Главная / Илм / Иқтисодиёт ва хоҷаги дар охири асри XIX. Заминдори ва хоҷагии қишлоқ.

Иқтисодиёт ва хоҷаги дар охири асри XIX. Заминдори ва хоҷагии қишлоқ.

Асоси иктисодии Бухорои Шарқи дар асри XIX ба тарзи пештара хочагии кишлок бо тарики муносибатҳои паириатриалхари ташкил медод. Асоси заминдориро моликияти хусуси ба замин ва системаи обёрикуни ташкил мекард.
Амалдорон аз мансабҳои худ истифода бурда, тамоми мушкилоти зиндагиро ба души табақаи камбагал бор мекарданд. Дар тамоми аморати Бухоро, хусусан дар ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистони имруза заминҳо ба чунин қисмҳо тақсим шуда буданд. Заминҳои амлаки-давлати, заминҳои мулки-шахси, танҳо заминҳои вақфи! Дехдононе, ки дар китъаҳои хурди заминҳои амлоки кор мекарданд алакай дар вазъияти крепоснои буданд. Ба ивази истифодаи порчаҳои ночизи замин аз онҳо дар шаклҳои гунонгун андозаҳои зиёде ситонда мешуд. Заминҳои амлаки асосан ба таври мерос аз даст ба даст мегузаштанд. Деҳқонон аксар вақт бо номи шар дар заминҳои амлакдор ва дигар амлакдорони калон тамоман бе музд кор фармуда мешуданд. Деҳқононе, ки дар заминҳои амлоки кор мекарданд аз се як ҳиссаи ҳосилро месупориданд. Масалан дар бекишарии Ҳиссор чунин навъҳои андоз вучуд дошт. Деҳқонон барои истифода аз заминҳои оби хумс, яъне панчяки ҳосилотро ва аз заминҳои лалмиурш, яъне дахяки ҳосилотро медоданд. Ғайр аз ин амлакдор ҳангоми андоз гундори расман аз ҳар як батман (такрибан 12 пут) ҳосили замини оби як нимхурд (32 кадок) ва аз замини лалми нимчоряк (8 кадок) ҳақ меситонид. Доруга, ки ба гундоштани хироч, сару кор дошт, ба тариқи кавсан муҳрона мегирифт. Ҳиссаи мироб баробари ҳиссаи амлакдор буд. Оксакол аз ҳар батман нимчоряки ҳосилро дарёфт мекард. Ниҳоят домуллоимом ҳамаги ду галабаи 64 кадока “ҳақи оллоҳ” гуфта мегирифт. Пас аз ҳамаи инҳо дарвешону каландарон омада, назр талаб мекарданд. Заминҳои мулки бошад, юа таври озод аз насл ба насл мерос гузошта мешуд.
Заминҳои танҳо бошад дар Бухорои Шарқи ниҳоят дарача паҳн гардида буданд. “Шахсоне, ки ба манфияти амир ё бек хизмати сазовор мекарданд ба у чамчун мукофот танҳо медоданд”. Заминҳое, ки дар ихтиёри танхохдор буд муввақати буданд. Заминҳои вақфи бошанд асосан дар дастаи руҳониён буданд. Руҳониён заминҳои ба тари мукофоти ба меоварданд. Дар чунин заминҳои деҳқонон меҳнат намуда, ба фоида давлат ё ба шахсони алоҳидаи руҳони андоз месупориданд.
Қисми зиёди районҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистонро куҳсор ташкил медиҳад. Аз чиҳати шароити иклим ин ноҳиҳо аз якдигар фарк мекунанд. Дар бекигариҳои Каротегин ва Дарвоз заминҳои обёршуда зиёдтар буданд. Дехдонон асосан дар ин минтақаҳо пеш аз ҳама ба зироатчиги ва чорводори машғул буданд. Дар Ҳиссору Кулоб асосан гандум, чав, нахуд, пахта, биринч,, загир, кучит, пиёз, лаблабу, каду, шалғам, бодиринг, тарбуз, харбуза ва дар Қаротегин Дарвоз бошад асосан ча гандум, мушунг, арзан, кунок ва загиру нахуд кишт мекарданд. Дехдонони Ҳиссору Кулоб гандуми зиёд кишт карда тамоми аҳолии бекигариҳои худро ба гандум таъмин намуда, кисме аз ҳосили худро ба тарафи Дарвозу Қаротегин мефиристониданд.
Аз чиҳати заминҳои оби дар чои авал Ҳиссор ва баъд Кулобу Қаротегин меистод. Аз сабаби он, ки дар як қатор минтақаҳои Бухорои Шарки, хусусан води Вахш корҳои обёри ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда буд, кори дехдононро боз ҳам мушкилтар мегардонид.
Чарогохдои зиёде, ки дар ин минтақа вучуд доштанд барои чорводори ва ривочи мусоидат менамуданд. Чорводорон асосан ба парвариши зотҳои гуногуни чорво машғул буданд. Дар нохияҳои кухи-Дарвозу Қаротегин зотҳои гуногуни гусфанд, бузгов парвариш меёфт. Чорводори шуғли дуввуминдарачаи бекигариҳои Ҳиссору Қаротегин ва Дарвоз буд. Дар ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон Чорводороне буданд, ки аз 10 ҳазор сар чорво дар ихтиёри худ нигоҳ медоштанд. Дар охирҳои асри XIX танҳо дар бекигарии Қаротегин 150 ҳазор сар чорвои калони шохдор ки аз се як ҳиссаш говҳои душой буд парвариш меёфтанд.
Дар бекигарии Кулоб бошад 250 ҳазор сар гусфанд, 60 ҳазор сар гов, 30 ҳазор сар асп, 25 ҳазор сар, 200 сар уштур дар ихтиёри чорводорон буд.
Ҳамаи ин факту рақамҳо гувоҳи онанд, ки дар нимаи дуввуми асри XIX чорводорон дар нохияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон инкишов ёфт, ки барои ҳаёти иктисодии ин нохияҳо аҳамияти калон дошт. Муносибатҳои феодали ва истисмори сахти аҳолии маҳали сади рохи таракиёти хочагии кишлок мегардид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222