ки дар рафти муборизаи байни Маккаву Мадина нақши сиёсии муассире бозид. Вай ногаҳон, дар асари илҳоми аз ваҳй гирифтааш, бо ҳазору панҷсад довталаб, ки бештар аз бадавиён буданд, ба ҳаҷҷи кӯчак (умра) роҳи Маккаро пеш гирифт. Ҳарбиёни сабуксилоҳи Муҳаммад(с), ҳамроҳи чорпоёни барои қурбонӣ гирифта шуда, ба Макка наздик шуданд. Мардуми Макка аз ин иқдоми Муҳаммад(с) дар ҳарос афтода кӯшиданд пеши роҳи онҳоро гиранд, вале Муҳаммад(с) ба марзи ҳарам, наздик шуда, назди маҳалли ал-Ҳудайбия бо намояндагони Макка ба гуфтушунид даромад. Дар натиҷаи ин гуфтушунид аҳдномае бо номи «Аҳдномаи Ҳудайбия» баста шуд, ки мувофиқи он Паёмбар(с) аз ҳаҷҷи он сол мунсариф шуд, бо чунин шарт, ки сарони Макка ӯҳдадор шуданд, ки соли оянда ӯро се рӯз ба шаҳр роҳ диҳанд ва шаҳрро дар ин маврид тоза холӣ кунанд. Ин паймони нобаробар буд, чунки аввалан, мусалмононро ба ҳаҷҷ кардан роҳ надодан, сониян тибқи ин қарордод Муҳаммад(с) муваззаф буд, ҳар маккие, ки ба тарафи ӯ гузарад ба аҳли Макка бозгардонад, вале ҳар мадинагие, ки ба Макка паноҳ барад аҳли Макка ӯхдадор набуданд, ки баргардонанд. Бо вуҷуди ин паймони Ҳудайбия худ як пирӯзии сиёсии ислом ва эътирофи Муҳаммад (с) ҳамчун шахсият (субъект)-и қувваи сиёсӣ буд. Соли дигар, пас аз ҳаччи умра ва амал кардани аҳли Макка, тибқи он аҳднома дурустии пешбинии Паёмбар(с) собит шуд.

Пас аз хаҷҷи умра ҳеҷ гуна шубҳа намонд, ки таносуби қудрат дар Арабистони Марказӣ дигар шуда ва дар арсаи сиёсат қудрати тозанафасе дар шахси Паёмбари ислом Муҳаммад(с) зуҳур карда, дастболо шудааст. Ин буд, ки шахсони намоёни Макка чун Амр ибн Ос баъдан фотеҳи Миср ва сарлашкари маъруф Холид ибн ал- Валид ба Мадина омада худро ба ихтиёри Муҳаммад(с) супориданд. Абусуфиён маъруфтарин марди Макка низ ба тарафи Мухаммад(с) гузашт. Амаки Паёмбар(с), баъдан асосгузори сулолаи аббосиён ал-Аббос низ тақрибан дар ҳамин давра исломро қабул мекунад.

[1] лазо- ҷангҳое, ки худи Мхааммад иштирок дошта, сирия-ҷангҳо ва бархӯрдҳое, ки яке аз ёронаш сипо1и исломро сарварп, мекардааст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222