Иҷтимоишавӣ – ин дар асоси аз худ
кардани арзишҳои иҷтимоӣ ва
тарзҳои рафтори барои ҷомеа
муфид, ташаккул додани қобилияти шахс барои бурдани
фаъолияти ҳаётӣ дар ҷомеа мебошад.
Одам дар раванди иҷтимоишавӣ меъёрҳои иҷтимои-
ро аз худ намуда, молики тарзҳои иҷрои нақшҳои иҷти-
моӣ ва малакаҳои ҷамъиятӣ мегардад. Иҷтимоишавӣ – ин
аз худ намудани воқеияти иҷтимоӣ аз ҷониби шахс аст.
Сарчашмаҳои иҷтимоишавии шахс инҳоянд:
- таҷрибаи синни барвақти бачагӣ – ташаккули вази-
фаҳои психикӣ ва шаклҳои оддитарини рафтор (хатоҳои
алоҳидаи содиршуда, ҳангоми ташаккули шахс дар синну
соли барвақтӣ бачагӣ, дар синни нисбатан калонтари ка-
молот ба душворӣ ислоҳ мешаванд); - институтҳои иҷтимоӣ- системаи тарбия, таълим ва
маълумот; - таъсири байниҳамдигарии одамон дар раванди
муошират ва фаъолият.
Иҷтимоишавӣ механизми ба фард таҳлил намудани
«шаклҳои тайёри иҷтимоӣ» набуда, балки раванди худсо-
зии фаъоли шахс аст ва аз шароитҳои муайяни иҷтимоӣ
вобаста мебошад. Иҷтимоишавӣ ба шахс имконияти ба
сифати аъзои комилҳуқуқи ҷомеа амал карданро медиҳад.
Иҷтимоишавии фард бо муайян намудани муносиба-
ти мувофиқ ба арзишҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст. Мӯд,
завқ, тимоюлоти истеъмолӣ тағйирёбанда буда,
мавқеъҳои ҷаҳонбинии одамон ва арзишҳои фарҳанги
умумибашарӣ нисбатан пойдортаранд.
Ҳар як насл ҳангоми ба ҳаёти ҷомеа ворид шуданаш
дучори мушкилаҳои муайяне мегардад. Иҷтимоишавӣ
маънои таҳти анъанаю арзишҳои иҷтимоии пешина «соз
кардани» наслҳои навро надорад. Агар барои падарон
имконияти фарзандонро ба мисли худ «сохтан» муяссар
мегашт, он гоҳ раванди таърих аз инкишофи худ боз ме-
монд. Иҷтимоишавӣ – ин аз ҷониби насли наврас аз худ
кардани механизмҳои иҷтимоӣ – психикии амалкунии
мувофиқи одамон дар ҷомеаи инсонӣ мебошад.
Тарзи иҷтимоишавӣ бо дараҷаи ҳукмронии калонсо-
лон бар хурдсолон муайян карда мешавад. Дар ҷомеаҳои
ибтидоӣ ва тоталитарӣ иҷтимоишавӣ инъикоси бечуну-
чарои қолабҳои иҷтимоии калонсолон аз ҷониби хурдсо-
лон мебошад. Дар ҷомеаи мутамаддини демократӣ прин-
сипҳои таъсири байниҳама наслҳо баробарию ҳамкорӣ,
имконияти инкишофи озодонаи насли наврас дар
чаҳорчӯби арзишҳои бунёдии умумибашарӣ ба шумор ме-
равад.
Шиносо кардани фард бо мероси иҷтимоӣ – ин ошно
намудани ӯ бо маданияти ҷомеа ва дастовардҳои башари-
ят аст, ки онҳо дар арзишҳои моддию маънавӣ ва
меъёрҳои муносибатҳои иҷтимоӣ таҷассум шудаанд. Дар
мафҳумҳои маданият намунаҳои рафтори воҷиби одамон
дар соҳаҳои мухталифи рӯзгору меҳнат, ҳаёти ҷамъиятиву
сиёсӣ таҷассум меёбанд.
Натиҷаи иҷтимоишавии фард дар хусусиятҳои шах-
сии ӯ зоҳир мегардад, ки онҳоро вай ва ҷомеа чун си-
фатҳои аз лиҳози иҷтимоӣ арзишманд қадр мекунанд: си-
фати ақл, хулқу атвор, тарзи рафтор, ботарбиягӣ ва
маълумотнокӣ, мутобиқгардии иҷтимоии фард, мадани-
ятнокӣ ва ғ. мисоли онҳоянд.
