Главная / Илм / ИЦТИСОДИЁТИ ТУРКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУСТАМЛИКАВИ (1864-1917)

ИЦТИСОДИЁТИ ТУРКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУСТАМЛИКАВИ (1864-1917)

Баъд аз ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия дар ин кишвар муносибатҳои капиталисти рӯ ба инкишоф ниҳода, якчанд муассисаҳои коркарди нахустини ашёи хом, аз қабили заводу фабрикаҳои пахтатозакуни, раванкаши, чармгари ва майкаши сохта шуданд. Гарчанде, ки барои тараққи додани саноати бофандаги дар Осиёи Миёна шароити мувофиқ мавчуд буд, саноатчиёни рус имконият намедоданд, ки дар нохияҳои пахтакори Осиёи Миёна саноати бофандаги пайдо шавад.
Дар баробари дигар нохияҳо соли 1872 дар Уезди Хучанд фабрикаи пиллакаши сохта шуд. Дар ин корхона се усто ва 73 нафар коргари пиллакаш кор мекарданд. Дар корхона мошинаи буғи 73 дастгохро ба ҳаракат медаровард.
Мохи маи соли 1880 дар Хучанд фабрикаи дигари пиллакаши сохта шуд, ки ба капиталисти рус Моголов таалуқ дошт. Капиталисти дигари рус Исаев соли 1873 заводи майкаши ва савдогарони рус Фавийский ва Зуев соли 1880 заводҳои майкаши ва шарбатбарориро сохтанд. Дар баробари ин корхонаҳо, дар Хучанд капиталистони рус Исаев ва Иванов дар Дехмой заводҳои шишабарори сохтанд.
Яке аз окибатҳои прогрессивии ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия дар он буд, ки бойгарии кишвар омӯхта мешуд. Ин ба он оварда расонд, ки истеҳсоли ангиштсанг дар Уезди Хучанд ва Исфара дар ихтиёри сармоядорони рус Фавийский, Петров, Иванов ва Крауз буд. (Каримов Т. Победа Великой Октябрьской Социалистической Революции в Северном Таджикистане.- Сталинабад, 1957.-С.8).
Саноати тараққикарда истодаи Россия ба ашёи хоми Осиёи Миёна эхиёчоти калон дошт. Дар ин чода сохтмони рохи оҳан аҳамияти махсус пайдо мекард. Дар солхои 70-уми асри X1X накшаи сохтмони роҳи оҳан, ки Осиёи Миёнаро ба Россия мепайваст, сар шуд.
Дар масъалаи сохтмони рохи оҳан нашҳои зиёде пешбини карда шуда буданд. Барои сохтмони рохи калони охан хукумати подшохи маблаги зарури надошт. Аз ин чиҳат, сохтани рохи оҳани трансконтинетали барои иктисодиёти Россия хеле гарон буд. Соли 1885 рохи оҳан то Ашхобод, соли 1888 то Самарқанд ва соли 1898 то Тошканд расонида шуд. Аммо хати рохи оҳани мазкур эҳтиёчоти пурраи кишварро қонеъ карда наметавонист. Зарур буд, ки Осиёи Миёна бевосита ба нохияхои марказии Россия пайваст карда шавад. Аз ин сабаб, дар ибтидои асри XX сохтмони он аз нав сар шуд. Ин роҳ мебоист Тошкандро бо Оренбург мепайваст. Сохтмони ин роҳ бо суръат давом карда соли 1905 хати рохи оҳани кишвар бо хати рохи оҳани Оренбург пайваста шуд. Хати рохи оҳан аз саросари шимолии Точикистон гузашта, ба ҳамин маҳсулости косибон ва дехдонони точик ба тамоми бозорҳои генерал-губернатории Туркистон ва Россия интиқол меёфт.
Бо пайдошавии аввалин корхонаҳои саноати дар кисми ноҳияҳои Шимолии Тоҷикистон, ки ба генерал-губернатори Туркистон дохил мешуданд, аломатҳои саноати капиталисти ба вучуд омаданд. Аммо дар иктисодиёти давраи мустамликавии Осиёи Миёна (аз чумла нохияхои Маркази, Чануби ва Ғарбии Тикистон, ки дар бораи он дар боби оянда ба таври муфассал маълумот дода мешавад), косиби ва хунарманди ҳанӯз бартари дошт.
Ҳунарманди дар солҳои аввали ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна таравди кард. Азбаски роҳи наклиёт мавҷуд набуд, маводҳои зарури, аз кабили матоъҳои пахтагин, пашмин, хаймаҳои намадинро аскарони сурх аз хунармандони маҳали мехариданд. Дар натиҷа сифати маҳсулоти ҳунарманди беҳтар гардид.
Охирҳои асри XIX дар натиҷаи сохтмони роҳи оҳан ба Осиёи Миёна торафт молхои саноатии Россия бисёртар дохил мешуданд. Маҳсулоти ҳунармандон дар рақобат бо маҳсули саноати тоб оварда натавонист. Ин ба касод гаштани соҳаи ҳунар ва ҳунарманди оварда расонид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222