Ҳама одамон ба таври мусбат муаррифӣ шудан ме-
хоҳанд, аммо истилоҳи мусбат муаррифӣ шудан аз ҷониби
ҳар кас ба як маъно фаҳмида намешавад. Масалан, вай-
ронкорони ҷамъиятӣ: дузд, қотил, роҳзан, фоҳиша аз
машғулияти пешгирифтаи хеш бояд шарм доранд, вале
бараъкс, онҳо дар такя бо ақидаи гурӯҳҳое, ки дар он ама-
ли онҳо ба таври мусбат баҳогузорӣ мегардад, дар зеҳни
худ нисбати амали худ нуқтаи назари мусбатро ба вуҷуд
меоранд ва аз он фахр ҳам мекунанд. Одамон барои ни-
гоҳдошти чунин дидгоҳ аз рӯи ғаризаи табиӣ пайгирӣ аз
ҳамон доираи одамоне мекунанд, ки дар он фаҳмиши
таҳиякардаи онҳо роҷеъ ба ҳаёт ва мавқеи онҳо дар ҳаёт
эътироф карда мешавад.
Рафтори одамро доираи талаботҳо, системаи ар-
зишҳои қабулкардаи ӯ ва он ки ӯ чиро ба худ ҷоиз медо-
над ё намедонад, муайян менамояд. Дар дараҷаи пасти
инкишофи иҷтимоӣ дар шахс шавқу рағбатҳои худ ба худ
пайдошуда бартарӣ доранд. Сохти психикии чунин фард
ба таври нокифоя инкишоф ёфта, дар ӯ ҳиссиёт бар хирад,
талаботи паст бар талаботи олӣ бартарӣ дошта метаво-
нанд.
Нуқсонҳои иҷтимоишавӣ дар давраҳои бӯҳронии ҳа-
ёти фард нисбатан бештар мушоҳида мешаванд. Давраи
нисбатан «нозуки» вижаи психика ба синни наврасӣ рост
меояд. Дар ин синну сол дар ҳама чиз: дар тағйирёбии
чеҳра, садо, сохти бадан, тарзҳои нави таъсироти дутара-
фа бо муҳит дигаргунии куллӣ ба назар мерасанд. Ғариза-
ҳои табиии ҷинсии бедоршуда шиддату ғалаёни зиёди бо-
тиниро тавлид мекунанд.
Ҳаяҷони баланд, заиф гардидани боздории асабӣ,
дар мавридҳои муайян ба таври эмотсионалӣ зоҳир
нагардидани нерӯҳои ботинӣ шахс нишонаҳои бӯҳрони
синни наврасианд. Чун қоида, бо наврас ҳанӯз ҳам, ҳам-
чун кӯдак муносибат мекунанд, ки он боиси эътирози
наврас, муқобилияту инкори ҳама чиз ва таҳрифи ша-
клҳои худтасдиқкунии ӯ дар ҳаёт мегардад.
Рафтори гуногунранги ибтидоии хилофи қонунро
рафтори деликвентӣ меноманд, ки он системаи ҳуқуқвай-
ронкуниҳои ночиз, гуноҳҳо ва бадрафториҳо мебошанд.
Омили асосии рафтори деликвентӣ аз беназоратии педа-
гогӣ, бетарбиягӣ, камфарҳангӣ, инчунин аз ҳодисаҳои
ғайриоддии психикӣ, карахтии рафтор ва майл ба
рафторҳои аффективӣ сарчашма мегиранд.
Рафтори деликвентӣ бештар аз носозгории тарбияи
оилавӣ, «ҳимояту ғамхории барзиёд» ё муомилаи хеле
дағал ва таъсири номусоиди доираҳои нисбатан хурди
муошират вобаста мебошад. Нахустин зуҳуроти чунин
рафтор – ба дарсҳо наомадан, ҷангу ҷидол бо ҳамсолон,
майдаавбошӣ, хушунат бар ҳамсолони заиф, таҳдид,
дуздида рондани нақлиёт, рафтори густохона дар ҷойҳои
ҷамъиятӣ мебошанд.
Агар ин тарзи рафтори пешазҷинояткорӣ сари вақт
пешгирӣ карда нашавад, он гоҳ дар қолабҳои мувофиқаи
рафтор мутаҳкам шуда, тарзи рафтори ғайрииҷтимоиеро
ташаккул медиҳад, ки вай дар шароитҳои муайян ба та-
шаккули рафтори устувори зиддииҷтимоӣ оварда мерасо-
над. Сабаби аввалиндараҷаи рафтори зиддииҷтимоӣ – ин
маҳрумшавӣ аз манбаҳои барои шахс арзишнок мебошад.
Номутобиққии иҷтимоии шахс ва каҷрафтории ӯ аз
заифшавии назорати иҷтимоӣ, беназоратӣ, зуҳуроти
саҳлангоронаи ғайрииҷтимоии шахс дар марҳилаҳои
барвақтии ташаккули он вобаста мебошанд. Шароитҳои
берунӣ, ки ба беназоратии мунтазами рафтор имконият
медиҳанд, бо қобилияти худмаҳдудкунӣ ботинии шахс
табдил меёбанд.
Талаботи асосии иҷтимоии одам – ин талабот худэ-
ҳтиромкунӣ аст, ки бояд аз ҷониби муҳити солими иҷти-
моӣ дастгирию ҳамовозӣ пайдо намояд. Зеро шахси аз
ҷониби ҷомеа радшуда рӯ ба шаклҳои гуногуни
каҷрафтори меоварад.
Фарде ки ҳанӯз иҷтимоии нагардидааст, пеш аз ҳама
ба меъёрҳои барои ӯ дастраси ғайрииҷтимоӣ майл меку-
над. Ҳамин тавр, ҷавонаки организман заиф ба
арақнӯшию сигоркашӣ оғоз намуда, худро «ҷавони
ҳақиқӣ» ҳис мекунад.
Ҳавасмандкуниҳои муҳоботомези сарварон ба худ-
дӯстии ӯ мувофиқ меоянд. Фард маҳз дар ин порафарҳан-
ги ғайрииҷтимоӣ ба ёфтани маънои мавҷудияти хеш оғоз
менамояд. Дар ӯ мароми рафтори девианти мустаҳкам ме-
гардад. Амалҳои зиддимеъёрӣ барои ӯ ҳамчун меъёр хиз-
мат мекунанд.
Дар синну соли барвақтӣ бачагӣ барои дуруст та-
шаккул ёфтани фард нуқсонҳои ҳангоми иҷтимоишавӣ
баамалоянда, ниҳоят хатарнок мебошанд. Ба фарди та-
шаккулёбанда коллективи ибтидоии иҷтимоикунанда –
оила, ҳамсолон, гурӯҳҳои гуногуни ибтидоию хурд
таъсири нисбатан бештар мерасонанд.
Сифат ва тарзи иҷтимошиавиро ба андозаи зиёд аз
сохти иҷтимоии ҳамин ҷомеа низ муайян кардан мумкин
аст.
Чунончи, дар шароити тоталитарӣ байни ҳастии
шахсӣ ва ҷамъиятии одам тазодҳо арзи вуҷуд мекунанд –
духелашавии психикаи шахс ба амал меояд. Роҳи ҳаёт аз
ҷониби аксарияти одамон дигар ҳамчун воситаи ҳаракат
ба сӯи такомули шахсӣ эҳсос намегардад. Чӣ қадаре ки
шахс ба мафкураи расмиятпарастӣ-шахшуда гирифтор
шавад, ҳамон қадар зиёдтар ба маҷрои умумии майлу
хоҳиши оммавӣ ҷалб мегардад ва дар ҳамин замина шахси
молики типи шахсияти ҳукмраво (авторитарӣ), вобаста
ташаккул меёбад.
Сифатҳои асосии ин типи одамон инҳоянд:
- конвенсионализм – бе танқид қабул кардани қоида
ва меъёрҳои шахшудаю карахт; - бо изтиробу ҳаяҷон дар ҳама ҷо иҷро кардани та-
лаботҳои шахшуда; - фармонбардорӣ;
- вобастагии авторитарӣ – пеши ҳокимияти расмӣ сар
хам намудан; - бе танқид болобарории сарварони сиёсӣ, эътиқод ба
ивазнашаванда будани онҳо; - агрессияи авторитарӣ – нафрат ба касоне, ки хило-
фи андешаи ӯ мебошанд; - этнотсентризм -дар раванди умимиҷаҳонӣ-таърихӣ
ба нақши миллати худ аз ҳад зиёд баҳои баланд додан ва
ба халқҳои дигар нисбат додани сифатҳои манфӣ; - карахтӣ, таассуби тафаккур, асосии муҳокимаҳо,
баҳогузориҳо, надоштани қобилияти муколама намудан
ва дарки дурусти ҳарифон; - эътимод ба «покизагии ахлоқӣ»-и фақат намоянда-
гони гурӯҳи худ, кӯшиши худмуайянкунӣ тавассути
мансубия донистани худ ба иттиҳодияҳои махсус, мағрурӣ
ва муносибати душманона ба одамоне, ки шомили ин ит-
тиҳодия нестанд; - гум кардани босалоҳиятӣ ва масъулияти иҷтимоӣ.
Ҳамаи ин «маҳсули шахсӣ»-и низоми тоталитарӣ ме-
бошад. Дар тӯри иҷтимоӣ-психологии тоталитаризм пеш
аз ҳама шахсони майл ба конформизм дошта дар мемо-
нанд. Онҳо ба мифологияшавии шуури худ муқобилият
нишон надода, ба осонӣ гирифтори сирояти идеологӣ ме-
шаванд. Ва ҳар қадаре «идея (фикр)» соддаю фаҳмо
бошад, ҳамон қадар шумораи хайрхоҳон зиёд мешавад.
Ҳар гуна шахс фазои зиндагӣ, «техникаи» зиндагӣ,
масъулияти ба дӯш доштани ӯҳдадориҳо, майлу рағбат,
шавқмандиҳои ниҳонӣ ва мақсаду маромҳои худро до-
рост.
Шахс пайваста барои ба тартиб овардани ҷаҳон-
фаҳмӣ ва ошкору фаҳмо шудани олами худ кӯшиш меку-
над. Барои устувор нигоҳ доштани олами хеш ҳатто ба
худфиребӣ низ даст зада метавонад. Барои шахс аз ха-
робшавии дунёи зеҳнии ӯ, бемаъно гардидании мавҷудият
– аз даст додани умеду эътиқод дида, фоҷиаи бузургтаре
вуҷуд надорад.
Мушкилоти зиндагӣ сади роҳи ҳар гуна шахс шуда
метавонад. Аммо танҳо шахсони зудмутобиқшаванда қо-
диранд вазъияти душворро дигаргун созанд, механизми
ҳимояи психикиро истифода намоянд, миёни арзишҳои
зиндагӣ афзалтарашро барои худ муайян кунанд ва пе-
шомадҳои нави зиндагониро бубинанд.
Иҷтимоишавӣ – на фақат соҳиби таҷрибаи иҷтимоӣ
шудани шахс, балки ташаккули устувории шахсияти фард
низ мебошад.
Одамонро вобаста ба дараҷаи иҷтимоишавӣ аз ҳам-
дигар ба таври зерин фарқ мекунанд: а) иҷтимоишуда-
шахсҳои ба шароитҳои ҳастии ҷамъиятии худ муто-
биқгашта; б) иҷтимоинашуда- шахсони девиантии аз та-
лаботи асосии иҷтимоӣ дуршуда (шаклҳои ниҳоии ингуна
канораҷӯӣ- гӯшанишинист); в) шахсони рӯҳан бемор (де-
вонагон, маризони асаб, афроди нуқсони инкишофи пси-
хикӣ дошта ва дар худидоракунии психикӣ имконияти кам
дошта).
Шахси инкишофёфта дар баробари мутобиқша-
вандагии иҷтимоӣ, дорои автономияи шахсӣ ва талабот
ба тасдиқ намудани фардияти худ мебошад. Дар ҳолатҳои
фавқулодда чунин шахс дурнамои ҳаёташро нигоҳ медо-
рад, ба мавқеъҳо ва мақсаду арзишҳои хеш содиқ мемо-
над.
Ӯ ноҷӯриҳои имконпазири психикиро дар вазъиятҳои
фавқулода бо маҷмӯи воситаҳои ҳимояи психологӣ (хи-
радмандӣ зоҳир намудан, танг карда баровардан, ба ар-
зишҳо аз нав баҳо дода тавонистан ва ғ.) бартараф мена-
мояд. Барои шахс дар ҳолати инкишофи мутассил қарор
доштан, худтакмилдиҳӣ ва худамалигардонӣ, барои худ
ҳамвора кушодани уфуқҳои нав, маърифат кардани
«хӯшиҳои рӯзи оянда», ҷустуҷӯи имкониятҳои рӯзмарра-
гардонии қобилиятҳои худ дар шароитҳои душвор,
таҳаммулпазирӣ, қобилияти амалҳои мувофиқ намудан
дар вазъиятҳои ихтилофнок, ҳамчун меъёр ба ҳисоб мера-
вад.
Шахси устувор дар таҳияи нақшаҳои ҳаётӣ ба имко-
ниятҳои воқеӣ такя намуда, аз майлу иддаои аз меъёр зиёд
дурӣ меҷӯяд. Шахси инкишофёфта дорои ҳиссиёти баланд
инкишофёфтаи адолат, виҷдон ва шараф аст. Ӯ барои ба
даст овардани мақсадҳои воқеан муҳим на карахтгашта,
балки собитқадаму боисрор буда, қодир аст, ки камбу-
диҳои рафтори худро ислоҳ намояд.
Мушкилиҳои зиндагиро бе афсуордаҳолию дар-
мондагӣ ва бо рӯҳу тавони тоза бартараф карда метаво-
над. Ҳама гуна муваффақияту комёбиҳо ва нокомию
нобарориҳоро, на аз тақдир , балки аз фаъолияти худ во-
баста медонад. Ӯ қодир аст, ки дар шароитҳои мураккаби
зиндагӣ, масъулиятро ба дӯши худ гирад ва қадам ба та-
ваккалкории зарур ниҳад.